Таъсиси Ситоди доимамалкунанда дар самти таъмини алоқаи мобилии бефосила
Имрӯз бо фаромоиши Садори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди доимамалкунанда дар самти таъмини алоқаи мобилии бефосила дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар шаҳри Душанбе, таъсис дода шуд.
Мақсади асосӣ аз таъсиси ситоди мазкур озод намудани сарбории фаъолияти шабакаҳои алоқаи мобилӣ буда, дар кӯтоҳтарин муҳлат дар қаламрави мамлакат, махсусан шаҳри Душанбе, тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.
Ситод дар ҳайати Бег Сабур, Садори Хадамоти алоқа – сардори ситод, Аҳлиддин Муртазоев, директори КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг”- муовини сардор ва Умедҷон Асоев, директори генералии ҶСП “Вавилон-М”, Озодхон Давлатшоев, директори генералии ҶСП “Индиго Тоҷикистон”, Махшулов Парвиз, директори генералии ҶСП “Таком” Анатолий Изюмников, директори генералии ҶСП “ТТ-Мобайл”- аъзоёни ситод, таъсис ёфт.
Тибқи фаромоиши Садори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Ситоди доимамалкунанда дар самти таъмини алоқаи мобилии бефосила дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар шаҳри Душанбе, ҳайати ситод ҳар ҳафта ҷаласа гузаронида, оид ба бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта чораандешӣ менамоянд.