Паёми телевизионӣ ба муносибати 27-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ

Навид Паём ва суханрониҳои Президент

Паёми телевизионӣ ба муносибати 27-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ

08.09.2018, шаҳри Душанбе

 

Ҳамватанони азиз!

Дар остонаи бисту ҳафтумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад, кулли сокинони сарбаланди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.

Маҳз истиқлолият имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини аҷдодии хешро мустақилона интихоб намоянд.

Ба ин маънӣ, истиқлолият неъмати бебаҳо, мояи ифтихор, манбаи худшиносӣ, сарчашмаи нерӯбахш ва омили бунёдии таҳкиму тақвияти пояҳои давлатдории миллии мо мебошад.

Мо ифтихор дорем, ки дар бисту ҳафт соли истиқлолият пойдевори давлатдории миллиамонро гузошта, барои таҳкими он бо заҳмати мардуми сарбаланди кишварамон корҳои бузургро ба анҷом расонидем ва имрӯз ба сӯи фардои осудаву обод устуворона қадам мегузорем.

Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки солҳои аввали истиқлолият кишвари азизи мо бар асари фитнаву дасисаи душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба зарбаи даҳшатноку ҳалокатборе гирифтор шуд.

Дар он айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба як воқеияти талхи рӯз табдил ёфта буд.

Вале хушбахтона, мардуми кишвар дар атрофи Ҳукумати қонунӣ ва фарзандони бонангу номуси худ муттаҳид шуда, ягона роҳи дурусти таърихӣ, яъне эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявиро пеш гирифтанд.

Ҳарчанд ки бисёр мушкилу тӯлонӣ буд, вале бо дастгириву пуштибонии самимонаи сокинон дар мамлакат оташи ҷанги таҳмилии бародаркуш хомӯш карда шуд, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ барқарор, рамзҳои давлати соҳибистиқлол қабул гардиданд ва барои рушди ояндаи давлат, ташаккули ҳисси миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум заминаҳои мусоид муҳайё карда шуданд.

Мо имрӯз бо қаноатмандӣ изҳор медорем, ки дар он айёми сангину ҳассос роҳи интихобкардаи халқи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт, зеро он роҳ ба сӯи пешрафт ва бунёди ҷомеаи мутамаддин буд.

Дар солҳои баъдӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қабули як қатор барномаҳои давлатӣ ва консепсияву стратегияҳои миллӣ ба шоҳроҳи рушди устувор ворид гардид.

Ҳамзамон бо ин, татбиқи ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат, корҳои бунёдкориву созандагӣ, яъне сохтмону таҷдиди инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ, иншооти энергетикӣ, роҳу нақлиёт ва дигар иқдомоти созанда вусъат пайдо карданд.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат тайи бисту ҳафт соли соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ аз 81 фоиз то 28 фоиз коҳиш ёфт ва мо тасмим гирифтаем, ки то соли 2030 сатҳи камбизоатии аҳолии кишварро ба 15 фоиз расонем.

Имрӯз мо дар доираи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ барои солҳои 2016–2020 ҷиҳати аз мамлакати аграриву саноатӣ ба кишвари саноативу аграрӣ табдил додани Тоҷикистон, яъне баланд бардоштани нақши саноат дар таъмини тараққиёти мамлакат заминаҳои заруриро фароҳам оварда истодаем.

Дар ин раванд, ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав, ба роҳ мондани истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул барои ҳамватанонамон ҳамаи тадбирҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Ҳоло ба шарофати хизмати аҳлонаи халқи азизамон ва заҳмату талошҳои миллати шарафмандамон се ҳадафи стратегии миллии мо – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба марҳалаи ниҳоии худ наздик расидааст.

Барои кишвари соҳибистиқлоли мо соли 2018 дар самти сиёсати хориҷӣ соли таърихӣ мебошад.

Моҳи марти соли ҷорӣ татбиқи ташаббуси чоруми Тоҷикистон доир ба ҳалли яке аз мушкилоти ҷиддитарини башарият, яъне об таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

Яъне ибтикори кишвари мо дар давоми даҳ соли минбаъда дар миқёси сайёра амалӣ мешавад.

Ҳамчунин, моҳи марти соли равон сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович ба кишвари мо ва моҳи августи соли ҷорӣ сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардида, дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ тамоми мушкилоту масъалаҳои дар давоми беш аз ду даҳсола миёни ду кишвари ҳамсоя бавуҷудомада ҳаллу фасл ва бартараф гардиданд.

Имрӯз Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо ҳамчун ҳамсояҳои наздиктарин бо ҳам ёру бародар, балки шарикони стратегӣ мебошанд, ки ин, албатта, мояи ифтихор аст.

Ҳамдиёрони арҷманд!

Таърихи башар собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҳар фарди бонангу номуси кишвар бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расад ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошад.

Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст доранд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Раванди бисёр мураккабу пурпечутоби ҷаҳонишавӣ ва таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи замони муосир моро ҳушдор медиҳанд, ки нисбат ба ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва давлати соҳибистиқлоли худро аз таъсири тазодҳои ҷаҳони имрӯза эмин нигоҳ дошта, ба хотири фардои ободу осуда саъю талоши бештар кунем.

Имрӯз ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаву софдилона барои рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва болоравии нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ вазифаи ҳар шаҳрванди ватандӯст ва бонангу номуси кишвар мебошад, чунки ояндаи ободи сарзамини аҷдодиамон аз ин омилҳо вобастагии мустақим дорад.

Мо – хурду бузурги кишвар бояд ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни сисолагии истиқлолияти Тоҷикистони маҳбубамон боз ҳам бештар заҳмат кашем, корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд кунем, иқтидори иқтисодӣ ва имкониятҳои содиротии мамлакатро тақвият бахшем, ҷойҳои нави кор муҳайё намоем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро мунтазам баланд бардорем, Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаҳои он ободу пешрафта гардонем ва собит созем, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҷомеаи мутамаддини асри бисту як ҷойгоҳ ва мақоми шоистаи худро дорад.

Ман ба азму иродаи мардуми соҳибмаърифату тамаддунсози тоҷик ва ҳар фарди бонангу номуси миллат эътимоди комил дорам ва хуб медонам, ки онҳо барои таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи озодӣ, пешрафти давлат ва ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон минбаъд низ тамоми талошу кӯшиши худро сафарбар месозанд.

Бо изҳори ин ниятҳои нек бори дигар ҷашни фархундаи 27-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзӣ самимона табрик мегӯям.

Ба хурду бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлол тандурустиву саодати рӯзгор ва ба кишвари маҳбубамон сулҳу суботи абадӣ, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолу озодӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!