ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ВА МУҲИММИЯТИ ОН ДАР ШАРОИТИ ИМРӮЗ

Ахбороти технологияҳо Навид ТИК

ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ВА МУҲИММИЯТИ ОН ДАР ШАРОИТИ ИМРӮЗ

Ба таҳлили коршиносон дар замони муосир, ки онро ҷаҳонишавӣ ном мебаранд, раванди таъсиррасонии омилҳои байналмилалӣ, аз қабили робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ ба ҳаёти иҷтимоии ҳар як мамлакати алоҳида маҳсуб мебошад. Аз ҳамин лиҳоз дар пойдории сулҳу суботи дилхоҳ давлат, амнияти иттилоотӣ ҳамчун қисми таркибӣ ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва густариши соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа нақши муҳим дорад. Вобаста ба ин ҳолат, ба паҳлуҳои таъмини амнияти иттилоотии давлат таваҷҷӯҳ намудан аз манфиат дур нест. Дар шароити муосир рушду пешрафт ва ҳатто мавҷудияту бақои давлатҳо ба устувории амнияти иттилоотӣ вобастагии амиқ дорад. Тавре болотар қайд намудем, андешаи умумигардида ва эътирофшуда, ки мегӯянд: «Асри XXI – асри иттилоот аст» бесабаб нест. Албатта, ин воқеияти худро дорад ва идоракунии иттилоот дар ҷаҳони муосир ва шаклгирии равандҳо аҳамияти ҷиддиро касб намудааст. Дар баробари зарфиятҳои мусбати технологияи муосир, ки дар ҷаҳони иттилооти мавриди истифода қарор мегиранд, ҳамчунин ҷанбаи манфии он низ боиси ташвиш ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Зеро ба воситаи паҳн намудани иттилооти нодруруст ва ба манфиати ин ё он гурӯҳ нигаронидашуда, амну суботи ҳар як давлат ва ҷомеа халалдор гардида, оқибат ба бетартибӣ оварда мерасонад ва хусусан ҷавонони ноогоҳро метавонанд, бо бовар кардан ва пайравӣ намудан ба чунин таблиғот, ба доми ашхоси манфитаҷӯ афтонанд.  Аз ҳамин лиҳоз, дар доираи илми сиёсӣ ва системаи амнияти миллӣ мафҳуми амнияти иттилоотӣ яке аз мафҳумҳои калидӣ ба шумор меравад. Амнияти иттилоотӣ ҳолат ва шароите мебошад, ки ҳар гуна хавфу хатар ба дилхоҳ маълумоти муҳим ва сарнавиштсози ин ё он давлат пешгирӣ ва бартараф карда шуда, дастрасӣ ва таъсиргузории гурӯҳҳои таҳрибкор ва ҷиноятпеша ба маълумот, ҳуҷҷатҳо ва ё афкори омма маҳдуд карда мешавад. Тибқи назари коршиносон, ҳадафи  асосии таъмин намудани амнияти иттилоотӣ дар ҳар як давлат аз он иборат аст, ки бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва системаи таъмини амнияти иттилоотӣ дилхоҳ хатару таҳдиди воқеӣ, эҳтимолӣ ва имконпазир ба фазои иттилоотии давлат бартараф ва ба ин васила, якпорчагӣ, суботу оромӣ ҳифз ва рушди устувор дар ҷомеа таъмин карда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ ба раванди ҷаҳонишавӣ ворид гашта, дар шароити мураккаб ва пуртазоди ҷаҳонӣ саъю кӯшиши хешро баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи истиқлол равона намудааст.

Бо назардоштаи чунин омилҳои хатарнок аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои дахлдори мамлакат пайваста тадбирҳои муҳиме роҳандозӣ карда мешаванд.   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша зимни пешниҳоди  Паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоту суханрониҳояшон оид ба  амнитяи иттилоотӣ, зиракии сиёсӣ ва афзоиши хатари терроризму экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳори назар менамоянд. Аз ҷумла, Президенти мамлакат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин робита чунин таъкид намуданд: «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд. Аз ин лиҳоз, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд».

Олимҷон АЗИЗОВ

Заробудин ШИРИНОВ,

Бознашр аз АМИТ “Ховар”