Суғуртаи автомобилӣ ба тариқи онлайн: зуд ва бо 10% кэшбэк
Сокинони Тоҷикистон имкон доранд, ки автомобили худро дар ҳар макони барояшон қулай тариқи замимаи мобилии “МегаФон Life” суғурта намоянд. Зиёда аз ин: бо иштирок дар иқдоми “Мошинро бо фоида суғурта намо” истифодабарандагон 10% маблағи сарфкардаро дар шакли кэшбэк ба даст хоҳанд овард. Иқдом то 31 декабри соли 2024 идома меёбад.
МегаФон Тоҷикистон айни ҳол ягона операторе мебошад, ки суғуртаи автомобилҳоро тавассути замимаи мобилии “МегаФон Life” пешниҳод менамояд. Онро ҳамаи хоҳишмандон метавонанд боргирӣ намоянд, хизматрасонӣ ба муштариёни ҳамаи телеком-хизматрасониҳои кишвар дастрас аст. Барои барасмиятдарории суғуртаи автомобилӣ дар замима зарур меояд, ки ба қисми “Ҳамён” ворид шуда, “Суғурта” – “КАСКО” – “Гирифтани суғурта” ва баъдан яке аз вариантҳои дастраси хизматрасониро интихоб намоед.
Ҳангоми барасмиятдарорӣ дар реҷаи онлайн “”Масъулияти шаҳрвандӣ” 70 сомонӣ дар як моҳ арзиш дорад, пардохти солона муфидтар буда, 700 сомониро дар як сол ташкил медиҳад. Бо варианти “Суғурта аз ҲНА (ҳодисаҳои нохуши автомобилӣ)” низ вазъ чунин аст: он ба 100 сомонӣ дар як моҳ ё 1000 сомонӣ дар як сол баробар аст. Бастаи иборат аз ҳам масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳам ҲНА 170 сомонӣ дар як моҳ ва 1 700 сомониро дар як сол ташкил медиҳад.
Ҳангоми интихоби вариантҳое, ки суғуртаро аз ҳодисаҳои нохуши автомобӣ дар бар мегиранд, истифодабарандаи замимаро зарур меояд, ки баъди воридкунии маблағ аксҳои мошинро аз чор тараф дохил намуда, ҳуҷҷат (шаҳодатномаи) воситаи нақлиётро пешниҳод намояд. Бе аксҳо полис эътибор надорад. Муқоисаи маълумот ва барасмиятдарорӣ аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ якчанд шабонарӯзро дар бар мегирад, полис дар рӯзи чорум баъди пардохти ҳаққи хизматрасонӣ мавриди амал қарор мегирад.
То охири сол ҳангоми барасмиятдарории суғуртаи автомобилӣ истифодабарандагони “МегаФон Life”-ро тӯҳфаи хеле гуворо дар шакли 10% кэшбэк интизор аст. Маблағ ба ҳисоби “Ҳамён” якбора пас аз пардохт бармегардад ва дар қисми “Кэшбэк” инъикос меёбад. Ба ғайр аз ин ба муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар доираи барномаи “Раҳмат” холҳо дода мешаванд – онҳоро сипас метавон ба бастаҳои хизматрасониҳои алоқа иваз намуд.
Ҳангоми пардохти полиси солона илова ба кэшбэк истифодабаранда проморамзро барои нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории “Газпромнефть” ба даст меорад. Бо фаъолкунии проморамз дар замимаи “Газпромнефть” гирифтани купон бо 150, 250 ё 350 хол барои пардохти маблағи сӯзишворӣ имконпазир аст. Як хол ба 1 сомонӣ баробар мебошад. Намуди купон аз арзиши полиси солонаи суғуртаи автомобилӣ вобаста мебошад. 150 хол барои баста бо нархи 700 сомонӣ, 350 – бо нархи 1 000 сомонӣ ва 350 хол – барои полис бо нархи 1 700 сомонӣ дода мешавад.
Иқдоми “Мошинро бо фоида ҳифз намо” якҷоя бо ташкилоти суғуртавии “BIMA Insurance” гузаронида мешавад. Суғуртаи муфиди автомобилиро бевосита тариқи смартфон ҳар ҷое, ки интернет дар он фаъол аст, ба расмият дароред!