Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо фаъолияти гармхонаҳои Кооперативи истеҳсолии Муҳсиддин “Н” шинос шуданд
4 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо фаъолияти гармхонаҳои замонавии Кооперативи истеҳсолии Муҳсиддин “Н” шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти барвақтии кишоварзони шаҳр дидан намуданд.
Майдони умумии Кооперативи истеҳсолии Муҳсиддин “Н” 10,14 гектарро ташкил медиҳад.
Дар марҳилаи якум гармхона дар масоҳати умумии 3,3 гектар бунёд ва ба парвариши сабзавоти гуногуни барвақтӣ нигаронида шудааст.
Гармхонаро соҳибкорони ватанӣ ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудаанд.
Ҳоло дар гармхона асосан бодиринги навъҳои гуногун, помидор, қаланфури булғорӣ ва боимҷон парвариш меёбад.
Сабзавот дар гармхонаҳо ба таври қатрагӣ обёрӣ ва бо ғизо таъмин мегардад.
Ҳадаф аз бунёди гармхонаҳо, агар аз як ҷиҳат афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти барвақтӣ ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ бошад, аз ҷониби дигар, мақсад таъсиси ҷойҳои нави корӣ аст.
Ҳоло дар Кооперативи истеҳсолии Муҳсиддин “Н”-и шаҳри Бохтар 250 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошад. Оянда бо бунёди марҳилаи дуюми гармхона имкон аст то 450 нафар соҳиби ҷои кор шавад.
Тавре иттилоъ дода шуд, маҳсулоти дар кооператив истеҳсолшуда барои фуруш ба бозорҳои шаҳр пешкаш карда мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори маҳаллӣ барои бунёди чунин иншооти замонавии истеҳсолӣ изҳори сипос намуда, фаъолияти хоҷагидоронро намунаи ибрат ва қобили таҳсин номиданд.
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дидан карданд.
Дар намоишгоҳ асосан сабзавоти дар гармхона парваришнамудаи хоҷагидорони шаҳри Бохтар муаррифӣ гардид.
Бояд гуфт, ки сокинони шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои атрофи он дар истифодаи гармхонаҳо таҷрибаи бой андухтаанд ва бо истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дар роҳи ҳифзи амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас доранд.
Ба иттилои масъулони соҳа, дар айни замон дар шаҳри Бохтар дар масоҳати 3 гектар гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд. Дар шаҳр инчунин сохтмони гармхонаҳо дар масоҳати 10 гектар идома дорад.
Дар заминҳои наздиҳавлигӣ зиёда аз 35 гармхонаи доимӣ мавҷуд аст ва аллакай маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо дар бозорҳои шаҳр ба фурӯш бароварда шудааст.
Бо назардошти талаботи замон хоҷагидорони шаҳр масоҳати гармхонаҳои типпи навро бештар намуда, кӯшиш доранд истеҳсоли маҳсулотро дар ҳамаи фасли сол афзоиш диҳанд ва бо ин роҳ дар ғанӣ гардонидани бозор бо маҳсулоти сифатнок саҳм гузоранд.