ТАШАККУЛИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Навид ТИК

ТАШАККУЛИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Раванди бисёр мураккабу пурпечутоби ҷаҳонишавӣ ва таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи замони муосир моро ҳушдор медиҳад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва давлати соҳибистиқлоли худро аз таъсири тазодҳои ҷаҳони имрӯза эмин нигоҳ дошта, ба хотири фардои ободу осуда саъю талоши бештар кунем.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар замони муосир яке аз омилҳои асосие, ки метавонад ба амнияти миллии давлатҳои соҳибистиқлол таъсири ҷиддӣ расонад, раванди ҷаҳонишавӣ маҳсуб меёбад. Таҳлил нишон медиҳад, ки ҷаҳонишавӣ тамоюли асосии рушди ҷаҳони муосир ба шумор меравад. Дар баробари фароҳам овардани имкониятҳо барои суръат бахшидани рушди иҷтимоию иқтисодии давлатҳои соҳибистиқлол, раванди мазкур инчунин таҳдиду хатарҳои навро ба вуҷуд меорад.
Дар замони ҷаҳонишавӣ ва ташаккули равандҳои гуногуни сиёсӣ таъмини амнияти миллӣ, дарёфти роҳу воситаҳои самараноки ҳимояи манфиатҳои давлатӣ масъалаи муҳим ва афзалиятнок маҳсуб меёбад.
Ҷаҳонишавӣ имрӯзҳо ба муҳимтарин масъалаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки дар баробари тараққиёти босуръати илму техника пайомадҳои манфиеро ба бор овардааст, ки боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст. Терроризму экстремизм, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон реша давонда, ба Тоҷикистони мо низ бе таъсир намондааст.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити хеле мураккаб, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир ба низоми устувори кишварҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст, қарор дорад. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад.
Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) масъалаҳои амнияти иттилоотӣ дар ҳар як давлат нақши муҳим мебозанд.
Аммо технологияи иттилоотӣ омили пешрафт буда, дар ҳар як давлат ҳамчун интиқолдиҳандаи таҳдидҳои амниятӣ баромад мекунад.
Аз ҷумлаи чунин чолишҳо истифодаи ТИК барои тарғиби ғояҳои терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ ва таҳдид ба амнияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятии кишварҳост.
Албатта, дар ин замина метавон гуфт, ки технологияҳои иттилоотӣ ба рушди устувори ҳар як давлат таъсир мерасонанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдиду чолишҳое, ки аз фазои маҷозӣ бармеоянд, дучор омадааст. Баъзеи ҷавонони Тоҷикистон дар бештари мавридҳо ба ақидаҳои ифротгароӣ ва ифротӣ дучор мешаванд. Аз ин лиҳоз, масъалаҳои таъмини амнияти иттилоотӣ дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин раванд як қатор санадҳо қабул кардааст. Аз ҷумла, бо фаромонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 5 ноябри соли 2003 таҳти №1174) ва Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 7 ноябри соли 2003 таҳти №1175) ба тасвиб расидаанд, ки минбаъд сарчашма ва асоси ҳуқуқӣ дар ин соҳа гардиданд. Консепсияи мазкур ҳадафҳо, вазифаҳо, принсипҳо ва муҳимтарин самтҳои таъмини амнияти иттилоотии давлати миллиро инъикос мекунад. Мутобиқи мазмуни он «Амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳолати амнияти манфиатҳои миллии он дар соҳаи иттилоот фаҳмида мешавад, ки бо маҷмӯи манфиатҳои мутавозини шахс, ҷомеа ва давлат муайян карда мешавад». Дар идомаи ин ду санади муҳим Қонунҳои ҶТ “Дар бораи иттилоот, “Дар бораи иттилоотионӣ”, “Дар бораит ҳифзи иттилоот”, “Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот” ва ғайра ба вуҷуд омаданд, ки дар онҳо ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои истифодабаранда дарҷ гардидааст. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур муносибатҳои ҳуқуқиро, ки дар раванди ташаккул ва истифодаи захираҳои иттилоотӣ, технологияҳои иттилоотӣ, системаҳои иттилоотии автоматикӣ ва шабакаҳо ба вуҷуд меоянд, инчунин тартиби муҳофизат кардани захираи иттилоотӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои дар ҷараёни равандҳои иттилоотӣ иштироккунандаро муайян мекунад.

Номгӯи навъҳои таҳдидҳои иттилоотӣ ба давлати мо низ дар ҳамин консепсия муайян шудааст. Илова бар ин, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин қонунҳо, аз қабили: «Дар бораи амният», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи иттилоотсозӣ», «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Дар бораи иттилоот» Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ», «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон», «Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра асос ёфтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва чандин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ муқобили ин падидаи номатлуб ибрози назар намуда, аз ҷумла баён доштанд, ки «Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад».
Ҳамин тариқ, масъалаҳои амнияти байналмиллалии иттилоотӣ ва ҳифзи фазои иттилоотӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим буда, роҳҳои ҳалли амалӣ дар ин самт аллакай мушоҳида мешаванд.
Бо дарназардошти таҳдидҳо ва чолишҳое, ки аз фазои киберӣ бармеоянд, мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба масъалаҳои зерини таъмини амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намоям:
  • Ҳамкории давлатҳо дар самти тайёр кардани мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотӣ ва идеологӣ дар доираи ИДМ, СҲШ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ;
  • Бо дарназардошти таҳдидҳо ва ҷиноятҳое, ки аз фазои маҷозӣ бармеоянд, баланд бардоштани саводнокии рақамӣ ва ба таври васеъ ҷорӣ намудани таълими фосилавӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон, инчунин табодули таҷриба дар ҳамкорӣ бо пешвоёни ҷаҳон дар соҳаи технология, аз қабили Чин, Ҳиндустон ва Русия зарур аст;
  • Таъсиси системаи филтри иттилоотӣ дар фазои киберфазо. Аз љумла, дастрасї ба захирањое, ки ба амнияти давлат тањдид мекунанд, пурра ё муваќќатан мањдуд карда шавад.
  • Тақвият додани кори таблиғотӣ дар байни он қисми ҷавононе, ки ба ғояҳои радикалӣ тавассути ТИК гирифторанд;
  • Тарбия ва рушди таҳаммулпазирӣ дар байни аҳолӣ, махсусан дар байни ҷавонон, зеро таҳаммулпазирӣ бевосита ба ҳалли мушкилоти ифротгароӣ, низоъҳои динӣ, махсусан тавассути ТИК алоқаманд аст.
Ҳамин тариқ, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати сартосарӣ имрӯз Тоҷикистон ободу пешрафта гардидааст. Таъкид кардан ба маврид аст, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гуна гурӯҳои террористӣ ва инсонҳои ифротӣ гӯш надиҳанд. Ба қадри ин сарзамин – Ватан, ки зи дурии замонаҳо ба мо расидааст, расида, онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, арзишҳои демократию миллӣ ва диние, ки бобоёни мо эътиқод доштанд, нигаҳ дорем. Ҳама якҷоя ба муқобили ин падидаи номатлуб камари ҳиммат баста, мубориза барем.
Самараи неки Истиқлол аст, ки Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҷиҳати ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, пойдору бегазанд мондани он дар шароити нави ҷаҳонишавӣ тамоми неруи худро равона созем.
Силмон МАВЛОНАЗАРОВ,
сарходими илмӣ-профессори Пажуҳишгоҳи
равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ