Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯриро боз як имкони хуб барои муҳокимаи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон маънидод намуданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои қаблан байни ду мамлакат ҳосилшуда ба таъмиқи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон мусоидат хоҳад намуд.
Дар ин робита ҷонибҳо рафти омодагиро ба чорабиниҳои муштараки дуҷониба ва бисёрҷонибаи минтақавию байналмилалии дарпешистода мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.
Сарони давлатҳо барои боз ҳам самаранок истифода бурдани ҳамаи имконият ҷиҳати бо муваффақият гузаронидани рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар моҳи август, инчунин чорабиниҳои сатҳи олӣ – Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассисаи Фонди байналмилалии наҷоти Арал табодули андеша намуданд.