Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар дар давраи омодагӣ ба таҷлили бистумин солгарди қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр пешниҳод мегардад.
Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд.
Сарқонуни кишвар Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд.
Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.
Ба ибораи дигар, Қонуни асосӣ бо иродаи мардуми кишвар сохти давлатдории навини тоҷиконро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд.
Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад.
Конститутсияи мо дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътирофшударо таҷассум намуда, баробарии ҳамаро дар назди қонун эълон дошт.
Маҳз бо риояи қатъии меъёрҳои конститутсионӣ мо имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем.
Дар баробари ин, мо хуб дарк мекунем, ки бо дарназардошти таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза ва мушаххасоти геополитикии он, инчунин манфиатҳои ҳаётан муҳимми миллӣ рӯ ба рӯи мушкилот ва вазифаҳои бузургтаре қарор дорем, ки ҳалли онҳо аз ҳар яки мо диди амиқи стратегӣ, иродаи матин, зиракии сиёсӣ ва амали ниҳоят санҷидаву масъулонаро талаб менамояд.
Зеро таърихи начандон тӯлонии давлатдориамон собит менамояд, ки ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, ҳимояи амният ва манфиатҳои милливу давлатӣ, устувор гардонидани ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа, инчунин таъмин намудани рушди иқтисоди кишвар ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар шароити торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар мебошад.
Мо азм дорем, ки масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, самаранокии бозори меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, такмили низоми идораи давлатӣ ва тақвияти нерӯи инсониро ҳал намоем.
Ҳукумати кишвар вазифадор аст, ки сарфи назар аз идомаёбии таъсири тӯлонии омилҳои буҳронӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда рушди устувори иқтисодиро дар доираи санадҳои стратегии қабулшуда таъмин намояд.
Ба Ҳукумати Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода мешавад, ки татбиқи чораҳои пешбинигардидаи ташкиливу сохториро доир ба назорати қатъии иҷрои барномаҳои қабулшуда таъмин намоянд.
Инчунин ҳангоми амалӣ намудани барномаҳо ба масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда, роҳҳои ҷалби сармоя ба иқтисодиёт, инкишофи нерӯи инсонӣ ва дигар омилҳо диққати ҷиддӣ дода шавад.
Ҳамватанони азиз!
Вакилони муҳтарам!
Пешрафти босуботи иқтисоди кишвар дар асоси санадҳои барномавӣ, пеш аз ҳама, Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015, Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2015 ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ таъмин гардида, иҷрои саривақтӣ ва самараноки онҳо таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Бори дигар таъкид месозам, ки ҷавҳари ҳуҷҷатҳои барномавии зикршуда таъмини некӯаҳволии мардуми кишвар мебошад.
Барои расидан ба ин ҳадафи стратегӣ роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва ҳамаи хизматчиёни давлатӣ вазифадоранд, ки ба иҷрои босифат ва саривақтии вазифаҳои муайянгардида бо масъулияти баланд муносибат намоянд.
Дар 7 соли сипаришуда маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ якуним баробар ва даромади пулии аҳолӣ 1,7 баробар афзудааст, вале дар шароити рушди босуръати иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва зарурати таъмин намудани рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар нишондиҳандаҳои зикршуда моро қонеъ карда наметавонанд.
Аз ин рӯ, мо бояд ба ташкили заминаҳои инкишофи босуботу дарозмуддат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоем.
Аз ҷумла бо дарназардошти он, ки то вақти ба охир расидани муҳлати татбиқи Стратегияи миллии рушд камтар аз ду сол боқӣ мондааст, зарур аст, ки дар баробари таҳлили натиҷаҳои бадастомада манбаъҳои таъмини пешрафти минбаъдаи иқтисодиёти кишварро муайян карда, таҳияи Стратегияи миллии рушдро барои давраи то соли 2030 оғоз намоем.
Амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат имкон медиҳад, ки ҳаҷми иқтисоди кишвар то соли 2020, яъне дар ҳафт соли оянда, то ду баробар афзоиш ёфта, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафари аҳолӣ на камтар аз якуним баробар зиёд карда шавад.
Тадриҷан беҳтар гардонидани сифати зиндагии мардум ва дар ин давра то 20 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии сиёсати иқтисодии мо мебошад.
Дар ин раванд бунёди инфрасохтори муосир ва устувори ҳифзи ичтимоии аҳолӣ ҳамчун вазифаи асосии Ҳукумат боқӣ мемонад.
Дар 7 соли гузашта тамоюли иҷтимоии буҷети давлатӣ ҳифз гардида, ҳаҷми хароҷот барои соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи 35 фоиз афзоиш ёфт ва 23 миллиард сомониро ташкил кард.
Дар 7 соли оянда бо ин мақсад, яъне ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 70 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.
Бояд гуфт, ки расидан ба ин ҳадафҳо бе таъмин намудани рушди минбаъдаи бахши воқеии иқтисод ва рақобатпазирии он, инчунин дар асоси имконияту захираҳои табиии кишвар такмил додани сохтори иқтисоди миллӣ ғайриимкон аст.
Ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли пурраи масъалаҳои таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар ин ҷода ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Дар 7 соли оянда, яъне то соли 2020, ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳои стратегиамон аз ҳисоби буҷет ва ҷалби сармоя сафарбарсозии беш аз 35 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон бо ин, барои такмил додани сохтори ташкиливу соҳавии иқтисоди кишвар ва тақвияти минбаъдаи он тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ дар давоми солҳои сипаришуда ба зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми сармоягузориву хизматрасонӣ, инчунин зиёд шудани даромади пулӣ, талаботи истеъмолии аҳолӣ ва, дар маҷмӯъ, ба таъмин гардидани рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат намуд.
Бо вуҷуди тамоюлҳои манфӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири онҳо ба иқтисодиёти кишвар, соли 2013 афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,4 фоиз нигоҳ дошта шуда, даромади пулии аҳолӣ 16,5 фоиз ва маоши моҳонаи як корманд 20 фоиз афзуд.
Дар натиҷаи мунтазам зиёд шудани даромади пулии аҳолӣ имрӯз сохтори хароҷоти хонаводагӣ хеле беҳтар гардидааст.
Масалан, соли 2001-ум 84 фоизи хароҷоти хонаводагӣ ба хариди маҳсулоти озуқа ва 16 фоиз барои молҳои ғайриозуқа ва хизматрасониҳо рост меомад.
Ҳоло ин нишондиҳандаҳо қариб баробар шудаанд, яъне имконияти мардум барои хариди молҳои маишӣ, пардохти хизматрасониву истироҳат ё пасандози қисми даромадҳояшон бештар шудааст.
Аз тарафи аҳолӣ дар 10 соли охир фақат барои харидории мошинҳои сабукрав, яхдону телевизор ва мебелу кондитсионерҳо беш аз 15 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст.
Аз ҷумла соли 2013 хароҷоти аҳолӣ танҳо барои хариди мошинҳои сабукрав 1,4 миллиард сомонӣ ва барои пардохти хизматрасониҳои операторони мобилӣ беш аз 1,7 миллиард сомониро ташкил додааст.
Ин танҳо арзиши суҳбат бо телефонҳои мобилӣ мебошад.Харидории худи телефонҳо, ки имрӯз беш аз 10 миллион ададро ташкил медиҳад, ба садҳо миллион сомонӣ мерасад.
Пасандозҳои бонкии аҳолӣ дар панҷ соли охир беш аз 3,2 баробар зиёд гардида, соли 2013 қариб ба 4 миллиард сомонӣ баробар шудааст.
Муваффақ гардидан ба суботи макроиқтисодӣ имконият фароҳам овард, ки соли 2013 сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоиз то 35,6 фоиз коҳиш ёбад.
Пешбинӣ шудааст, ки то соли 2015 ин нишондиҳанда 30 фоизро ташкил хоҳад кард.
Миқдори умумии ҷойҳои нави кории муҳайёшуда ва барқароргардида дар панҷ соли охир зиёда аз 870 ҳазор, аз ҷумла танҳо соли 2013 беш аз 185 ҳазорро ташкил кард, ки ин барои беҳтар гардидани вазъи бозори меҳнат ва сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.
Соли ҷорӣ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ боз 250 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд.
Аз ҷумла бо ин мақсад дар соҳаи саноат сохта, ба истифода додани 150 корхонаи нави истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки дар кишвари мо барои таъсиси корхонаҳои саноатии истихроҷи маъдан ва то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани он захираву имкониятҳои зиёд мавҷуданд.
Зарур аст, ки ин имкониятҳо ҳарчи пурра ва самаранок истифода шаванд.
Вобаста ба ин, таҳия ва татбиқ намудани Барномаи омӯзиш ва арзёбии захираи металлҳои нодир барои солҳои 2015-2025 низ ба рушди соҳа ва истифодаи самараноки сарватҳои табиии кишварамон мусоидат мекунад.
Солҳои охир таваҷҷуҳ ба азхудкунии захираҳои табиии кишварамон зиёд гардида истодааст.
Бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ҳоло дар ин соҳа якчанд лоиҳаи азими сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади буҷети давлатӣ ва имкониятҳои содиротии кишвар афзун мегарданд.
Бо дарназардошти ин, ба рушди саноати металлургияи ранга ҳамчун соҳаи ояндадор диққати махсус дода мешавад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки давлат метавонад дар самти истифодаи қаъри замин тавассути таъсис додани ширкатҳои миллии давлатӣ ё муштарак фаъолона иштирок намуда, даромади бештар гирад.
Дар ин ҷода таҷрибаи давлатҳои ҷаҳон доир ба мустақиман ба бозори молиявӣ баровардани ширкатҳои миллӣ, ки иҷозатномаи азхудкунии захираҳои табииро доранд, қобили таваҷҷуҳ мебошад.
Аз ин лиҳоз, ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, инчунин Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зарур аст, ки дар хусуси ба бозори молиявии байналмилалӣ баровардани ширкатҳои миллӣ пешниҳоди асоснок манзур намоянд.
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ пайваста чораҷӯӣ карда истодааст.
Дар натиҷаи ба роҳ мондани тартиби соддакардашудаи бақайдгирии давлатии субъектҳои хоҷагидорӣ имрӯз оғоз намудани фаъолияти соҳибкорӣ хеле осон гардидааст.
Дар баробари ин, таъкид месозам, ки бо дарназардошти ҳимояи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва пурра ба андозбандӣ фаро гирифтани корхонаҳои муштарак зарурати такмили санадҳои амалкунандаи меъёрии ҳуқуқӣ доир ба истихроҷи канданиҳои фоиданок ба миён омадааст.
Аз ин рӯ, ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати ворид намудани тағйироти дахлдор ба қонунгузории мамлакат чораҷӯӣ намояд.
Дар шароити рақобати шадиди бозорӣ моро зарур аст, ки тавассути ташаккул додани саноати миллии рақобатпазиру самаранок, навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкории истеҳсолӣ коркарди ҳарчи пурраи ашёи хоми ватаниро мунтазам таъмин кунем.
Бинобар ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо ҳарчи зудтар ҳуҷҷати барномавии пешбурди сиёсати ягонаи соҳаи саноатро омода карда, самтҳои асосии рушди соҳаро муайян ва барои татбиқи он чораҳои амалӣ андешад.
Дар доираи ин ҳуҷҷати барномавӣ мо бояд барои рушди зерсоҳаҳои алоҳидаи саноат, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ, ихтихроҷи маъдан ва ангишт, мошинсозӣ ва монанди инҳо шароити заруриро фароҳам созем.
Масалан, ҳамасола барои хариди масолеҳи сохтмон, аз ҷумла семент, аз хориҷи мамлакат то 5 миллиард сомонӣ харҷ карда мешавад, дар ҳоле ки барои ба роҳ мондани истеҳсоли семент, дигар навъҳои масолеҳи сохтмон ва пурра қонеъ намудани талаботи дохилии кишвар ашёи хом, қувваи корӣ, умуман, ҳамаи шароити зарурӣ мавҷуд аст.
Ҳоло мо бунёди чандин корхонаҳои истеҳсоли сементро бо иқтидори умумии зиёда аз 6 миллион тонна дар як сол дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ба нақша гирифтаем ва бовар дорем, ки бо ҳамин роҳ на танҳо талаботи дохилӣ қонеъ гардонида мешавад, балки имкони содироти он низ ба вуҷуд меояд.
Рушди ин соҳа имкон медиҳад, ки сохтмон вусъат пайдо карда, боз ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё шавад ва, муҳимтар аз ҳама, хароҷоти сохтмон, аз ҷумла нархи манзилҳои истиқоматӣ, арзон гардад.
Ташкили корхонаҳои нави истеҳсоли семент ва дигар масолеҳи сохтмон, марказҳои барқу гармидиҳӣ ва рӯз то рӯз зиёд шудани корхонаҳое, ки ангиштро ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебаранд, зарурати дучанд зиёд кардани истеҳсоли ангиштро ба миён меорад.
Дар замони истиқлолият дар мамлакат садҳо корхонаҳои истеҳсоли хишт, рег ва сангу шағал таъсис дода шудаанд.
Аз ин рӯ, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки ҷиҳати афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва ангишт ва дар солҳои наздик пурра қонеъ кардани талаботи дохилӣ, инчунин ба роҳ мондани содироти онҳо чораҳои зарурӣ андешад.
Ба роҳ мондани омӯзиш ва истихроҷи маъдани оҳан, сохта ба истифода додани корхонаҳои коркарди он ва ташкили истеҳсоли маҳсулоти гуногуни оҳанӣ метавонад эҳтиёҷоти ҳамаи соҳаҳои иқтисод, аз ҷумла соҳаи сохтмонро қонеъ гардонад.
Дар навбати худ, ин ба оғози рушди саноати металлургияи сиёҳ дар кишвар асос мегузорад.
Дӯстони азиз!
Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикии минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва барои истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда зарур аст, ки таҷдиду барқарорсозӣ ва сохтмони иншооти соҳаи энергетика босуръат идома дода шавад.
Зеро пешрафти ояндаи Тоҷикистон аз рушди гидроэнергетика вобастагии мустақим дорад.
Дар баробари ин, кишвари мо ҷонибдори самимии иқдому ташаббусҳои ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва дигар давлатҳои пешрафта доир ба рушди манбаъҳои барқароршаванда ва аз лиҳози экологӣ тозаи нерӯ ҳамчун зербинои “иқтисоди сабз” мебошад.
Ҷиҳати таъмини минбаъдаи кишвар бо қувваи барқу гармӣ тавассути барқарор намудани нерӯгоҳҳои мавҷуда ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав, аз ҷумла бунёди хатҳои интиқоли барқ, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, паст кардани талафоти он, истифодаи технологияи каммасрафи барқӣ ва аз ҷониби дигар, ба идораи оқилонаи захираҳои обӣ дар минтақа диққати афзалиятнок дода мешавад.
Рушди ояндаи иқтисоди кишварамон аз бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли қувваи барқ вобастагии калон дорад.
Шумо аз кӯшишҳои Ҳукумати мамлакат ва дурнамову нақшаҳоямон дар ин самт бохабар ҳастед.
Бо вуҷуди душвориҳои чандинсола ва сарфи маблағу вақти иловагӣ мо барои ташхиси мустақили байналмилалии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва арзёбии таъсири экологиву иҷтимоии он ҳанӯз моҳи декабри соли 2007 ба Бонки Умумиҷаҳонӣ муроҷиат кардем.
Ҳоло корҳои ташхису арзёбии лоиҳа идома доранд ва тибқи нақша тобистони соли ҷорӣ ба охир мерасанд.
Нерӯгоҳи Роғун барои мо иншооти тақдирсоз мебошад ва мо корҳои барқарорсозии онро тибқи нақшаи бо Бонки Умумиҷаҳонӣ мувофиқашуда пеш бурда истодаем.
Бо мақсади рушди соҳаи энергетика то имрӯз хеле корҳо ба анҷом расида, аз ҷумла бо истифода аз ангишти худӣ сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе – 2 идома дорад, ки навбати аввали он имсол ба кор андохта шуд.
Соли ҷорӣ нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” бо иқтидори 220 мегаватт ва навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори пурра, яъне 100 мегаватт, ба истифода дода мешавад.
Дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои таъмини пойтахт бо гармӣ ва барқ дар се соли оянда ҷиҳати то ба 400 мегаватт расонидани иқтидори Маркази барқу гармидиҳии Душанбе -2 чораҷӯӣ намояд.
Дар доираи барномаи давлатии қабулшуда дар мамлакат то охири соли 2013-ум 310 нерӯгоҳи барқи обии хурд бо иқтидори 29 ҳазор киловатт сохта шуда, сохтмони боз 10 нерӯгоҳи хурд бо иқтидори 14 ҳазор киловатт идома дорад.
Дар баробари ин, бо истифода аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ва имконияту воситаҳои мавҷуда, аз ҷумла бо роҳи густаришу суръат бахшидани ҳамкориҳои созандаву судманди бахшҳои давлативу хусусӣ ҷиҳати рушди соҳа бояд тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Барои таҷдиди низоми энергетикии мамлакат дар 10 соли охир беш аз 13 миллиард сомонӣ маблағ сарф шудааст ва дар ҳафт соли оянда бо мақсади ташкили фаъолияти устувори инфрасохтори энергетикӣ, рушди соҳа ва расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 22 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.
Ҳоло дар мамлакат 11 ширкати ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ, ба монанди Газпром (Россия), Тотал (Франсия), CNPC (Чин) ба иктишофу истихроҷи нафту газ машғул буда, то имрӯз ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ маблағгузорӣ кардаанд, ки ин барои дар оянда таъмин намудани кишвар бо нафту гази худӣ замина мегузорад.
Сохтмон ва таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳҳои барқи обии хурду бузург, аз ҷумла Роғун, Норак, Қайроққум, Сарбанд, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, хатҳои интиқоли барқи дохилӣ, инчунин бунёди хатти интиқоли барқи КАСА-1000 барои содироти нерӯи барқи изофаи дар фасли тобистон истеҳсолшаванда имконият медиҳанд, ки мо ба истиқлолияти энергетикии кишвар муваффақ шуда, эҳтиёҷоти аҳолиро дар тамоми фаслҳои сол ба нерӯи барқ таъмин намоем, ба рушди иқтисодиёти мамлакат такони ҷиддӣ бахшем, имкониятҳои содиротии кишварро афзун созем ва тавассути ҳамаи ин тадбирҳо ҳаллу фасли масъалаҳои имрӯзаи иҷтимоӣ, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакатро таъмин намоем.
Вакилони арҷманд!
Дигар омили муҳимтарине, ки ба рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар такони ҷиддӣ мебахшад, татбиқи лоиҳаҳои бунёди инфрасохтори коммуникатсионии дорои аҳамияти дохиливу минтақавӣ мебошад.
Соли 2014 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия 1,1 миллиард сомонӣ ва дар 7 соли оянда зиёда аз 8 миллиард сомонӣ сарф карда мешавад.
Татбиқи чунин лоиҳаҳо, аз ҷумла сохтмони хатти роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон, роҳҳои мошингарди байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма, Душанбе – Турсунзода, Айнӣ – Панҷакент, Восеъ – Ховалинг ва хусусан роҳи оҳани Ваҳдат – Ёвон – Қӯрғонтеппа барои беҳтар гардидани фазои сармоягузории кишвар, пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалии нақлиётӣ, инкишофи бозори дохилӣ ва афзоиши ҳаҷми хизматрасониҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Илова бар ин, ташкил ва рушди марказҳои нақлиётиву логистикӣ ҳамчун қисми таркибии инфрасохтори нақлиётии минтақавӣ метавонад имкониятҳои транзитии кишварро беҳтар намуда, ба афзоиши ҳиссаи мамлакат дар хизматрасонии минтақавию байналмилалии нақлиётӣ мусоидат намояд, ки ин ҳам ҷойҳои нави корӣ ва ҳам манбаи даромади иловагии буҷет ва рушди иқтисодиёт мебошад.
Дигар самти муҳими тавсеаи имкониятҳои коммуникатсионии кишвар соҳаи хизматрасонии авиатсионӣ буда, зиёд намудан ва ҳозиразамон гардонидани парки ҳавопаймоҳои ширкатҳои миллӣ, таҷдиди фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир ва то ба дараҷаи меъёру талаботи байналмилалӣ баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ зарур мебошад.
Ҳамзамон бо ин, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва рушди бемайлони соҳибкориву бахши хусусӣ бояд ҳамчун самти афзалиятноки тараққиёти мамлакат густариш бахшида шавад.
Бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, дар навбати худ, барои ташаккули табақаи миёна заминаи мусоид фароҳам оварда, дар маҷмӯъ тараққиёти босуботи иқтисоди кишварро таъмин менамояд.
Таҳлили сохтори соҳибкорӣ дар солҳои охир нишон медиҳад, ки ҳавасмандӣ ба фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ нисбат ба соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ камтар мебошад.
Ҳарчанд ки Ҳукумати мамлакат оид ба фароҳамсозии шароити мусоид барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ маҷмӯи тадбирҳоро амалӣ карда истодааст, вале суръати он ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯй нест.
Дар доираи Кодекси нави андоз барои пешрафти соҳибкории хурду миёна беш аз 240 номгӯй имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ гардидаанд. Танҳо соли гузашта маблағи умумии имтиёзҳои пешниҳодшуда 3,6 миллиард сомониро ташкил дода, соли ҷорӣ он ба 4 миллиард сомонӣ мерасад, ки ин маблағҳо дар ихтиёри субъектҳои хоҷагидор, яъне соҳибкорон, боқӣ мемонанд ва ба пешрафти фаъолияти онҳо мусоидат мекунанд.
Имтиёзҳои андозӣ минбаъд низ боқӣ мемонанд. Аз 1-уми январи соли 2015 андоз аз фоида кам карда мешавад.
Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард низ аз 1-уми январи соли 2015 кам ва аз 1-уми январи соли 2017 умуман бекор карда мешавад.
Илова бар ин, супориш медиҳам, ки дар 7 соли оянда ба фонди аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таъсисдодашудаи дастгирии соҳибкорӣ аз ҳисоби буҷет то як миллиард сомонӣ равона карда шавад.
Таъкид месозам, ки низоми фаъолият ва назорати истифодаи маблағҳои фонд дуруст ба роҳ монда шавад. Маблағҳои фонд дар навбати аввал барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон пешбинӣ шудаанд.
Дар баробари ин, бояд гуфт, ки дар масъалаи маъмурикунонии андоз ҳоло ҳам камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд.
Аз ин рӯ, Ҳукуматро зарур аст, ки бо мақсади таъмин намудани рушди устувори иқтисоди мамлакат дар бобати ҳалли масъалаҳои вобаста ба пешрафти соҳибкории истеҳсолӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар чораҳои мушаххас андешад.
Ин кор бояд ҳамчун самти афзалиятнок арзёбӣ гардида, тадбирҳои ҳавасмандсозии давлатӣ муайян ва бо дарназардошти мониторинги ин раванд ҳамасола татбиқ карда шаванд.
Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки солҳои 2014-2020 давраи дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ эълон карда шавад.
Бо дарназардошти тамоюлҳои рушди ҷаҳони муосир зарур аст, ки ислоҳотро доир ба тавсеаи соҳибкориву бахши хусусӣ идома дода, иҷрои хуҷҷатҳои қабулгардида таъмин карда шавад ва дар хусуси боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву рушди бахши хусусӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд.
Бо мақсади беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя ва дастгирии бахши хусусӣ, инчунин пурзӯр намудани кафолату уҳдадориҳои сармоягузорон моро зарур аст, ки бо дарназардошти риояи стандартҳои байналмилалӣ оид ба такмили низоми қонунгузорӣ ва механизмҳои байналмилалии кафолати сармоя ва созишномаҳои сармоягузорӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ кунем.
Дар ин раванд ҷиҳати ҷалби сармоя ва инкишофи соҳибкории истеҳсолӣ бояд ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо истифодаи технологияҳои муосир, истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва аз ҷиҳати экологӣ безарар афзалият дода шавад.
Яке аз роҳҳои муҳимми таъмин намудани рушди устувори иқтисоди кишвар истифода аз имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад.
Фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ду соли охир нишон дод, ки таваҷҷуҳи сармоягузорон ба онҳо пайваста зиёд мешавад.
Танҳо соли 2013 дар ин минтақаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 41 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли 2012-ум 2,4 баробар афзоиш ёфтааст ва миқдори ҷойҳои корӣ 80 фоиз зиёд шудааст.
Соли ҷорӣ дар минтақаҳои мазкур сохтмони корхонаҳои коркарди нафт, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, аз ҷумла семент ва молу маҳсулоти дигар дар назар аст.
Бинобар ин, Ҳукуматро зарур аст, ки доир ба ҷалби сармоягузорон ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва муҳайё намудани шароити мусоиди инфрасохторӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намояд.
Дар бобати бо ҷойи кор таъмин кардани аҳолӣ ва афзун намудани даромади буҷети давлат бозори истеъмолӣ ва хизматрасониҳо низ саҳми назаррас доранд.
Имрӯз ҳаҷми хизматрасониҳо қариб 50 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад.
Ин нишондиҳанда дар шаҳри Душанбе беш аз 75 фоизро ташкил медиҳад.
Вале таъкид бояд кард, ки дар таъмини бозори истеъмолӣ молу маҳсулоти воридотӣ, бахусус маҳсулоти озуқа ва баъзе намуди молҳои саноатӣ, ҳанӯз ҳам нақши асосӣ дорад ва ба болоравии нарх таъсири бевосита мерасонад.
Бо вуҷуди тамоюли рушди устувори савдои хориҷии кишвар ҳаҷми воридот нисбат ба содирот зиёд аст.
Раванди диверсификатсияи содироти кишвар суст ҷараён дорад ва дар гардиши савдо ҳиссаи молҳои ба содирот нигаронидашуда назаррас нест.
Масалан, аз ҳаҷми умумии алюминийи истеҳсолшуда ҳамагӣ то 3 фоиз ва нахи пахта то 10 фоиз дар дохили мамлакат коркард шуда, боқимонда ба хориҷи кишвар ҳамчун ашёи хом бароварда мешавад.
Ин дар ҳолест, ки таъсири омилҳои беруна, аз ҷумла пастравии нарх дар бозори ҷаҳонӣ ба маҳсулоти асосии содиротӣ – пахта, алюминий ва маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд аст.
Дар чунин шароит вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав ва кишоварзиро зарур аст, ки ба масъалаҳои ташкили истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии пахтагӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, истихроҷи маъдан ва коркарди сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга ва дигар маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд ва доир ба иҷрои ҳатмии барномаҳои қабулшуда чораҳои судманд андешанд.
Илова бар ин, бо мақсади таъмини иҷрои барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла доир ба рушди саноати сабук ва махсусан коркарди пурраи нахи пахта, инчунин дастгирии минбаъдаи соҳибкории истеҳсолӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ аз ҳисоби афзоиш ёфтани арзиши иловашуда, муҳимтар аз ҳама, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пешниҳод менамоям, ки андоз аз фурӯши нахи пахта ба боҷи содиротӣ аз он иваз карда шуда, ба содироти пилла ҳамчун ашёи хом боҷи содиротӣ ҷорӣ карда шавад.
Ин имконият медиҳад, ки ҳавасмандӣ ба коркарди нахи пахта ва пилла дар дохили кишвар афзун гардида, таъмини бозори дохилӣ беҳтар шавад, содироти маҳсулоти тайёр ба хориҷи кишвар афзоиш ёбад ва ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардад.
Ҳамзамон бо ин, шумораи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ва муҳлати расмиёти воридотиву содиротӣ содда карда шуда, ҷиҳати бартараф намудани такроршавии санҷишҳо аз ҷониби мақомоти гуногун чораҷӯӣ карда шавад.
Бо дарназардошти ворид шудани кишварамон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва зарурати таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти кишвар, инчунин беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва роҳ ёфтан ба бозорҳои ҷаҳонӣ мо бояд иқтисодиёти кишварамонро ба меъёрҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мутобиқ созем.
Дар ин раванд Ҳукуматро зарур аст, ки ҷиҳати соддагардонии расмиёти маъмурӣ барои содирот, воридот ва транзити молҳо ва таъмини иҷрои талаботи Стратегияи рушди инфрасохтори миллии сифат ва нақшаи чорабиниҳо оид ба ислоҳоти системаи танзими техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешад.
Умуман, моро зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан аз мамлакати аграрӣ-саноатӣ ба мамлакати индустриаливу аграрӣ табдил додани кишварамон чораҷӯӣ кунем ва бо ин мақсад барномаҳои дахлдорро роҳандозӣ намоем.
Вакилони муҳтарам!
Пешбурди самараноки сиёсати молиявӣ тақозо менамояд, ки идоракунии устувори молияи давлатӣ, афзоиши даромадҳои буҷет, такмили низоми андозбандӣ, шаффофият ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти буҷет, нигоҳ доштани вазъи мутавозини маблағгузории буҷет таъмин карда шавад.
Агар хароҷоти буҷети давлатӣ соли 2001 ҳамагӣ 314 миллион сомониро ташкил карда бошад, пас ин нишондиҳанда соли 2014 ба 14,1 миллиард сомонӣ баробар мегардад, яъне афзоиши он беш аз 45 баробарро ташкил медиҳад.
Ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки бо мақсади таъмин гардидани истифодаи самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ ва дар доираи ҳадафу афзалиятҳои барномаҳои қабулшуда равона намудани маблағҳо доир ба таҳияву татбиқи низоми ягона дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон бо ин, Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро зарур аст, ки истифодаи шаффофу самараноки маблағҳои давлатӣ, аз ҷумла даромад ва хароҷоти маблағҳои буҷетиро дар тамоми субъектҳои хоҷагидор таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Ба роҳ мондани ҳисобдорӣ ва ташкили низоми бақайдгирии амалиёти хариду фурӯши молу хизматрасониҳо яке аз вазифаҳои муҳимми Ҳукумат мебошад.
Татбиқи ин иқдом имконият медиҳад, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ саҳеҳ ба ҳисоб гирифта, тартиби муосири андозбандӣ ба роҳ монда шавад, фарҳанги андозсупорӣ ташаккул ёбад, меъёрҳои фоизи қарзҳои бонкӣ паст гарданд ва мубориза бо коррупсия муваффақона пеш бурда шавад.
Дар самти сиёсати пулию қарзӣ бояд корҳо ба хотири дар сатҳи барномавӣ нигоҳ доштани таваррум, таҳкими имконияти пардохтпазирӣ ва эътимоднокии низоми бонкӣ, ба роҳ мондани фаъолияти самаранок ва бехатари низоми пардохтҳо идома дода шаванд.
Дӯстони азиз!
Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани сиёсати минтақавӣ ба масъалаи рушди ҳамаҷонибаи минтақаҳои мамлакат ва беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ҳамаи шаҳру ноҳияҳо эътибори ҷиддӣ медиҳад.
Беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар яке аз афзалиятҳои сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, дар давраи истиқлолият бо ин мақсад 42,5 миллиард сомонӣ сарф карда шудааст. Мо ният дорем, ки дар 7 соли оянда барои рушди минтақаҳои мамлакат беш аз 110 миллиард сомонӣ равона намоем.
То имрӯз барномаҳои рушди танҳо 33 шаҳру ноҳияҳо таҳия ва қабул шудаанд. Зарур аст, ки дигар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои татбиқи сиёсати рушди деҳот ва дар оянда дар асоси иқтидору имкониятҳои маҳаллӣ тараққӣ додани шаҳру ноҳияҳо барномаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоиро таҳия намоянд.
Кор дар бобати устувор гардонидани имкониятҳои мақомоти идоракунии маҳаллӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо бо мақомоти марказии идоракунӣ минбаъд низ идома ёфта, ба такмили инфрасохтори шаҳраку деҳот, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, роҳсозиву обрасонӣ, фарҳангу варзиш, инчунин бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ афзалият дода мешавад.
Дар баробари ин, масъулияти роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба ҷалби сармоя, рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ зиёд гардида, назорат дар ин самт ҷоннок карда мешавад.
Дар раванди ислоҳот ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳимми иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода мешавад, зеро ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат аз сатҳи рушди ин соҳа вобастагии мустақим дорад.
Дар ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ инкишофи инфрасохтори он ва таъмини зиндагии шоистаи аҳолии деҳот дар солҳои минбаъда ҳамчун ҳадафи муҳимтарин боқӣ мемонад.
Ҳоло 46 фоизи аҳолии мамлакат дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсолоти соҳа соли 2013 ба 17 миллиард сомонӣ ва ҳиссаи он дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 21 фоизро ташкил кардааст.
Барои таъмини рушди ин соҳа мо ният дорем, ки дар ҳафт соли оянда беш аз 3 миллиард сомонӣ равона намоем.
Амалисозии маҷмӯи тадбирҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар ин самт имконият медиҳад, ки талаботи аҳолиро ба молҳои асосии озуқаворӣ аз ҳисоби истеҳсолоти дохилии кишвар ҳарчи бештар таъмин созем ва ба ин васила ба иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегиамон – ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ноил гардем.
Бинобар ин, Ҳукумати кишварро зарур аст, ки доир ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ, бахшҳои коркарди маҳсулоти он ва ҳавасманд гардонидани кишоварзон барои истифодаи самараноки захираҳои обу замин тадбирҳои иловагӣ андешад.
Инчунин тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати азхудкунӣ ва обёрии заминҳои нав чораҷӯӣ карда шавад.
Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзиро зарур аст, ки барои таъмин намудани иҷрои барномаҳои рушди соҳа, афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бо истифода аз механизми дастгирии молиявии давлатӣ ба масъалаҳои беҳтар гардонидани заминаи моддиву техникии хоҷагиҳои кишоварзӣ, таъмин намудани онҳо бо техникаву таҷҳизоти кишоварзӣ, инчунин васеъ ҷорӣ намудани дастовардҳои илм ва технологияҳои инноватсионӣ дар таъмини рушди соҳа аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.
Дар доираи иҷрои Фармони Президенти кишвар “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014” то имрӯз қариб 50 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардида, беш аз 100 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.
Бо дарназардошти он, ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат имкониятҳои мусоид барои ташкили боғу токзори нав ҳанӯз зиёданд, ба Ҳукумати кишвар супориш дода мешавад, ки то моҳи сентябри соли ҷорӣ барномаи нави рушди боғу токпарвариро барои даҳ соли оянда таҳия ва қабул намояд.
Баланд бардоштани сатҳу сифати ҳамаи намудҳои хизматрасонӣ ва тараққиёти соҳаи сайёҳӣ самти дигари пешрафти ояндаи иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар мебошад.
Рушди бахши сайёҳӣ барои ташкили ҷойҳои кории нав ва инкишофи истеҳсолот мусоидат мекунад, зеро бахши сайёҳӣ имконияти хуби фаъолияти соҳибкорӣ барои ҳар як шахси ташаббускор мебошад.
Мувофиқи таҳлилҳо амалӣ намудани ислоҳот имкон медиҳад, ки саҳми соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то соли 2020 то ба 5 фоиз ва саҳми ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт то 15 фоиз расонида шавад.
Тоҷикистон дар ин самт имкониятҳои бузурге дорад, ки аз мавҷудияти ёдгориҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои нодири тиббиву муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ ва дигар дороиҳое, ки табиат барои мо додааст, бармеоянд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат дар бахши сиёсати иҷтимоӣ то имрӯз як силсила барномаҳои мушаххас қабул карда шудаанд ва муваффақона амалӣ гардида истодаанд.
Соли ҷорӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 54,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ё 7,7 миллиард сомониро ташкил медиҳад ва мо азм дорем, ки дар 7 соли оянда соҳаҳои иҷтимоиро ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати давлат дар ҳаҷми умумии зиёда аз 70 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ кунем.
Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таъмини нафақа мебошад. Ба ин хотир аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар доираи имкониятҳои молиявии буҷети давлатӣ ҳамасола тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Дар натиҷа тайи 7 соли охир андозаи миёнаи нафақа дар кишвар 6,4 баробар афзоиш ёфтааст.
Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат дар соҳаи иҷтимоӣ минбаъд низ бомаром идома ёфта, бо мақсади дастгирии давлатии ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат ва беҳтар гардонидани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои гуногуни давлатӣ доир ба масъалаи муқаррар намудани дастгирии иловагии давлатӣ тавассути кумакҳои суроғавии иҷтимоӣ чораҳои муассир андешида мешаванд.
Дар сиёсати иҷтимоии кишвар соҳаи илму маориф дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои калидӣ боқӣ монда, Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди он тамоми имконоти худро истифода мебарад ва маблағгузории соҳаро ҳамасола ба таври назаррас афзоиш медиҳад.
Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза изҳор медорам, ки мактабу маориф инчунин омили муҳимтарини амнияти миллӣ низ мебошад, зеро дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза фақат насли наврасе, ки дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро хуб азхуд кардааст, метавонад дар оянда рушди босуботи иқтисодии кишварро таъмин намояд.
Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омӯзгор вобастагии зич дорад.
Соли гузашта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав қабул гардид ва дар ин қонун нахустин бор ба мақоми омӯзгор боби алоҳида бахшида шуд.
Мо бори дигар нишон додем, ки омӯзгор дар ҷомеаи мо мақоми хоса дорад.
Тибқи ин қонун ба омӯзгорон имтиёзҳои зиёде пешбинӣ шудаанд ва ман аз тамоми масъулини Ҳукумат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ талаб менамоям, ки иҷрои бечунучарои муқаррароти қонуни мазкурро таъмин созанд.
Мо минбаъд низ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонем, зеро такроран хотирнишон месозам, ки омӯзгорон тарбиятгарони наслҳои ояндасози миллат ва давомдиҳандагони анъанаву суннатҳои пурифтихори миллии мо мебошанд.
Маҳз ба ҳамин хотир, ки маориф соҳаи ояндасози ҳаёти кишвар мебошад, мо ба нақша гирифтаем, ки бо мақсади ҳалли масъалаҳои таълиму тарбияи насли навраси халқамон ва умуман ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаи маориф ва беҳтар гардонидани таъминоти иҷтимоии аҳли маориф дар 7 соли оянда 27 миллиард сомонӣ ҷудо намоем.
Исбот гардидааст, ки дар замони муосир пешрафти иқтисодии ҳар як кишвар аз сатҳи фаъолият ва дараҷаи тарбияи кадрҳо дар мактаби олӣ вобастагии зиёд дорад.
Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот ва ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии таҳсилот тамоми имкониятҳои худро истифода менамояд.
Эътирофи ҳуҷҷатҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар кишварҳои аврупоӣ аз дастовардҳои муҳимми соҳа мебошад, ки маҳз бо иқдоми Ҳукумати мамлакат амалӣ шудаанд.
Минбаъд муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро лозим аст, ки истифодаи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро дар ҷараёни таълим ба роҳ монанд, таҷрибаи байналмилалиро омӯзанд, нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва таҳсилот мутобиқ гардонанд ва то соли 2020 гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилотро таъмин намоянд.
Соли ҷорӣ қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бори аввал тавассути имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ дар Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда мешавад. Мо ба ин кор дар асоси хоҳишу дархости зиёди падару модарон ва бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи кадрҳо, инчунин пешгирӣ кардани амалҳои коррупсионӣ дар ҷараёни имтиҳоноти қабул иқдом намудем.
Дар иртибот ба ин, Вазорати маориф ва илм вазифадор аст, ки рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро ҳамасола муайян ва ба аҳли ҷомеа пешниҳод намояд, то ки довталабон ихтисос ва мактаби олиро дуруст интихоб карда тавонанд.
Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи илмро дар баробари маориф ва фарҳанг самти афзалиятноки стратегияи рушди миллӣ эълон намуда, ба хотири таҳкими асосҳои моддиву техникии Академияи илмҳо ва таъмин намудани фаъолияти самараноки муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Мо барои тараққӣ додани илми ватанӣ дар 15 соли охир 362 миллион сомонӣ сарф намудем ва пешбинӣ кардаем, ки дар 7 соли оянда ба ин самт зиёда аз 600 миллион сомонӣ равона созем.
Бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои академӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтирооти нав, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд.
Аз ҷумла муассисаҳои Академияи илмҳо вазифадоранд, ки дар иҷрои се ҳадафи стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ нақши фаъолона дошта бошанд.
Вазифаи муҳимми олимони кишвар бо дарназардошти шароити давлати соҳибистиқлол таҳқиқ намудани таърихи пурифтихори миллат, проблемаҳои фалсафа ва адабиёту фарҳанги бою рангоранги тоҷикон, поку бегазанд нигоҳ доштан ва таҳким бахшидан ба мақоми забони давлатӣ, тоза нигоҳ доштани забони муошират, эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгон мебошад.
Ягона тақозои давлат аз олимону муҳаққиқон ин аст, ки илмро ҳамқадами замон созанд. Ба ибораи дигар, илм бояд ба халқ хизмат кунад ва ба пешрафти давлат мусоидат намояд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва
вакилони Маҷлиси намояндагон!
Барои ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ, бахусус мутобиқи талаботи имрӯзаи бозори меҳнати дохилию хориҷӣ омода намудани мутахассисон зарур аст, ки минбаъд банақшагирии тарбияи кадрҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбӣ дар асоси таҳлили талаботи бозори меҳнат ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба роҳ монда шавад.
Бинобар ин, ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи занон ва оила, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бори дигар супориш дода мешавад, ки доир ба тақвияти низоми ягонаи омӯзиши касбии шаҳрвандони бекор, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва аҳолии калонсол, инчунин ташкили кори хонагӣ, ҳунарҳои дастӣ ва дигар намудҳои косибӣ барои занону духтарони хонашин ва бо ҳамин роҳ паст намудани шиддати бекорӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар ин росто, зарур аст, ки дар давоми 7 соли оянда на камтар аз як миллион нафар шаҳрвандони мамлакат аз курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаронида шаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҳамаи вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вазифадоранд, ки бо мақсади татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба бахши хусусӣ доир ба ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, обёриву азхудкунии заминҳои нав ва рушди кишоварзӣ ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
Моҳи ноябри соли 2013 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб мегарданд, дар доираи як вазорат муттаҳид карда шуданд.
Дар ин замина, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки дар раванди татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат фаъолияти худро дар доираи стратегияву барномаҳои қабулгардидаи давлатӣ ба роҳ монда, доир ба ҳалли масъалаҳои беҳтар намудани дастрасии аҳолии камбизоат, хусусан пиронсолону маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ба хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ мунтазам чораҷӯӣ намояд.
Дар 15 соли охир ба соҳаи тандурустии кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 4,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст ва ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи соҳа дар 7 соли оянда 14 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.
Ҳамчунин бо мақсади таъмини фаъолияти пурсамари муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки доир ба зиёд кардани ҳиссаҷудокунӣ барои таъминоти муассисаҳои тандурустӣ, харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ, сохтмони бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои мавҷудаи тандурустӣ, инчунин тарбияи мутахассисоне, ки қобилияти баланди бо техникаву технологияи муосир кор карданро дошта бошанд, тадбирҳои муассир андешанд.
Дар сиёсати иҷтимоии давлат соҳаи фарҳанг яке аз самтҳои муҳим ба шумор меравад, зеро дар баробари пешрафти дигар соҳаҳои иҷтимоӣ рушди устувори ҷомеаро бе инкишофи бонизоми фарҳанг тасаввур кардан душвор аст.
Имрӯз тамоюли ҷаҳонишавии фарҳанг аз ҷумлаи проблемаҳои глобалии асри ХХI мебошад. Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз раванди босуръати ҷаҳонишавӣ ва падидаву зуҳуроти мусбату манфии он дар канор буда наметавонад.
Вобаста ба ин, мо бояд имрӯз низоми нави рушди соҳаи фарҳангро ташаккул диҳем, ки мазмуну мундариҷаи он ба ташаккули симои нави маънавии инсон таъсири амиқ гузошта, тафаккур, заковати фитрӣ, маънавиёт, майлу рағбати зебоипарастӣ ва ҳунари эҷодгариву анъанаҳои бузурги фарҳангсолории халқамонро инкишоф диҳад.
Иҷрои ин рисолати муҳимми миллӣ, ҳамчунин дар зеҳни насли наврас ва ҷавонон решадор сохтани ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ба раванди ободониву созандагӣ даъвату сафарбар намудани мардум вазифаи аҳли зиё низ мебошад.
Зеро зиёиён посдорони нангу номуси миллӣ ва равшангарони роҳи фардои миллатанд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар раванди татбиқи сиёсати давлатии кадрҳо ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону ҷавонон, фаъол гардонидани нақши онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва ҷавонгардонии синну соли ҳайати кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.
Дар байни аъзои Ҳукумат имрӯз шумораи занон ду баробар зиёд гардида, дар мақомоти олии намояндагии кишвар 11 нафар занон фаъолият доранд.
Аз 18 300 нафар хизматчиёни давлатӣ, ки дар мақомоти марказиву маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳо фаъолият менамоянд, 4315 нафар ё 24 фоизро занон ташкил медиҳанд.
Айни замон танҳо дар мансабҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ 1100 нафар занон фаъолият доранд, ки аз ин 500 нафар ба сохторҳои роҳбарикунандаи вазорату идораҳо рост меояд.
Имрӯз аз 193 ҳазор нафар кормандони соҳаи маориф 54,9 фоиз ё қариб 106 ҳазор нафар ва дар соҳаи тандурустӣ аз 88 ҳазор нафар кормандон 66,5 фоиз ё қариб 60 ҳазор нафар занон мебошанд.
Солҳои охир нуфузи занон дар самти соҳибкорӣ бештар гардида, имрӯз онҳо беш аз 30 фоизи соҳибкорони мамлакатро ташкил медиҳанд.
Сафҳои хизмати давлатиро ҷавонон ҳам пурра намуда, имрӯз ҷавонони то 35 – сола 7600 нафар ё 41,4 фоизи хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳанд ва зиёда аз 1200 нафари онҳо мансабҳои роҳбарикунандаро ишғол менамоянд.
Дар баробари ҷалби бештари занону ҷавонон ба идоракунии давлатӣ зарур аст, ки ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ ва қобилияти ташкилотчигии онҳо диққати доимӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи
ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ ва хизмати содиқона ба халқу Ватан тарбия ва ҳидоят намоем.
Қобили зикр аст, ки оила ҳамчун падидаи иҷтимоиву ҳуқуқӣ маҳаки асосии ҷамъиятро ташкил дода, дар сатҳи Конститутсияи кишвар барои ҳифзи он ва таҳти ғамхории махсуси давлат фаро гирифтани модару кӯдак аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Бинобар ин, зарурат ба миён омадааст, ки бо дарназардошти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак ба Кодекси оила дар хусуси фарзандхонӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, ҳамзамон бо ин, низоми қонунгузории оилавӣ такмил дода шавад.
Дар чандин суханрониҳои худ иброз дошта будам, ки ятимони куллро дар муҳити оила тарбия кардан ҳам беҳтар аст ва ҳам савоби бузург аст. Тасаввур кунед, ки агар беш аз сеюним ҳазор ятимони кулл якнафарӣ ба муҳити оила фаро гирифта шаванд, чӣ қадар оилаҳо соҳиби фарзанд ва хушбахт мегарданд.
Дӯстони азиз!
Риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо, яъне волоияти қонун, яке аз роҳҳои муҳимми ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб меёбад.
Ин кор аз мақомоти давлатӣ, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо сатҳи баланди фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад.
Имрӯз дар заминаи меъёрҳои Конститутсия андешаҳои муосири парламентаризми миллӣ рушду такомул ёфта, аз ҷониби парламенти мамлакат раванди эҷоди қонун, ки ҳадафи он ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва танзими муносибатҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа мебошад, бомаром идома дорад.
Воқеан, амалӣ гаштани қонун аз сифати он вобастагӣ дорад. Сифати баланди қонун амалӣ гардидани ҳадафҳои асосии қабул ва самаранокии онро таъмин мекунад.
Дар иртибот ба ин, мехоҳам як нуктаро хотирнишон намоям, ки вазифаи мақоми олии қонунгузори кишвар, пеш аз ҳама, таҳия ва қабули қонунҳое мебошад, ки бо такя ба арзишҳои демокративу умумибашарӣ ҷавобгӯи талаботи замони муосир бошанд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин намоянд.
Бинобар ин, субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ вазифадоранд, ки ҳангоми таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо зарурат, аҳамият ва дурнамои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, асосҳои иқтисодиву молиявӣ ва тартиби амалишавии онҳоро дар маркази диққат қарор диҳанд.
Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки вазъи имрӯзаи қонунгузорӣ гузаронидани мониторинги ҳуқуқиро тақозо дорад.
Дар баробари ин, ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро, ки арзиши олии ҷомеаи мо эътироф шудаанд, самти афзалиятноки фаъолияти худ ҳисобида, қабули шаҳрвандон ва баррасии холисонаву ҳаматарафаи муроҷиатҳои онҳоро боз ҳам тақвият бахшанд.
Риоя ва иҷрои қонун, на танҳо масъулияти баланди шаҳрвандиро тақозо менамояд, балки назорати доимии давлатиро низ талаб мекунад.
Бинобар ин, мақомоти прокуратураро зарур аст, ки назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро тақвият бахшида, ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва иҷрои бечунучарои он аз ҷониби ҳамаи шахсони ҳуқуқӣ ва ҳар як шаҳрванд минбаъд низ ҳамаи чораҳои пешбиникардаи қонунро бо масъулияти баланд ва поквиҷдонона амалӣ намоянд.
Имкониятҳои техникаву технологияҳои муосир, бахусус интернет, имрӯз барои рушди илму фарҳанг ва пешрафти ҳаёти ҷомеа нақши муҳим доранд.
Аммо тавре ки мушоҳида мешавад, имрӯз шабакаҳои иттилоотиву коммуникат¬сионӣ, аз ҷумла интернет, аз ҷониби шахсон ва гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятпеша бо мақсади ҷиноятҳои киберӣ, яъне барои паҳн намудани ғояҳои ифротгароёнаву тундравона, бахусус дар байни ҷавонон ва ноболиғон, ба таври васеъ истифода мегарданд.
Вобаста ба ин, ҳамаи мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеа, алалхусус дар байни наврасону ҷавонон, бо дарназардошти воқеияти имрӯза, аз ҷумла пешгирӣ кардани таъсири манфии ҷаҳонишавии фарҳангӣ ва дар ин раванд таъмин намудани амнияти иттилоотӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Ҳарчанд ки то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар ин самт корҳои зиёде амалӣ гардидаанд, вале вазъи риояи қонун ва тартибот дар кишвар, аз ҷумла дар байни ҷавонон ва ноболиғон, ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад.
Бинобар ин, зарур мешуморам, ки Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳатҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии содиршавии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳоро аз ҷониби ноболиғон ҳамаҷониба омӯхта, дар муддати шаш моҳ лоиҳаи қонун «Дар бораи асосҳои низоми огоҳкунӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон»-ро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишварро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти кор бо ҳайати шахсӣ боз ҳам вусъат бахшида, дар хусуси ба кор қабул намудани кадрҳои поквиҷдону баландихтисос ва содиқ ба халқу Ватан, пешгирӣ намудани коррупсия ва ҳама гуна кирдорҳои ғайриқонунӣ дар фаъолияти сохтору мақомоти зикршуда чораҳои таъсирбахш андешанд.
Дар раванди пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо унсурҳои ҷинояткор вусъат бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти милитися, бо аҳолӣ хеле муҳим мебошад.
Бо мақсади таҳкими чунин ҳамкориҳо ҳанӯз моҳи июни соли 2012 Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» интишор гардида буд.
Вале бо дарназардошти шароити имрӯза зарур аст, ки самтҳои асосии чунин ҳамкориҳо дар доираи барномаи алоҳидаи давлатӣ ба танзим дароварда шаванд.
Аз ин рӯ, Вазорати корҳои дохилӣ вазифадор карда мешавад, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар таъмин кардани тартиботи ҷамъиятӣ лоиҳаи барномаи ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолиро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд.
Масъалаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир низ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шумор рафта, дар ин ҷода тайи солҳои охир корҳои муайян ба сомон расонида шудаанд.
Имрӯз Тоҷикистон аз рӯи ҳаҷми мусодираи маводи мухаддир дар ҷаҳон мақоми шашумро ишғол мекунад.
Боз ҳам тақвият додани муқовимат бо маводи мухаддир ва татбиқи талаботи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои солҳои 2013 – 2020 ва дигар санаду барномаҳои соҳавӣ вазифаи Агентии назорати маводи нашъадор, ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мебошад.
Масъалаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ва татбиқи ҳамаҷонибаи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дар оянда низ ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати ҳуқуқии давлат боқӣ мемонад.
Муқовимат ба терроризм, экстремизм, хариду фурӯши одамон ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ вазифаи ҷонии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Ҳукумат барои навсозӣ, яъне модернизатсияи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва сохторҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ, фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагиву хизмат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Ҳоло дар кишварамон барои тарбияи кадрҳои баландихтисоси низомӣ Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, чандин донишкадаву дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаъолият мекунанд.
Ҳукумати мамлакат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадоранд, ки масъалаҳои фароҳам овардани базаи моддиву техникии мусоидро барои тарбияи кадрҳои низомӣ, тайёр кардани кадрҳои ба давлат ва халқу Ватан содиқ, ба талаботи рӯз ҷавобгӯй ва соҳибмаърифату дорои ҷаҳонбинии муосир таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.
Мо барои ташаккули низоми судии кишвар, баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа ва ба сатҳи байналмилалӣ баровардани он то имрӯз корҳои назаррасеро ба анҷом расонидем.
Ҳокимияти судӣ минбаъд низ такмил меёбад ва ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ идома дода шуда, барои эҷоди заминаи ҳуқуқии ин ҳадафҳо қонунҳои зарурӣ таҳия ва қабул карда мешаванд.
Бо мақсади рушди низоми судии кишвар, баланд бардоштани сатҳи касбии судяҳо, нақш ва мавқеи суд дар таъмини воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ҳоло барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои се соли оянда таҳия шуда истодааст.
Зарур аст, ки барномаи зикршуда то охири соли ҷорӣ ба Президенти кишвар пешниҳод карда шавад.
Ҳамчунин бо мақсади рушди низоми адлияи кишвар ва ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ намудани он Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки то охири соли ҷорӣ «Стратегияи рушди низоми адлияро барои солҳои 2015-2020» таҳия ва қабул намояд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Таҳаввулот ва тағйироти торафт афзоянда дар арсаи байналмилалӣ, ки аксари онҳо натиҷаи бархӯрдҳои бесобиқа ва пуршиддати манфиатҳои нерӯҳои абарқудрат ва бозигарони муҳимтарини саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ мебошанд, таҳияи самтҳо, ба ҳисоб гирифтани ҷузъиёт ва омилҳои сершумору мухталифи ин раванди мураккабу пуртазодро барои муайян намудани масири аслӣ ва муҳтавои матлуби сиёсати хориҷии кишвар душвор месозанд, ки он ҳам ҷавобгӯи манфиатҳои олии миллату давлат ва ҳам ба равандҳои асосии рушди равобити байналмилалии муосир созгор бошад.
Бисёр мантиқист, ки ин амалия аз мо таҳлили амиқ, муносибати боэҳтиёту ҳушёрона ба ҳар як омилу ҳар як ҷузъи он, ба нафъи кишвару сарзамин мутобиқ намудани мундариҷаву мазмуни иқдомотамонро тақозо дорад, ки ин кор дар вазъи имрӯза кори саҳл нест, алалхусус ки сиёсати хориҷии воқеъбинона, фаъол ва мутавозини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон бояд бо дарназардошти мавқеи геополитикӣ ва имкониятҳои табииву демографии он, инчунин сатҳи тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар амалӣ карда шавад.
Мисли ҳамеша ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурнамои дарозмуддат ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои олии кишвар бояд аз фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмини амнияти миллӣ, тақвияти рукнҳои давлатдорӣ, дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳо, эътибор ва манфиатҳои шаҳрвандони кишвар, таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилалӣ иборат бошанд.
Эҷоди камарбанди эътимоду амният дар тамоми тӯли сарҳади кишвар аз тариқи густариш ва таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо ҳамаи мамлакатҳои ҳамҷавор вазифаи муҳимтарини сиёсати хориҷӣ буд ва хоҳад монд.
Мо минбаъд низ ба анъанаҳои деринаву созандаи ҳамзистии дӯстонаи мардумони Осиёи Марказӣ содиқ мемонем.
Ба ин мақсад дар муносибатҳоямон бо кишварҳои ҳаммарз ба пешбурди сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек, адами мудохила ба корҳои дохилии якдигар, истифодаи воситаҳои дипломативу сиёсӣ дар ҳалли масъалаҳои баҳснок, аз ҷумла масъалаҳои сарҳадӣ ва обу энергетика, афзалияти комил хоҳем дод.
Мо итминони комил дорем, ки густариши ҳамкории созанда бо якдигар дар асоси дуҷониба ва бисёрҷониба воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, амниятиву экологӣ ва муқовимат бо таҳдиду хатарҳои глобалии муосир буда, ба манфиатҳои ҳаётии ҳамаи минтақа ва ҳар як кишвари Осиёи Марказӣ комилан созгор аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳояшро бо кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон ҳамеша дар асоси дӯстӣ, эҳтирому эътимоди тарафайн, хайрхоҳӣ ва ҳамкории судманду созанда пеш хоҳад бурд.
Тоҷикистон тақвияти дӯстии таърихии мардумони Осиёи Марказиро амри усулан зарурӣ медонад ва ҳамзамон бо ин, ҷонибдори густариши равобити ҳасана, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, равуои озоди одамону нақлиёт ва интиқоли бемамониати сармояву хизматрасониҳо буда, ҷиҳати таҳкими равандҳои ҳамгироӣ ҷонибдори рафъи низоми раводид дар минтақа аст.
Як ҳақиқат мусаллам аст, ки мардумони Осиёи Марказӣ метавонанд дар якҷоягӣ ва муттаҳидӣ ҳар гуна масъалаву мушкилотро ҳаллу фасл кунанд ва бар зидди ҳар гуна хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир якҷоя истодагарӣ намоянд.
Ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу суботи сиёсии пойдор дар қаламрави ҳамсояи ҷанубии мо – Афғонистони ҳамҷавор – ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётиву миллии Тоҷикистон аст.
Истиқрори сулҳи деринтизор ва эҳёи ҳаёти осоишта дар кишвари азияткашидаи Афғонистон бо таъмини амнияти минтақавӣ низ пайванди ногусастанӣ дорад.
Бо оғози хуруҷи воҳидҳои низомии эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ Афғонистони ҳамсоя ба марҳалаи нав ворид мешавад.
Дар ин давра зарур аст, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дӯстону хайрхоҳони Афғонистон ба ниёзҳо ва масоили мубрами он коҳиш наёбад ва дар ин кор кишварҳои минтақа низ бояд саҳми фаъол дошта бошанд.
Дар шароити навин бозсозии сохторҳои бунёдии Афғонистон тавассути сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои газ аҳаммияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва геоиқтисодӣ касб менамояд.
Дар ин замина мо омодаем, ки ҳамкориҳоро бо Афғонистони бародар густариш дода, имконоти худро ҷиҳати амалӣ гардонидани тарҳҳое, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа ва ин кишвар нигаронида шудаанд, сафарбар намоем.
Дар муносибатҳои мо бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, чун бо Афғонистон, омили марбут ба умумиятҳои таърихии мардумони мо мавқеи муҳим дорад. Ҳамкориҳои гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Эрон сол аз сол амиқтару ғанитар мегарданд.
Дар зарфи даҳ соли охир асоси муҳимми равобити мо – ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ хислати бунёдӣ пайдо намуда, ба сатҳи баландтар баромадааст.
Умед аст, ки раванди тавсеа ёфтани ҳамкориҳои сеҷонибаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон тақвияти бештар пайдо мекунад ва барои гузаштан ба марҳалаи сифатан нави иртибототи густурдаи кишварҳои мо мусоидат менамояд.
Тавсеаву рушд ва густариши муносиботи дарозмуддату босуботи Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва шарики асосии стратегии мо – Федератсия Россия низ аз ҳадафҳои асосии мост. Аслан сатҳ, мазмун ва муҳтавои равобити гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россияро на танҳо манфиатҳои геополитикӣ ва прагматизми иқтисодӣ, балки ҳамчунин заминаҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва пайвандҳои инсонӣ муайян месозанд.
Ҳарчанд мо сатҳу муҳтавои равобити худ, дараҷаи эътимод ва боварии тарафҳоро бо Федератсияи Россия хеле баланд арзёбӣ менамоем, рушду густариши минбаъдаи равобити ҳамаҷонибаи судманд бо ин кишвар, устувортар ва амиқтар намудани пайвандҳои иқтисодӣ ва алоқаҳои фарҳангӣ, қавитар сохтани ҳамкориҳои сиёсиву низомӣ ва низомиву техникӣ бо ин давлати дӯст аз самтҳои афзалиятноки равобити Тоҷикистон бо Россия аст ва чунин хоҳад монд.
Аз ин рӯ, ҳифзи муносибатҳои ҳасанаи анъанавӣ, агар аз як ҷониб, афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон бошад, аз ҷониби дигар, риояи манфиатҳои олии миллӣ дар ниҳояти кор муайянкунанда хоҳад буд.
Тоҷикистон дар самти шарқӣ ҳамсояшарики бузург дорад ва рушду таҳкими ҳамкориҳои судманди гуногунарсаро бо Ҷумҳурии Халқии Хитой аз вазифаҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ дар Осиё медонад.
Мо аз сатҳи баланди ҳамкориҳои созанда, самарабахш ва судманд бо Хитой, алалхусус дар иқтисодиёт, қаноатманд ҳастем.
Вусъат ёфтани ин гуна ҳамкорӣ дар давоми 23 соли истиқлолияти кишвари мо дар ҳама бахшҳо ҷавобгӯи манфиатҳои на танҳо ду ҷониб, балки ба нафъи суботу амният ва рушди пойдори минтақа аст ва мо ин равандро чун самти стратегии сиёсӣ ҳадафмандона идома хоҳем дод.
Дар минтақаи Авруосиё мо ҳамкориҳои мустаҳками гуногунҷабҳаро бо Япония, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Туркия ва дигар кишварҳои дӯст тавсеа бахшида, дар қисматҳои дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои бунёди инфрасохтори иртиботиву нақлиётӣ, иншооти гидроэнергетикӣ ва монанди инҳо, роҳандозӣ карда, ба рушди минбаъдаи онҳо манфиатдор хоҳем буд.
Тоҷикистон ҷонибдору ҳавасманди густариши ҳамёрии гуногунҷабҳа бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки онҳо дар сиёсату иқтисоди дунёи муосир нуфуз ва нақши бузург доранд.
Бинобар ин, зарурати беҳтару хубтар ба роҳ мондани барномаҳои мавҷудаву таҳияшаванда доир ба ҳамкории судманд бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз вазифаҳои мубрами сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Мо дар раванди муборизаи фаъол ва муассир бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ бо ин кишварҳо ҳамкории босамар доштем ва вусъату тақвият бахшидани онҳо аз ҷумлаи ҳадафҳои мост.
Тоҷикистон имрӯз бо бисёр кишварҳои мутараққии олами араб, аз ҷумла Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Мисри Араб, Давлати Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Давлати Қатар ва мамлакатҳои дигари мусулмон муносибатҳои муфиди дуҷониба ва бисёрҷониба дорад, ки аз ҷумла бар умумиятҳои таърихиву фарҳангӣ ва динии мо асос ёфтаанд. Ҳамкорӣ бо ин кишварҳо дар бахшҳои дигар, аз ҷумла дар кори мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир, дар ҳоли тавсеа ва густариш аст.
Дар шароити имрӯзаи мураккаб ва ҳассоси таърихи башар раванди таҳким ва тақвияти бештари низоми навини муносибатҳои байналмилалӣ бар асоси усулу меъёрҳои возеҳ ва пазируфташуда, ки дар он нақши ҳамоҳангсоз бар уҳдаи Созмони Милали Муттаҳид аст, амри ниҳоят зарурӣ маҳсуб мешавад.
Мо бар онем, ки созмонҳои бузурги байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар ниҳодҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар тақвияти амалии амният ва субот, татбиқи барномаҳои бузурги иқтисодӣ ва инфрасохторӣ, таъмини раванди густариши равобити халқҳо ва кишварҳо бояд нақши созандатар ва муассиртар дошта бошанд.
Аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ низ мо чунин муносибатро интизор дорем, чун дар тӯли ҳамаи солҳои истиқлолият бо Бонки Ҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдиду рушд, Бонки исломии рушд ва дигар ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ равобити муассир ва фаъоли корӣ доштем ва умедвори идомаи натиҷаҳои хуби онҳо ҳастем.
Тоҷикистон соли равон вазифаи раисиро дар Созмони бонуфузи ҳамкории Шанхай ба уҳда дорад.
Вобаста ба ин, соли ҷорӣ дар назди мо корҳои зиёду муҳиме қарор доранд.
Дар кишвар гузаронидани як силсила чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ, аз ҷумла мулоқоти сарони кишварҳои аъзои созмон, ба нақша гирифта шудааст.
Мусоидати беш аз пеш ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай аз ҳадафҳои асосии барномаи кории ҷониби Тоҷикистон ба сифати кишвари раисикунанда мебошад.
Мо чунин мешуморем, ки низоми нави ҷаҳонӣ бояд аз ҷангу низоъҳо, фишору зӯроварӣ, терроризм, ифротгароии сиёсиву динӣ, ҷудоихоҳӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, паҳншавии силоҳи қатли ом бояд комилан орӣ бошад ва бар ҳамкориҳои густурда, баробар ва мутақобилан судманди ҳамаи кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ асос ёбад.
Танҳо дар чунин шароит ва тавассути саъю кӯшишҳои якҷоя метавон дар баробари мушкилоти глобалии замони муосир, аз ҷумла пайомадҳои тағйирёбии иқлими сайёра, фалокатҳои техногенӣ ва экологӣ, ба таври шоиста истодагарӣ кард.
Ҳамин аст, ки Тоҷикистон ба ҳамкориҳои бештар бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир ҳамоно манфиатдор мемонад.
Вазорату идораҳоро зарур аст, ки муносибат ва масъулияти худро ба масъалаи таҳия ва иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ таҷдиди назар кунанд.
Ҳар як санади ҳамкорӣ бояд воқеӣ, иҷрошаванда ва дархӯри манфиатҳои миллӣ бошад ва ба пешрафти соҳаҳои мухталифи иҷтимоиву иқтисодии кишвар мусоидат намояд.
Бо дарназардошти зарурати такмили фаъолият дар ин самт, инчунин бештар мутобиқ намудани фаъолияти созмонҳои масъули сиёсати хориҷӣ ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва сохторҳои марбута супориш дода мешавад, ки таҳрири нави қонун «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонун «Дар бораи хидмати дипломатӣ»-ро омода ва барои баррасӣ ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд.
Дар наздиктарин муддат тасвиб намудани Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз тақозоҳои рӯз аст.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Вазифаҳое, ки дар Паёми имрӯзаи Президенти кишвар доир ба ҳалли масъалаҳои калидӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои миллӣ барои оянда гузошта шуданд, танҳо ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатамон, таҳкими имкониятҳои иқтисодии он ва албатта, ба хотири боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии халқамон равона гардидаанд.
Дар ин марҳалаи мураккаби таърихӣ ва дар шароити ҳассоси минтақа ва ҷаҳон таҳкими ваҳдати миллӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои сиёсиву мафкуравии ҷомеа барои давлатдории тоҷикон аҳамияти сарнавиштсоз дорад.
Бовар дорам, ки бо такя ба нерӯҳои созандаи ҷомеа ва иродаи неки халқамон мо нияту нақшаҳои тарҳрезикардаамонро, пеш аз ҳама, дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории он пурра амалӣ месозем, пешрафти минбаъдаи кишварро дар асоси заминаҳои устуворе, ки то имрӯз гузоштаем, таъмин мекунем ва дар солҳои наздиктарин сатҳу сифати зиндагии халқамонро нисбат ба имрӯз хеле беҳтар мегардонем.
Бо итминон изҳор медорам, ки дар роҳи расидан ба ин ниятҳои нек ва иҷрои ҳадафҳои созандаамон халқи заҳматкашу матинирода, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу сарбаланди Тоҷикистон дастгиру пуштибони мост.
Мо бояд бо чунин мардуми шариф ифтихор кунем ва тамоми донишу таҷриба, инчунин ҳамаи захираву имкониятҳоямонро барои таъмин намудани зиндагие сафарбар созем, ки хурду бузурги Тоҷикистон ба он шоиставу сазоворанд.
Ман ба ҳамаи вакилони Маҷлиси Олӣ, аъзои Ҳукумат, ба тамоми хизматчиёни давлатӣ, аҳли зиёи мамлакат, занону духтарони соҳибмаърифат, ҷавонони бонангу номус ва худшиносу ватандӯст, соҳибкорони ҳимматбаланд ва ҳар як фарди бонангу номуси миллат муроҷиат карда, мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонии ҳар яки мо ва мақсаду мароми ягонаи мост!
Ба хотири амалӣ гардидани нақшаву ниятҳои неки дар назди мо қарордошта, аз ҷумла вазифаҳои дар паёми имрӯза гузошташуда, ба даргоҳи Худованди мутаол дуо мекунем, ки қабл аз ҳама, дастоварди асосиву бузургтарини халқи азизамон – ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи Ватани маҳбубамонро абадӣ гардонад, муҳаббату садоқати фарзандони ин миллати сарбаландро ба ояндаи ободу осудаи сарзамини аҷдодиамон афзун созад ва сарзамини биҳиштосои моро ҳамеша дар паноҳи офияташ нигоҳ дорад.
Ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ, хонаи обод, хушрӯзиву иқболи нек, саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу менамоям.
Аксҳо аз паём