Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки Иттиҳодияи расонаҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад

Навид

Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки Иттиҳодияи расонаҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Иттиҳодияи расонаҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баён гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки вақтҳои охир таваҷҷуҳи расонаҳо ба давлатҳои Осиёи Марказӣ башиддат меафзояд.

«Фазои воситаҳои ахбори омма аз маълумоти гуногун, баъзан ба ҳам мухолиф ва таҳрифшуда пур шудааст. Тадбирҳо андешидан лозим аст, ки дар минтақа фазои иттилоотӣ дар асоси далелҳои воқеӣ ба вуҷуд ояд, на аз рӯи тахмину фарзия. Бо ин ҳадафҳо мо ҷонибдори таъсиси Иттиҳодияи расонаҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳастем», — таъкид намуданд Сарвари давлат.

Ëдовар мешавем, ки дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва меҳмони фахрӣ –Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев иштирок намуданд.