«Саноатсодиротбонк» дар самти муомилоти ғайринақдӣ бо мизоҷон вохӯриҳои муштарак мегузаронад
Дар филиали «Саноатсодиротбонк» дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар доираи тадбирандешӣ ҷиҳати гузаштан ба муомилоти ғайринақдӣ ва истифода аз замимаи ССБ-мобайл бо гурўҳи мизоҷон пайваста вохӯрию суҳбатҳо баргузор мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар бонки мазкур. Дар вохўрии навбатӣ барои аз худ намудани ин хизматрасонӣ 20 нафар соҳибкорон-мизоҷони Бонк ба бинои филиал даъват шуданд. Аз ҷониби мутахассисон дастгоҳи марказии Бонк ва филиал осонии кор бо замимаи ССБ-мобайл ва анҷом додани хизматрасониҳои гуногун тариқи замимаи мазкур фаҳмонида шуд. Ба телефонҳои ҳамроҳи ҳамаи иштирокчиён замимаи ССБ-мобайл боргирӣ шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки тариқи замимаи ССБ-мобайл зиёда аз 180 намуди амалиётҳо гузаронида мешавад. ССБ-мобайл осон, қулай ва дорои имкониятҳои васеи анҷомдиҳии амалиётҳои бонкиро фарогир аст.
Ҳадафи асосии ташкили чунин вохўриҳо гузаштан ба муомилоти ғайринақдӣ, дастрасӣ ба хизматрасонии муосир ва кор бо замимаи ССБ-мобайл барои қавитар гардидани муошират бо мизоҷон мебошад. Даст кашидан аз муомилоти нақдӣ ва анҷом додани ҳамагуна амалиётҳо бо муомилоти ғайринақдӣ тақозои замон буда, корро барои муштариён осон мегардонад.