ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – БАРҲАМЗАНАНДАИ АМНУ ОСОИШ

Мубориза бо терроризм Навид

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – БАРҲАМЗАНАНДАИ АМНУ ОСОИШ

Мусаллам аст, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи байни тоҷикон барқарор ва устувор гардид ва давлати мо аз хатари даҳшатбори нобудӣ раҳоӣ ёфт. Вале дар замони мо гурӯҳҳои махсус, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳое, ки хусуссияти экстремисти ва терористи доранд мехоҳанд ҳадафҳои нопоки худро бо ҳар роҳу васила ва амалҳо амалӣ созанд. Ифротгароӣ ва терроризм – зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср бо амалҳою ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлатҳо таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро аз байн мебаранд. Ҳол он ки ҳеҷ як шакли ҷомеа бидуни таъмини амнияти пурраи иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.

Минтақаи нооромиҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра торафт доман паҳн намуда, имрӯзҳо миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи хонумонсӯзи ҷангу низоъҳо муҳоҷирати швҳрвандон гардидаанд. Падидаи номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст. Имрӯзҳо дар 40 нуқтаи олам даргирию нохушиҳои мусаллаҳона идома доранд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки инсониятро танҳо манфиатҷуи абарқудраиҳо дар гирдоби чунин фитнаву иғво афкандааст.

Тибқи маъмумотҳо дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.

Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ занону кӯдакон ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ хароб мегарданд, зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда ба садҳо миллиард доллар баробар мебошад. Идомаи ин зуҳуроти номатлуб аз ҳар ҷиҳат хатарҳои зиёдеро дар пай дошта, на фақат боиси афзоиши таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ, балки сабаби хурӯҷу афзоиши ҳар гуна бемориҳои сироятӣ дар тамоми минтақаҳои олам гардида, солимии ҷомеаро зери суол мебарад, инчунин, хисороти зиёдеро ба буҷети кишварҳо ворид месозад.

Пурра собит шудааст, ки ҳодисаҳои фоҷиабори Афғонистон  Ироқу Сурия ва як қатор кишварҳои аврупоӣ, пеш аз ҳама, бо дахолати кишварҳои манфиатҷу саҳмгузорию дастгирии ташкилотҳои террористию экстремистӣ, ба амал омада суботи сиёсӣ, ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва амнияту якпорчагии кишварҳоро аз байн бурда. Дар ин замина метавон аз кишварҳои Ироқ Ливия Сурия ёдовар шуд, ки бинобар ҷанги тулонӣ ин кишварҳо ба хисороти ниҳоят зиёди иқтисодию иҷтимоӣ ва талафоти ҷонию молӣ рӯ ба рӯ шудаанд ва ба як харобазор табдил ёфта, аз ёдгориҳои таърихию фарҳангиаш ному нишоне намондааст. Имрӯз дар ин кишварҳо шумораи миллонҳо нафар дар дохилу хориҷ паноҳанда шудаанд.

Масалан дар Сурия бар асари ҷанг 460 ҳазор нафари кушта шудаанд, ки 12 ҳазори онҳо танҳо кӯдакон мебошанд. Мавҷи ҳиҷрат теъдоди зиёдеро аз ин кишвар ба кишварҳои аврупоӣ бурд. Дар роҳи муҳоҷират дар баҳру уқёнусҳо ғарқ шудани гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро наметавон нодида гирифт. Ин амалҳои нангине, ки дар Ироқу Сурия сурат мегирифта, дигар кишварҳоро нигарон кардааст.

Дар кишвари ҳамсарҳади мо Афғонистон беш аз 40 сол аст, ки ҷангҳои қавмию мазҳабӣ идома дорад  аз ҷониби баъзе мақомоту коршиносон таҳдиди ба дӯрнамои таъмини амнияти Тоҷикистон ҳисобида мешавад.

Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии он мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад. Бояд гуфт, ки имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣ қабул ва мавриди амал қарор доранд. Стратегияи глобалии СММ оид ба мубориза бар зидди терроризм ва Конвенсияҳои зиддитеррористии он аз ҷумлаи ин санадҳо мебошад.

Ҳанӯз баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1999 як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуданд 16 ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба тасвиб расиданд. Ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард.

Тақвияти ҳамкориҳои густурда бо шарикони байналмилалиро мо яке аз омилҳои муҳими татбиқи ҳадафҳое медонем, ки дар Стратегияҳои миллии мо оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 ва Стратегияи нави муқовимат бо зуҳуроти мазкур дар кишвар барои солҳои 2021-2025”, дарҷ гардидаанд. Стратегияи нави муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 зикр гардида буд, мутобиқ ба икдомоти Тоҷикистон оид ба амалисозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидааст.

Стратегия мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, ба муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт равона шудааст.

Стратегия дар самти таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, васеъ намудани заминаҳои ҳуқуқӣ-байналмилалӣ, тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи муқовимат ба экстремизм, терроризм, сепаратизми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигари хусусияти байналмилалидоштаро фаро мегирад. Инчунин такмили ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту хадамоти махсусгардонидашудаи байналмилалӣ доир ба ташкили муқовимат ба экстремизм ва терроризм, аз ҷумла оид ба масъалаҳои пайгирӣ ва назорат бурдан ба ҷойивазкунии экстремистони таҷовузкор, мусоидат ба тақвияти зарфиятҳои субъектони муқовимат ба экстремизм ва терроризм, муҳимтарин масъалаҳое мебошанд, ки инъикоси худро дар стратегия ёфтаанд.

Мавқеи аслии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба таъмини сулҳу суботи сартосарӣ дар Афғонистон дар шакли зерин баён намудан мумкин аст:

Инчунин, соли 2016 бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» тасдиқ гардид. Стратегияи мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатию қудратиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас намуда, яке аз қадамҳои устувори мамлакати мо дар самти пешгирии ин зуҳурот мебошад.

Муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар солҳои охир хеле шиддатнок ва муқовиматомез гардидаанд, хосияти бераҳмонаро ба худ гирифтааст. Ҷараёнҳо ва нерӯҳои сиёсӣ беш аз беш сифатҳои иртиҷоию ифротии хешро ошкор месозанд. Дар ин қатор ҷараёни экстремизми сиёсӣ яке аз масъалаи муҳимест, ки тамоми кишварҳои дунё ба ташвиш овардааст. Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ айён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин рӯ, зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи онро бояд омӯхт.

Дар ин замина  бояд ёдовар шуд, ки 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати СММ, САҲА ва Иттиҳоди Аврупо Конференсия байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез» бо иштироки беш аз 400 намояндагон аз 48 кишвари дунё ва 31 созмони байналмилалию минтақавӣ баргузор гардид ва роҳи ҳалли пешгириву мубориза бо ин омилҳоро баррасӣ намуданд, ки ин иқдом низ шаҳодати тадбирҳои пайвастаи андешидашудаи ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза алайҳи падидаҳои номатлуб терроризму экстремизм мебошад.

Дар ин конференсияи сатҳи баланд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ оид ба вазъи имрӯзаи бархе аз мамлакатҳо, ки дар он ҷо терроризму экстремизм реша давондааст, бо изҳори нигаронӣ чунин гуфтанд: «Бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем».

Бо пуштибонӣ аз дини мубини ислом, ки он воқеан, зидди ин гуна зуҳурот мебошад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён карданд: «Ман ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз дошта будам ва имрӯз бори дигар изҳор менамоям, ки номи поки исломро ба зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст». Амалҳои ғаразноки онҳо, ки таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегиранд, аз ҷониби душманони ин дини мубин роҳандозӣ мешаванд. Сарвари давлат ҳамасола дар Паёми худ оид ба хатари терроризм ва экстремизм таъкидҳо намуда, аз ҷумла соли 2016 ҳушдор дода буданд, ки хатари терроризм ва экстремизм барои башарият на камтар аз силоҳи ҳастаӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму ойин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккураш ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».

Заминаи аслии террористиро дар нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокии баъзе аз ашхосе медонанд, ки ба доми тазвири душманони миллат меафтанд. Имрӯз яке аз мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ба гурӯҳҳои тундрави ифротгаро пайвастани ҷавонон мебошад. Бо таассуф метавон гуфт, ки бархе аз ҷавонони мо ба ҷои омӯхтани илму дониш ба роҳҳои нодуруст рафта, теша ба решаи хеш мезананд.

Гурӯҳҳои тундраву ифротгаро метавонанд, ки бо ақидаҳои хурофотии худ занону духтарон ва ҷавононе, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом ба пуррагӣ огоҳӣ надоранд, ба сӯи худ ҷалб намоянд. Шукри истиқлоли ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Албатта, кишварҳои дунё дар танҳои наметавонанд бо ин вабои аср мубориза баранд ва баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез» дар шаҳри Душанбе фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро фароҳам овард ва аз тамоми кишварҳо тақозо карда шуд, ки дар ҷодаи мубориза ва решакан намудани падидаи терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ва таъмини суботу амнияти сартосарӣ тавассути андешидани иқдомҳои муштарак ҳамкориҳоро тақвият бубахшанд. Албатта, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб на бо роҳи низомӣ, балки фақат тариқи муколамаи сиёсӣ муборизаҳои дастачаъмона имконпазир аст. Инро таҷрибаи Тоҷикистон собит намудааст.

Ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад. Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Содиқова Саодат, сиёсатшинос