ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЗАМИНАИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Навид Ташаббусҳои Тоҷикистон

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЗАМИНАИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Мувофиқи моддаи 55-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд.

Имсол низ дар паёми худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриамонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд. Ҳар як паёми Президенти мамлакат хислати умумӣ дошта, кулли соҳаҳои ҳуқуқию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва сиёсии кишварро фаро мегирад.

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва сарнавиштсози мамлакат ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани рушди устувор дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҳукумати кишвар нақши калидӣ хоҳад гузошт. Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба солҳои гузашта вижагиҳои хосро дар бар мегирифт. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баёнгари вазъи кунунии ҳаёти иҷтимоии ҷомеа буда, ҳамчун дастурамали рушди минбаъдаи кишварамон баромад менамояд. Ҳамасола дар кишвар ин ҳуҷҷати муҳим ба таври мушаххас аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ироа мегардад, ки як соли рушди босуботи соҳаҳои муҳимми хоҷагии халқи мамлакат дар он мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар Паёми имсола дар бораи самтҳои афзалиятноки соҳаҳои кишвар, рушди бомайлони онҳо ибрози андеша карда шуд.

Сарвари давлат зимни ироаи паёмашон қайд намуданд, ки “Дар давоми соли 2023 дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешрафту дастовардҳо мушоҳида гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 млрд сомонӣ баробар гардид”. Дар Паёми имсола тамоми дастоварду пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Яке аз ҳадафҳои нахустини кишвар ин ба даст овардани истиқлолияти энергитикӣ аст, ки дар ин самт корҳои арзишманд аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба роҳ монда шудаанд. Дар кишвари соҳибистиқлоли мо барои тавлиди энергияи сабз нерӯгоҳҳои хурду бузург вуҷуд доранд, ки аксарияташон дар замони соҳибистиқлолии кишвар сохта ба истифода дода шудаанд. Яке аз нерӯгоҳҳои бузурги тавлидкунандаи энергияи сабз ин НБО-Роғун мебошад, ки сохтмони он ҳоло бомаром идома дорад. Дар Паёми худ Пешвои миллат қайд намуданд, ки то соли 2025 агрегати сеюми ин нерӯгоҳи аср ба истифода дода мешавад.

Паёми Пешвои миллат инъикосгари арзишҳои миллию давлатдорӣ, рушди босуботи кишвар, таъминкунандаи сатҳу сифати зиндагии халқи тоҷик ба шумор рафта, барои боз ҳам афзалиятнок гардонидани соҳаҳои фаъолияти Ҳукумати кишвар ба нақша гирифтани корҳои арзишмандро замина мегузорад.

Зимни баромади хеш Пешвои миллат қайд намуданд, ки солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад. Ин таъкиди Пешвои миллат ба маврид мебошад, зеро имрӯз дар чандин кишварҳои ҷаҳон низоъҳои сиёсӣ дар ҳоли авҷ буда, яке аз пайомадҳои нохуб барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пай дошта метавонанд.

Яке аз иқдомҳои хоса, ки зимни ироаи Паёми Пешвои миллат садо дод ин беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад аз ҷониби роҳбари давлат зикр гардид, ки “аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия, яъне зиёд карда шаванд. Дар робита ба ин аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд. Ҳамчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад”.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба амалӣ гардидани нақшаву қарордодҳои нав дар самтҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, маориф, тандурустӣ ба нақша гирифта шудаанд, ки дар оянда барои рушди босуботи кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Воқеан Паёми Пешвои миллат нақши муҳимро дар рушди давлатдории миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебозад. Бо мақсади таъмини рушди бомайлони давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу суботи сиёсӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки “Дар ҳар куҷое, ки бошем, кору фаъолият намоем, нисбат ба ватани худ Тоҷикистони соҳибистиқлол хиёнат накунем. Зеро дар шароити мураккаби авзои сиёсӣ таъмини сулҳу суботи кишвар хосатан барои мо бисёр муҳим арзёбӣ мегардад”.

Дар робита ба ин суханони воломақоми Роҳбари давлат мо мардуми шарафманди тоҷик бояд шукрона аз ваҳдату соҳибистиқлолӣ намуда, барои пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишварамон саҳми арзанда гузорем ва барои пойдории сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ аз як гиребон сар барорем.

САИДОВ ҲУСНИДДИН – мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

МУҲАММАД АМИНЗОД – мутахассиси шуъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

ХОҶАЕВ ДОВУД – мутахассиси шуъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон