Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодии ҶДММ «Нонпаз»-ро ба истифода доданд
Таъкид бояд кард, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нонпаз” аз солҳои 30-юми қарни гузашта фаъолият дошт ва бо пешрафти замону рушди ҷомеа тамоми дастгоҳу таҷҳизоти он корношоям гардида буд.
Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои созандаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар иншоот пурра навсозӣ гардида, дар он тамоми инфрасохтор барои истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодӣ муҳайё гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити фароҳамгардида ва раванди истеҳсолот ба ташаббускорон ҷиҳати ҳамоҳангӣ дар амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар изҳори миннатдорӣ карда, иқдоми мазкурро намунаи олии дастгирӣ ёфтани сиёсати давлату Ҳукумат дар самти бунёдкориву созандагӣ арзёбӣ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар корхонаи “Нонпаз” беш аз 80 намуди маҳсулоти нонию қаннодӣ, аз ҷумла нон, батон, баггет, кулчаҳои қандин, торт, круассан, шириниҳои варақӣ ва амсоли инҳо истеҳсол карда мешавад, ки бо тамъҳои хоса дар бозори истеъмолӣ харидорони худро пайдо кардааст. Иқтидори истеҳсолӣ дар як шабонарӯз 40 тонна маҳсулоти нонӣ ва 5 тонна маҳсулоти қаннодӣ мебошад.
Тамоми дастгоҳу таҷҳизоти насбшуда истеҳсоли насли нав буда, аз давлатҳои Олмон ва Италия ворид гардидааст, ки аз ҷиҳати самаранокии неруи барқ каммасраф ва бисёрфунксионалӣ мебошанд.
Тавре иттилоъ доданд, бо пурра ба истифода додани корхонаи нонию қаннодии “Нонпаз” теъдоди кормандон аз 200 то ба 400 нафар расонида мешавад, ки дар ин замина иқтидори истеҳсолӣ низ ба маротиб зиёд хоҳад шуд.
Барои ба фурӯш баровардани маҳсулоти ниҳоӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт ташкили 24 нуқтаи фурӯш дар назар дошта шудааст ва барои анҷоми хизматрасонӣ мошинҳои хизматӣ ҷалб хоҳанд шуд.
Мавриди зикр аст, ки намои зоҳирии бино бо усулҳои нави меъморӣ бунёд ва чароғон шудааст. Саҳн ва атрофи корхона сабзкорӣ шуда, ҳамчунин роҳравҳои берунии он ва таваққуфгоҳ, асфалтпӯш гардидааст.
Корхона дар масоҳати 4 ҳазору 800 метри мураббаъ доман густурда, аз ҷониби соҳибкори ҷавон Усмон Мирзоалиев бунёд гардидааст. Иншоот аз сехҳои алоҳидаи истеҳсолӣ иборат буда, ҳуҷраҳои роҳбарият, муҳосибот, фурӯш, маҷлисгоҳ ва ошхона барои 100 нафар дар бинои маъмурии дуошёна ҷойгир карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандон ва масъулин, ба онҳо ҷиҳати беҳтар кардани сатҳу сифати истеҳсолот ва рақобатпазир намудани он дастуру маслиҳатҳои муфид дода, ба фаъолият пардохтани корхонаро қадами муҳим барои рушди соҳаи саноат дар пойтахт арзёбӣ намуданд.
Дар навбати худ кормандон ва масъулини коргоҳи “Нонпаз” ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ ва фароҳамсозии шароити созгори кору фаъолият изҳори миннатдорӣ намуда, уҳдадор шуданд, ки минбаъд низ дар амалишавии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар дар самти рушди соҳаи саноат саҳми муносиби худро хоҳанд гузошт.