Шиносоии Сардори Хадамоти алоқа бо вазъи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар вилояти Хатлон ва мулоқот бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ дар ин вилоят
Санаи 10 декабри соли равон Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни як сафари корӣ ба вилояти Хатлон бо сифати алоқаи мобилӣ дар қаламравӣ вилоят шинос гардида, бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ дар Хатлон вохӯрӣ намуд.
Ҳамчунин дар ин сафар модернизатсияи базаҳои алоқаи мобилӣ дар вилояти Хатлон аз тарафи ширкати Мегафон дар вохӯрии Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа бо Маҷид Сайтасанов, директори минтақавии Раёсати Мегафон Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баррасӣ гардид.
Ёдовар мешавем, ки ширкати Мегафон Тоҷикистон ба модернизатсияи ширкат ба дар вилояти Хатлон шуруъ карда, дар назар тамоми базаҳои ақолаи мобилӣ дар ин вилоятро навсозӣ намояд. Дар вохӯрии Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа бо Маҷид Сайтасанов, директори минтақавии Раёсати Мегафон Тоҷикистон дар вилояти Хатлон гуфта шуд, ки дар ин самт корҳои амалӣ босуръат идома дошта, то ҳол чандин база навсозӣ гардидааст. Ҳадаф аз ин иқдом беҳтар намудани сифати алоқаи мобилӣ ва интернет ва ҳамзамон коҳиши арзиши хизматрасониҳо ва ба ин васила мусоидат намудан ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли равон, мебошад.
Мақсади асосии ин сафар шинос гардидан бо рафти корҳои амалӣ ҷиҳати беҳбуд бахшидани сифати алоқа ва хизматрасониҳои интернет, дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли равон ва машварату вазифагузорӣ барои бартараф намудани мушкилоти соҳа мебошад. Бег Сабур, Сардори Хадамоти алоқа бо шинос гардидан бо вазъи дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва мушкилоти соҳа дар ин вилоят масъулини ширкатҳои мобилиро муваззаф намуд, ки бо мақсади бартараф намудани камбудиҳо чораҳои қатъӣ андешанд. Ҳамзамон аз масъулин хоста шуд, ки шикоятҳои сокинонро ҷиддӣ баррасӣ намуда ҳаллу фасл намоянд.