Ҷузъиёт аз рӯзи дуюми ҳамоиши байналмилалии «Ифтитоҳи шабакаҳои алоқаи мобилии насли оянда»
19 октябри соли 2023 рӯзи дуюми ҳамоиши байналмилалии «Ифтитоҳи шабакаҳои алоқаи мобилии насли оянда», ки аз ҷониби оператори мобилии ZET-MOBILE, Хадамоти алоқаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ITU дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe баргузор гардида истодааст, ҷараён дорад.
Ҳамоиш бо суханронии муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Атоев оғоз гардид. Зимни суханронӣ ӯ аҳамияти қарори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба баланд бардоштани сифат ва дастрасии интернети мобилӣ таъкид намуд. Ҳамчунин дар бораи зарурат ба гузариш аз фарогирии 2G ва 3G ба 5G дар Тоҷикистон сухан гуфт.
Доир ба аҳамият ва зарурати 5G Николай Васильев, сардори шӯъбаи хадамоти рӯизаминии Бюрои радиоалоқаи Иттиҳоди байналмилалии алоқа гузориш дод. Дар суханронии худ ӯ дар бораи фаъолияти Иттиҳоди байналмилалии алоқа дар соҳаи танзим ва стандартизатсияи 5G муфассал сухан гуфт.
Пас аз суханронии маърӯзачиён дар нимаи аввали рӯз маърӯзачиён ва иштирокчиёни форум дар сари мизи мудаввар ҷамъ омада, масъалаҳои танзими таъсири майдони электромагнитӣ(МЭМ)-ро баррасӣ карданд. Оё майдонҳои электромагнитӣ воқеан ба одамон таъсири манфӣ мерасонанд? Таъсири онҳо чӣ гуна аст? Нотиқон ҳамаи фарзияҳои беасосро дар мавриди таъсири манфии майдони электромагнитӣ(МЭМ) ба сиҳатии ҷомеа бо факту далелхои илмӣ шарҳ дода, рад намуданд..
Нимаи дуюми рӯз Вадим Поскакухин дар бораи спектри 5G ва масъалаҳои арзиш ва шартҳои тақсими спектр барои 5G сухан гуфт.