Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Тиргон
Имрӯз дар кишвари азизи мо яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва бузурги миллӣ – Тиргон таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.
Дар сарчашмаҳои муътабари таърихӣ ва осори илмиву адабии гузаштагони мо омадааст, ки ҷашни Тиргон ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим дар миёни мардуми мо бо хушҳоливу хурсандӣ ва бо риояи расму ойинҳои хоси он таҷлил мегардидааст.
Дар айёми Тиргон ғалла расида, бисёр навъҳои мева низ мепазанд ва ҷамъоварии ҳосили парваришнамудаи марди деҳқон вусъат мегирад.
Яъне ба қавли мардуми тоҷик давраи долу зарби кори кишоварзӣ фаро мерасад.
Ба ин маънӣ Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироатҳо робитаи мустақим дорад.
Тиргон яке аз ҷашнҳои мардумони ориёитабор мебошад ва онро дар гузашта рӯзи сенздаҳуми моҳи тир баргузор мекарданд ва ҷашн ба муддати нӯҳ рӯз таҷлил карда мешуд.
Вале бо гузашти замон ва бо сабабҳои гуногун арзишҳои илмиву фарҳангии ин ҷашн камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, фақат маросиму одатҳое аз он боқӣ мондаанд, ки дар баъзе аз деҳоти минтақаҳои мухталифи сукунати қавмҳои ориёӣ риоя ва баргузор мегардиданд.
Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва оғози бунёди давлатдории миллӣ мо кӯшиш кардем, ки дар асоси сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ин ҷашни аҷдодии худро эҳё намоем, то мардуми куҳанбунёди тоҷик дар баробари дигар ҷашну ойинҳои таърихӣ аз мавҷудияти Тиргон ҳамчун ҷашни обу рӯшноӣ бохабар бошанд ва ба гузаштаи пурифтихори хеш арҷ гузоранд.
Тибқи суннатҳои Тиргон айёми ҷашнгирии он мардум хонаҳоро об пошида, покиза мекарданд, либоси тозаи сафед мепӯшиданд, гандуми ҳосили навро орд карда, нону таомҳои гуногун мепухтанд, дастархони идонаи худро бо анвои нону меваҷот оро медоданд, дар бозорҳо беҳтарин навъҳои маҳсулоташонро ба намоиш мегузоштанд ва аз маҳсули заҳмати хеш меболиданду сарҷамъона ва хурду бузург хурсандӣ мекарданд.
Аз ин бармеояд, ки талошу кӯшиш барои истифода аз неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу замин ба хотири пурбаракат гардонидани дастархони ҳар як хонадон дар сиришти мардуми мо ҳанӯз аз замонҳои қадим ҷой гирифтааст.
Имрӯз кишоварзони тоҷик ва умуман, ҳамаи онҳоеро, ки дар ихтиёри худ як порча замин доранд, зарур аст, ки бо истифода аз ойину анъанаҳои неки ниёгонамон, аз ҷумла суннатҳои ҷашни Тиргон ҳарчи бештар заҳмат кашида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намоянд, ба масъалаҳои таъмин намудани бозори истеъмолӣ, захираи маводи зарурӣ дар ҳар як оила ва содироти маҳсулот эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳанд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки дар заминҳои обӣ, аз ҷумла заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ кишти такрорӣ вусъат дода, рӯёнидани се – чор ҳосил ва коркарди маҳсулот таъмин карда шавад.
Баҳору тобистони соли ҷорӣ барои корҳои кишоварзӣ ва рӯёнидани ҳосили фаровон нисбатан мусоид омад, ки онро ҳамватанони азизи мо имрӯзҳо аз фаровониву арзонии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳо дида истодаанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамчунин, аз вазъи ноорому печидаи ҷаҳон, хусусан, дар масъалаи таъмин кардани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, мунтазам боло рафтани нархи маҳсулот ва мушкилоти норасоии оби ошомиданӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон хуб огоҳанд.
Дар чунин шароит мо бояд, пеш аз ҳама, шукронаи соҳибдавлативу соҳибватанӣ ва обу хоки ин Ватани муқаддасро ба ҷо оварем, сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона заҳмат кашем, фарзандонамонро тарбияи дуруст диҳем, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои деринаи миллиамонро, ки барои мо арзишҳои зиндагисозу ҳувиятсоз мебошанд, ҳифз кунем.
Бо умеди пешрафту ободии боз ҳам бештари Тоҷикистони маҳбубамон ҳамаи мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Тиргон, ки ҳамчун ҷашни обу рӯшноӣ аз наслҳои гузаштаи мо то ба имрӯз боқӣ мондааст, бори дигар самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як хонадони кишвар саломативу сарбаландӣ, рӯзгори обод, дастархони пурфайзу баракат ва фаровонӣ орзу менамоям.
Ҷашни бостонии Тиргон мубораку фархунда бошад, ҳамватанони азиз!