Ташаббусҳое, ки мақому манзалатамонро болотар бурданд
Бо ташаббусҳои инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бистсолаи охир Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об дар ҷаҳон давлати ташаббускор эътироф шуд.
Абармарди дунёи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои аҳамияти ҷаҳонидошта ва ояндаи инсоният бетараф набуда, ба ҳалли мушкилоте, ки барои беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳдоштию экологии мардуми сайёра мусоидат мекунанд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Бояд гуфт, ки 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгир буда, ҳифзи захираҳои табиӣ, истифодаи оқилонаи онҳо, махсусан масъалаи дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, меҳвару ҷавҳари ташаббусҳои Сарвари давлат дар соҳаи об ба ҳисоб мераванд. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8492 пирях бо масоҳати 8476 км2 мавҷуд аст.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» эълон шудаанд.
Ифтихормандем, ки пешниҳоди навбатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушҳолӣ пазируфта шуд. Тибқи он, соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон шуда, аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол 21- уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» таҷлил мешавад.
Ҳамчунин, Созмони Милали Муттаҳид Фонди трастии мақсаднок, яъне Хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис медиҳад ва соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо баргузор хоҳад гардид. Далелҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст. Муҳимтар аз ҳама, ҷонибдории ташаббусҳои инсондӯстона ва бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ дар масъалаҳои марбут ба об ва иқлим аз болотар рафтани мақому манзалати Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.