Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд
Дар ҷараёни суҳбат маҷмуи васеи масоили ҳамкорӣ, дӯстию бародарӣ ва ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистон ва Узбекистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолат ва сатҳи имрӯзаи муносибатҳои ду давлат ва тадбирҳои ҳукуматҳо ҷиҳати таъмиқи робитаҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо вазъи робитаҳои ду мамлакатро дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки иштироки ду давлат дар нахустин нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ метавонад ба нафъи давлатҳо хизмат намояд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.