СИПОСНОМАҲО БА ҶСП «ВАВИЛОН-МОБАЙЛ»
Ҳафтаи равон ҶСП «Вавилон-Мобайл» якбора бо се Сипоснома сарфароз гардонида шуд, ки ин аз қадрдонӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии кормандони ширкат ба баланд бардоштани сатҳу сифати алоқа ва саҳмгузорӣ дар чорабиниҳои муҳими умумиҷумҳуриявӣ ишора мекунад.
Сипосномаи якум аз тарафи Раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Сабур ба ширкат супорида шуд. Дар он оид ба «гузоштани саҳми арзанда дар рушд ва равнақи соҳаи алоқаи баркии кишвар, ҳамчунин ишироки фаьолона дар таъмини алоқаи барқии босифат зимни баргузории чорабиниҳои муҳими сатҳи умумиҷумҳуриявӣ» таъқид шудааст.
Сипосномаи дуюм аз ҷониби Федератсияи пауэрлифтинг, бодибилдинг ва фитнеси Тоҷикистон ворид шуд. Дар он барои ҳамкории самарабахш ва дастгирӣ ба ширкат миннатдорӣ баён карда шудааст.
Сипосномаи сеюмро Федератсияи каратэ-киокушинкай супорид. Дар он оид ба саҳми ширкат дар рушд ва пешбурди ин навъи варзиш ва дастгирии чемпионати ҷумҳуриявӣ махсус қайд карда шудааст.
«Вавилон- Мобайл» эътимоди зоҳиршударо хеле қадр мекунад ва минбаъд низ беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, инчунин дастгирии ташаббусҳо ва чорабиниҳоро дар авлавият қарор медиҳад.