Роҳандозии пилотии Системаи иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ ва Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ
Санаи 26 июли соли равон, дар шаҳри Душанбе дар толори меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенсӣ маросими расмии роҳандозии пилотии Системаи иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ баргузор гардид.
Дар маросими озмоишии низоми мазкур роҳбарияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд, инчунин намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон иброз намуд, ки бароҳмонии озмоишии Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар роҳи сода гардонидани расмиёти савдо, кам кардани монеаҳо, рушди тиҷорат, таъмини амнияти иқтисодии мамлакат ва рушди ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон қадами муассир аст.
Бо мақсади иҷрои чорабиниҳои Барномаи рушди миёнамуҳлати мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 оид ба такмили маъмурикунонии гумрукӣ, аз нимсолаи дуюми соли 2022 дар асоси созишномаи баимзорасида бо Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (ЮНКТАД), дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Системаи иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ, ҳамчун марҳили нави ислоҳоти гумрукӣ, амалӣ гардида истодааст.
Системаи иттилоотии мазкур фарогири аксари расмиёти тиҷорати хориҷӣ буда, барои коркарди декларатсияи гумрукӣ ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунандаи он, баҳисобгирӣ ва назорати расмиёти транзит, нигаҳдории муваққатии мол ва автоматикунонии дигар расмиёти гумрукӣ пешбинӣ гардидааст.
Система барои суръатбахшии барасмиятдарории гумрукӣ тавассути автоматикунонӣ ва содагардонии расмиёти гумрукӣ нигаронида шуда, бо ин роҳ кам кардани хароҷоти маъмурии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва мақомоти давлатиро таъмин менамояд. Ҳамчунин, системаи мазкур ба ғанӣ гардидани Буҷети давлатӣ тавассути ҷамъоварии дурусти пардохтҳои гумрукӣ мусоидат менамояд.
Дигар иқдоми муҳиме, ки дар доираи Марҳилаи чоруми лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” амалӣ карда мешавад, ин таҳияи Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ мебошад. Дастрасӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти гумрукӣ барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии тоҷирон, шаффофияти расмиёти гумрукӣ ва татбиқи якхелаи қонунгузории гумрук муҳим арзёбӣ гардида, ба ҳадафҳои Созишномаи Созмони ҷаҳонии тиҷорат оид ба содагардонии расмиёти савдо ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди дастрасии озод ба иттилоот созгор мебошад.
Бо ин мақсад, бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ аз ҷониби ширкати ватании барномасоз системаи электронии ягона ва мутамарказ, ки дар он ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи гумрук ҷойгир карда мешаванд, таҳия ва марҳилаи озмоишии он роҳандозӣ карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки Системаи иттилоотии мазкур дар доираи қисмати сеюми Марҳилаи чоруми лоиҳаи “Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад, амалӣ карда мешавад.
Иброз гардид, ки но вобаста аз дастовардҳои соҳа, мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикстон эҳтиёҷот ба техналогияҳои муосир ва таҷҳизотҳои назорати гумрукӣ дорад. Вобаста ба ин Бонки умумиҷаҳонӣ аз шарикони рушд хоҳиш намуд, ки дар самти мазкур дар оянда низ саҳми худро гузоранд.
Қобили тазаккур аст, ки Системаи иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА дар зиёда аз 100 кишвари дунё татбиқ гардида, дар фаъолияти мақомоти гумруки ин кишварҳо бо муваффақият истифода мегардад.
Дар идомаи маросими бароҳмонии озмоишии Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, инчунин, намояндагони СММ, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд доир ба муҳимият ва афзалияти Низоми иттилоотии коркарди маълумоти гумрукии АСИКУДА-и ҷаҳонӣ маъруза намуда, онро қадами устувор дар роҳи татбиқи барномаҳои афзалиятноки давлатӣ ва дурнамои рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ намуданд.