Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерришро ба ҳузур пазируфтанд
5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерришро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили мубрами ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақомро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки “Созмони Милали Муттаҳид дар татбиқи маҷмӯи барномаҳои авлавиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши назаррас дорад”.
Антониу Гутерриш дар навбати худ ба нақши намоёни Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ махсус таъкид дошта, аз ҷумла чунин изҳор намудаанд: “Тоҷикистон кишвари хурд ҳам бошад, дар кори Созмони Милали Муттаҳид ва дар умум кори ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири зиёд ва нақши барҷаста мебозад”.
Зимни вохӯрӣ роҳҳои пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои глобалӣ, ки имрӯз инсоният ба он рӯ ба рӯ гаштааст, муҳокима гардид.
Мавзӯъҳои муҳими суҳбат, ҳамчунин, ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, аҳаммияти татбиқи “Эъломияи Душанбе” аз рӯйи натиҷаҳои Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” ва амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки ба ҳалли мушкилоти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо низ равона гардидааст, андешаронӣ намуданд.
Дар ин зимн ислоҳоти низоми байналмилалии молиявӣ ба мақсади таъмини маблағгузории мунтазам ва дарозмуддат барои дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо доир ба таъсири тағйирёбии иқлим дар саросари ҷаҳон, бахусус натиҷаи пайомадҳои манфии ин раванд табодули андеша намуданд.
Таъкид гардид, ки кишвари мо талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати дарёфти роҳҳои коҳиш додани таъсири манфии тағийрёбии иқлим ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.
Зимни баррасии масоили амниятӣ ҷонибҳо аз вокуниши муштарак ба таҳдидҳои рӯзафзуни терроризм, ифротгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатарҳои глобалӣ ҷонибдорӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон талошҳои Созмони Милали Муттаҳидро ҷиҳати ҳалли масъалаҳои рушди устувор, таҳкими сулҳу амният, инкишофи илму технология ва истифодаи навовариҳо, инчунин, таҳкими ҳамкорӣ дар самти рақамикунонӣ, ҷонибдорӣ мекунад.