Имрӯз интернет як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти аксари одамон, махсусан ҷавонон мебошад. Истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ хуб аст ва барои огаҳӣ пайдо намудан аз ахбору маълумотҳо метавон аз онҳо истифода кард. Вале бархе ба ном блогерон онро танҳо барои дар-ёфти манфиатҳои шахсии худ истифода мебаранд, ки ин ба косташавии фарҳанги мо оварда мерасонад. Имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки аз ҷониби мақомотҳои дахлдор, аз ҷумла Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе чунин амали блогерон сари вақт танзим мегардад ва онҳо ҳатто ҷазо низ мегиранд.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе новобаста аз таъкидҳои ҳамешагӣ ва андешидани чораҳои дахлдори қонунӣ, мутаассифона ҳанӯз ҳастанд бархе нафароне, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба паҳн намудани наворҳои дорои алфози қабеҳ ва костакунандаи одобу ахлоқи ҷавонон машғуланд.
Масалан, қаблан аз ҷониби кормандони милитсия шаҳрванд Қарақулов Асадулло Алиқулович, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе барои паҳн намудани наворҳои дорои алфози қабеҳ огоҳонида шуда бошад ҳам, вале кирдорҳои худро ислоҳ накарда, такроран ба ин амал даст задааст.
Номбурда дар шабакаи иҷтимоии “YouTube” саҳифаи шахсии худро таъсис дода, мунтазам наворҳои дорои алфози қабеҳро нашр кардааст, ки ин амали ӯ боиси эрод ва вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардид. Вобаста ба ҳолати мазкур, нисбати номбурда бо моддаи 479, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъйин карда шуд.
Имрӯз чунин корбарони фаъоли “Instаgram”, “YouTube” ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза кору фаъолият ва қиссаи зиндагиашонро дар саҳифаашон ҷо мекунанд ва ҳеҷ рози пинҳон аз дӯстони маҷозӣ надоранд. Аксу видеоҳои бархе аз онҳо берун аз одоби ахлоқ аст.
– Хеле бад аст, вақте як кас дар саҳифаҳои шахсии худ барои хонандагон хабарҳои нохуши аз чаҳорчӯбаи ахлоқ дурбударо паҳн мекунад. Онҳо лаҳзае фикр намекунанд, ки ин саҳифаҳоро насли наврас низ тамошо мекунад ва онро ба худ хуб қабул мекунад, гарчанде ки ғайриахлоқӣ бошад ҳам. Пас, биёед, аз ҳар гуна наворҳо ва расмҳои ғайриахлоқӣ ва берун аз этикаро, ки дар саҳифаҳои шахсии худ мемонему паҳн мекунем, дасткашӣ намоем, зеро ҳамаи он наворҳо ба урфу одатҳои мо хос нестанд. Аз бегонапарастӣ даст кашида, барои насли наврас як чизи хуби таълимиро монем, ки аз он самаранок истифода баранд, – мегӯяд Рустам Обидов, мудири кафедраи ҷомеашиносии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов.
Сабринаи Назрӣ, яке аз машҳуртарин корбарони шабакаи иҷтимоии “Instаgram” дар Тоҷикистон аст, ки айни ҳол зиёда аз 1 миллион обуначӣ дорад. Ӯ аз соли 2015 инҷониб аз ин шабака истифода бурда, дар вақтҳои фориғ аз кор бо дӯстон ва ҳаводоронаш дар робита аст.
Ин блогер зидди он аст, ки баъзе блогерон истифодаи ин шабакаҳоро хуб дарк накарда, ҳар гуна аксҳо ва наворҳоро дар саҳифаи худ паҳн мекунанд. Ӯ мегӯяд: “Ман кӯшиш мекунам, ки бисёртар дар саҳифаам корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва мавзӯъҳои ахлоқиро, ки барои ҷавонон дарс бошанд, баррасӣ намоям”.
– Як чизро бояд эътироф кард, ки шабакаҳои иҷтимоӣ дар зиндагии ҳар яки мо сабукӣ ворид кардааст. Масалан, ҳар як фарди фаъол тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи фаъолияти корӣ маълумот паҳн мекунад, ба таври онлайн таҳсил менамояд, бо дигарон мубодилаи фикр карда, дар пурсишҳои сотсиологӣ иштирок мекунад ва дар маҷмӯъ фаъолияти густурда бурда, мушкилоти зиёдро, ки ба ҳаёти инсон рабт доранд, ҳаллу фасл менамояд, – мегӯяд номбурда.
Коршиносони масоили интернетӣ сабаби дағалрафторию дағалгуфториро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар он мебинанд, ки бештари истифодабарандагон танҳо барои шуҳратёр гаштани саҳифаи худ аз ин истифода мебаранд.
Коршинос Рамеш Марамов бар ин назар аст, ки маводи чандрасонаӣ бештари маҳдудиятҳои олами аналогиро мешиканад. “Дар ин ҷо хондану навиштан ва ҳатто дониши забонӣ чандон муҳим нест. Ин сабаб мегардад, ки ҷавонон бештар ба ҳамин чиз рӯй оранд ва аз он васеъ истифода баранд. Таъмини амнияти корбарон дар фазои маҷозӣ ё онлайнӣ аз худи корбарон бештар вобаста аст. Ҳар як муҳити маҷозӣ, масалан медиаи иҷтимоӣ (“Facebook”, “OK”, “VK”, “Youtube”, “Twitter”, “Instagram”) стандарти худро пешниҳод мекунанд, ки таъмини амнияти додаҳои корбар дар меҳвари онҳост. Ҷавобгӯ будани аккаунт ё фазои шахсии корбар ба талаботи стандарт аз худи ӯ вобаста аст. Албатта, паҳлуҳои техникиву технологияи чунин таъминот нақши муҳим низ мебозанд. Лекин онҳо аз ширкати хизматрасону барномасоз бештар вобастаанд”, – мегӯяд ӯ.
Фарҳангшинос Мирзоҳусайни Бадалипур низ аз он нигаронӣ мекунад, ки гарчанде ҷавонон имрӯз зиёд ба интернет рӯ оварда бошанд ҳам, аммо истифодаи онро дуруст дарк намекунанд. Вале дар баробари онҳо ҳастанд нафароне, ки масъалаҳои ахлоқиро дуруст ва сари вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ мекунанд ва манфиати онҳо метавонад ба насли нав-рас бирасад.
Силмон Мавлоназаров, омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бар он аст, ки “набояд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаҳрвандон маводҳои хусуматомез пахш кунанд. Шахсоне, ки онро пайгирӣ ҳам мекунанд, набояд аз таҳқиру дашном истифода баранд. Аз ин рӯ, ниҳодҳои марбутаро мебояд назорат баранд. Сокинон ахбори дурустро метавонанд аз сомонаҳои расмӣ пайдо кунанд. Расонаҳои расмӣ албатта ба ҳар навиштаи худ ҷавобгар ҳастанд. Сомонаҳое, ки мавқеи расмӣ надоранд ва номаълум, ки ба кадом ҳадафҳо таъсис дода шудаанд, шубҳаангез мебошанд. Аммо ахлоқ бояд меҳвари асосии гуфтугӯ ё навишт дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва зери шарҳҳо бошад. Имрӯз дар деҳот кӯдак дигар хокбозӣ намекунад, дар шаҳр бо бозичаҳо сару кор намегирад, фақат бо телефон ва интернет. Пас, биёед, ба хотири насли наврас шабакаҳои интернетиро хуб истифода барем”.
Силмон Мавлоназаров дар охири суҳбат гуфт, ки дар кишварҳои пешрафта, бахусус Амрико, шабакаҳои иҷтимоиро бо синну сол ҷудо кардаанд, ки насли наврас наметавонад аз ҳар гуна наворҳо ва аксҳо дидан намояд. Ин албатта хеле хуб аст, вақте ки кӯдаки то 16 – сола наметавонад аз саҳифаҳои гуногун истифода барад, дар ин лаҳза вай тарбияи хуб мегирад ва барои сайқал додани малакаи худ аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебарад. Умед дорем, дар мо низ ин усул ҷорӣ мешавад.