Таҷлили иди касбии кормандони соҳаи алоқа дар Хадамоти алоқа

Навид Хабарҳои Хадамот

Таҷлили иди касбии кормандони соҳаи алоқа дар Хадамоти алоқа

Имрӯз дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди касбии кормандони тамоми соҳаҳои алоқа- 7 май, ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабиниро Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа ҳусни оғоз бахҳида, иброз намуд, ки бо таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи алоқа дар кишвар рушди бесобиқа ёфта, ислоҳоти соҳа бомаром идома дорад. Ҳамчунин Бег Сабур таъкид намуд, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи пайвастаи раҳбарияти кишвар кормандони соҳаи алоқа бояд аз худ масъулияти дучанд зоҳир намоянд. Инчунин аз ҷониби меҳмонон ва иштирокдорон зикр гардид, ки ташаккули технологияи муосир нақши алоқаро барои рушди тамоми соҳаҳои дигар ба маротиб боло бурдааст. Аз ин рӯ, рушди босуръати ҷаҳони муосирро бе пешрафти соҳаи алоқа тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Дар чорабинӣ кормандони сохторҳои тобеи Хадамот, ширкатҳои мобилӣ, провайдерҳо ва як қатор кормандони сохторҳои маҳалии Хадамоти алоқа ҳузур доштанд. Ҳамзамон меҳмонон аз дигар вазорату идораҳои ширканд намуданд. Кормандони соҳаи алоқа аз гӯшаву канори мамлакат ба таври ҳузурӣ ва онлайнӣ иштирок намуданд.

Як қатор кормандони соҳаи алоқа аз Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Тоҷиктелеком», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг», Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷик», Корхонаи воҳиди давлатии «Алоқаи махсус», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази марка», Муассисаи давлатии «Хадамоти давлатии фелдъегерӣ», Муассисаи давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», бахшҳои Хадамоти алоқа дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, вилояти Хатлон, ВМКБ, НТБ бо унвони фахрии “Устоди алоқа” сарфароз гардонида шуданд. Дар баробари инҳо чандин корманди ширкатҳои мобилӣ низ ба унвони фахрии “Устоди алоқа” шарафёб гардиданд.
Дар фарҷоми ҷамъомад барномаи фарҳанги пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳамасола 7 май ҳамчун Рӯзи радио ва кормандони тамоми соҳаҳои алоқа таҷлил мегардад. Ин ба он асос меёбад, ки санаи 7-уми майи соли 1895 физики рус Александр Попов нахустин дастгоҳи радиоро ихтироъ кард. Ин ихтирооти нодир дар айни замон ба рушди алоқаи бесим замина гузошт. Ин рӯзи бори аввал соли 1925 ҷашн гирифта шудаааст. Аз соли 1945 бошад пайваста ҷашн гирифта мешавад.