Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик мегӯям.
Ба ҳар як хонадони кишвар, пеш аз ҳама, тандурустӣ, иқболи нек, рӯзгори босаодат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу субот ва осоишу ободии рӯзафзун орзу менамоям.
Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар моҳи мубораки Рамазон, дар баробари адои фаризаҳои динӣ, ба хотири ободии Ватан ва осудагии рӯзгори ҳар як хонадони мамлакат софдилона заҳмат кашиданд ва суннатҳои неки миллиамон – дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва беморону шахсони бесаробонро вусъат бахшиданд.
Воқеан, ҳикмат ва фазилати моҳи Рамазон ва иди саиди Фитр тарбияи инсони солеҳу хайрхоҳ ва ғамхору савобҷӯй мебошад.
Имсол мо иди суннатии мардуми мусулмон – иди саиди Фитрро дар даврае истиқбол мегирем, ки дунёи муосир дар шароити бисёр буҳрониву муташанниҷ ва ҷомеаи башарӣ дар яке аз вазнинтарин солҳои таърихи худ қарор дорад.
Ҳоло бар асари мухолифату низоъҳои сиёсиву низомӣ ва таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ, ки аз талошу кӯшишҳои аз нав тақсим кардани ҷаҳон сарчашма мегиранд, вазъи сайёра ба андозаи бесобиқа мураккаб гардидааст.
Чунин вазъи нобасомон боиси буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ гардида, зиндагии сокинони бисёр минтақаву кишварҳои оламро сахту сангин гардонида истодааст.
Бар замми ин, мушкилоти глобалӣ – тағйирёбии иқлими сайёра ва оқибатҳои он – камобӣ, хушксолӣ ва офатҳои табиӣ, инчунин, идома пайдо кардани пандемияи КОВИД – 19 боиси камчинии маводи ғизоӣ ва болоравии нархи ҳама гуна молу маҳсулот ва хизматрасониҳо гардидааст.
Дар чунин шароит мо бояд шукронаи истиқлолу озодии Ватанамонро ба ҷо оварем, ба қадри неъмати бузурги бо қимати гарон ва заҳмати зиёд бадастовардаамон – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расем ва онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Барои пешгирӣ кардани таъсири манфии вазъияти баамаломада ва омилҳои зикршуда ба зиндагиву рӯзгори халқамон ва таъмин намудани рушди устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллиамон мо бояд нисбат ба ҳар вақти дигар бештар заҳмат кашем, истифодаи самараноку оқилонаи имкониятҳои фаровони табиии кишварамон – замин ва обро таъмин кунем ва ҳарчи зиёдтар маҳсулоти ғизоӣ истеҳсол намоем.
Ҳамчунин, мо бояд манфиатҳои милливу давлатии худро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузошта, тамоми саъю кӯшиши хешро барои ободии Тоҷикистони биҳиштосоямон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон равона кунем.
Дини мубини ислом, ки саршор аз аҳкому андешаҳои панду ахлоқист, ҳар як мусулмонро ба анҷом додани амалҳои неку савоб ҳидоят менамояд.
Шукргузорӣ аз неъмати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва суботу амният низ, махсусан, дар шароити мураккабу хатарзои имрӯза аз ҷумлаи амалҳои неку писандида мебошад.
Худованди мутаол дар сураи «Иброҳим» ояти ҳафти Қуръони маҷид мефармояд: «Парвардигори шумо хабардор сохт, ки агар шукр кунед, ба шумо зиёда диҳам ва агар носипосӣ кунед, ҳароина азоби ман сахт аст».
Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон намоям, ки шукр кардан, танҳо бо забон намешавад, балки бо рафтору амали оқилона, саъю талоши ватандӯстона ва бо андешаву ташаббуси созанда, эҷодкорона ва ободгаронаи ҳар яки мо собит мегардад.
Ба ин маънӣ дар як ҳадиси Пайғамбари ислом низ омадааст, ки дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст.
Бинобар ин, ҳар як фарди огоҳ ва бонангу номуси ҷомеа, ки фардои Ватан, давлат ва миллат барояш азиз аст, аз ҷумла аҳли маориф, зиёиён, фаъолон, падару модарон, хизматчиёни давлатӣ, инчунин, ходимони динро зарур аст, ки наврасону ҷавонони кишвар, яъне насли ояндасозро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтиром ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, ки истиқлолу озодӣ ва гиромӣ доштани таърих, забон ва фарҳанги миллӣ аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо мебошанд, тарбия намоянд.
Бори дигар таъкид мекунам, ки ҳадафи асосии Ҳукумати мамлакат тарбия кардан ва ба камол расонидани насли соҳибмаърифат, содиқ ба Ватан, миллат ва давлати худ, босаводу донишманд, созандаву эҷодкор ва инсонпарвару заҳматдӯст мебошад.
Зеро дар оянда танҳо шахсони босаводу таҳсилкарда, мутахассисони дорои сатҳи баланди касбият ва ихтироъкору навовар метавонанд кишварро соҳибӣ карда, Ватанро обод ва давлатро пешрафта гардонанд.
Хотирнишон менамоям, ки дар шароити пурҳаводису пурмоҷарои ҷаҳони муосир аҳли ҷомеаи мо ва махсусан ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, ба ҳар гуна андешаву ақидаҳои носолиму ифротӣ дода нашаванд, бо ҳисси баланди миллӣ ва садоқат ба Ватан барои ҳифзи арзишҳои миллӣ саъю талош намоянд.
Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки дар оянда Ватанамонро ба ҷуз онҳо, яъне фарзандони замони истиқлол каси дигар обод намекунад.
Ҳамчунин, мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар пояи одобу ахлоқи ҳамидаи миллӣ ва пеш аз ҳама, иззату икроми падару модар ва калонсолон ба воя расонем.
Ҳамватанони азиз!
Дар арафа ва рӯзи иди саиди Фитр анҷом додани амалҳои хайру савоб, аз қабили дастгирии моддиву маънавии ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва пиронсолону муҳтоҷон аз ҷумлаи корҳое мебошад, ки дар ҷомеаи мо ба анъанаи нек табдил ёфтааст.
Тибқи таълимоти ислом додани садақа бозкунандаи дарҳои савоб ва афзояндаи баракати умр мебошад.
Дар ояти 60 сураи «Тавба»-и Қуръони маҷид омадааст, ки садақа аслан барои фақирон ва мискинон пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон бо ин, як масъаларо хотиррасон менамоям, ки мо бояд дар ин рӯзи муборак бо дарназардошти душвориву мушкилоти дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада сарфаю сариштакориро фаромӯш накунем, ба худнамоиву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва барои дастгирии ятимону маъюбон, ниёзмандону камбизоатҳо ва анҷом додани дигар амалҳои хайр кӯшиш намоем.
Ҳамватанони азизи мо дар соли ниҳоят душвору вазнини таърихи башар, ки таъмини аҳолии бисёр кишварҳои олам бо маводи ғизоӣ ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтааст, ба масъалаи сарфаю сариштакорӣ дар рӯзи иди саиди Фитр ва рӯзҳои дигар муносибати ҷиддӣ дошта бошанд.
Дар баробари анҷом додани фаризаҳои динӣ мо бояд ҳамдигарро дастгирӣ кунем, ба якдигар меҳрубону ғамхор бошем, Ватани худро боз ҳам ободу зебо гардонем ва барои зиндагии шоистаи халқамон шароити мусоид фароҳам оварем.
Бовар дорам, ки ҳамватанони азизи мо минбаъд низ дар амалӣ гардидани иқдомоту ташаббусҳои созандаву ободгарона фаъолона ширкат менамоянд ва дар ободии Ватани маҳбубамон ҳиссаи арзишманди худро мегузоранд.
Бори дигар тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, ба ҳар як сокини мамлакат саломатӣ, ризқу рӯзии фаровон ва хонаи обод орзу менамоям.
Иди саиди Фитр муборак бошад, ҳамватанони азиз!