Сардори Хадамоти алоқа бо медали “Барои ҳамкорӣ” қадрдонӣ гардид
Имрӯз маросими супоридани медали “Барои ҳамкорӣ” ба Бег Сабур, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шуд, баргузор гардид. Ҳамзамон дар ин маросим ба Ҳусайнов Алӣ, сардори шуъбаи бахши радиошунавонии Хадамоти алоқа низ медали “Барои ҳамкорӣ” супорида шуд.
Медали “Барои ҳамкорӣ” барои ташаббускорӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар корҳои созандагӣ ҷиҳати баргузории ҷаласаи 5-уми Прокуророни генералии узви Созмони Ҳамкории иқтисодӣ ва сафирони муқими кишварҳои иштироккунанда, ки 16-уми майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе доир шуд, тақдим гардидааст.
Медалҳои мазкурро Азимзода Сарвар Бозор, Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сардори Хадамоти алоқа ва сардори шуъбаи бахши радиошунавонии Хадамоти алоқа супорида, ҳамзамон ба раҳбарияти Хадамоти алоқа миннатдории Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмонро ҷиҳати саҳми арзанда дар баргузории ин ҷаласаи муҳим, расонид.
Ҷаласаи 5-уми Прокуророни генералии узви Созмони Ҳамкории иқтисодӣ ва сафирони муқими кишварҳои иштироккунанда бо розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, Хадамоти алоқа макони баргузории онро бо интернети баландсуръат ва ҳама таҷҳизоти техникӣ таъмин намуда буд.