Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари олии Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
20 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари олии Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:«Олиҷаноб,
Хабари даргузашти фоҷеавии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидиброҳим Раисӣ ва ҳайати ҳамроҳаш боиси андуҳи гарони мо ва тамоми мардуми Тоҷикистон гардид.
Мо ба шахсияти Сайидиброҳим Раисӣ ҳамчун арбоби барҷастаи давлатӣ арҷ мегузорем, саҳми созандаи зиндаёдро дар рушду нумӯи ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон, ҳалли масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ менамоем.
Дар робита ба ин талафоти бузург ба Шумо, Олиҷаноб, мардуми дӯсту бародари Эрон, аҳли хонавода ва наздикони фавтидагон ҳамдардӣ ва таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям.
Аз Худованди мутаол барои шаҳидшудагон раҳмату мағфират ва ба мардуми кишвари дӯсти Эрон сабри ҷамил хоҳонам.
Дар ин лаҳзаҳои ғамангез дар канори Эрон ва мардуми он ҳастем».