Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антанелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд
5 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Антанелла Бассаниро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ давоми 30-соли шарикӣ, аз ҷумла аз ҷониби ин ниҳоди молиявӣ ба маблағи зиёда аз 2,7 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шудани 116 лоиҳа дар соҳаҳои мухталифи давлати мо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Хонум Антонелла Бассани аз имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар истеҳсолу содироти энергияи тозаю барқароршаванда ва дар ин замина рушди «иқтисоди сабз» ёдовар шуда, бори дигар ҷонибдории Бонки ҷаҳониро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ намуд.
Зимни мулоқот оид ба ҷалби бештари сармоягузориҳои шарикони рушд ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, обтаъминкунию ирригатсия, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин ҷиҳати рушди»иқтисоди рақамӣ» табодули андеша анҷом дода шуд.
Дастгирии идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, маблағгузории рушди соҳаи энергетика ва таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ арзёбӣ гардид.
Дар робита ба вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ва шиддат гирифтани пайомадҳои он ҷиҳати пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳо ва омилҳои манфии таъсиррасон ба иқтисоди миллӣ роҳандозии татбиқи ислоҳоти муттасил зарур шумурда шуд.