Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон Михаэл Ҳармсро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан таъкид доштанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳои мо ба заминаи принсипҳои эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва робитаҳои барои тарафайн судманд асос ёфтаанд.
Ҷонибҳо ҳамкорӣ дар бахшҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва сайёҳиро барои ҳарду ҷониб судманд арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин соҳаҳои саноати сабуку нассоҷӣ, хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои нодир, мошинсозӣ, кимиё, фарматсевтика ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуданд.
Роҳандозии ҳамкории муассир дар самти ҷалби ҳарчи бештари сармояи олмонӣ, навовариҳо ва воридоти технологияи нав аз Олмон барои соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ба коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо рушди ҳамкории байнидавлатиро дар қолаби “Шарикии сармоягузории Тоҷикистон ва Олмон” мувофиқи мақсад шуморида, изҳори имтинон намуданд, ки Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Олмон, ки дар шаҳри Душанбе дирӯз баргузор гардид, ба ин раванд мусоидати муассир менамояд.