Ширкатҳои мобилӣ ва бонкҳои кишвар гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро баррасӣ карданд
Имрӯз дар Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти якҷояи масъулини Хадамот, намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва бонкҳои кишвар баргузор гардид.
Дар вохӯриӣ масъалаҳои марбут ба тезонидани раванди гузариш ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар партави иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли ҷорӣ баррасӣ шуда, барои ҳалли мушкилоту монеаҳои мавҷуда табодули афкор сурат гирифт. Дар ин нишаст ба таъмини дастрасии сокинони тамоми минтақаҳои кишвар ба интернет, тақвияти инфросохторӣ дар низоми бонкӣ ҷиҳати пешниҳоди механизми пардохти хизматрасониҳои давлатӣ аз тариқи ғайринақдӣ ва дигар масъалаҳои мубрам таъкид гардид.
Ҳамчунин тақвияти ҳамкориҳо миёни ташкилотҳои қарзии молиявии ватанӣ ва ширкатҳои мобилӣ яке аз масъалаҳои асосии мулоқот ба ҳисоб мерафт.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли ҷорӣ, шурӯъ аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда шавад.