Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2024
31 декабри соли 2023, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2024 самимона табрик мегӯям.
Ба хурду бузурги сокинони мамлакат саломатӣ ва бахту саодат орзу менамоям.
Тавре ки чанд рӯз пеш дар Паёми худ иброз доштам, соли 2023, бо вуҷуди вазъи бисёр печидаву ноороми ҷаҳони муосир, барои кишвари мо боз як соли бобарору хотирмон гардид.
Дар Паём дастоварду пешравиҳои ноилгардидаи халқи Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ зикр гардиданд.
Яъне мо нақшаҳои барои соли 2023 пешбиникардаамонро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа муваффақона амалӣ намудем.
Дар натиҷа имрӯз шароити зиндагии мардуми кишвар нисбат ба солҳои гузашта хеле беҳтар гардидааст.
Ҳоло сокинони мамлакат ба фардои боз ҳам ободу осуда дилпурона назар мекунанд ва ба хотири пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли худ софдилона заҳмат мекашанд.
Хотирнишон менамоям, ки мо ҳанӯз мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб дорем.
Барои бартараф кардани мушкилоти дар ҳаёти мардумамон ҷойдошта ва ҳаллу фасли масъалаҳои мавҷуда мо барномаву нақшаҳои мушаххас қабул кардаем ва онҳоро зина ба зина амалӣ месозем.
Расидан ба истиқлоли энергетикӣ, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, саноатикунонии босуръат ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ҳадафҳои стратегие мебошанд, ки мо барои амалӣ намудани онҳо тамоми захираву имкониятҳои худро сафарбар кардаем.
Бо ин мақсад ҳоло дар кишвар бунёду азнавсозии неругоҳҳои азим, роҳу пулҳои замонавӣ, коргоҳу корхонаҳои муосир ва иншооти иҷтимоӣ, яъне муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва фарҳангу хизматрасонӣ бомаром идома дорад.
Дар ин раванд, мо ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа, яъне бо озуқавории истеҳсоли ватанӣ ҳарчи бештар таъмин намудани аҳолии мамлакат эътибори аввалиндараҷа дода истодаем.
Ҳадафи асосӣ аз иқдомоти зикршуда – муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ барои ҳамватанонамон, мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумамон ва фароҳам сохтани шароити зиндагии шоиста ба ҳар як фарди Ватани маҳбубамон мебошад.
Ҳамватанони азиз!
Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ барои таҷлили сазовори 35-солагии истиқлоли давлатӣ аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, соҳибкорони ватандӯст, шахсони саховатпеша ва аҳолӣ иқдому ташаббусҳои нек вусъати тоза пайдо карданд.
То имрӯз аз 28 ҳазору 350 иншооти тибқи нақша пешбинигардида 10 ҳазору 500 иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ба истифода супорида шудаанд, ки 37 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
Дар натиҷа ҳамаи гӯшаву канори мамлакат то дурдасттарин маҳаллу деҳоти он хеле ободу зебо гардида, бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ бартараф шуда истодаанд.
Мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки ҳоло корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми қаламрави кишвар бомаром идома доранд.
Бовар дорам, ки то ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ бо саъю талоши ватандӯстонаи мардуми заҳматқарини кишвар нақшаи тасдиқгардидаро пурра иҷро намуда, Тоҷикистони азизу биҳиштосоямонро ба гулистон табдил медиҳем.
Ҳамчунин, бо ифтихор хотирнишон менамоям, ки маҳз ба шарофати ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастии мардуми кишвар, сарҷамъии аҳли ҷомеа, саъю талоши содиқона ва заҳмати фидокоронаи халқамон нуфузу обрӯи Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ сол ба сол таҳким ёфта истодааст.
Ҳоло Тоҷикистони мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун кишвари пешсаф ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим эътироф гардидааст.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки ҳамватанони азизи мо аз вазъи ҷаҳони пурмоҷарои имрӯза, мушкилоти рӯз ба рӯз афзояндаи сайёра, вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ хуб огоҳанд.
Дар чунин шароит мо бояд ба ҳифзи неъмати бузургтарини зиндагиамон – истиқлолу озодӣ, дастовардҳои таърихии халқамон – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои милливу давлатиамон ҳамеша омода бошем.
Таъкид менамоям, ки сидқан дӯст доштани Ватан ва таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии давлати соҳибихтиёри тоҷикон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.
Мо бояд дар Соли нави мелодӣ ва солҳои дигар ба хотири таҳкими истиқлоли давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва густариши худшиносиву худогоҳӣ, боз ҳам баланд бардоштани мақоми байналмилалии кишварамон сарҷамъу муттаҳид бошем, бештар заҳмат кашем ва тамоми кӯшишу ғайрати худро ба хотири иҷрои рисолати олии ватандорӣ, яъне обод кардани Ватан ва пешрафта гардонидани давлати тоҷикон сафарбар созем.
Мо бояд ободии Ватанамонро аз хонаву кошона ва маҳалли зисти худ оғоз карда, кӯшиш намоем, ки дар ободии сарзамини аҷдодӣ, сарсабзу хуррам гардонидани он, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист саҳми худро гузорем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани тоҷиконро ба ҷаҳониён собит созем.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2024 самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мамлакат тансиҳатӣ, хушбахтӣ, файзу баракат ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.
Соли нави мелодии 2024 муборак бошад, ҳамватанони азиз!