Оператори мобилии “Анор” – интихоби мардони ҷавони нерӯманд
Назаррастарин стартап дар соҳаи телекоммуникатсияи кишвар натиҷаҳои соли аввали фаъолияташро ҷамъбаст мекунад. “Анор” ба туфайли стратегияи «тарофаҳои дастрас бидуни ситораҳо», технологияҳои пешрафта ва фарогирии васеи шабака тавонист дар соҳаи телекоммуникатсия мавқеи сазоворро ишғол намояд – муштариёни оператор дар саросари кишвар дар алоқа мемонанд.
Тарофаҳои оператор танҳо хизматрасониҳои заруриро дар бар мегиранд ва ягон шартҳои пинҳонӣ надоранд, ки имкон медиҳад нархҳо дар сатҳи паст нигоҳ дошта шаванд, аз ҳама зиёд 50 сомонӣ дар як моҳ. Ҳамзамон, муштариён метавонанд ҳатто дар роуминги байналмилалӣ занг зананд ва аз интернети мобилӣ истифода баранд.
Тарофаи махсуси “Анор” дар Суғд таҳия ва роҳандозӣ гардид. Дар ин ҷо муштариёни нави ширкат зиёда аз панҷ моҳ тавонистанд тарофаи «Диёр 50»-ро бо тахфифи 50% пайваст намуда, дар давоми шаш моҳ танҳо ба маблағи ҳамагӣ 25 сомонӣ дар як моҳ аз хизматрасонии алоқа истифода баранд.
“Анор” дар кишвар яке аз аввалинҳо шуда чунин навовариҳоро ба мисли VoLTE – технологияе, ки имкон медиҳад ҳамзамон метавон аз интернет истифода бурд ва бидуни баромадан аз шабакаи баландсуръати 4G/LTE занг зад, инчунин eSIM – кортҳои электроние, ки муштариёни оператор метавонад ба ҷои симкортҳои воқеии намунаи пештара истифода баранд, пешниҳод намуд.
Афзалиятҳои оператори навро истифодабарандагони нисбатан фаъоли хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ қадр мекунанд. Синну соли миёнаи муштариёни “Анор” 33 сол аст. Қариб 70% ҳамаи муштариёнро мардон ташкил медиҳанд.
“Анор” иқтидори бренди худро феълан дар ибтидои фаъолияташ нишон дода, як қатор чорабиниҳои васеъмиқёсро дар соли 2023 дастгирӣ кард.
«Ҷорикунии санҷишии ширкат таҳти бренди “Анор” моҳи феврали соли 2023 баргузор гардид ва моҳи апрел мо пайвасткунии муштариёнро фаъолона оғоз кардем. “Анор” дар муддати кӯтоҳ бозингари намоёни бозори алоқа гардид. Донаи анор ба дарахти ҷавон, вале аллакай мустаҳкам табдил ёфтааст! Анор на танҳо меваи фоидабахш, балки рамзи серҳосилӣ низ мебошад. Дар анор ҳар як дона дар ҷои худ аст, мисли хизматрасониҳое, ки дар тарофаҳои мо мавҷуданд. Ва ранги кабуди логотип таҷассумгари созишу ҳамоҳангӣ ва нерӯ аст. Дар консепсияи мо «Анор» ин ду рамз – анор ва ранги кабуд, навоварӣ, замонавӣ будан ва имкони гузаштан аз меъёрҳои муқаррарӣ, муайян кардани тамоюлҳои навро муттаҳид мекунад. “Анор” падидаи рангину ҷавон дар бозори алоқаи Тоҷикистон аст”, – мегӯяд директори амалиётии ширкати “Анор” Юрий Глущенко.
Навоварона, дастрас, шинохташаванда, маъруф – бо ҳамин тарз “Анор” соли дуюми фаъолияти худро оғоз мекунад!