Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Анненро ба ҳузур пазируфтанд
14 августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Анненро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмонро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар зимн Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон ва Олмон дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ ва иҷтимоиву гуманитарӣ имконияти васеи рушди робитаҳои судманд доранд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон алоқаманди тақвияти минбаъдаи муносиботи созанда дар байни ду давлат буда, соҳаҳои энергетика, бахусус гидроэнергетика чун манбаи рушди “энергияи сабз”, илму маориф ва технологияҳо, масъалаҳои тағйирёбии иқлимро ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкории ҳар ду ҷониб медонад.
Дар ҷараёни суҳбат ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба баргузории нишасти сарони давлатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон баррасӣ шуданд.
Изҳори умед шуд, ки натиҷаҳои ин чорабинӣ ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарии давлатҳои минтақаи мо ва Олмон мусоидат хоҳад намуд.
Ҷонибҳо атрофи мавзуъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.