Парчам – рамзи ифтихор ва худогоҳии миллӣ

Навид

Парчам – рамзи ифтихор ва худогоҳии миллӣ

Мо тоҷикон аз қадим соҳиби парчам, китоб ва фарҳанги бузург будаем. Аз мероси бойи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии ниёгони мо дигар халқиятҳо баҳра мегирифтанд. Тамоми ориёиҳо дар зери як парчам як дин ва як давлат сарҷамъ буданд.

Аз замонҳои қадим ҳар як давлати бузург соҳиби артиши бонизом ва парчами худ буд. Парчам рамзи бузургӣ, ягонагӣ ва соҳибистиқлолии ҳар як халқу миллат ва давлатро ифода мекунад. Парчам барои тамоми мардуми ҷаҳон рамзи ифтихори миллӣ ва худогоҳӣ мебошад.

Таърихи пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим рафта мерасад. Мардуми сайёраи мо дар давраҳои гуногуни таърих аз рамзу нишонаҳои гуногун истифода мекарданд ва бо ҳамин ба кадом авлод ва ё қабила мансубият доштанашонро ба дигарон мефаҳмонданд. Яке аз чунин нишонаҳо парчам шуд. Ҳамин тавр, парчамҳои аввалин дар шаклҳои гуногун бо инъикоси ҳайвонот – шер, хирс, асп, гов, гург; парандаҳо-уқоб, шоҳин, бум ва ғайраҳо ба вуҷуд омаданд.

Масалан, давлати Миср, ки 26 сулолаи Фиръавнҳо онро идора карда буданд, соҳиби парчами худ буд. Мисриёни қадим, ки шоҳинро муқаддас мешумориданд, парчами худро низ дар шакли шоҳин сохта буданд. Онҳо шоҳинро рамзи худои Ра – ҳимоятгари Фиръавнҳо ва давлати Миср медонистанд. Лашкари Миср вақте, ки ба ҷанг мерафт, парчамбардорон пеш-пеши он парчами Миср – Шоҳинро мебурданд.

Империя Рум ва румиҳо низ соҳиби парчами худ буданд. Рамзи асосӣ дар парчами онҳо тасвири уқоб буд. Бо пешниҳоди консул Марий соли 104 пеш аз милод парчами Рум ва рамзи тамоми легионҳои ҳарбии Рум уқоби болҳояш кушода қабул карда шуд. Минбаъд ба ин парчам ҳалқаи тиллоӣ, найза, сипар ва навиштаҷоти SPQR (Сенат (Парлумон) ва шаҳрвандони Рум) илова карда мешаванд. Ин парчамро румиҳо муқаддас мешумориданд ва то барҳамхӯрии Империяи Рум ин парчам румиҳо ва Империяи Румро муаррифӣ мекард.

Дар ҷангҳо парчам нақши муҳимро мебозид. Ҳар як давлат ба ҷанг бо парчами худ меомад. Аз даст додани парчам дар ҷанг маънии бохтанро дошта, боиси шикаста шудани руҳияи сарбозони он давлат мешуд. Аз ин хотир ҳар ду лашкар парчамҳои худро сахт муҳофизат мекарданд, то ба дасти душман наафтад.

Парчамдорӣ анъанаи хоси ниёгони мо-ориёиҳо мебошад. Аввалин бор бар зидди зулми Заҳҳок Коваи оҳангар пешбанди худро дар як чӯбе баста, парчам кард ва мардумро бар зидди зулми Заҳҳок бархезонд. Мардум дар гирди парчами озодии Кова сарҷамъ шуда, Заҳҳокро шикаст доданд ва шоҳи одил Фаридунро ба сари ҳукумат оварданд.

Соли 550 пеш аз милод аз ҷониби бузургтарин шахсияти таърих – Куруши Кабир имерияи ҷаҳонии Ҳахоманишиҳо таъсис дода шуд. Ин давлат низ соҳиби парчами миллии худ буд. Дар парчами Ҳахоманишиниҳо уқоби болкушода ва дар болои сари уқоб офтоб тасвир ёфта буд.

Сосониён низ соҳиби парчами худ буданд. Парчами Сосониён Дирафши Ковиён ном дошт. Парчами Сосониён аз матои қиматбаҳои чоркунҷаи ғафс сохта шуда, бо сангҳои қиматбаҳо оро ёфта буд. Ин сангҳои қиматбаҳоро ҳар як шоҳе, ки ба сари қудрат меомад, ба ин парчам зам мекард. Дар болои парчам уқоби болкушода ва офтобе, ки дар парчами Ҳахоманишиҳо тасвир ёфта буд, ҳамчун сарнайза сохта шуда, дар поёни парчам матоъҳои сурху кабуду зарди борик овезон буданд. Мутобиқи ахбори сарчашмаҳои таърихӣ, сангҳои қиматбаҳое, ки дар парчами Сосониён буданд, арзиши андози як вилоятро доштанд.

Сосониён соли 636 дар ҷанги Қадисия парчами худ – Дирафши Ковиёнро аз даст дода, аз ҷониби арабҳо шикаст хӯрданд.

Анъанаи бо парчами тунуку ҳарири парафшон, ки дар чӯбе мустаҳкам карда шудааст, дар Хилофати Араб дар замони Муҳаммад пайғамбар ба вуҷуд омада буд. Парчами нахустини Муҳаммад пайғамбар ранги сиёҳ дошт ва баъдан он ба парчами ранги сабз иваз карда мешавад.

Соли 1753 манғитиҳо дар Бухоро ба сари ҳокимият омаданд. Соли 1785 хони манғит – Шоҳмурод хонигарии Бухороро ба Аморат табдил дода, худро амир эълон кард. Парчами Аморати Бухоро сабз буда, дар байнаш тасвири моҳ ва як ситора дошт. Ҳамзамон, дар парчам тасвири панҷаи даст ва бо хатти арабӣ калимаи тавҳид навишта шуда буд.

Соли 1924 дар ҳудуди Осиёи Миёна тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ гузаронида шуд. Хушбахтона моҳи октябри ҳамон сол Ҷумҳурии Мухтории Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. Бо ташкили Ҷумҳурии Мухтории Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон зарурати қабули парчами он ба миён омад. Бояд қайд кард, ки аз соли 1924 то соли 1991 мо нуҳ парчамро қабул кардем.

Баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияташро ба даст овард. Акнун зарурати қабули парчами нави миллӣ ба миён омад. Парчами пешинаи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ дигар нақши худро иҷро карданду мардуми кишварро сарҷамъ карда наметавонист. Мардуми кишвар хостгори қабули парчами нави миллии худ буданд. Ин хушбахтӣ ба мо рӯзи 24 ноябри соли 1992 муяссар гардид. Дар иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парчами кунунии Тоҷикистон қабул шуд. Аз лаҳзаҳои аввали қабули ин парчам Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон парчами нави Тоҷикистонро бӯсида, ба дидаҳои худ молида қайд карда буданд, ки “Бигзор ин парчам тамоми мардуми тоҷикро муттаҳид кунад, низоъро дар байни мо бардорад ва ба Тоҷикистону тоҷикистониён сулҳ биёрад”.

 

Равшанзод Маликфаридун,н.и.т.,

дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон