Шуруъ аз имрӯз Вавилон Мобайл тамоми дақиқа, SMS ва мегабайтҳои истифоданашударо ба моҳи дигар мегузаронад
Бо дархости муштариёни Вавилон Мобайл аз 01.08.2023 сол дар ҳама нақшаҳои тарофавии мавҷудаи ширкат, тамоми дақиқаҳо, SMS ва мегабайтҳои мистифоданашударо ба нақшаи тарофавӣ дохилшуда ба моҳи оянда гузаронида мешаванд.
Акнун муштариёни ширкат метавонед бемалол ба тарофаҳои бо пардохти бештари абонентӣ гузаранд, ки арзиши миёнаи захираҳои пешниҳодшуда дар онҳо арзонтар аст. Ин маънои онро дорад, ки онҳо метавонанд бо пули камтар – захираҳои бештар ба даст оред.
Опсияи мазкур ройгон пешниҳод карда мешавад ва бидуни истисно барои ҳамаи тарофаҳои ширкат ба таври худкор фаъол карда мешавад. Агар қаблан муштариён оид ба миқдори трафики боқимонда дар ташвиш буданд, минбаъд дигар ҳеҷ асосе барои нигаронӣ нест.
«Вавилон-Мобайл» шарҳ медиҳад:
- Захираҳои нақшаи тарофавӣ танҳо дар сурати сари вақт пардохт кардани ҳаққи пардохти муштарӣ, ки барои тарофаи Шумо муқаррар шудааст, ҷамъбаст ва ба моҳи оянда гузаронида мешавад.
- Бо мақсади бекор нашудани захираҳои ҷамъшуда, инчунин 30 рӯзи иловагӣ пешкаш мегардад, ки дар давоми он Шумо метавонед пардохти муштариро барои нақшаи тарофавӣ пардохт кунед. Дар ин давра захираҳои ҷамъшуда то супоридани ҳаққи пардохти муштарӣ тарофа ғайрифаъол боқӣ мемонанд.
- Дар сурати сари вақт пардохт нашудани ҳаққи моҳонаи муштарӣ барои тарофа тибқи банди 1, ҳамаи бақияи Дақиқаҳо, бастаҳои SMS ва Мегабайтҳо аз давраҳои қаблӣ бекор карда мешаванд.
- Ҳангоми тағйир додани нақшаи тарофавӣ/аз нав ба расмиятдарории рақам, захираҳои ҷамъшуда бекор карда мешаванд.