Суханронӣ ба муносибати Иди Ғалаба
Рафиқон генералҳо ва афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!
Имсол аз анҷоми набардҳои шадиду хунин ва фоҷиабори Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ғалаба бар фашизм марҳалаи асосиву ҳалкунандаи он буд, ҳафтоду чор сол сипарӣ мешавад.
Ва имрӯз сокинони Тоҷикистон мисли тамоми мардуми сулҳхоҳи олам солгарди ин санаи таърихиро ботантана ҷашн мегиранд.
Иди Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи тоҷик санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад.
Зеро дар он солҳои мудҳиш низоми фашистӣ ба озодиву истиқлолияти аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод карда буд.
Маҳз дар натиҷаи муборизаи муштараку қотеонаи халқҳои гуногуни олам оташи он ҷанги даҳшатнок хомӯш, озодии мардуми сайёра таъмин ва вабои фоҷиабори фашизм бартараф карда шуд.
Бояд гуфт, ки пирӯзӣ бар фашизм ба ивази ҷони даҳҳо миллион нафар сарбозону афсарон, аз ҷумла фарзандони Тоҷикистон, аҳолии осоиштаи дар минтақаҳои таҳти амалиёти ҷангӣ ва ақибгоҳ қарордошта, маъюб шудани миллионҳо нафари дигар ва гуруснагиву маҳрумиятҳои гӯшношунид ба даст омадааст.
Яъне таърихи башар ҷангеро, ки боиси чунин қурбонии зиёди ҷонӣ ва хисороти аз ҳисоб беруни моддиву маънавии сайёраи Замин шуда бошад, ёд надорад.
Барои ҳамин мардуми сулҳдӯсти кишварҳои гуногуни дунё ҳар сол нӯҳуми майро ҳамчун санаи ёдбуди шаҳидони ҷанг ва бузургдошти корномаи мардони далеру шуҷоъ ба муқобили фашизми гитлерӣ таҷлил мекунанд.
Ба ин муносибат ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат, яъне онҳоеро, ки дар майдони муборизаҳои хунин ва ақибгоҳ ҷасорату фидокорӣ нишон дода, дар таъмин намудани пирӯзӣ бар фашизм саҳм гузоштаанд, инчунин, мардуми сулҳхоҳи кишварро самимона табрик мегӯям ва ба ҳамаи онҳо тансиҳативу хонаи обод ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонӣ орзу менамоям.
Бояд гуфт, ки бо гузашти солҳо, хусусан, дар шароити торафт авҷ гирифтани нооромиву бесуботӣ дар кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни сайёра аҳаммияту арзиши ин санаи таърихӣ дар байни мардуми олам меафзояд.
Рӯзи ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад.
Боиси ифтихори мост, ки паҳлу ба паҳлуи намояндагони халқҳои дигар садҳо ҳазор нафар фиристодагони ҳалқи тоҷик, яъне фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон низ дар таъмин намудани ғалаба саҳми арзишманди худро гузоштаанд.
Мардуми Тоҷикистон ҳар сол дар рӯзҳои таҷлили ҷашни ғалаба афсарону сарбозони дар майдонҳои набард ҳалокшудаи халқамонро ёдоварӣ намуда, номи неки ҷавонмардони бошарафи худро гиромӣ медоранд.
Ҳукумати мамлакат, дар навбати худ, доир ба нигоҳубину парастории собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии онҳо мунтазам чораҷӯӣ менамояд.
Зеро пос доштани хотираи фарзандони шуҷои Ватан ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳое, ки ба хотири ҳимояи Ватан ва зиндагии осудаи наслҳои имрӯзу ояндаи халқамон ҷонбозиву фидокориҳо кардаанд, вазифаи инсонии мо ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.
Ҳозирини гиромӣ!
Сабақҳои сахту сангини мубориза бо фашизм ва пирӯзӣ бар он ҷаҳониёнро ҳамеша хушдор медиҳад, ки дӯстиву ҳамкорӣ ва таҳкими равобити неку созандаи халқу давлатҳо омили асосии сулҳу субот дар сайёра ва шарти муҳимтарини таъмин кардани рӯзгори орому осуда барои аҳли башар мебошад ва танҳо бо саъю талоши муштарак бар зидди нерӯҳои харобиовару бадхоҳ истодагарӣ кардан мумкин аст.
Дар шароити ҷаҳони ноором ва бисёр мураккаби имрӯза, ки ҷуғрофияи таҳдиду хатарҳои муосир рӯз то рӯз вусъат пайдо карда истодааст, тарғибу ташвиқи сулҳу дӯстӣ, равобити неку созандаи халқу миллатҳои олам ва корнамоиҳои фарзандони далеру шуҷои Ватан дар ҷодаи мубориза бар зидди таҳдидҳои нав, аз қабили терроризму ифротгароӣ, миллатгароиву нажодпарастӣ ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ кори ниҳоят муҳим мебошад.
Зеро ҳарчанд ки инсоният бо муборизаи дастҷамъона фашизмро саркӯб намуд, лекин имрӯз бо вабои дигари асри нав – радикализм ва экстремизму терроризм рӯ ба рӯ омадааст.
Муқовимат бо чунин хатарҳои муосир низ муносибати бисёр ҷиддиву масъулона, талоши дастҷамъона ва тадбирҳои ҳамоҳангшудаи ҳамаи халқу давлатҳои ҷаҳонро талаб мекунад.
Мардуми Тоҷикистон, ки даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд ва оқибатҳои вазнини он, яъне амалҳои харобиовари нерӯҳои экстремистиву террористиро бо чашмони худ дидаанд, он солҳои фоҷиаборро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Дар солҳои 90 – уми асри гузашта кишвари мо бо гуноҳи хоинони миллати тоҷик ва давлати тоҷикон ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбон шудани даҳҳо ҳазор нафар одамон гардида, хисороти моддии он нисбат ба зарари солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон маблағи чандин баробар зиёдро ташкил кард.
Маҳз ба ҳамин хотир, халқи тоҷик ба қадри сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ бештар мерасад, онҳоро ҳамчун неъмати бебаҳои зиндагӣ азиз мешуморад ва барои ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштани оромии Ватан саъю талош мекунад.
Мо бояд роҳи пурифтихори тайкарда ва таҷрибаи зиндагии падаронро барои минбаъд низ устувор гардонидани аркони давлатдории навинамон, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии Ватани азизамон, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, густариши илму фарҳанг, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносии наврасону ҷавонон ҳарчи бештар истифода намоем.
Бори дигар шумо, собиқадорони муҳтарами ҷангу меҳнат ва тамоми халқи азизи Тоҷикистонро ба ифтихори Иди ғалаба самимона табрик гуфта, ба ҳар як сокини кишвар саломатӣ, хонаи обод ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиш ва ваҳдату амнияти пойдор орзу менамоям.
Ҷашни зафар муборак бошад, ҳамватанони азиз!