Шабакаи 4G дар нуҳ шаҳру ноҳияи Суғд устувор гардид
20 истгоҳи базавӣ (ИБ) дар нимаи аввали соли 2023 шабакаи 4G оператори имкониятҳои нави рақамиро дар вилояти Суғд пурра намуданд. Як қисми ИБ қаблан насб гардида буд, акнун интернет дар ин ҷо ба туфайли муосиргардонӣ (модернизатсия)-и таҷҳизот бо суръати насли чорум рушд меёбад.
Моҳияти муосиргардонӣ дар он аст, ки истгоҳи базавӣ ба кори худ якбора дар якчанд стандартҳо шурӯъ мекунад, таҷҳизоти 2G, ки барои интиқоли овоз пешбинӣ шудааст, инчунин стандарти 4G ва технологияи LTE-ро дастрас мекунад. Ҳамин тариқ, муштариёни ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба интернети мобилии баландсуръат дастрасӣ пайдо мекунанд. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Исфара, Бӯстон, шаҳраки Нефтобод, ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд – 14 майдони ҳамгироишудаи ИБ дар шакли 2G/4G фаъол карда шуд.
Боз шаш иншооти мавҷуда дар шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳои Айнӣ, Зафаробод, Мастчоҳ ва Панҷакент мавриди навгардонӣ қарор дода шуданд. Дар он ҷо таҷҳизот то сатҳи 3G / 4G такмил дода шуда, ҷиҳати амалнамоӣ якбора дар се стандарт, аз ҷумла «овози» стандарти 2G, қобилият дорад.
Дар баробари ин, ширкати «МегаФон Тоҷикистон» қобилияти гузариши шабакаи таҳвилиро афзоиш дода, бо ин роҳ ба суръати интернет таъсири мусбат мерасонад. Чунончи, ивазкунии таҷҳизот дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров имкон дод, ки таҳвили маълумот 6 маротиба тезонида шавад. Қобилияти гузариши «ҳалқа»-и нахӣ-нурие, ки интиқоли трафики интернетро байни шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Спитамен таъмин мекунад, 10 маротиба зиёд карда шуд.
«Корҳо оид ба васеъкунӣ ва муосиргардонии шабака дар минтақа ба таври доимӣ анҷом ёфта, ҳарчи бештар ноҳияҳоро фаро мегиранд. Суръати нави 4G ба сокинони ҷамоатҳо барои ҳарчи бештар истифода бурдани имкониятҳои смартфонҳои худ мусоидат менамояд» – иброз дошт директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар вилояти Суғд Раҳматҷон РАҲМАТОВ.