«Стипендияи бунафшранг»: Tcell донишҷӯёни фаъолро қадрдонӣ мекунад
Ширкати Tcell эълом кардааст донишҷӯёне, ки сессияро бо баҳоҳои «4» ва «5» ҷамъбаст менамоянд, метавонанд аз имтиёзҳои ин ширкат баҳравар шаванд. Бо ин мақсад Ширкати Tcell “Стипендияи бунафшранг”-ро роҳандозӣ кардааст.
Ба иттилои ин ширкат онҳо бояд ба маркази хизматрасонии Tcell бо дафтарчаи имтиҳонотӣ барои дарёфти стипендия дар намуди МБ муроҷиат кунанд. Имтиёзҳо ба таври зайл дода мешаванд:
– Донишҷӯёне, ки сессияро бо баҳои «5» ба анҷом мерасонанд, ҳар моҳ, дар муддати шаш моҳ соҳиби 5000 МБ мешаванд.
– Донишҷӯёнее, ки сессияро бо баҳои «4» ба охир мерасонанд, ҳар моҳ, дар тӯли 6 моҳ 3000 МБ дарёфт хоҳанд кард.
– Барои муштариёни нав, Tcell ба рақамҳои биринҷӣ 100% тахфиф пешниҳод менамояд.
Гуфта мешавад, ки “Стипендияи бунафшранг” барои давраи таҳсил дар соли 2023/2024 пешбинӣ шудааст.