Суханронӣ дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар
Ҳозирини гиромӣ!
Мақсади мулоқоти имрӯза бо шумо – кормандони соҳаҳои молия, бонкдорӣ, андоз, гумрук ва сармоягузорӣ баррасии фаъолияти сохторҳои марбута ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот ва вазифаҳое мебошад, ки иҷрои онҳо барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллии мо зарур шуморида мешавад.
Бояд таъкид намоям, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи олии давлат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мо бояд пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, такмили низоми идораи давлатӣ, суботи молиявӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, хулоса рушди муназзаму устувори иқтисодиёти мамлакатро таъмин намоем.
Ҳарчанд ки тайи 10 соли охир суръати миёнаи рушди иқтисодӣ дар сатҳи беш аз 7 фоиз таъмин гардида истодааст, вале сифати он моро қонеъ карда наметавонад.
Вобаста ба ин, дар соҳаҳои иқтисоду молия ва бонкдорӣ камбудиву мушкилоти зиёде ҷой доранд, ки андешидани чораҳои дахлдорро тақозо менамоянд.
Вобаста ба роҳҳои татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва расидан ба нишондиҳандаҳои дар барномаву нақшаҳои давлатӣ пешбинишуда дар паёмҳои Президент ба Маҷлиси Олӣ ва дар маҷлисҳои Ҳукумат масъулин пайваста барои ислоҳи камбудиву мушкилоти мавҷуда вазифадор карда мешаванд.
Аммо якчанд масъалаи муҳим, алалхусус, ҷараёни нокифояи татбиқи ислоҳоти идораи молияи давлатӣ ва таъмин намудани суботи молиявӣ дар кишвар, номукаммалии низоми маъмурикунонии андоз, афзоиши номувозинатӣ ва иҷрои сифатноки қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ, коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва муфлисшавии чор бонки кишвар ва дигар масъалаҳо, аз ҷумла ба тақозои замона мувофиқат надоштани сатҳи касбияти кадрҳои бахши иқтисодӣ, яъне соҳаҳои молия, буҷету андоз ва пулию қарзӣ боиси ташвиши ҷиддӣ гардидаанд.
Низоми молияву бонкии кишвар ҳамчун омили муҳимми рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон бояд ба афзалиятҳои кишвар ва ба манфиати ҷомеа равона шуда, барои бо сармоя таъмин намудани соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, ҳавасманд гардонидани соҳибкорону тоҷирон ва умуман, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ дар ҷомеа, ташкили ҷойҳои корӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хизмат намояд.
Бо ин мақсад, ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ оғоз гардида, асосҳои меъёрии ҳуқуқии низоми молияи кишвар тадриҷан такмил дода шуданд.
Дар натиҷаи таъмин гардидани рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва ислоҳоти бомароми идораи молияи давлатӣ дар даҳ соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 6 миллиард сомонии соли 2009 ба 23,8 миллиард сомонӣ дар соли 2019 расонида шуд, яъне 4 баробар зиёд гардид.
Инчунин, дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар ин давра 19,1 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 8,6 миллиард сомонӣ грант ва 10,5 миллиард сомонӣ маблағҳои қарз аз худ карда шудаанд.
Дар соҳаи молия стратегияҳои идоракунии молияи давлатӣ ва қарзи давлатӣ, рушди бозори коғазҳои қиматнок ва идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ татбиқ шуда истодаанд.
Дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016-2020 бо мақсади баланд бардоштани қобилияти рақобати низоми молиявӣ, пешрафти инфрасохтори он, таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, таҳким бахшидан ба иқтидори кадрӣ дар ин самт ва такмили минбаъдаи заминаи меъёрии ҳуқуқии бахши молиявӣ чораҳои мушаххас пешбинӣ гардидаанд.
Ноил шудан ба ин мақсадҳо аз роҳбарият ва мутахассисону кормандони бахшҳои иқтисодиёт, молия ва бонк маҳорати касбӣ ва масъулияти баландро тақозо менамояд.
Тибқи талаботи Стратегияи амалишудаистодаи идоракунии молияи давлатӣ банақшагирии хароҷоти давлатӣ барои се сол ҷорӣ гардид ва дар ин замина нақшаҳои кутоҳмуддат бо нақшаҳои миёнамуҳлат мувофиқ гардонида шуданд.
Дар доираи ислоҳоти самтҳои алоҳидаи идоракунии молияи давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои молиявӣ ва тақсимоту истифодаи мақсадноки онҳо таҳияву татбиқи буҷети давлатӣ дар асоси барнома роҳандозӣ шуда истодааст.
Аммо фаъолияти сохтору мақомоти марбута дар ин самт ҳанӯз нокифоя буда, амалияи ҷорӣ намудани буҷетикунонии барномавӣ ҳам дар сатҳи вазорату идораҳои алоҳида ва ҳам аз ҷониби Вазорати молия андешидани тадбирҳои иловагиро талаб менамояд.
Вазорати молия бояд дар самти татбиқи самараноки ислоҳот доир ба низоми идоракунии молияи давлатӣ бо дарназардошти таъмин намудани самаранокӣ, мақсаднокӣ, шаффофият ва назорату арзёбӣ чораҳои зарурӣ андешида, дар самти риояи интизоми давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва масъулияти кормандон ва пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ низоми идораи вазоратро тавсеа бахшад.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки вобаста ба қабули буҷети давлатӣ аз рӯи барномаҳои соҳавӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия ва қабул карда шаванд.
Муосиргардонии низоми идоракунии молияи давлатӣ тақозо менамояд, ки дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ ва назорати қисмҳои даромаду хароҷоти буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ технологияҳои рақамӣ ҷорӣ карда шаванд.
Чунин иқдом имконият медиҳад, ки буҷети давлатӣ дар ҳамаи зинаҳо дуруст ба нақша гирифта шавад.
Бинобар ин, ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки дар ду соли минбаъда низоми иттилоотии идораи молияи давлатӣ ва татбиқи технологияҳои рақамиро дар ҳамаи зинаҳои буҷети давлатӣ ва дар сатҳи маҳалҳо пурра татбиқ карда, оид ба иҷрои корҳо дар ин самт ба Ҳукумати мамлакат мунтазам ҳисобот пешниҳод намояд.
Дар баробари ин, бояд иқтидори низоми молиявии кишвар тавассути самаранок ба роҳ мондани ҷараёни банақшагирии он, ташаккули захираҳои зарурӣ барои кам кардани таъсири омилҳои манфии берунӣ (алалхусус, захираҳои фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт) ва тибқи меъёрҳои мавҷуда нигоҳ доштани мувозинати қисмҳои даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ таъмин карда шавад.
Самтҳои асосии хароҷоти буҷети давлатӣ ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисоди миллӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, инчунин, таъмини амнияти давлат равона карда шудаанд.
Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ аз рӯи ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар соли 2018 ба зиёда аз 24 миллиард сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба соли 2009 4,2 баробар зиёд мебошад.
Дар баробари ин, ки буҷети давлатӣ хусусияти иҷтимоӣ дорад, дар давраи солҳои 2009-2018 барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амнияти озуқаворӣ 47 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки ба 35 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ дар ин давра баробар мебошад.
Қисми асосии ин маблағҳо ба комплекси сӯзишвориву энергетикӣ (26 миллиард сомонӣ) ва нақлиёту коммуникатсия (8 миллиард сомонӣ) рост меояд.
Вобаста ба ин, Вазорати молияро зарур аст, ки ҷиҳати муносибгардонии хароҷоти буҷети давлатӣ самаранокӣ ва мақсаднокии истифодаи маблағҳои аз ҳисоби буҷет ба соҳаҳои гуногун ва ташкилоту муассисаҳо ҷудогардидаро арзёбӣ намуда, мониторинги доимиро дар ин самт ба роҳ монад.
Илова бар ин, барои иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои иловагии танзими баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ” ҷиҳати гузаштани муассисаҳо ва корхонаҳои азими давлатӣ ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ, гузаронидани аудити ҳатмии ҳарсола ва нашри ҳисоботи молиявиро дар воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
Махсусан, масъалаҳои идоракунӣ ва фаъолияти молиявии корхонаҳои давлатӣ андешидани чораҳои қатъӣ ва саривақтиро тақозо менамоянд.
Гарчанде Стратегияи идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ барои солҳои 2016-2020 татбиқ шуда истодааст, вале то ҳанӯз корхонаҳои азими давлатӣ бо сабаби зиёд гардидани уҳдадориҳо ва зарари ҷамъшудаи онҳо ҳамчун сарчашмаи хавфи асосии фискалӣ барои давлат боқӣ мемонанд.
Илова бар ин, дар соли 2018 ба маблағи умумии 67,5 миллион сомонӣ таъмин нагардидани нақшаи андозҳои танзимшаванда аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ ба иҷрои сифатноки нақшаи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ таъсири манфӣ расонид.
Бо вуҷуди иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2018 ду намуди андоз ба маблағи 420 миллион сомонӣ, аз ҷумла андоз аз даромад 8,3 миллион сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда 411 миллион сомонӣ иҷро нагардид.
Дар ин давра 6 шаҳру ноҳия аз рӯи ҳаҷми умумии даромад уҳдадориҳои андозии худро дар назди буҷет таъмин накардааст.
Бинобар ин, Вазорати молия бояд татбиқи самараноки сиёсати андозу буҷетро таъмин намуда, якҷо бо Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои иҷрои саривақтии даромадҳои буҷет тадбирҳои зарурӣ андешад.
Бояд гуфт, ки таъмин намудани самаранокии низоми имтиёзҳои пешбинишуда ба сифатнокии молияи давлатӣ таъсир мерасонад.
Имрӯз барои фаъолияти соҳибкорӣ қариб 100 номгӯи имтиёзҳо пешбинӣ шудааст.
Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки механизм ва муҳлати пешниҳоди имтиёзҳо ва ҳамзамон бо ин, омори онҳо ба танзим дароварда нашуда, аз ҷониби аксарияти вазорату идораҳо ҳисобот оид ба имтиёзҳои амалкунанда ва татбиқшуда ба таври дахлдор пеш бурда намешавад.
Аз ин рӯ, ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар вазорату идораҳо санади меъёрии ҳуқуқиро оид ба тартиби пешниҳод ва арзёбии самаранокии имтиёзҳо таҳия ва ба Ҳукумати кишвар манзур намояд.
Мукаммал гардонидани механизми пешниҳоди имтиёзҳои андозиву гумрукӣ имкон медиҳад, ки қисми даромаду хароҷоти буҷет дуруст ба нақша гирифта, дар ҷараёни буҷетикунонӣ омилҳои коррупсионӣ бартараф карда шаванд.
Тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар даҳ соли охир аз ҷониби кормандони Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук беш аз 700 қонунвайронкунӣ, ҷинояти коррупсионӣ ва ҷинояти иқтисодии хусусияти коррупсионидошта содир карда шудааст, ки аз нисф зиёди онҳо бо суиистифода ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, сохтакорӣ ва гирифтани пора вобастагӣ доранд.
Қисми бештари камбудиҳои ошкоршуда кам ҳисоб кардани маблағ ва рӯйпӯш намудани андозу пардохтҳои ҳатмӣ мебошад.
Дар ин давра аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук 190 миллион сомонӣ маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ ошкор карда шудааст.
Дар даҳ соли охир аз 45 миллион сомонӣ зарари молиявии аз ҷониби Агентӣ дар низоми молияи кишвар ошкоршуда 39 миллион ба шуъбаҳои хазинадории мақомоти молия дар маҳалҳо ва аз 119 миллион сомонӣ зарарӣ молиявии дар низоми андози кишвар ошкоршуда 118 миллион сомонӣ ба раёсатҳо ва нозироти андоз дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо рост меояд, ки ин хеле ташвишовар аст.
Агар соли 2009 дар зерсохторҳои Кумитаи андоз ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуда бошад, пас танҳо соли 2018 ин маблағ 27 миллион сомониро ташкил кардааст.
Дар давраи зикршуда нисбат ба 500 нафар кормандони соҳаҳои молия, андоз ва гумрук чораҳои ҷазои интизомӣ татбиқ гардида, 57 нафар аз вазифа озод карда шудаанд.
Тайи солҳои 2013-2018 Палатаи ҳисоб дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 1989 санҷиш гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 1 миллиарду 36 миллион сомонӣ муайян кардааст.
Аз ҷумла дар натиҷаи санҷиш дар 718 ташкилоту муассисаҳои буҷетии 57 шаҳру ноҳияи кишвар зарари молиявӣ ба маблағи 65 миллион сомонӣ ошкор гардида, аз он 54 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст.
Тибқи таҳлилҳо бо вуҷуди ҳар сол зиёд шудани ҳаҷми даромади буҷетҳои маҳаллӣ банақшагирии онҳо бе таҳлили имкониятҳои воқеӣ амалӣ карда мешавад ва ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти молия, андоз ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳру ноҳияҳо дар сатҳи паст қарор дорад.
Дар даҳ соли охир аз ҷониби Прокуратураи генералӣ барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар бахши иқтисоду молия ва низоми бонкӣ ба 650 санади расмӣ эътироз оварда шуда, дар маҷмӯъ, дар асоси санҷишҳои гузаронидашуда 1,7 миллиард сомонӣ ба буҷети давлат барқарор карда шудааст, ки 1,6 миллиард сомонии он маблағҳои андоз мебошанд.
Бо дарназардошти вазъи зикргардида, ба роҳбарони Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук супориш дода мешавад, ки дар самти интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар ҳамаи зинаҳо чораҳои қатъӣ андешанд.
Инчунин, зарур аст, ки дар сохторҳои зикршуда якҷо бо Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷиҳати бартараф намудани омилҳои ба содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ, ҳолатҳои ғайримақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ, ҷиноятҳои иқтисодии дорои хусусияти коррупсионӣ мусоидаткунанда ва паст намудани хавфи чунин қонунвайронкуниву ҷиноятҳо тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Ҳамзамон бо ин, дар самти баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон ва аз аттестатсия гузаронидани онҳо, татбиқи технологияҳои рақамӣ, ки таъсири омили инсониро бартараф месозад, чораҷӯӣ карда шавад.
Роҳбарони Вазорати молия ва раёсату шуъбаҳои минтақавии он, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ба масъалаҳои банақшагирии дурусти буҷетҳои маҳаллӣ, мутобиқати хароҷот ба меъёрҳои муқарраргардида ва арзёбии имкониятҳои воқеии манбаъҳои андоз эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Ба Вазорати молия, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия супориш дода мешавад, ки вобаста ба усули муайян намудани зарари молиявӣ ва дурустии пешбурди омори он санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия ва дар муҳлати як моҳ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.
Ҳукумати мамлакат ҳаҷми маблағгузориро бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ сол ба сол афзоиш медиҳад. Ҳоло дар ин самт татбиқи як қатор стратегия ва барномаҳои давлатӣ идома дошта, андозаи нафақаи шаҳрвандон ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ мунтазам зиёд шуда истодааст.
Масалан, агар қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа соли 2009 657 миллион сомониро ташкил карда бошад, ин нишондиҳанда соли 2019 дар ҳаҷми 3 миллиарду 140 миллион сомонӣ, яъне 4,8 баробар зиёд пешбинӣ гардидааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тайи 10 соли охир ба ҳисоби миёна ҳамасола дар сатҳи 18,7 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар баробари ин, дар даҳ соли охир ба буҷети мазкур аз маблағи пешбинишуда 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ ворид нагардидааст, ки 968 миллион сомонии он аз ҳисоби андозҳои иҷтимоӣ буда, чунин ҳолат хеле ташвишовар мебошад.
Бинобар ин, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки фаъолияти худро ҷиҳати банақшагирии дурусти даромадҳои буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, пурра таъмин намудани талаботи воқеӣ ба пардохтҳои ғайрисуғуртавӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъалаҳои зикршуда тақвият бахшанд.
Дар 10 соли охир шумораи нафақагирон дар кишвар ба ҳисоби миёна ҳар сол 2,4 фоиз афзоиш ёфта, январи соли 2019 ба 690 ҳазор нафар расидааст.
Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишварро зарур аст, ки тавассути таъсиси ҷойҳои кори доимӣ ва афзоиш додани манбаъҳои андозбандӣ барои таъмин намудани гузариш ба низоми худмаблағгузории нафақа ва кумакпулиҳо чораҳои доимӣ андешанд.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати пешгирӣ кардани сарбории буҷети суғуртаи иҷтимоиву нафақа масъалаи андози иҷтимоии табақаҳои алоҳидаи дорои шуғл, аз қабили кормандони соҳаи кишоварзӣ ва ҳамчунин, соҳибкорони инфиродии дар асоси патент фаъолиятдоштаро баррасӣ карда, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷударо ҷустуҷӯ намояд.
Дар баробари ин, санҷиши ҳолатҳои таъмини нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ дар солҳои охир нишон медиҳад, ки дар ин самт қонунвайронкуниҳои зиёд вуҷуд доранд.
Дар давраи солҳои 2012 – 2014 зимни тафтиши Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва зерсохторҳои он аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба маблағи 5 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор карда шудааст, ки аз он беасос таъин ва пардохт намудани нафақа 1447 ҳолат, тибқи ҳуҷҷатҳои маъюбии қалбакӣ пардохт намудани нафақа 34 ҳолат, тасарруфи нафақаи шахсони фавтида 211 ҳолат ва талафи маблағҳои нафақа аз бесарусомонӣ 1709 ҳолатро ташкил медиҳад.
Баъди тафтишҳои мақомоти марбута ва ҷорӣ намудани низоми муайян дар таъйини нафақа шумораи маъюбони гирандаи нафақаи меҳнатӣ дар байни солҳои 2012-2018 қариб 35 ҳазор нафар кам шуд.
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро зарур аст, ки корҳои назоратиро дар самти таъмин намудани шаффофият ва суроғавӣ будани пардохтҳои иҷтимоӣ ва кумакҳо боз ҳам ҷоннок карда, ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ва изофанависиро ба таври қатъӣ пешгирӣ ва дар муддати ду соли минбаъда технологияҳои рақамии муосирро дар фаъолияти мақомот татбиқ намояд.
Солҳои охир Ҳукумати кишвар ба масъалаи сармоягузории соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ тадбирҳои мушаххас меандешад.
Танҳо дар 10 соли охир дар кишвар беш аз 178 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 34 миллиард сомонӣ мавриди амал қарор гирифта, то имрӯз дар ҳаҷми 31 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.
Ҳоло маҷмӯи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалкунанда ва маблағи онҳо нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2009 мутаносибан 11 лоиҳа ва 15 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Таҳлили раванди татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории амалишаванда нишон медиҳад, ки бо вуҷуди қонеъкунанда будани азхудкунии маблағҳо, сатҳу сифати иншооти таҷдиду бунёдшаванда, техникаву таҷҳизот ва хизматрасониҳое, ки бо ҷалби ширкатҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешаванд, ба талабот ҷавобгӯ нест.
Илова бар ин, риоя нагардидани уҳдадориҳои қарордодӣ аз ҷониби ширкатҳои пудратӣ, таҳвилгар ва хизматрасон, инчунин, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани назорати иҷрои корҳои мазкур аз тарафи агентиҳои татбиқи лоиҳаҳо боиси ба таъхир мондан ва тамдид гардидани муҳлати татбиқи онҳо гардида истодааст.
Аз ин лиҳоз, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти дахлдори давлатӣ фаъолияти худро дар самти иҷрои саривақтии қарордодҳо, ба талаботи стандартҳои пешбинишуда ҷавобгӯ будани иншооти таҷдиду бунёдшаванда, воридоти техника ва таҷҳизоти зарурӣ, инчунин, истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои ҷалбшаванда пурзӯр намояд.
Омили дигари таъмин намудани рушди иқтисодиёти кишвар ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ мебошад.
Дар 10 соли охир ба иқтисодиёти кишвар дар ҳаҷми зиёда аз 31 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид шудааст, ки ин нишондиҳанда ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нест.
Мувофиқи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ҷалби ҳамасолаи сармояи мустақими хориҷӣ бояд то 10 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дода, нисбат ба сатҳи миёнаи солҳои 2004 – 2013 ду баробар афзоиш ёбад.
Ҳукумати кишвар бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ, беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, ташкили ҷойҳои кории нав, таҳкими иқтидори саноативу содиротӣ ва дар ин замина амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.
Бо вуҷуди ин, ҳаҷми сармояи мустақими хориҷӣ дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 28 миллион доллар ё 7,8 фоиз коҳиш ёфтааст, ки ин барои иҷрои ҳадафҳои муайянгардида қонеъкунанда нест.
Бояд тазаккур дод, ки бо вуҷуди маълумоте, ки дар манбаъҳои гуногун вуҷуд доранд, ҳоло ҳам сармоягузорони хориҷӣ имконияти дастрас намудани маълумоти кофиро доир ба фазои сармоягузорӣ, имкониятҳо ва лоиҳаҳои афзалиятнок надоранд.
Бар замми ин, сармоягузорони ватаниву хориҷӣ бо низоми бюрокративу серхарҷи гирифтани иҷозат ва иҷозатномаҳо, инчунин, санҷишҳои ғайринақшавию такрорӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ки ин ҳолат бисёр ташвишовар боқӣ мемонад.
Ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ, алалхусус, сармояи мустақими хориҷӣ ва дар ин замина ноил гардидан ба ҳадафҳои асосии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва масъулини соҳа зарур аст, ки мунтазам чораҷӯӣ намуда, ҳамкориҳои судмандро бо сармоягузорони дохилию хориҷӣ ба роҳ монанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Торафт шиддат гирифтани рақобати байналмилалӣ моро водор месозад, ки дар самти татбиқи ҳадафҳои умумимиллӣ имконоту захираҳои мавҷударо самаранок истифода карда, фазои соҳибкориву сармоягузориро боз ҳам беҳтар ва фаъолнокии иқтисодии аҳолии Тоҷикистонро баланд бардорем.
Бо ин мақсад дар кишвар нақшаи тадбирҳои амалисозии 300 рӯзи ислоҳоти дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ тасдиқ шуда, то охири соли 2020 ба санҷишҳои фаъолияти соҳаҳои истеҳсолӣ мораторий татбиқ мегардад.
Дар баробари ин, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳтар кардани нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалии “Пешбурди соҳибкорӣ” тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст, ки як қисми онҳо бевосита ба низоми маъмурикунонии андоз ва сарбории андоз дахл доранд.
Бояд гуфт, ки дар даҳ соли охир ҳаҷми воридоти андозҳо ва пардохтҳо ба буҷети давлатӣ 4,7 баробар зиёд гардида, ҳиссаи воридоти андозҳои дохилӣ нисбат ба андозҳои берунӣ дар ҳаҷми умумии қисми даромади буҷет тамоюли афзоиш дорад.
Ҳарчанд ки дар натиҷаи васеъ гардидани сарчашмаҳои андози дохилӣ қисми даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмӯъ, таъмин гардидааст, аммо тайи солҳои охир иҷрои нақшаи воридоти андозҳо аз ҳисоби андозҳои ғайримустақим (андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо) таъмин нашуда истодааст.
Аз ин ҳисоб ба буҷет 860 миллион сомонӣ ворид нагардида, ҳаҷми бақияи қарзи андозҳо дар миқёси кишвар ба ҳолати 1 январи соли 2019 726 миллион сомониро ташкил додааст. Сабаби асосии чунин ҳолат, аз ҷумла номукаммал будани низоми ояндабинӣ ва банақшагирӣ дар ин самт мебошад.
Бинобар ин, Вазорати молия ва Кумитаи андозро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо фаъолияти худро дар самти такмил додани раванди таҳлили имкониятҳои мавҷудаи минтақаҳо ва корхонаҳои фаъолияткунанда, ояндабинии манбаъҳои воқеии андоз, пешгирӣ кардани афзоиши бақияи қарзи андозҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва ба ин васила кам кардани таъсири омили инсонӣ, бештар ва беҳтар ба роҳ мондани корҳои тавзеҳотиву фаҳмондадиҳӣ бо андозсупорандагон ба таври доимӣ тақвият бахшанд.
Илова бар ин, Кумитаи андоз бояд ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти маъмурикунонии андоз ва баланд бардоштани маърифати андозсупорӣ, такмили ихтисоси кормандони худ, ба тариқи озмун интихоб ва ҷобаҷогузорӣ намудани кадрҳои сатҳи касбияташон баланд тадбирҳои зарурӣ андешад.
Дар натиҷаи чораҳои андешидаи Кумитаи андоз танҳо соли 2018 нисбат ба андозсупорандагони қарздор қариб 6700 қарор дар бораи маҷбуран ситонидани қарзи андоз ба маблағи беш аз як миллиард сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои солҳои қаблӣ қабулгардида ба буҷет 644 миллион сомонӣ қарзи андоз рӯёнида шудааст, ки нисбат ба соли 2009 шумораи қарорҳо 5,2 баробар ва маблағҳои рӯёнидашуда 7,1 баробар зиёд мебошад.
Худи ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳаҷми қарздорӣ аз ҳисоби андоз ва ҳодисаҳои пинҳон ё саркашӣ намудан аз пардохти онҳо сол ба сол зиёд шудааст, ки нишонаи ҳамкории сусти мақомоти андоз бо субъектҳои хоҷагидор мебошад.
Бинобар ин, мақомоти андоз вазифадоранд, ки барои пешгирӣ кардани чунин ҳолат чораҳои ҷиддӣ андешида, корҳои назоратиро дар асоси таҳлили хавфҳо ба роҳ монанд.
Ҳоло дар кишвар Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2019 татбиқ шуда истодааст, вале корҳо дар самти муосиргардонии он ҳанӯз кофӣ нестанд.
Кумитаи андоз вазифадор аст, ки ҷиҳати боз ҳам сода ва дастрас намудани хизматрасониҳо ба субъектҳои хоҷагидор ва шаҳрвандон, баланд бардоштани фарҳанг ва интизоми андозсупорӣ чораҳои зарурӣ андешида, Барномаи рушди маъмурикунонии андозро барои солҳои 2020-2025 таҳия ва татбиқ намояд.
Гарчанде тайи солҳои охир тартиби арзёбии фаъолияти мақомоти андоз такмил дода шуд, лекин ин арзёбӣ танҳо аз рӯи иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки масъулини мақомоти андоз барои иҷрои нақшаи пешбинигардидаи андоз шаклҳои гуногуни назоратро нисбат ба субъектҳои хоҷагидор ба анҷом мерасонанд, ки хислати санҷиш ва ҳатто дахолатро доранд.
Дар натиҷаи чунин амалҳо ҳаҷми истеҳсол, гардиши тиҷоратии корхонаҳо ва мутаносибан ҳаҷми пардохти андози онҳо коҳиш меёбад.
Тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ ҳангоми гузаронидани санҷишҳои андоз баъзе санҷишгарон даромаду хароҷоти воқеӣ, ҳуҷҷатҳои ибтидоии андозсупорандагонро ба инобат нагирифта, маблағҳои барилова ҳисобшавандаро зиёд нишон медиҳанд, ки ин боиси шикояти андозсупорандагон мегардад.
Сабаби чунин камбудӣ, агар аз як тараф нокифоя будани дониши касбии санҷишгарон бошад, аз ҷониби дигар, дидаву дониста зиёд нишон додани андозҳои ҳисобшаванда ҷиҳати ба таври сунъӣ беҳтар нишон додани натиҷаҳои кор ва бо ҳар роҳу восита иҷро кардани нақша мебошад.
Дар баъзе ҳолатҳо аз ҷониби кормандони андоз назорати камералӣ низ бо вайронкунии талаботи қонун, бидуни таҳлили хавфҳо ва имтиёзҳои пешниҳодгардида гузаронида шуда, ба зиммаи андозсупорандагон уҳдадориҳои беасоси пардохтҳои зиёдатӣ вогузор карда мешаванд.
Дар зарфи даҳ соли охир мақомоти прокуратура нисбат ба 300 нафар кормандони мақомоти андоз парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва бо қарору пешниҳоди прокурорҳо 2181 нафар кормандон ба ҷавобгарии интизомӣ кашида, нисбат ба 25 нафар кормандони мақомоти андоз барои баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, сохтакории хизматӣ, қаллобӣ, гирифтани пора ва дигар ҷиноятҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд.
Тибқи маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар 10 соли охир аз 758 миллион сомонӣ маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ 106 миллион сомонӣ ба Кумитаи андоз ва сохторҳои зертобеи он баробар омадааст.
Ба Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия супориш дода мешавад, ки доир ба пешгирӣ кардани амалҳои қонунвайронкунӣ ва коррупсионӣ аз ҷониби кормандони мақомоти андоз, риояи муқаррароти қонунгузории кишвар дар бораи мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти андозбандӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ чораҳои қатъӣ андешанд.
Бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, кам кардани сарбории андоз ва ба танзим даровардани санҷишҳои андоз тайи солҳои охир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Гарчанде муқаррароти Кодекси андози аз 1 январи соли 2013 амалкунанда содатар, ҳаҷми умумии матни он ва меъёрҳои аз як модда ба моддаи дигар ва ба дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҳаволакунанда ҳаддалимкон кам шудаанд, вале ҳанӯз дар он муқаррароти душворфаҳму духӯра мавҷуданд, ки боиси ба вуҷуд омадани баҳсҳо миёни мақомоти андоз ва андозсупорандагон мегардад.
Ҷиҳати дар сатҳи замонавӣ ташкил намудани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва боз ҳам содаву сабук гардонидани ҷараёни андозсупорӣ, ки яке аз роҳҳои таъмини шаффофияти фаъолияти соҳа низ ба ҳисоб меравад, аз соли 2012 тартиби ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳо ҷорӣ карда шуд.
Имрӯз бо истифода аз барномаи компютерии “Утоқи шахсии андозсупоранда” зиёда аз 80 ҳазор андозсупорандагон эъломияҳои худро бо тартиби мазкур пешниҳод карда истодаанд.
Бо дарназардошти ҷорӣ намудани барномаҳои дигари рақамӣ муносибатҳои байни андозсупорандагон ва мақомоти андоз дар низоми маъмурикунонии андоз бояд аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шаванд.
Ҳамзамон бо ин, дар асоси муайян намудани нишондиҳандаҳои дақиқи сарбории андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ ва омилҳои онро бавуҷудоваранда қонунгузории амалкунанда тағйирталаб аст.
Мутобиқи моддаи 109 Кодекси андози амалкунанда меъёри андоз аз фоидаи фаъолият оид ба истеҳсоли молҳо 13 фоиз ва дигар намудҳои фаъолият 23 фоиз, вале на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ муайян карда шудааст.
Тибқи таҳлилҳо маҳз ҳамин муқаррарот оид ба андозбандии “на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ” ба баланд шудани сарбории андози фоидаи соҳибкорӣ таъсир мерасонад.
Аз ин лиҳоз, ҷиҳати бартараф кардани духӯрагӣ дар раванди ситонидани андоз аз фоида аз Кодекси андоз хориҷ намудани мафҳуми «вале на кам аз 1 фоизи даромади умумӣ» мувофиқи мақсад мебошад.
Бинобар ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар дар солҳои охир, зарурати ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар ва татбиқи консепсияи иқтисодиёти рақамӣ соли 2020 Кодекси андозро дар таҳрири нав таҳия ва татбиқ намояд.
Ҳозирини муҳтарам!
Нақши мақомоти гумрук дар ҳимояи соҳибихтиёрӣ ва амнияти иқтисодӣ, ҳаёт ва саломатии инсон, ҳифзи муҳити зист ва арзишҳои фарҳангии кишвар, инчунин, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим мебошад.
Хадамоти гумрук ҳоло назорат ва барасмиятдарории гумрукии молҳоро дар 24 гузаргоҳи наздисарҳадии автомобилӣ, 4 гузаргоҳи роҳи оҳан, 1 гузаргоҳи дарёӣ, 5 гузаргоҳи нақлиёти ҳавоӣ анҷом медиҳанд. Бояд гуфт, ки солҳои охир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо бо техникаву технологияҳои муосири назоратӣ ва озмоишгоҳӣ беҳтар гардида истодааст.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд солҳои охир 10 дидбонгоҳи гумрукӣ сохта, дар қисми боқимондаи онҳо корҳои таъмир ва муҷаҳҳазгардонӣ ба анҷом расонида шудаанд.
Аммо ҳанӯз интиқоли молу воситаҳои нақлиёт дар ҳамаи гузаргоҳҳо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда нашудааст, ки чунин вазъ ба сифати иҷрои вазифаҳои мақомоти гумрук монеа эҷод менамояд.
Аз ин рӯ, Хадамоти гумрукро зарур аст, ки оид ба муҷаҳҳазгардонии дидбонгоҳу озмоишгоҳҳо чораҳои зурурӣ андешида, корҳоро дар самти ташкили низоми электронии назорат ва барасимиятдарории гумрукӣ ҷоннок намоянд.
Илова бар ин, ташкили низоми иттилоотии ягонаи мақомоти гумрук, аз ҷумла тақвият бахшидан ба низоми идораи хавфҳо ва назорати гумрукӣ бояд самаранок татбиқ гардида, ҳамзамон бо ин, корҳо дар самти ташкили низоми “Равзанаи ягона” ва “Истгоҳи ягона” давом дода шаванд.
Тибқи таҳлилҳо вақти зарурӣ барои анҷом додани расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми содироти молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ 66 соат ва барои воридот 126 соатро ташкил медиҳад.
Бинобар ин, зарур аст, ки расмиёти маъмурии танзими савдои беруна аз ҷониби Хадамоти гумрук, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Агентии “Тоҷикстандарт”, Хадамоти давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Хадамоти алоқа ва дигар сохторҳои дахлдор дар доираи низоми “Равзанаи ягона” ҳарчи зудтар ҳамоҳанг карда шавад.
Ҳарчанд ки ҷараёни мукаммалгардонии қонунгузории соҳа ба осон гардидани расмиёти гумрукӣ мусоидат намуд ва ҳуҷҷатҳои ҳангоми декларатсия кардани мол пешниҳодшаванда аз 10 то 5 номгӯй кам карда шуданд, вале барои ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардонидани он бояд корҳои зиёде ба анҷом расонида шаванд.
Роҳбарияти Хадамоти гумрукро зарур аст, ки имкониятҳои мақомотро дар ошкор кардани қонунвайронкуниҳои гумрукӣ, пешгирӣ намудани қоҷоқи мол ва дигар қонунвайронкуниҳо тақвият бахшад.
Иҷрои ин корҳо барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои имкониятҳои зиёди транзитӣ хеле муҳим мебошад, то ки шаффофияти амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ хеле пурра таъмин гардида, ба ширкатҳои логистикӣ ва боркашонии байналмилалӣ ҷолиб гардад.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи долонҳои нақлиётии Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ) дар ҳудуди Тоҷикистон роҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ бунёд гардида, гузаргоҳҳои байналмилалии транзитӣ таъсис ёфта истодаанд.
Бо ин мақсад, бояд рақамикунонии пардохтҳои гумрукӣ бо истифода аз низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, назорати фосилавии фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ, иттилоотонии пешакӣ ва монанди инҳо ташаккул дода, ҳамзамон бо ин, ҳамгироии ҳатмии “Равзанаи ягона” бо низоми иттилоотии мақомоти молия, андоз, бонкҳо ва дигар вазорату идораҳои дахлдор таъмин карда шавад.
Амалӣ гардидани тадбирҳои мазкур ба самаранокии фаъолияти мақомоти гумрук дар самти дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ низ мусоидат менамояд.
Тибқи таҳлилҳо соли 2009 ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ 1,5 миллиард сомониро ташкил карда, соли 2018 ин нишондиҳанда ба 4,9 миллиард сомонӣ расидааст, яъне 3,3 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар баробари ин, ҳанӯз захираҳои зарурӣ доир ба пурзӯр намудани фаъолият дар самти пешгирии воридоти ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт зиёданд ва бояд аз онҳо ҳарчи васеъ ва пурра истифода карда шавад.
Дар давоми солҳои 2009-2018 аз ҷониби мақомоти гумрук қариб 50 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ ошкор ва ба қайд гирифта, ба маблағи 51 миллион сомонӣ ҷарима ва 453 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шудаанд.
Тибқи маълумот ҳодисаҳои нодуруст ба расмиёт даровардани молу воситаҳои нақлиёт ва нодуруст истифода бурдани усули муайян намудани арзиши гумрукии мол ҳангоми интиқоли он аз сарҳади гумрукӣ ҳанӯз зиёданд.
Як қатор кормандони мақомоти гумрук зимни амалигардонии фаъолияти хизматии худ ба кирдорҳои коррупсионӣ даст мезананд, ки чунин амали онҳо боиси ба буҷет ворид нашудани маблағҳои калон мегардад.
Тибқи маълумоти Прокуратураи генералӣ соли 2015 826 ҳолати нодуруст ҳисоб кардан ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ аз ҷониби мақомоти гумрук ошкор карда шуда, аз ин ҳисоб 15 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукии иловагӣ ошкор ва 14,7 миллион сомонии он ба буҷет барқарор карда шудааст.
Санҷишу таҳлилҳои прокурорӣ ҳолатҳои зиёди қочоқи молу маҳсулотро низ ошкор намудаанд.
Омили асосии қочоқи молу маҳсулот пурра риояи нагардидани талаботи қонунгузории гумрук дар минтақаҳои сарҳадӣ, бахусус, дар вилояти Суғд мебошад.
Дар минтақаҳои сарҳадии ҳудуди вилоят (бо Ҷумҳурии Қирғизистон) зиёда аз 164 гузаргоҳи ғайрирасмӣ вуҷуд дорад, ки аксарияти онҳо дар маҳалҳои аҳолинишин ҷойгир буда, тавассути онҳо мунтазам қочоқи молу маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳатто асъори нақди хориҷӣ ва маҳсулоти заргарӣ сурат мегирад.
Ҳодисаҳои қочоқ бештар дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен ба назар мерасанд.
Аз ин лиҳоз, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати бартараф намудани гузаргоҳҳои ғайриқонунии сарҳадӣ, ҳолатҳои тавассути онҳо ғайриқонунӣ интиқол додани молу воситаҳои нақлиёт ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ аз ҷониби масъулини соҳа вобаста ба рӯйпӯш намудани чунин ҳолатҳо чораҳои қатъӣ андешанд.
Таъкид бояд кард, ки баъзе кормандони мақомоти гумрук ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон ба ҳолатҳои суиистифода аз мансаб, бемасъулиятӣ ва беамалӣ роҳ медиҳанд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар давраи солҳои 2009-2018 дар Хадамоти гумрук ва сохторҳои зертобеи он 48 тафтишу санҷиши молиявӣ анҷом дода, зарари молиявиро ба маблағи 54 миллион сомонӣ муайян намудааст, ки аз он 47 миллион сомонӣ маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ мебошад.
Барои роҳ додан ба камбудиҳои молиявӣ нисбат ба 27 нафар шахсони масъул ҷазоҳои интизомӣ татбиқ гардидааст ва аз онҳо 10 нафар аз вазифаи ишғолнамудаашон озод карда шудаанд.
Дар ин давра 51 нафар кормандони Хадамоти гумрук ва сохторҳои зертобеи он 94 ҷинояти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии хислати коррупсионидошта содир кардаанд.
Роҳбарияти Хадамоти гумрукро зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда, пешгирӣ намудани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ аз ҷониби кормандони мақомот, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо аз ҳисоби мутахассисони кордону поквиҷдони соҳа ва ҷойивазкунии доимии онҳо мунтазам чораҷӯӣ намояд.
Ҳамчунин, масъалаҳои доир ба фаъолияти соҳа зикршуда ҳангоми таҳияи Барномаи миёнамуҳлати рушди Хадамоти гумрук барои солҳои 2020-2024 пурра ба эътибор гирифта шаванд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар натиҷаи таъсири омилҳои дохиливу берунӣ, инчунин, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ набудани идораи як қатор бонкҳо ва ба таври зарурӣ ба роҳ намондани назорат вазъи умумии низоми бонкӣ дар кишвар буҳронӣ гардид.
Бинобар ин, аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳа иҷозатномаи ду бонке, ки мушкилот доштанд, бозхонд карда шуда, бо қарори дахлдори Ҳукумати кишвар нисбат ба ду бонки қаблан низомсоз тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати барқарор кардани сармоя ва солимгардонӣ ба тасвиб расид.
Мутаассифона, бо вуҷуди дастгирии Ҳукумати мамлакат вазъи ин ду бонк беҳтар нагардид.
Хотирнишон месозам, ки камбудиҳои мавҷудаи сохторӣ, аз ҷумла зиёд будани хавфҳо дар низоми бонкӣ ва қарзҳои ғайрифаъол, паст будани сатҳи захираҳои софи байналмилалӣ, қобилияти пардохт ва сармояи бонкҳо, сатҳи баланди долларикунонӣ дар иқтисодиёт, лапишҳои асъорӣ, таъмин нагардидани рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва дастрасии пасти аҳолӣ ба воситаҳои молиявӣ ҳанӯз боқӣ мондаанд.
Бар замми ин, риоя нагардидани принсипҳои идоракунии корпоративӣ ва сатҳи пасти донишу таҷрибаи мутахассисони соҳаи бонкдорӣ ба коста гардидани эътимоди аҳолӣ нисбат ба низоми бонкӣ замина гузошт.
Бинобар ин, Бонки миллиро зарур аст, ки дар самти боз ҳам мукаммал гардонидани низоми назорати бонкӣ ва риояи меъёрҳои қобили қабул аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ, таҳкими вазъи молиявии онҳо ва баланд бардоштани сифати идоракунии корпоративӣ, коҳиш додани сатҳи хавфҳо ва кам кардани қарзҳои ғайрифаъол, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, инчунин, омода кардани мутахассисони соҳаи бонкдорӣ ва баланд бардоштани савияи касбии онҳо чораҳои амалиро мунтазам роҳандозӣ намояд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ то оғози буҳрони бонкӣ, яъне соли 2014 дар кишвар 137 ташкилоти қарзӣ вуҷуд дошт ва то соли 2018 шумораи онҳо ба 79 ташкилот расид.
Бо сабабҳои муфлисшавӣ ва ё фаъолият накардани ташкилотҳои қарзӣ, махсусан, ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки шумораашон аз 125 дар соли 2012 то 62 дар соли 2018 кам гардид, аз ҷониби Бонки миллӣ иҷозатномаи онҳо бозхонд карда шуд.
Дар робита ба ин, Бонки миллиро зарур аст, ки фаъолияти худро ҷиҳати рушди низоми бонкӣ ва барқарор намудани эътимоди аҳолӣ ба бонкҳо бо роҳи ҷоннок намудани назорати бонкӣ, арзёбии дороии бонкҳо ва мониторинги доимии вазъи бозори хизматрасониҳои бонкӣ тақвият бахшад.
Фаромӯш набояд кард, ки дар шароити рақобати бозорӣ танҳо ташкилотҳои қарзие, ки маҳсулоти нави бонкӣ ва хизматрасониҳои гуногуни инноватсиониро пешниҳод менамоянд, мавқеи худро дар бозор устувор карда метавонанд.
Барои таъмин намудани рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ба низоми бонкии кишвар ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис аз 80 то ба 50 миллион сомонӣ кам карда шуд.
Гарчанде дороии умумии ташкилотҳои қарзӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2018 маблағи 21 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2009 3,9 баробар афзудааст, аммо ҳаҷми он нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 26,2 фоиз ҳамагӣ то 30,8 фоиз афзудааст.
Шумораи суратҳисобҳои бонкии барои мизоҷон кушодашуда дар даҳ соли охир 10 баробар афзоиш ёфта, ба ҳолати 1 апрели соли 2019 зиёда 3,5 миллион суратҳисобро ташкил додааст.
Ба ҳолати 31 декабри соли 2018 бақияи умумии пасандозҳои низоми бонкӣ қариб 10 миллиард сомонӣ ва даромади пулии аҳолӣ беш аз 41 миллиард сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба соли 2009 мутаносибан 3,7 ва 3,8 баробар зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии пасандозҳои низоми бонкии кишвар ба ҳар як суратҳисоби амонатӣ, ки 3,5 миллион ададро ташкил медиҳад, ба ҳисоби миёна 2850 сомонӣ рост меояд, ки ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Бақияи сандуқи қарзии ташкилотҳои қарзӣ дар охири соли 2018 маблағи 8,7 миллиард сомониро ташкил карда, нисбат ба соли 2009 2,9 баробар зиёд шудааст.
Баробари зиёдшавии қарзҳои ғайрифаъол ва қарзҳои ба шахсони вобаста додашуда дар зарфи солҳои 2009-2015, аз ҷумла ҷой доштани дороиҳои зиёди ғайри қобили пардохт хавфҳои дар низоми бонкӣ ҷойдошта дучанд гардидаанд.
Сармояи як қатор бонкҳо то ҳол дар сатҳи ғайриқаноатбахш қарор дорад, ки барои пешниҳод намудани қарзҳои нав маҳдудият эҷод менамояд.
Танҳо дар ду соли охир ҳаҷми қарзҳои ғайрифаъол ба маблағи 2 миллиард сомонӣ кам шуда, ҳиссаи онҳо дар таркиби сандуқи қарзӣ ба санаи 31 декабри соли 2018 30,3 фоизро ташкил додааст, ки ҳанӯз ташвишовар мебошад.
Мувофиқи маълумоти Прокуратураи генералӣ дар давоми даҳ соли охир дар низоми бонкии кишвар нисбат ба 372 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва ба маблағи зиёда аз 2,1 миллиард сомонӣ зарари дар натиҷаи амали онҳо ошкоргардида барқарор карда шудааст.
Соли 2018 Палатаи ҳисоб зимни санҷиши Бонки миллӣ зарари молиявиро дар ҳаҷми 8,3 миллион сомонӣ ошкор кардааст.
Илова бар ин, роҳбарияти бонк солҳои қаблӣ ба кормандони худ ба маблағи 61 миллион сомонӣ қарзи бефоиз додааст, ки 14 миллион сомонии он имрӯзҳо мушкилситон гардидааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе мавридҳо масъулини бонкҳо ба азонихудкунии маблағҳои пулӣ даст зада, ба шахсони наздики худ бидуни таъмини гарав ва ғайриқонунӣ қарзҳои бонкӣ додаанд.
Дар давраи солҳои 2007-2018 Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нисбат ба 177 нафар кормандони бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ 483 ҷинояти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии хислати коррупсионидоштаро ошкор кардааст, ки 158 ҳолати онҳо марбут ба азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, 131 ҳолат ғайриқонунӣ додану гирифтани қарз, 45 ҳолати қаллобӣ, 35 ҳолат тасарруфи пулу моли ба тариқи қарз додашуда, 12 ҳолати сохтакории хизматӣ ва 102 ҳолат ҷиноятҳои дигар мебошанд.
Аз ҷониби Прокуратураи генералӣ нисбат ба кормандони Ҷамъияти саҳҳомии “Агроинвестбонк” ва дигар шахсоне, ки ба тасарруфи маблағҳои қарзӣ даст задаанд, 68 парвандаи ҷиноятӣ оид ба тасарруфи 40 миллион сомонӣ оғоз карда шудааст.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар давраи солҳои 2010-2018 нисбат ба 116 нафар кормандони бонки мазкур 331 ҷинояти коррупсионӣ ва ҷинояти иқтисодии хислати коррупсионидоштаро ошкор кардааст, ки аз ин 135 ҳолат ҷиноятҳои вобаста ба ғайриқонунӣ додани қарз, 11 ҳолат ришвадиҳии тиҷоратӣ, 50 ҳолат қаллобӣ, 47 ҳолат тасарруфи пулу моли ба тариқи қарз додашуда, 18 ҳолати азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, 6 ҳолати сохтакории хизматӣ ва 61 ҳолат ҷиноятҳои дигар мебошанд.
Санҷиши дурустии амволи ба гарав гузошташуда бо ҷалби мутахассисони маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлия муайян намудааст, ки арзиши аслии 78 номгӯи амволи тибқи нархгузории аввала 870 миллион сомонӣ нархгузоришуда ҳамагӣ 401 миллион сомониро ташкил дода, комиссияи нархгузорӣ онҳоро дар ҳаҷми 468 миллион сомонӣ барзиёд нарх гузоштааст.
Ҳангоми тафтиши 47 парвандаи қарзӣ ба маблағи 735 миллион сомонӣ ҳолатҳои талаф ва тасарруфи маблағҳои қарзӣ, изофанависӣ дар арзиши амволи ба ивази қарз гирифташуда, бо истифодаи ваколатҳои мансабӣ ва бо роҳи сохтакорӣ ғайриқонунӣ додану гирифтани қарз ба маблағи 490 миллион сомонӣ муайян карда шудааст.
Дар ин радиф, дар солҳои 2017-2018 дар натиҷаи корбарӣ ва санадҳои эътиноии прокурорӣ 622 миллион сомонӣ қарзҳои мушкилситон ба манфиати ин бонк барқарор карда шудаанд.
Дар ин давра ба судҳои иқтисодӣ 55 аризаи даъвогӣ ба маблағи 209 миллион сомонӣ оид ба рӯёнидани қарзи бонк аз ҳисоби амволи ба гарав гузошташуда пешниҳод гардидааст.
Бо сабаби берун аз марзи кишвар қарор доштани як қатор қарздорон рӯёнидани маблағи қарзи онҳо ғайриимкон гардида, аз ҳудуди Тоҷикистон баромадани 1808 нафар, ки аз бонк ба маблағи 414 миллион сомонӣ қарздоранд, пешгирӣ карда шуд.
Дар баробари ин, 8406 нафар шаҳрванд аз бонк ба маблағи 752 миллион сомонӣ қарздор мебошад, ки аз ин ҳисоб 716 миллион сомонӣ ё 95 фоизи онҳо қарзҳои батаъхирафтода мебошанд.
Солҳои 2016-2019 аз ҷониби Прокуратураи генералӣ дар натиҷаи санҷиши фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии “Тоҷиксодиротбонк” 60 парвандаи ҷиноятӣ ба маблағи 65 миллион сомонӣ оғоз карда шудааст, ки аз он 9 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шахсони мансабдори бонк оид ба ғайриқонунӣ додани қарз ва азонихудкунии маблағҳои бонк мебошад.
Дар маҷмӯъ, бо санадҳои эътиноии прокурорӣ 1,4 миллиард сомонӣ маблағҳои пулӣ, амволи ба гарав гузошташуда ва дигар амволи қарздорон ба манфиати бонк барқарор карда шудааст.
Зимни санҷишҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ ва амалҳои коррупсионӣ дар низоми бонкии кишвар ошкор гардидаанд.
Аз ҷониби Агентӣ дар солҳои 2009-2018 дар Бонки давлатии «Амонатбонк» 235 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шуда, ба маблағи 151 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ва қариб 2 миллион сомонӣ истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷетӣ ошкор гардидааст.
Дар аксари мавридҳо шахсони қарзгиранда аз беназоратӣ ва бепарвоии комиссияи нархгузорӣ ва масъулони бонки мазкур истифода карда, амволи ночизро бо мақсади минбаъд ба пул табдил додан бо нархи гарон ба гарав мондаанд.
Ба сифати гарав амволе қабул шудааст, ки арзиши аслии он ба таври сунъӣ аз арзиши бозорӣ чандин баробар баланд нархгузорӣ шудааст.
Ин ҳолат ба фурӯши саривақтии амволи гарав монеа гардида, минбаъд барои мушкилситон шудани қарз замина гузоштааст.
Махсус зикр бояд кард, ки як қисми қарзгирандагон бо мақсади халосӣ ёфтан аз амволи бозорногузар ва ба пул мубаддал гардонидани он баъди гирифтани қарз фоизҳои онро умуман пардохт намекунанд ва қарзи асосиро низ дар муҳлати муайяншуда барнамегардонанд, ки ин барои даст кашидан аз амволи ба гарав гузошташуда замина мегардад.
Санҷиши интихобии 13 парвандаи қарзӣ муайян намудааст, ки комиссияи нархгузории бонк 37 номгӯй амволи гуногуни қарзгирандагонро 112 миллион сомонӣ ё ба таври сунъӣ ба маблағи 46 миллион сомонӣ барзиёд нархгузорӣ карда, ба онҳо ба маблағи 63 миллион сомонӣ қарзи бонкӣ пешниҳод кардааст.
Дар ҳоле ки арзиши амволи зикршуда ҳамагӣ 66 миллион сомониро ташкил кардааст.
Дар ин давра аз ҷониби Агентии мазкур нисбат ба 303 нафар кормандони “Амонатбонк” 818 ҷинояти коррупсионӣ ва ҷинояти иқтисодии хислати коррупсионидошта ошкор гардидааст, ки 317 ҳолати онро ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, 222 ҳолат тасарруфи пулу моли ба тариқи қарз додашуда ва ғайриқонунӣ додану гирифтани қарз мебошад.
Масалан, сармуҳосиб ва мудири хазинаи филиали бонк дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муъминов С. ва Шарифов С. бо истифода аз мақоми хизматӣ қариб 10 миллион сомонӣ ва 46 ҳазор доллари дар хазинаи бонк қарордоштаро азони худ кардаанд.
Ҳамзамон бо ин, аз беназоратӣ ва фориғболии шахсони масъул истифода карда, кормандони алоҳидаи бонк ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар 211 ҳолат нафақаи шахсони фавтидаро ба маблағи 360 ҳазор сомонӣ тасарруф кардаанд.
Чунончи, маъюби гурӯҳи дуюм, нафақахӯр Лебедева Надежда 1-уми ноябри 2012 вафот кардааст, аммо дар давоми 25 моҳ ба суратҳисоби нафақаи ӯ зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ пардохт шуда, аз ҷониби корманди “Амонатбонк” Алифбеков Э. бо истифодаи корти бонкии қалбакӣ тасарруф гардидааст.
Дар байни солҳои 2009-2018 зимни санҷишҳои аз ҷониби Агентӣ дар Бонки саҳҳомии «Тоҷпромбонк» гузаронидашуда зиёда аз 100 ҳолати ҷиноят ошкор шудааст, ки 36 ҳолати он ба азонихудкунии маблағҳо ва 26 ҳолат ба ғайриқонунӣ додани қарз рост меояд.
Санҷиши бонк танҳо дар соли 2017 муайян намуд, ки масъулини бонк ҷиҳати пешгирии хавфи барнагардонидани маблағи қарз чораҳои зарурӣ наандешида, баръакс, барои ҳарчи зудтар интиқол додани маблағҳо ба хориҷи кишвар ба қарзгирандагон мусоидат намудаанд, ки дар натиҷа бонк аз ҳисоби ин амалиётҳо ба маблағи 62 миллион сомонӣ зарар дидааст.
Мисолҳои зикршуда ва дигар ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар низоми бонкии кишвар аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки назорати бонкӣ солҳои тӯлонӣ дар сатҳи ниҳоят паст қарор дошта, аз ин вазъ шахсони алоҳида суиистифода намудаанд ва дар натиҷа ба иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар зарари зиёд расонида шудааст.
Илова бар ин, тавре ки зикр шуд, қисми бештари амволи ба гарав гузоштаи қарзгирандагон бо ҳар гуна воситаву усулҳои ғайриқонунӣ нодуруст (яъне даҳҳо баробар баланд) баҳогузорӣ гардидааст.
Инчунин, номукаммал будани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи нархгузорӣ боиси ба вуҷуд омадани камбудиҳо дар самти баҳогузории молу мулк гардидааст.
Аз ҷумла, дар натиҷаи санҷиши Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муайян карда шуд, ки аз ҷониби кормандони Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба нархгузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар соли 2017 99 иншооту биноҳои бартарафшудаи шаҳри Душанбе ба маблағи 26,5 миллион сомонӣ барзиёд нархгузорӣ карда шудаанд.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати кишварро зарур аст, ки ҷиҳати таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти нархгузорӣ” чораҷӯӣ намояд.
Дар баробари ин, вобаста ба таҳияи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар хусуси ба фурӯши оммавӣ баровардани амволи таҳти гарав қарордошта бояд корбарӣ карда шавад.
Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро зарур аст, ки якҷо бо Бонки миллӣ фаъолияти худро ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ва коррупсионӣ дар низоми бонкии кишвар, инчунин, ҷорӣ намудани механизмҳои муосири назорат дар ин самт ҳамоҳанг созанд.
Дар назар бояд дошт, ки саҳми низоми бонкӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, махсусан, саноатикунонии кишвар калон буда, фаъолияти муътадили иқтисодиёт аз сифат ва гуногуннамудии хизматрасониҳои бонкӣ вобастагии зиёд дорад.
Тайи даҳ соли охир аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар зиёда аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, вале ҳаҷми солонаи он нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 14,5 то 12,6 фоиз кам гардидааст.
Тибқи арзёбии ташкилотҳои байналмилалӣ ҳангоми ба 23 фоиз баробар намудани ин нишондиҳанда иқтисодиёти кишвар ҳар сол 1,5 фоиз зиёдтар рушд меёбад. Яъне дар ин ҳолат суръати рушди иқтисодӣ дар кишвар ба 9 фоизи солона баробар мегардид.
Дар ин давра ба иқтисодиёт 36,8 миллиард сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд ва танҳо соли 2018 ин нишондиҳанда ба 4,8 миллиард сомонӣ ё қариб 60 фоизи ҳаҷми умумии қарзҳои солона баробар гардидааст.
Фоизи нисбатан баланди қарз яке аз омилҳои боздорандаи дастрасии соҳибкории истеҳсолӣ ба воситаҳои молиявӣ мебошад, ки ин масъаларо ман мунтазам таъкид менамоям.
Бонки миллиро зарур аст, ки ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур ва зиёд намудани ҳаҷми қарзҳо ба соҳибкории истеҳсолӣ, бахусус, ба соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда чораҳои қатъӣ андешад.
Роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ бояд дар самти паст намудани фоизи қарзҳо корбарӣ намуда, ҷиҳати осон намудани дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бо дарназардошти бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва манфиатҷӯӣ дар низоми бонкӣ зарур аст, ки дар ташкилотҳои қарзӣ, сарфи назар аз шакли моликият, дар зинаҳои роҳбарикунандаи идоравӣ ва муҳосибӣ аз як оила фаъолият кардани якчанд нафар маҳдуд намуда, ба қонунгузории дахлдор тағйироти зарурӣ ворид карда шаванд.
Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки дар асоси таъсиси комиссияи босалоҳият аз моҳи июни соли 2019 сар карда, тамоми мансабдорону кормандони мақомоти молия, андоз ва гумрукро аз аттестатсия гузаронад.
Дар баробари ин, бо дарназардошти талаботи замони муосир зарур аст, ки низоми арзёбии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ мунтазам такмил дода, ба Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд.
Ба Бонки миллӣ зарур аст, ки тартиби арзёбии фаъолияти кормандони низоми бонкиро мукаммал гардонида, онро дар ҳамаи ташкилотҳои қарзии кишвар татбиқ намояд ва ҳамзамон бо ин, ба тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ тағйироти зарурӣ ворид намояд.
Ҳамчунин, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки низоми эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии мансабдорон ва кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, бонкҳо ва дигар хизматчиёни давлатиро мукаммал гардонад.
Илова бар ин, такроран хотирнишон месозам, ки дар низоми бонкии кишвар кормандон аз ҳисоби занону бонувон бояд бештар ба кор қабул карда шаванд.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки ҷиҳати тақвият додани заминаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ ва баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии иқтисодӣ ва маърифатнокии молиявии аҳолӣ корҳои амалӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Бо мақсади ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои пешбинигардидаи дурнамои ҳамасолаи сиёсати пулию қарзӣ бояд суботи молиявии кишвар таъмин гардида, фишангҳои пулию қарзӣ самаранок истифода ва механизмҳои таъсирбахшии онҳо ҷорӣ карда шаванд.
Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда, вазъи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва истифодаи низоми пардохт, аз ҷумла терминалҳо ва муассисаҳои савдою хизматрасонӣ аз тарафи аҳолӣ дар сатҳи паст қарор дорад ва на ҳамаи бонкҳои кишвар чунин хизматрасониро ба таври кофӣ пешниҳод менамоянд.
Бонки миллӣ вазифадор аст, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин дар ин самт, алахусус, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати мамлакат “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” чораҷӯӣ намояд.
Ҳамчунин, Бонки миллӣ, Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ва бонкҳои тиҷоратӣ бояд корро ҷиҳати ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар ва тақвият додани ҳамкориҳои судманд бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла фондҳои байналмилалӣ ва сохторҳои бонкии кишварҳои хориҷии дуру наздик тақвият бахшида, доир ба ҷолиб гардонидани низоми бонкӣ барои сармоягузорӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Инчунин, зарур аст, ки доир ба ҳалли масъалаи норасоии асъори хориҷӣ дар бозори кишвар, фарқияти байни қурби бозорӣ ва расмии асъор ва бартараф намудани амалиёти ғайриқонунии асъор корҳои амалиро ба анҷом расонад.
Вазорати молия, Бонки миллӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати рушди инфрасохтори зарурӣ ва ташкили дурусти бозори такрории коғазҳои қиматнок, бозори суғурта ва фаъол гардонидани иштироки ташкилоту муассисаҳо дар ин бозор тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Бонки миллӣ вазифадор карда мешавад, ки доир ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии низоми бонкӣ ва суғурта, назорати фаъолияти ширкатҳои суғурта, фаъол гардонидани бозори суғуртаи ихтиёрӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои суғуртавӣ корҳои амалиро ба роҳ монад.
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки мебинем, дар баробари пешравиҳо дар самти рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар то ба имрӯз дар фаъолияти соҳаҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо камбудиҳои зиёд низ ба назар мерасанд.
Ҳукумати кишварро зарур аст, ки барои сари вақт ислоҳ намудани камбудиҳои зикршуда тибқи нақшаи чорабиниҳои алоҳидаи ҳар яке аз мақомоти масъул ва расидан ба нишондиҳандаҳои стратегии кишвар ва барномаҳои соҳавӣ корҳои назоратиро ба таври қатъӣ ба роҳ монад.
Таъмин намудани рушди дарозмуддати Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин самт ҳамаи мо масъул мебошем.
Амалӣ намудани нақшаҳои тасдиқшуда аз фаъолияти ватандӯстона ва ҳисси баланди масъулияти шумо – роҳбарону мутахассисони мақомоти молия, андоз, гумрук, бонкҳо, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин, ҳар як хизматчии давлатӣ вобаста мебошад.
Бори дигар таъкид месозам, ки иҷрои саривақтӣ ва сифатноки қисми даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ, истифодаи шаффофу самараноки маблағҳо, таъмини устувории пули миллӣ, баланд бардоштани пардохтпазирӣ ва эътимоднокии низоми бонкӣ, таъмини фаъолияти самаранок ва бехатари низоми пардохтҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони бахши иқтисодӣ мебошанд.
Ҳамчунин, дар хотир бояд дошт, ки ҷалби сармояи хориҷӣ аз тамоми сарчашмаҳо, истифодаи самаранок ва мақсадноки иншооти дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бунёдгардида, дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ, афзоиши маблағгузории қарзӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт ва дигар тадбирҳо барои босифат амалӣ шудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушд мусоидат хоҳанд кард.
Дар ин ҷода ба ҳамаи шумо муваффақият ва барори кор орзу менамоям.
Саломат бошед!