Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барқияи шодбошӣ ирсол намуданд
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Муҳтарам Шавкат Миромонович,
Аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми бародари Узбекистонро ба муносибати баргузории бомуваффақияти раъйпурсии умимумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Узбекистон табрик менамоям.
Натиҷаҳои раъйпурсӣ бори дигар боварии баланд ва дастгирии мустаҳками мардуми Узбекистонро аз роҳи стратегии Шумо, ки ба рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа ва таҳкими давлатдорӣ дар кишвар нигаронда шудааст, тасдиқ мекунад.
Бо истифода аз фурсат ҷонибдории устувори Тоҷикистонро аз таъмиқу тавсеаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Узбекистон дар руҳияи шарикии стратегӣ ва ҳамкории ҳампаймонӣ таъкид менамоям.
Ба Шумо, Шавкат Миромоновичи азиз, сидқан сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Узбекистон сулҳу некӯаҳволӣ ва пешрафти босубот орзумандам».