Помир чӣ гуна фатҳ карда шуд?
Помир – минтақаи шадиди кӯҳие мебошад, ки бисёре аз интернет-провайдерон ва операторони алоқа ҷуръати ба он ҷо рафтан надоранд. Воқеан: деҳаҳои дурдасту душворгузарро, ки ҳатто роҳҳои автомобилгард ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ надоранд, чӣ тавр бо хизматрасониҳои муосири рақамӣ таъмин кардан мумкин аст? Ташаббусро соли 2011 ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба зимма гирифт. Таърихи кори он дар ВМКБ – ин роҳи ҷустуҷӯи доимии имкониятҳои ғайристандартӣ мебошад.
Кайҳонро мешунавем!
Роҳҳои гуногуни таъмини алоқа дар минтақаи кӯҳӣ мавҷуданд. Масалан, метавон хатти алоқаи нахӣ-нуриро гузаронд, ки тавассути он трафик интиқол дода мешавад. Баъзан кабелҳои нахӣ-нурӣ дар фосилаҳои кӯтоҳ барои давр зада гузаштани кӯҳи наздиктарин истифода бурда мешаванд, агар он пеши роҳи мавҷи пойгоҳи базавии (ПБ) наздиктарро гирифта бошад. Аммо гузаронидани кабел ба ҳар як маҳали аҳолинишин – душвор, дуру дароз ва гарон аст. Аз ин рӯ, аксари операторон дар ВМКБ танҳо дар маркази ноҳияҳо ва ҷамоатҳои калон фаъолият доранд. Аммо сокинони деҳаҳои хурд низ ҳақ доранд аз алоқа ва интернети мобилӣ истифода баранд!
МегаФон Тоҷикистон роҳи ҳалли масъаларо пайдо кард: агар рафтан ба минтақаи душворгузар бо рӯи замин ғайриимкон бошад, ин амал бояд… аз боло, аз кайҳон анҷом дода шавад. Яъне пойгоҳҳои базавӣ ба шабакаҳои радифии алоқа пайваст карда шаванд. Масалан, дар баландкӯҳтарин ноҳияи Тоҷикистон – Мурғоб – ҳамаи ПБ маҳз ҳамин тавр кор мекунанд. Натиҷа ин аст, ки 90% тамоми маҳалҳои аҳолинишини ноҳия бо алоқаи “МегаФон Тоҷикистон” таъмин мебошанд.
Яке аз лоиҳаҳои нодири оператор – роҳандозии шабакаи радифӣ барои диспетчерони авиатсионӣ маҳсуб меёбад. Барои муайян кардани ҷойгиршавии дақиқи ҳавопаймоҳо дар фазои кишвар ба онҳо интернети боэътимод лозим омад. Мушкилӣ дар он буд, ки нуқтаҳои диспетчерӣ дар деҳаҳои дурдасти Тақтамишбек ва Қарокӯли ноҳияи Мурғоб ҷойгир шудаанд. Провайдерони анъанавӣ натавонистанд онҳоро бо интернет таъмин кунанд. “МегаФон Тоҷикистон” ягона ширкатест, ки барои иҷрои ин вазифаи техникӣ қодир буд.
Бо қувваи худ ва тавассути чархболҳо
Шабакаҳои радифӣ тавассути кайҳон кор мекунанд, аммо пойгоҳҳои базавӣ дар ҳама гуна ҳолат бояд дар мавзеъҳое, ки муштариён дар он ҷо истиқомат доранд, ҷойгир карда шаванд. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми гузоштани ПБ садҳо ва ҳазорҳо килограмм борро ба кӯҳҳо бурдан лозим меояд. Ин амалро чӣ тавр анҷом додан мумкин аст, агар деҳа аз роҳи наздиктарин дур бошад?
Муҳандисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” чандин бор таҷҳизотро бо қувваи худ ба мавзеъҳои даркорӣ бурда мерасонданд. Масалан, дар ноҳияи Дарвоз яке аз ПБ-ро бо тай кардани ёздаҳ километр мавзеи бероҳ ба таври пиёда насб карданд. Дар Ишкошим – ҳашт килотемр. Ва чунин мисолҳо дар ВМКБ хеле зиёданд.
Агар таҷҳизот зиёд бошад, масалан, бурда расонидани қисмҳои иншооти мавҷпахшкунандаи он низ лозим ояд, яъне манорае, ки дар он пойгоҳи базавӣ гузошта шудааст, ширкат аз чархболҳо истифода мебарад. Дар ноҳияи Ванҷ барои яке аз ПБ зиёда аз 3 тонна бор бурда расонида шуд. Зимнан, ҳоло дар ноҳияи Ванҷ 100% тамоми маҳалҳои аҳолинишин бо алоқаи МегаФон Тоҷикистон таъминанд.
Энергетикаи алтернативӣ
Аммо пойгоҳҳои базавӣ дар кӯҳҳо нерӯи барқро аз кучо мегиранд? Охир ХИБ аксар вақт ё дуранд ё тамоман вуҷуд надоранд. Дар чунин ҳолатҳо МегаФон Тоҷикистон аз манбаъҳои алтернативии таъминоти барқ истифода мебарад. ПБ бо генераторхои дизелӣ ва аккумуляторҳо ҷиҳозонида мешаванд. Дар баробари ин, бо мақсади муҳофизат аз иқлими шадиди Помир, аккумуляторҳо дар зери замин дар чуқурии се метр чойгир карда мешаванд.
Энергияи “сабз” низ истифода мешавад: қисме аз ПБ бо генераторҳои бодӣ ва батареяҳои офтобӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Натиҷа чунин аст: хатҳои берунии таъминоти барқ мавчуд нестанд, вале муштариён – алоқаи боэътимод доранд.
Рекордҳои ВМКБ
Таҷрибаи кор дар кӯҳҳо ба оператор барои таъсис додани иншооти алоқа, ки рекордгузор маҳсуб меёбад, имкон дод. Ҳамин тариқ, дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ баландтарин пойгоҳи базавии ИДМ – Қулма дар ағбаи ҳамном дар наздикии марз бо Чин воқеъ аст. Ин ПБ дар баландии 4 365 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Вай инчунин тавассути шабакаи радифӣ кор мекунад.
Рекорди дигар шумораи маҳалҳои аҳолинишини ВМКБ ба ҳисоб меравад, ки дар онҳо аз байни операторони мобилӣ танҳо «МегаФон Тоҷикистон» фаъолият мекунад. Дар Мурғоб, масалан, Бошгумбез, Бурункул, Қароқул, Қулма, Ранкул, Тақтамишбек. Дар ноҳияи Рӯшон, ки фарогирии маҳалҳои аҳолинишин 80%-ро ташкил медиҳад, Бопасор, Ғудара, Пасор, Ред, Рухч, Савноб ба ҳисоб мераванд. Дар ноҳияи Ванҷ – Андарбак, Вишхарв, Жамаг, Пойи Мазор ва Хехик. Дар ноҳияи Дарвоз – Курговад. Дар шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ ПБ Шипад ҷойгир аст, ки дар сурати набудани дигар операторон дар ин қисмат алоқаро таъмин мекунад.
Сохтмон ҷараён дорад. Бо пайдо шудани хизматрасониҳои муосири алоқа сокинони мавзеъҳои баландкӯҳ имкони занг задан ба наздикон, истифодаи интернети мобилӣ барои кор, таҳсил, муошират, анҷоми амалиёти молиявии ғайринақдиро ба даст меоранд. Ва ин худ сифати нави ҳаёт аст.