Сокинони Суғд кори орзудоштаи худро пайдо мекунанд

Ахбороти технологияҳо Навид

Сокинони Суғд кори орзудоштаи худро пайдо мекунанд

Аз оғози сол зиёда аз 15 нафар ба ҳайати ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд ҳамроҳ шуданд. Барои онҳо ин на танҳо кор, балки имкони инкишофи касбу кор, бахшидани хурсандӣ ва фоида ба сокинони шаҳру деҳоти худ мебошад.

Умеда Юсупова – хатмкардаи факултети забони русӣ ва адабиёти донишгоҳи давлатӣ. Аз рӯи ихтисос кор ёфтан хеле душвор баромад, бо ҳамин сабаб якчанд сол қабл ӯ қарор кард, ки худро дар соҳаи хизматрасонӣ бисанҷад. Дар моҳи ноябри соли 2023 бошад, орзуи ӯ ҷиҳати соҳиби кор шудан дар ширкати калон ва бонуфуз ҷомаи амал пӯшид. Алҳол Умеда ба ҳайси мушовири идораи хизматрасонии “МегаФон Тоҷикистон” дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият дорад.

“Бо одамон кор карданро дӯст медорам! Бароям муошират бо одамон, кӯмаккунӣ дар ҳалли масъалаҳояшон хеле писанд аст. Хеле гуворост, вақте ба ту табассум намуда, барои кӯмак миннатдорӣ баён мекунанд! Акнун ман орзуи нав дорам: ноилшавӣ ба муваффақиятҳои бештар дар вазифаҳои дигари баландтари ширкати “МегаФон Тоҷикистон””, – аз нақшаҳои худ сухан гуфт Умеда Юсупова.

Роҳро ба сӯи қуллаҳои баланди касбу кор аллакай корманди нави дигари ширкат дар Суғд – Сафарҷон Шодиев оғоз намуд. Ӯ ба ширкат моҳи феврал ба кор даромада, давоми панҷ моҳ ба ҳайси мутахассиси идораи хизматрасонӣ дар Хуҷанд фаъолият мекард. Сипас қарор кард, ки дар озмун ба вазифаи менеҷери хадамоти мизоҷони раёсати минтақавӣ дар вилояти Суғд иштирок намояд. Дар озмун ғолиб омада, акнун барои фаъолият ва инкишофи дастаи пурраи мутахассисон, хизматрасонии муштариён дар шаҳри худ масъулиятро ба зимма дорад.

“Мақсади мо мусоидат ба он аст, то ки алоқаи босифатро хизматрасонии беҳтарин ҳамроҳӣ намояд. Алҳол дар минтақа зиёда аз 377 майдонҳои пойгоҳҳои базавӣ ва 85 идораҳои хизматрасонии МегаФон амал мекунанд. Миқдори онҳо ҳамчун теъдоди муштариён пайваста афзоиш меёбад. Бинобар ин, дар ин ҷода шахсоне лозиманд, ки барояшон кор дар телеком имкони пайдонамоии кори тамоми умри худ мебошад. Хурсандиовар аст, ки кормандони нав ояндаи худро бо ширкати мо пайванд карда, аз ҳама муҳим, дарк мекунанд, ки маҳз ҳамин кор боиси ташаккули қобилиятҳояшон мегардад!” – мегӯяд директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Раҳматҷон Раҳматов.

Шабакаи шарикони оператор низ васеъ мешавад: дар соли ҷорӣ дилерони МегаФон ба штат зиёда аз 40 кормандони навро қабул намуданд. Ташкили ҷойҳои корӣ дар соҳаи телеком – яке аз соҳаҳои ояндадори иқтисодиёт барои Суғд хеле муҳим аст: мувофиқи маълумоти расмӣ айни замон дар маҷмӯъ дар минтақа наздики 4,2 ҳазор ҷойҳои холии корӣ мавҷуд мебошанд. Дар баробари ин, теъдоди сокиноне, ки кор меҷӯянд, зиёда аз 6,2 ҳазорро ташкил медиҳад. Соҳиби кор шудан дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва шарикони оператор – имкони ба даст овардани ҷои кор ва оғоз кардани роҳ ба сӯи қуллаҳои баланди касбу кор маҳсуб меёбад.