Tcell: Муаррифии Яндекс Плюс, аввалин сервиси мусиқӣ, филм ва китоб дар Тоҷикистон

Ахбороти технологияҳо Навид

Tcell: Муаррифии Яндекс Плюс, аввалин сервиси мусиқӣ, филм ва китоб дар Тоҷикистон

Оператори рақамии Tcell аз фаъол шудани Яндекс Плюс дар Тоҷикистон хабар медиҳад. Хидматрасонии нав ба муштариён имкон медиҳад, ки ба контентҳои гуногун, аз ҷумла мусиқӣ, филмҳову китобҳо бо пардохти дар як моҳ ҳамагӣ 10 сомонӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Ин шарикӣ байни Tcell ва яке аз пешрафтатарин ширкати технологӣ Яндекс аҳамияти стратегӣ дорад.

Яндекс Плюс дастрасии ройгон ба феҳристи мусиқиҳои маъруф, рӯйхати филмҳо ва серёлҳои телевизионӣ, инчунин китобҳои сершумор аст. Истифодабарандагон метавонанд аз мусиқии ҳунармандони мавриди алоқаи худ лаззат баранд, филмҳои машҳурро тамошо кунанд ва ҳар вақте ки мехоҳанд, китобҳоро бо сифати баланд ва бе дидани ҳар гуна реклама мутолиа кунанд.

Ойбек Тӯрақулов, мудири шуъбаи маркетинги Tcell, дар бораи ин роҳандозӣ андешаҳояшро баён кард:
«Мо хурсандем, ки метавонем аввалин шуда ба муштариёни худ Яндекс Плюсро муаррифӣ кунем. Ин сервис имкони беназиреро барои баҳрабардорӣ аз анвои муҳтавои иҷозатномадор бо сифати баланд ва бо нархи дастрас фароҳам меорад. Ин як иловаи олӣ ба хидматрасониҳои мост ва ӯҳдадории моро дар пешниҳоди беҳтарин маҳсулоти рақамӣ барои муштариён тасдиқ мекунад”.

Пайвастшавӣ ба Яндекс Плюс осон аст ва вақти зиёдро намегирад. Муштариёни Tcell метавонанд тавассути замимаи «My Tcell» ин хидматрасониро фаъол созанд ва фавран аз бартариҳои Яндекс бархурдор шаванд.

Яндекс Плюс қадами навбатии Tcell дар ғанӣ гардонидани ҳаёти муштариён ва дастрасии онҳо ба муҳтавои босифат мебошад. Маълумоти иловагӣ дар бораи Яндекс Плюс дар вебсайти расмии Tcell: tcell.tj дастрас аст.
Барои маълумот:
Яндекс Плюс вақтхушӣ бо як обуна аст, ки метавон ба оҳангҳо, феҳристи пахшу подкастҳо дар Yandex Music, филмҳо ва серёлҳои телевизионӣ дар Кинопоиск, китобҳои электронӣ ва аудиокитобҳо дар Bookmate дастрасӣ пайдо кард.