Пойгоҳҳои базавии нави 4G дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пайдо мешаванд
Мутахассисони техникии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба омодасозии майдонҳое шурӯъ карданд, ки дар онҳо дар соли 2024 пойгоҳҳои базавии нави алоқаи мобилӣ (ПБ) насб хоҳанд шуд. Корҳои васеъмиқёс моҳи май оғоз меёбанд. Дар тамоми манотиқи кишвар сохтмони беш аз 120 сайт ва муосиргардонии 110 пойгоҳи қаблан насбшудаи насли дуюм ва сеюм дар нақша аст. То охири сол стандарти баландсуръати 4G/LTE дар 80% тамоми ПБ ширкат дастрас хоҳад шуд. Илова бар ин, оператор садҳо километр хатҳои нави алоқаи нахӣ – нурии магистралӣ (ХАНН) бунёд мекунад.
Вилояти Хатлон
Сохтмони азимтарин Хатлонро интизор аст. Дар ин ҷо муосиргардонии ҳудуди 70 пойгоҳи базавӣ ва насби 27 пойгоҳи базавии нав дар назар аст. Майдонҳои иловагӣ дар шаҳрҳои Бохтар ва Левакант, ноҳияҳои Ҷайҳун, Қубодиён, Кушониён, Муъминобод, Фархор, Шаҳритус ва Ёвон пайдо хоҳанд шуд.
Зарфияти хати ХАНН дар масири Бохтар – Левакант – Ёвон – Душанбе аз 1 Гбит/с то 40 Гбит/с меафзояд. Ҳамчунин хатҳои нави нахӣ – нурии магистралии «Данғара – Темурмалик – Кӯлоб – Восеъ» бо дарозии 110 км ва «Бохтар – Вахш – Румӣ – Панҷ» ба масофаи 100 км сохта мешаванд.
Вилояти Суғд
Дар Суғд оператор нақша дорад, ки ҳудуди 50 пойгоҳи базавии стандарти 4G/LTE бунёд намояд. Майдонҳои нави насли чорум дар тамоми ноҳияҳои вилоят пайдо хоҳанд шуд. Илова бар ин, дар 30 ПБ аллакай мавҷудбуда суръати интернет то сатҳи 4G расонида мешавад.
Дар хатҳои калони алоқаи нахӣ – нурӣ як қисми таҷҳизот бо таҷҳизоти нави дорои қобилияти баланди гузариш иваз карда мешавад. Дар давоми як сол МегаФон Тоҷикистон даҳҳо километр хатҳои алоқаи нахӣ – нурӣ месозад, ки суръати таҳвили маълумотро дар минтақа ба маротиб беҳтар хоҳад кард. Ҳамин тавр, хати Душанбе — Айнй, ки 130 км тӯл мекашад, алоқаи бевоситаро байни шимолу ҷануби мамлакат таъмин мекунад.
Душанбе ва НТМ
Дар пойтахт ва Ноҳияҳои тобеи марказ васеъкунии назарраси зарфияти шабака пешбинӣ гардидааст. Танҳо дар Душанбе 15 майдони нави пойгоҳҳои базавӣ ва боз 26-тои дигар дар ҳудуди НТМ пайдо хоҳанд шуд. Сифати хизматрасонии алоқа дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, маҳалҳои аҳолинишини хурди ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Файзобод, Шаҳринав ва ноҳияи Рӯдакӣ беҳтар мегардад. Инчунин, хати алоқаи нахӣ – нурии «Роғун – Нуробод» бо дарозии 70 км бунёд мегардад.
ВМКБ
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки релефи душвори кӯҳӣ дорад, МегаФон Тоҷикистон 4 ПБ нав насб мекунад. Онҳо дар Ванҷ, Рӯшон, Хоруғ ва Шуғнон ҷойгир мешаванд. Боз беш аз 10 майдон муосиргардонӣ шуда, бо суръати баланди 4G фаъолият менамоянд.
Сохтмони хати радиорелейӣ байни Хоруғ ва ноҳияи Ванҷ идома меёбад. Пас аз анҷоми корҳо, қобилияти гузариши он ба 2 Гбит/с мерасад.