Суғдиён «Cash Out»-ро интихоб мекунанд
Оё ба Шумо пули нақд, масалан барои пардохт намудани маблағи маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозор лозим аст? Ҳоло барои сокинони Суғд гирифтани маблағ аз корти бонкӣ осонтар шудааст: агар дар наздикӣ толори ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ҷойгир бошад, танҳо бо шиноснома ва “Корти миллӣ” ба он ҷо рафтан кофӣ аст. Ҷустуҷӯи банкомат ё идораи бонк лозим намеояд. Хизматрасонии «Cash Out» на танҳо барои муштариёни аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ, балки барои ҳамаи дорандагони корт дастрас аст.
МегаФон Тоҷикистон дар ҷойҳои серодам – дар марказҳои савдо, назди бозорҳо, автовокзалҳо толорҳои алоқаро ифтитоҳ мекунад. Аз ин рӯ, хизматрасонии “Cash Out” аксар вақт роҳи осонтарини гирифтани пули нақд мебошад.
Хизматрасонӣ чунин кор мекунад: ҳангоми омадан ба толори алоқа Шумо бояд ба корманд шиноснома ва корти бонкии “Корти миллӣ” – ро пешниҳод намоед. Пас аз анҷоми расмиёти мушаххаскунии шахсият, ки ҳамагӣ як-ду дақиқа вақтро мегирад, истифодабарандаи хизматрасонӣ худаш маблағи лозимиро номбар карда, дар POS-терминал рамзи PIN-ро рақамчинӣ менамояд. Маблағ аз корти ӯ гирифта шуда, корманди толор маблағи дахлдорро бо пули нақд ва расид ба ӯ медиҳад. POS-терминалҳо аз ҷониби ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» пешниҳод шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо он МегаФон Тоҷикистон хизматрасонии «Cash Out»-ро пешниҳод менамояд.
“Маблағҳо ба корти ман асосан аз Россия, ки дар он ҷо писаронам кор мекунанд, ворид мешаванд. Нақдкунии маблағҳо дар толорҳои алоқаи “МегаФон Тоҷикистон” аллакай ба як одат табдил ёфтааст. Яке аз онҳо дар назди хонаи ман ҷойгир буда, навбат истодан ҳам лозим намеояд, ки ин ҳам як бартарии бузург аст”, – мегӯяд сокини Хуҷанд Мавҷуда Ҳакимҷонова.
Дар як толор давоми шабонарӯз аз корт метавон то 10 000 сомонӣ гирифт. Агар маблағи бештар лозим бошад, танҳо ба толори дигари оператор омада, аз хизматрасонӣ дубора истифода баред. Комиссия барои хизматрасонӣ – ҳамагӣ 1% -ро ташкил медиҳад.
“Гирифтани пули нақд тавассути “Cash Out” қулай ва осон аст. Барои анҷом ин амал ҳамагӣ якчанд дақиқа вақт сарф мекунам. Омили дигаре, ки кори равандро осон мегардонад, ин аст, ки дар шаҳр толорҳои зиёди МегаФон Тоҷикистон фаъолият доранд”, – мегӯяд сокини Хуҷанд Абдувалӣ Ҳомидов.