Рушди забони давлатӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такид ва роҳнамоӣ намудаанд, ки Ифтихори миллӣ ба Ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳдоштани он оғоз меёбад.
Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини рушди забони тоҷикӣ дар идоракунии давлатӣ ҳамчун як рукни асосии далатдорӣ донисташуда, заминаҳои ҳуқуқии он дар қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шудааст.
Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 муроҷиат намуда, иброз доштанд, ки сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад, аз ин рӯ, соли 2024-ро соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд [1].
Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва соҳиб шудани истиқлолияти забонӣ барои ҳар як миллат арзиши олӣ дорад, заминаи асосии мавҷудияти давлатдорӣ ва кафили рушди давлатдории миллӣ ҷиҳати ҳифзи забони миллат ба шумор меравад. Дар амал татбиқ намудани ормонҳои миллӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ дар соҳаи забони давлатӣ, ба дасти худ гирифтани тақдири ояндаи давлату миллат аз таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини рушди забони давлатӣ вобастагӣ дорад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти баланд ва иродаи худ барои таъмини озодӣ, баробарҳуқуқӣ, соҳибзабонӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар идоракунии президентиро интихоб намуда, саҳми арзандаи худро дар эъмори давлатдорӣ гузоштаанд. Ин амалҳои неки шаҳрвандон аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик аз рӯйи урфу одат ва анъанаҳои миллияшон амал намуда, фарҳанги инсондӯстӣ ва ватандӯстӣ дорад, ки ин маърифати баланди соҳибзабонии миллати тоҷик мебошад.
Яке аз рукнҳои идоракунии давлатӣ ин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, зеро шаҳрвандон ҷузъи ҷудонопазири ҷомеа мебошанд. Дар ин замина, Пешвои миллат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар маъди аввал гузошта, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷоннисориҳо намуда, гурезаҳоро ба ватан баргардонданд, миллати тоҷикро сарҷам намуданд, қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро таҳия ва қабул намуданд, идоракунии давлатиро дар се таҷзияи ҳокимият, қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ба роҳ монда, ҳифзи забони давлатиро дар идоракунии давлатӣ таъмин намуданд.
Бо мақсади ҳифз ва гиромидошти забони давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553 [2] қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин намуда, забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, қонунгузорӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ, робитаҳои дипломатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ғайра истифода мегардад.
Тибқи моддаи 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд» [3]. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад, ки тибқи талаботи моддаи 3 Қонуни мазкур ҳар як шаҳрванд вазифадор аст забони давлатиро донад. Дар асоси банди 3-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 октябри соли 2010) ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ва ғайра тағйиру иловаҳо вобаста ба донистани забони давлатӣ ворид карда шудааст, ки ин иқдоми наҷиб ҳангоми озмунҳо доир ба санҷиши кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқияшон мусоидат намуд. Инчунин, ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.
Забони давлатӣ дар фаъолияти кори мақомоти давлатӣ ва ҷомеа дар муносибатҳои расмии шифоҳӣ ва хаттӣ ҳамчун воситаи асосии коргузорӣ ва муошират мавриди истифода қарор дорад. Дар асоси муқаррароти Қонуни мазкур коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад. Коргузории ташкилотҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, ба забони давлатӣ сурат мегирад. Забони дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад. Тартиби коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳо ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба танзим дароварда мешавад. [4]
Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ таҳия ва қабул гардида, интишори расмии онҳо дар воситаҳои ахбори омма ба забони давлатӣ интишор шуда, дар ҳолатҳои пешбининамудани қонунгузорӣ ба забонҳои дигар аз тарафи мақоми ваколатдор тарҷума карда мешаванд. Матни санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо риояи услуби расмии забони адабӣ, содда ва равону фаҳмо баён карда шавад, ки тафсири ҳархелаи меъёрҳоро истисно намояд. Истилоҳоти санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо истифода аз калима ва ибораҳои оммафаҳм тартиб дода шуда, ҳамон як истилоҳ дар қонунгузорӣ як маъноро ифода намуда, мазмуни ягона дошта бошад. [5] Бинобар ин, мақомоти ҳокимияти давлатӣ милликунонии забони қонунгузориро ба забони давлатӣ ба роҳ монда, дар асоси принсипҳои қонуният, адолат, ҳуқуқэҷодкунӣ, ошкорбаёнӣ, шаффофият, илмият, касбият, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд фаъолият менамоянд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи риояи меъёри забони адабӣ мусоидат менамояд.
Назорати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ тибқи қисми 4 Низомнома Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, ва корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатӣ [6] ба роҳ мемонад. Инчунин, бо мақсади танзим намудани забони тарҷумаи номгузорӣ, навиштаҷоти эълону реклама ва тамғаҳои молӣ дар ҷумҳурӣ Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон таъсис гардида, аз соли 2024 фаъолият менамояд. [7]
Инчунин, дар асоси моддаҳои 8-11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» масъалаи номгузории шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба забони давлатӣ ба роҳ монда мешавад. [8]
Ҳамзамон, тибқи қисми 4 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» реклама дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва бо салоҳдиди рекламадиҳандагон, инчунин, ба дигар забонҳо, паҳн карда мешавад. Ин муқаррарот ба радиошунавонӣ, пахши телевизионӣ ва нашрияҳои чопие, ки танҳо ба забони давлатӣ, забонҳои дигар миллатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматдошта ва забонҳои хориҷӣ сурат мегиранд, инчунин ба тамғаҳои молии (тамғаҳои хизматрасонӣ) ба қайд гирифташуда дахл надоранд, муқаррар шудааст, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар ҳамкорӣ бо Кумита назорат карда мешавад. [9] Қобили зикр аст, ки масъалаи танзими реклама тибқи банди 5 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар ваколати мақоми давлатӣ дар соҳаи фаъолияти зиддиинҳисорӣ, яъне Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, назорат мебарад.
Дар баробари ин, масъалаи навиштаҷоти тамғаи молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» аз ҷониби Муассисаи давлатии Патенту иттиллооти назди Вазорати рушди иқтисод ва саводи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва забони ғайр танзим карда мешаванд.[10]
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузории мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак, деҳот, ташкилотҳо ва лавҳаю овезаҳои онҳо ба забони давлатӣ ба роҳ мондашуда [11], номи ташкилотҳои хориҷӣ ва муштарак ба забонҳои дигар низ ҳуруфгардон ва ё тарҷума карда мешаванд.
Номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин, қисмҳои таркибии онҳо ва объектҳои ҷуғрофӣ, аз ҷумла, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳот, деҳа, маҳаллаҳо, кӯчаҳо, майдонҳо, хиёбонҳо, боғҳо, пулҳо ва дигар қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишин, инчунин кӯҳҳо, қаторкӯҳҳо, қуллаҳо, дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо, пиряхҳо, биёбонҳо ва дигар объектҳо тибқи қонунгузорӣ ба забони давлатӣ сурат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарорсозӣ ва ҳифзи номҳои таърихиро дар ҳудуди ҷумҳурӣ таъмин менамояд. [12]
Бо мақсади танзим ва ҳамоҳангсозии сиёсати забони давлатӣ Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 қабул гардидааст, ки амалисозии рушди сиёсати забони давлатӣ бо маром идома дошта, аз ҷониби мақоми ваколатдор назорат карда мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи моҳияти сиёсиву фарҳангии забони давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳимро қабул намуд, ки бо шарофати онҳо дар кишвар барои эҳё, ҳифз ва рушди босуботи забони давлатӣ ва забонҳои дигар фазои мусоиди меъёрии ҳуқуқӣ руйи кор омад. Тадбирҳои ҳадафманд ва пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи гиромидошту арҷгузорӣ ва эҳтиром ба забони давлатӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи сокинони ҷумҳурӣ эътимоди мардумро ба ояндаи неки Тоҷикистон мустаҳкам намуд. [13]
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба хотири ҳимояи асолати миллӣ ва арҷ гузоштан ба забони модарӣ аз ҷониби Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми октябри соли 2010 Забони давлатӣ дар радифи Модар ва Ватан ҳамчун муқаддасоти олӣ эълон гардидааст. [14] Пешвои миллат бо лаҳни шевои меъёри забони адабии тоҷиқӣ дар чорабинии байналмилалии Созмони Милали Мутаҳид баромад намуда, миллати тоҷикро дар ҷаҳони муосир бо забони давалатӣ муаррифӣ намуданд, ки ин арҷ гузоштан ба муқаддасоти олӣ мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Конститутсия ва Қонуни мазкур рушд ва ҳифзи забони давлатӣ таъмин гардида, забони тоҷикӣ тибқи қонунгузорӣ ҳамчун мақоми забони давлатӣ гирифта, ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандоне, ки забони модариашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар мебошад, маҳдуд намегардад.
Забон омили муҳими якдигарфаҳмии одамон ва пайванддиҳандаи риштаҳои дӯстӣ ва бародарии халқҳост. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал менамояд. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, дар муошират ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд. Дар машқҳои якҷоя бо кишварҳои хориҷӣ бештар забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни давлатҳо, истифода мешавад. Омӯзиши забони русӣ дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисҳои олии таълмӣ тибқи қонунгузорӣ ба роҳ монда мешавад.
Тибқи тартиби муқарраргардида санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ таҳия гардида, тарҷумаи онҳо ба забони русӣ сурат гирифта, дар ҳолатҳои зарурӣ ба забонҳои дигар тарҷума карда мешаванд. Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир дар шакли электронӣ бо забони давлатӣ ва забони русӣ пеш бурда мешавад (моддаи 65 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»).
Дар идоракунии давлатӣ забони мукотиба муҳим буда, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ, ҳангоми муошират ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ забони давлатӣ ва забони русиро истифода мебаранд. Ҳуҷҷатҳои расмӣ ба забони давлатӣ ба роҳ монда шуда, ҳангоми зарурат ба забони русӣ ва ё дигар забонҳо тарҷума гардида, ба воситаи идораҳои нотариалӣ тасдиқ карда мешавад. Дар Тоҷикистон созмонҳои байналмилалӣ фаъолият менамоянд, ки забони муоширати онҳо бештар забони русӣ мебошад. Шаҳрвандоне, ки забони давлатӣ ва ё русиро намедонанд, метавонанд барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо ва баргузори мурофиаҳо аз тарҷумон истифода баранд [15].
Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, ҳамгироии кишвари мо бо мамлакатҳои хориҷӣ равнақ меёбад, мо бояд барои омӯзиши забонҳои иртиботи байналмилалӣ, пеш аз ҳама русӣ азму кӯшиш намоем. Гуфтушунидҳо ва мукотибот бо намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба забони давлатӣ ва забонҳои расмии онҳо сурат мегиранд. Ҳангоми зарурат, дар гуфтушунидҳо ва мукотибот истифодаи забонҳои дигар маҳдуд карда намешавад.
Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон истифода намоянд. Дар Қонуни мазкур баробарҳуқуқии забонҳои миллатҳо ва халқиятҳо эътироф карда шудааст, ки онҳо барои истифодаи забони модариашон ҳуқуқ дошта, дар интихоби озоди забони таҳсил тибқи қонунгузорӣ шароит фароҳам оварда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони таҳсил ба забони давлатӣ сурат мегирад. Муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ метавонанд ба забонҳои дигар низ фаъолият намоянд. Дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ омӯзиши ҳатмии забони давлатӣ барои ақаллиятҳои миллӣ таъмин карда мешавад. Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, омӯзиши забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад. Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад (м.41 Конститутсия).
Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин, шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандоне, ки ақаллияти миллӣ мебошанд, шароит фароҳам оранд. Чорабиниҳои фарҳангии миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ менамоянд, метавонад ба забони давлатӣ ва забонҳои дигар баргузор карда шаванд. Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи забон 5 октябри соли 2010 чунин тазаккур доданд: «Дар кишвари мо бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ барои истифодаи озоди забонҳои дигар, аз ҷумла забонҳои модарии ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳои сокини кишвар шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки бо мо дар як сарзамин зиндагии муштарак доранд, тибқи қонунгузорӣ дар интихоби забони таҳсил озод мебошанд. Мо ба ҳама забонҳо ва фарҳангҳо арҷ мегузорем».
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши хати арабиасос ва табъу нашри адабиёт ба ин хат шароит фароҳам оварда шуда, ҳифзи асолати он тибқи қонунгузорӣ таъмин карда мешавад.
Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ омили муҳимми иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Имрӯз забони тоҷикӣ дар робита бо кишварҳои ҳамзабони минтақа ва тақвияти рушди пайвандҳои муштараки фарҳангӣ бо ҷомеаи тоҷикзабонони ҷаҳон нақши бузург дорад. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ дар таҳким ва густариши робитаҳои фарҳангӣ бо тоҷикони бурунмарзӣ нақши муҳим дорад.
Пешвои миллат сиёсати давлатиро дар бораи забонҳои ақаллиятҳои миллии сокини ҷумҳурӣ бо риояи меъёрҳои Конститутсия пайваста пайгирӣ намуда, иҷрои ин ҳадафро аз вазифаҳои муҳими муносибати байни миллатҳо ва халқиятҳо дар кишвари азизамон медонанд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ барномаҳои радио ва телевизион фаъол буда, ба бештари ин забонҳо рӯзномаву маҷаллаҳо нашр мешаванд. Дар ҷумҳурӣ дигар халқиятҳо зиндагӣ менамоянд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, забони онҳо шева, яъне лаҳҷа мебошанд. Барои эҳёи забони илм ва ҳуқуқэҷодкунӣ таҳлил ва омӯзиши лаҳҷаҳои забони миллатҳо ва халқиятҳои дигар мувофиқи мақсад мебошад.
Дар асоси Нақшаи амалисозии Барномаи мазкур ҳифзи муқаддасоти олӣ дар идоракунии давлатӣ таъмин карда мешавад. Қайд менамоем, ки вақте, ки мо калимаи Ватанро ба забон меорем, модари азизамон пеши назар меояд, чунки Модар моро ба дунёи ҳастӣ оварда, забони модарӣ, худшиносию худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, зирракию сиёсӣ ва ҳифзи сохти маъмурию ҳудудии Ватанро ба мо омӯзонда, тарбия намудааст.
Модар барои ҳар инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми Модар ҳаммаъно донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибватан арзишу манзалати хоса дорад. Таълиму тарбияи Модари тоҷик аст, ки ба дунё фарзандони фарзонаи бонангу номус, чеҳраҳои мондагор, қаҳрамонон, ҳуқуқшиносони асил, олимон, шоирон ва мардони далеру шӯҷо овардааст, ки ҷавонон метавонанд пайравони онҳо шаванд.
Таърих гувоҳ аст, ки Забони модарӣ аз гузаштаҳои Модари тоҷик ба мо меърос монда, Модари тоҷик ҷиҳати таълиму тарбияти фарзандон дар идоракунии давлатӣ нақши муҳим дорад. Мафҳуми забон воситаи муҳимтарини муомилоти инсоният буда, бо шарофати забон мардум бо ҳамдигар иртибот барқарор мекунанд, афкору эҳсосу хостаҳои худро ба дигарон мерасонанд. Забони модарӣ як рукни асосии давлатдорӣ буда, риояи меъёри забони адабӣ дар ҷомеа муҳим арзёбӣ мешавад, аз ин рӯ, Пешвои миллат Забони давлатиро дар радифи Модар ва Ватан ҳамчун муқаддасоти олӣ эълон намудаанд, ки дар сарнавишти миллати тоҷик нақши ҳалкунанда дорад. Инчунин, заминаи ҳуқуқии истилоҳоти Ватан, Модар ва Забон дар моддаи 2 ва 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» [16] муқаррар карда шуда, аз ҷониби давлат ҳифз ва пуштибонӣ карда мешавад. Бинобар ин, ба хотири арҷ гузоштан ба забони двавлатӣ ва дар сатҳи зарурӣ ҷашн гирифтани Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли равон 15 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷумҳурӣ таҷлил карда мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои муаззами миллат зиёда аз 425 қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; қонунҳои бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида; қонунҳои конститутсионӣ; кодексҳо ва қонунҳои соҳавӣ қабул гардидаанд, ки заминаҳои ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро ташкил медиҳад.
Дар идоракунии давлатӣ забони қонунгузорӣ муҳим буда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ таҳия ва қабул гардида, интишори расмии онҳо дар воситаҳои ахбори омма ба забони давлатӣ интишор шуда, дар ҳолатҳои пешбининамудани қонунгузорӣ ба забонҳои дигар аз тарафи мақоми ваколатдор тарҷума карда мешавад. Матни санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо риояи услуби расмии забони адабӣ, содда ва равону фаҳмо баён карда шавад, ки тафсири ҳархелаи меъёрҳоро истисно намояд. Истилоҳоти санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд бо истифода аз калима ва ибораҳои оммафаҳм тартиб дода шуда, ҳамон як истилоҳ дар қонунгузорӣ як маъноро ифода намуда, мазмуни ягона дошта бошад. Қонунгузории амалкунанда барои ҳуқуқэҷодкунӣ, қонуният, адолат, ошкорбаёнӣ, шаффофият, илмият, касбият, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва ба назар гирифтани афкори ҷамъиятӣ ба забони давлатӣ таҳия ва қабул гардида, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар доираи риояи меъёри забони адабӣ мусоидат менамояд.
Адабиёт:
1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28.12.2023 // [Захираи электронӣ]. – Манбаи дастрасӣ: http://www.president.tj. (Санаи муроҷиат: 15.01.2024).
2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 октябри соли 2009, №553 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №9-10, мод. 546; с.2023, №11, мод.467.
3.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуда, 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. – Душанбе: Нашриёти Ганҷ, 2016. – С.9.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 июли соли 2017, №358 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL.:http://www.adlia.tj (Санаи муроҷиат: 15.01.2024).
5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017, №1414 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2017, №5, қ1, мод. 271; соли 2019, №7, мод.465; соли 2021, №12, қ.2, мод.694.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 13 феврали соли 2024, №57 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL.:http://www.adlia.tj (Санаи муроҷиат: 25.02.2024).
7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Муассисаи давлатии «Маркази миллии матрҷума»-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 13 феврали соли 2024, №58 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL.:http://www.adlia.tj (Санаи муроҷиат: 25.02.2024).
8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз 19 майи соли 2009, №508 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №5 мод.316; с.2010,№12,қ-1,мод.828; с.2012,№12қ1,мод.1006, с.2015,№11,мод.972; с.2016,№5,мод.370; с.2019, №1, мод.33; с.2019,№7, мод.475; с.2020,№1, мод.27; с.2023, №1-3, мод.4.
9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» аз 1 августи соли 2003, №34 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №8,мод.457; с.2007,№6,мод. 432; с.2008,№10. мод.824; с.2011,№12,мод.843; с.2012,№4, мод.262; с.2014, №11,мод.672; с.2015,№3, мод.224; с.2017, №7-9,мод.575,мод.576; с.2018, №1,мод.26; с.2022, №7,мод.456; №12,қ.2, мод. 787.
10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» аз 5 марти соли 2007, №234 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2007, №3, мод. 167; с.2012, №7, мод.708; с.2019, №1, мод. 31.
11. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Тартиби номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин, объектҳои физикию ҷуғрофӣ» аз 31 октябри соли 2009, №609 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL.:http://www.adlia.tj (Санаи муроҷиат: 20.01.2024).
12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ» аз 29 апрели соли 2006, №185 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006,№4,мод.198; с.2013,№3мод.188.
13. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» аз 28 ноябри соли 2022, №647 // Махзани мутамаркази иттилоотӣ-ҳуқуқии ҶТ «Адлия». Шакли 7.0. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL.:http://www.adlia.tj (Санаи муроҷиат: 20.01.2024).
14. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон – Душанбе: «Истеъдод», 2013. С. – 45-88.
15. Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024, №2017 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2009, №12, мод. 815, мод. 816; с.2010, №7, мод. 551; с.2011, №3, мод. 159, №7-8, мод. 609: с.2012, №4, мод. 259, №7, мод.714; №8, мод. 815; №12 қ1, мод. 1020, мод. 1025; с2013, №7, мод. 510, мод. 511; с.2014, №3, мод.142; №11, мод.643. с.2015, №11, мод.950; с.2016, №3, мод.128; №5, мод.357, №7, мод.610, мод.611; с2017, №1-2, мод. 4; с2018, №5, мод. 267; с.2019,№1, мод. 3; с.2020 №7-9, мод. 602, мод. 608; с.2021. №1-2, мод.5; № 4, мод.197; №12, қ.2, мод. 684, мод. 685; с.2022, №1,2-3, мод. 4; №7, мод. 442; №12, қ.2, мод.766, мод.767; RXТ аз 3.01.2024с. №2017.
16. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022, №1920 // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2022, №12 қ. 2, м. 760.
Мансурӣ Шодмон Ҷамолиддинзода,
номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, аъзои Ҳайати мушовараи
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
омӯзгори кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷоратии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ