РОҲҲОИ МУБОРИЗА БО ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Мубориза бо терроризм Навид

РОҲҲОИ МУБОРИЗА БО ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18-уми марти соли 2020 зимни вохӯрӣ бо олимони кишвар чунин ибрози андеша намуданд: “Ҷавонон, ки ояндаи мамлакат мебошанд, бояд аз ақидаҳои хурофотӣ дур бошанд, донишҳои муосирро ҷиддӣ омӯхта, ҳар як рӯйдоди ҷомеаро аз нуқтаи назари илму мантиқ таҳлил кунад ва дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд”. Воқеан ҳам ҷавонон ояндаи миллат мебошанд ва ҳар коре, ки баҳри таълиму тарбияи онҳо анҷом дода мешавад, ба хотири фардои дурахшони Тоҷикистон аст.
Аз ин рӯ, истиқлолияти давлатӣ, барои таҳкимми асолати фарҳангӣ ва эҳёи ҳувияти миллӣ шароитҳои навинеро дар таҳввули фикрӣ ва ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии мардуми мо ба миён овард. Худи раванди расидан ба истиқлолияти воқеӣ, таҳкиму суботи давлати миллӣ дар ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ моро водор месозад, ки тафаккури созанда ва нигоҳи нав ҷиҳати ҳимояи арзишҳои фарҳанги миллиамон дошта бошем. Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, падидаи номатлуб яъне терроризм ва экстремизм мебошад. Аз ин рӯ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму экстремизм қарор дошта, бо сиёсати устувории худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад.
Таҳлил ва таҳқиқотҳои илмӣ нишон медиҳад, ки ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолият таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҷанбаҳои ҳаёти худ алайҳи экстремизм ва терроризм муқовимат намуда, барои таъмини амнияти маънавӣ ва зеҳнии ҷомеа талош менамоянд.
Мақсад ва ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумат Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, барои таъмини амнияти маънавӣ ва бехатарии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таъмини якпорчагии кишвар ва муқовимат алайҳи терроризм ва экстремизм нигаронда шуда, дар ин замина як қаттор барнома, таълимот ва қонунҳои дахлдор қабул намудааст. Маҳз бо шарофати ин чорабиниҳо амнияти зеҳнӣ, маънавиёт, ахлоқи ҷомеа, соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, забони тоҷикӣва тафаккуру андешаи миллӣ аз осебпазирӣ ва таҳдиду хатарҳои ташкилотҳои террористии байналхалқӣ маҳфуз монда, дар фазои озоду ором равнақ ёфта истодаанд
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат алайҳи экстремизм ва терроризмнақши муассир дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси конститутсия иштирокчии тамоми конвенсияҳои Созмони Милали Муттаҳид ва қарордоҳои байналмилалӣ дар ҷодаи мубориза бо экстремизмва терроризм буда, дар заминаи конвенсияҳои байналхалқӣ як қаттор чораҳои фаврие зидди таълимотҳои гурӯҳҳои террористӣ қабул намудааст. Адабиёт, илм, фарҳанг, зеҳният, афкори маънавии ҷомеа ва инсон, ҳуқуқу озодиҳои он объекти бо қонунгузориҳои Тоҷикистон ҳифзшаванда маҳсуб меёбад
Боиси таассуф аст, ки ҳамарӯза аз тариқи воситаҳои ахбори амма мешунавем, ки дар ин ё он давлат амали террористие рух додаасту теъдоди зиёди одамони бегуноҳ, бахусус кӯдакону ҷавонон қурбонӣ шудаанд. Бояд дар ёд дошта бошем, ки экстремизм ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки дар ҳама давру замон ба инсонҳо хавфу хатари ҷиддиеро ба миён овардаву меоранд. Барои мубориза бурдан бо ин падидаҳои зишт бетараф будан кори инсонӣ нест. Шояд аксарият гумон кунанд, ки танҳо мубориза бурдан бо падидаҳои мазкур ин салоҳияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аст, аз як ҷиҳат ин дуруст бошад ҳам, вале мо бояд баҳри дифои ҳуқуқу озодиҳоихуд, ба зидди ин падидаи зишт бароему худро дар гулгулшукуфоӣ ва амну сулҳи кишвар масъул ҳисобида бетарафиро ихтиёр накунем.
Муҳаққиқи рус А. Возженков таъкид менамояд, ки “яке аз мушкилоти асосии ҳар як кишвар эҷоди системаҳои самараноки мубориза алайҳи экстремизми динӣ, на танҳо дар сатҳи давлатӣ, балки дар сатҳи умумиминтақавӣ ва умумисайёравӣ маҳсуб мешавад. Аён аст, ки то ҳол давлат кафолати комили амнияти шаҳрвандонро намедиҳад. Аз ин рӯ, мо дар бораи ташкил ва такмил додани низоми миллии мубориза бар зидди экстремизми динӣ, ки на танҳо захираҳои давлат, балки захираҳои ҷомеаи шаҳрвандиро низ коста мегардонад, бояд фикр кунем”. Чораҳое бояд андешида шаванд, ки ба пайдоиши гурӯҳҳои нави экстремистиву террористӣ муқовимат намуда тавонад ва пеши роҳи ба ҷавонон таъсири бад расонидани афкори муғризонаи ин ҷараёнҳои экстремистиро бигирад. Ҳамзамон, дар сатҳи байналхалқӣ чораҳои пешгирии онҳо бояд коркард карда шаванд.
Гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, аз қабили “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида”, Ихвон-ул-Муслимин, “Ҷунд-ул-лоҳ”, “Ҳаракати Исломии Узбекистон”, “Ҷиҳоди ислом”, “Ҳаракати Толибон”, “Ансор-ул-лоҳ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир” ТЭТ “ҲНИ”, ташкилоти экстремистии “Гурӯҳи 24”, иттиҳоди экстремистии бо ном “Паймони миллӣ”, ҷараёни идеявию сиёсии “Салафия”, “Ваҳҳобия” ва амсоли инҳо, ки аз ҷониби як қатор давлатҳо ҳамчун гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ дониста шудаанд, бо густурда намудани фаъолияти худ ва анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона мехоҳанд нуфузу эътибори худро боло баранд. Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштароаз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият, дигар андешаи солиме ҷой надорад. Харобу валангор гардидани садҳо бинову иншоот, ҷон бохтани мардуми осоишта, фирор намудани аҳолӣ аз макони зист ва амсоли онҳо подоши расидан ба ҳадафҳои ҷинояткоронаи ин гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ аст.
Мубориза бо экстремизм бояд дар самтҳои зерин ба роҳ монда шаванд, то ки онҳо натиҷаи дилхоҳ биёранд. Пеш аз ҳама, қабули чорабиниҳои профилактикӣ, ки ба огоҳнамоии экстремизм, аз он ҷумла, ошкорнамоӣ ва бартараф намудани сабаб ва шароит, ки ба амалигардии он мусоидат менамоянд, равона карда шавад. Ҳамчунин, ошкор ва бартараф намудани экстремизм тавассути ҳамкориҳои байналхалқӣ бояд ба роҳ монда шавад.
Аз ин рӯ, ба тамоми афроди ҷомеаи имрӯза зарур аст, ки насли минбаъдаи худро дар заминаи талаботи зерини мусбӣ тарбия намоянд:
– омӯзонидани арзишҳои ахлоқу одоб аз нахустин рӯзҳои таваллуд ва минбаъд таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир кардан ба камолоти фарзанд дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ;
– ҷалби кӯдакон ба машғулиятҳои варзишӣ, мактабҳои рассомию мусиқӣ ва амсоли он.
Ба мақомоти давлатӣ зарур аст, ки барои оилаҳои камбизоат ва дорои шароитҳои номусоиди иҷтимоӣ, ба таври ройгон мактабҳои варзишӣ таъсис дода, машғулиятҳои барои ҳамагон дастраси варзиширо фароҳам оваранд (на ҳар модар имкон дорад, бо маоши ночиз фарзандонро ба машғулиятҳои варзишӣ диҳад).
Ғайр аз ин, ҷавононро бояд дар рӯҳияи инсондӯстӣ дар муносибат ба атрофиён, новобаста ба тамоюли иҷтимоӣ, этникӣ, динӣ ва ҷинсии онҳо тарбия намуда, бо кор таъмин бояд кард ва дар байни онҳо корҳои тарбиявӣ, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, муқовимат бо экстремизм ва ғ. бурдан зарур аст.
Чи тавре маълум аст, терроризм даҳшатбортарин ва нангинтарин амал, яъне қатлу кушторро нисбати занону духарон, тифлон ва аъзоёни гуногуни ҷомеа, инчунин куштори бузургтарин олиҳа, офарандаи ҳаёту зиндагӣ “Модар” анҷом медиҳанд. Бинобар ин алайҳи чунин мушкилоти ҷомеа муборизаи дастаҷамъӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ доштан лозим аст. Пешвои миллати мо нисбати хатарҳои терроризм ва экстремизм дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намудаанд, ки “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд”.
Бояд қайд намуд, ки аксари кишварҳои ҷаҳон бо фаъолияти тахрибкоронаи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва хусусияти динидошта, рӯ ба рӯ ҳастанд ва зарари калони маънавию моддӣ дида истодаанд. Дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай диққати асосӣ дар мубориза бо ин “се офат” терроризм, экстремизм ва ҷудоихоҳӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Дар низомномаи ин созмон қайд шудааст, ки мубориза бо терроризми байналхалқӣ, экстремизм динӣ ва ҷудоихоҳии миллӣ қисми ҷудонашавандаи сиёсати ин созмон мебошад. Дар доираи фаъолият ин созмон барои пешгири ва мубориза бо экстремизму терроризм корҳои назаррас рафта истодааст ва умед аст, ки ба андозае пеши роҳи ин вабои асри ХХ1 гирифта шавад. Вобаста ба ин масъала муҳақкиқи тоҷик Н.Зоҳидӣ қайд менамояд, ки «Мубориза бар зидди терроризми чудоихоҳу экстремизм ва ҳамагуна зуҳуроти онҳо аз самтҳои муҳимми фаъолияти СҲШ маҳсуб гардида, бо мақсади фаъолияти бонизом ва мақсаднок дар ин росто хеле фаъол аст. Сохтори минтақавии зиддитерористии СҲШ бо муваффақият амал менамоянд. Дар доираи ҳамкориҳои низомӣ ба таври мунтазам тамринҳои муштараки низомии зиддитерроистии кишварҳои аъзои СҲШ гузаронида мешавад”.
Ҳаёти иҷтимоӣ исбот кардааст, ки байни наслҳои бузургу хурд ҳама вақт бархӯрду нофаҳмиҳои вуҷуд доранд. Асри ХХ1 асри рушди технологияи итилоотӣ буда, давлатҳо ба рушди ҳаёти маънавӣ ва арзишҳои ахлоқӣ кам аҳамият медиҳанд, ки ин раванд бар зарари ахлоқ ва фарҳанги ҷомеаи инсонӣ мебошад. Мо борҳо шоҳиди он шудаем, ки ҷавонони даврони навин бемалол одамони калонсолро бо суханони дурушту носазо таҳқир менамоянд ва дар мавриди шикоят ба волидайни онҳо зиёдтар ба иззати нафсашон мерасанд, ҳамчунин «тӯдае» нафареро зери лату кӯб мегиранду раҳгузарон, аз рӯйи мақоли он, ки «сари худам дар амон аст, ба дигарон корам чӣ?!» аз он чашм мепӯшанду лаб фурӯ мебанданд. Миллати тоҷик, пеш аз ҳама, бо шуҷоату диловарӣ, иззати нафс, ҷавонмардӣ, дӯстию рафоқат, муҳаббату эҳтироми байниҳамдигарӣ, ки ченаки умумии ахлоқи ҳамидаи инсонӣ барои ҳамагон маҳсуб меёбанд. Дар таърихи инкишофи миллати тоҷик марҳилаҳое буданд, ки ҳаёти шарафмандонаи инсонӣ қадри баланд дошт, ба пиронсолию дармондагӣ назарҳо мусбӣ буд, рафтори номуносиби ашхоси бадахлоқу бетарбия бошад, аз ҷониби атрофиён сахт мазаммату маломат карда мешуд ва гунаҳкорон ҳатман ҷазои худро медиданд, ки аслан худи ҷомеа на ягон қудрате ё ниҳоди расмие муайян мекард.
Дар самти муборизаи самаранок ба зидди гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ дар марҳилаи муосир, ташкили маркази маишии кӯдакон, ҷавонон, варзишгоҳҳо зарур аст, чунки ҳадаф ва вазифаҳои онҳо бояд ба эҳёи фарҳанги миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, фаъолияти хайриявӣ ва рушди намудҳои гуногуни варзиш равона карда шуда бошанд, хеле муҳимм аст.
Яке аз чораҳои муассири мубориза бо экстремизм дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ва тарғиби идеологияи миллӣ мебошад. Бо ин мақсад, нақши васоити ахбори омма дар санадҳои ҳуқуқии ҷумҳурӣ ба таври возеҳ муайян шудааст. Ҳангоме ки гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ба паҳн кардани адабиёт ва ҷалби аъзоёни нав – аз хонандагони мактаб то насли ба камолот расидаи шаҳрвандон шуруъ мекунад ин асоси муборизаи беамони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳукумат бар зидди ин зуҳурот хоҳад гашт.
Хулоса. Кори самаранок бо васоити ахбори омма комёбиро дар мубориза бо чунин зуҳуроти даҳшатнок ба монанди экстремизми динӣ таъмин хоҳад кард. Ҳимояи фазои итилоотии ҷомеа аз паҳншавии идеологияи экстремистиву террористӣ дар марҳилаи кӯнунии инкишофи ҷомеаи ҷаҳон ва Тоҷикистон масъалаи хеле муҳимму ҳатмӣ мебошад. Ҳар яки мо дар баробари мақомотҳои давлатӣ вазифадор ҳастем, ки дар масъалаи ҳимояи фазои итилоотӣ ва вазъияти динии ҷомеа нақши худро гӯзорем. Шабакаҳои итилоотии давлатӣ, вилоятӣ ва мақомотҳои ноҳиявӣ, барои пешгирии экстремизм ва терроризм самаранок ва мақсаднок истифода карда шаванд ва ба ин восита муҳити итилоотии ҷомеа солим гардонида шавад. Ба ин минвол шароите фароҳам оварда шавад, ки соҳаи фарҳанг, маориф ва маънавиёти аҳолӣ рушд намояд.
Зарур аст, ки дар масъалаи пешгирию мубориза бо экстремизм ва терроризм институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷамоатҳои илмӣ, таълимӣ, ва ВАО нақши фаъол дошта бошанд. Олимону зиёиён ба воситаи тадқиқу пажӯҳиши худ оиди пешгирию муборизаи идеологияи экстремистӣ, шаклу воситаҳои нави пешгирии итилоотии терроризм ба сохторҳои давлатӣ ёри расонанд ва мусоидат намоянд, ки сохторҳои қудратӣ дар мубориза бо ин вабоӣ хатарноки замони муосир муваффақ шаванд.
Саидзода Далер Муҳибулло,
доктори фалсафа Ph.D, муаллими калони кафедраи
таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии ДМТ