Шеър бахшида ба Рӯзи алоқа
Дар марзу буми ватан,
Ба ҷои ҳазорон тан,
Кормандони алоқа,
Дар хизматанд, аҳсан!
Марзу буми ватанро,
Ҳар як гулу чаманро,
Бо ҷон нигаҳ медоранд,
Сулҳу субот оранд.
Сарҳади Тоҷикистон,
Бо мулки Афғонистон,
Аз Хатлон то Бадахшон,
Тӯл кашидааст, ёрон.
Аз солҳои пешин,
Ҳаммарз давлати Чин,
Ҳамсояҳои дерин,
Бар ҳарду сад офарин.
Қисми дигари Хатлон,
Қад-қади Ӯзбакистон,
То ба Хуҷанди бостон,
Ҳамсарҳад аст азизон.
Шимоли Тоҷикистон,
Бо марзи Қирғизистон,
Рафту омад дар амон,
Ҳарду бо ҳам меҳрубон.
Ҳамин қадар масофа,
Дар чор фасли кишвар,
Бо алоқа таъмин аст,
Бо мавҷу сим яксар.
Дар чунин як масоҳат,
Яъне дар се Вилоят,
Бо азобу машаққат,
Ҳаст алоқа дар хидмат.
Дар пастию баландӣ,
Дар гармиҳову сардӣ,
Дар нӯги кӯҳи сангӣ,
Дар рӯзҳои тангӣ.
Бо азоби ташнагӣ,
Бо азоби гушнагӣ,
Дар пуштаю ялангӣ,
Чун афсарони ҷангӣ.
Дар кӯҳ пайроҳаро,
Нуқтаи ноёфтаро.
Хатҳои алоқаро,
Мавҷу сими бофтаро.
Бо сари хам кофтанд,
Фосила кам сохтанд,
То қуллаҳои баланд,
Алоқаро ёфтанд.
Алоқаи босифат,
Безарар дар табиат,
Бар одамон беминнат,
Ба зуди ёфт шӯҳрат.
Хадамоти алоқа,
Бисёр дорад шоха.
Бо хиради мардона,
Бо саҳми софдилона.
Обод гашт алоқа,
Комёб гашт алоқа.
Чун руди сершоха
Сероб гашт алоқа.
Алоқа посбон аст,
Яроқи афсарон аст.
Ду гӯши марзбон аст,
Қаноти тоҷикон аст.
Алоқачии тоҷик,
Бошад ҳамеша содиқ,
Фидо кунад дилу ҷон,
Барои Тоҷикистон.
Сафар ҲАЙДАР,
Корманди ҶДММ “Вавилон-Т”