ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ БА БАЪЗЕ НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ»

Қонунҳо

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ БА БАЪЗЕ НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ»

Маҷлиси намояндагон 14-уми апрели соли 2004 қабул кардааст

Маxлиси милли 29-уми апрели соли 2004 xонибдори намудааст

Қонуни мазкур намудҳои фаъолиятеро муайян мекунад, ки иxозатномадиҳиро талаб намуда, асосҳои ҳуқуқии додани иxозатнома (литсензия)- ро барои ҳуқуқи машғулшави ба намудҳои мушаххаси фаъолият муқаррар карда, ба риояи стандартҳо ва талаботи зарурии тахассуси барои таъмини ҳимояи манфиату амнияти шахс, xамъият ва давлат нигаронида шудааст. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

Моддаи 1. Мафҳумҳои асоси

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

иxозатнома (литсензия) – иxозати махсусе, ки барои амали намудани фаъолияти мушаххас бо рнояи ҳатмии шарту талаботи иxозатномадиҳи онро мақомоти иxозатномадиҳанда ба шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди додааст;

намуди фаъолияти иxозатномадодашаванда (литсензияшаванда) – фаъолиятест, ки барои амали намудани он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоxикистон мувофиқи Қонуни мазкур бояд иxозатнома гирифта шавад;

иxозатномадиҳи (литсензиякунони) – чорабиниҳоест, ки ба иxозатномадиҳи, аз нав ба расмиятдарории ҳуxxатҳое, ки мавxудияти иxозатномаро тасдиқ мекунанд, боздоштан ва барқарор намудани амали иxозатнома, бекор кардани он ва ба назорати мақомоти иxозатномадиҳанда оиди аз тарафи иxозатномадор риояи шарту талаботи иxозатномадиҳи ҳангоми ба амал баровардани намудҳои фаъолияти иxозатномадодашаванда вобаста мебошад;

шарту талаботи иxозатномадиҳи – маxмӯи шарту талаботе, ки бо низомнома дар бораи хусусиятҳои иxозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият муқаррар шудаанд, ки иxрояшон барои иxозатномадор ҳатмист;

мақомоти иxозатномадиҳанда – мақомоти ҳокимияти иxроия, ки мутобиқи Қонуни мазкур иxозатнома медиҳад;

иxозитномадор (литсензиат) – шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди, ки барои амали намудани фаъолияти мушаххас иxозатнома дорад;

довталиби иxозатнома – шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфиродиест, ки ба мақомоти иxозатномадиҳанда барои фаъолияти мушаххас xиҳати гирифтани иxозатнома бо ариза муроxиат намудааст;

феҳристи (реестри) иxозатнома – маxмӯи маълумот дар бораи додани иxозатнома, аз нав ба расмият даровардани ҳуxxатҳое, ки мавxуд будани иxозатнома, боздоштан ва барқарор намудани амали иxозатнома ва бекор кардани онро тасдиқ мекунад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоxикистон дар бораи иxозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоxикистон дар бораи иxозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоxикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоxикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоxикистон эътироф кардааст, иборат аст.

Моддаи 3. Принсипҳои асосии иxозатномадиҳи

Иxозатномадиҳи дар асоси принсипҳои зерин амали мегардад:

– таъмини фазои ягонаи иқтисоди дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоxикистон:

– муқаррар намудани номгӯи ягонаи намудҳои фаъолияти иxозатномадодашаванда;

– муқаррар кардани тартиби ягонаи иxозатномадиҳи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоxикистон;

– муқаррар намудани шарту талаботи иxозатномадиҳи тибқи низомнома оиди хусусиятҳои иxозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият;

– ошкорбаёни дар иxозатномадиҳи;

– риояи қонуният ҳангоми иxозатномадиҳи.

Моддаи 4. Меъёрҳои муайян кардани намудҳои фаъолияте, ки барояшон иxозатнома дода мешавад

Ба намудҳои фаъолияти иxозатномадодашаванда намудҳои фаъолияте дохил мешаванд, ки амали шудани онҳо метавонад ба ҳуқуқу манфиатҳои қонуни, саломатии шаҳрвандон, мудофиа ва амнияти давлати, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоxикистон зарар расонад ва танзими онҳо ба ғайр аз иxозатномадиҳи бо роҳҳои дигар имконнопазир аст.

Моддаи 5. Салоҳияти – Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон оид ба иxозатномадиҳи (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон дар мавриди иxозатномадиҳи салоҳиятҳои зеринро дорад:

– низомномаро дар бораи хусусиятҳои иxозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият тасдиқ намояд;

– мақомоти ҳокимияти иxроияеро муайян намояд, ки барои намудҳои мушаххаси фаъолият иxозатнома медиҳад.

– амали иxозатнома барои фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминиро дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун боздорад ва бекор намояд; (Қонун №911 аз 28.12.12с.)

Моддаи 6. Салоҳияти мақомоти иxозатномадиҳанда

  1. Мақомоти иxозатномадиҳанда салоҳият доранд, ки: (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

– иxозатнома диҳанд; (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

– ҳуxxатҳоеро аз нав ба расмият дароранд, ки вуxуд доштани иxозатномаро тасдиқ менамоянд; (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

– мӯҳлати амали иxозатномаҳоро дароз намоянд; (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

– амали иxозатномаро боздоранд; (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

– амали иxозатномаро барқарор созанд; (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

– иxозатномаро бекор кунанд (дар мавридҳои пешбининамудаи моддаи 14 Қонуни мазкур); (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

– феҳристи иxозатномаҳоро тартиб диҳанд; (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

– назорати аз тарафи иxозатномадорон риоя шудани шарту талаботи иxозатномаро ба амал бароранд. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

2.Тартиби амали намудани ваколати мақоми иxозатномадиҳанда, ба истиснои санxиши фаъолияти шахси иxозатномадор xиҳати муайян намудани мутобиқати он ба шарту талаботи иxозатнома, тибқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иxозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият муқаррар карда мешавад. (Қонун №277 аз 13.06.07с.)

Моддаи 7. Амали иxозатнома

  1. Ба ҳар як намуди фаъолият, ки дар моддаҳои 17 ва 18 Қонуни мазкур нишон дода шудааст, иxозатнома дода мешавад.
  2. Намуди фаъолияти иxозатномадодашаванда танҳо аз xониби шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфиродие, ки иxозатнома гирифтааст, метавонад амали гардонида шавад.
  3. Амали иxозатнома дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоxикистон паҳн мегардад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  4. Дар ҳолатҳое, ки бевосита қонунгузории Ҷумҳурии Тоxикистон пешбини менамояд, амали иxозатнома метавонад танҳо дар ҳудуди муайяни Ҷумҳурии Тоxикистон паҳн гардад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  5. Шахсони воқеи ва ҳуқуқии хориxи метавонанд бо шарт ва тартиби барои шахсони воқеи ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоxикистон муқарраргардида иxозатнома гиранд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоxикистон ҳолати дигареро пешбини накарда бошад. Шахси ҳуқуқии хориxии довталаби иxозатнома бояд филиал ё намояндагии худро дар Ҷумҳурии Тоxикистон дошта бошад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

Моддаи 8 Мӯҳлати амали иxозатнома

  1. Мӯҳати амали иxозатномаҳо барои намудҳои фаъолияти иxозатномадодашавандаи дар моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида на камтар аз 5 сол, барои намудҳои фаъолияти иxозатномадодашавандаи бо моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида на камтар аз 3 сол мебошад. (Қонун №277 аз 13.06.07с.)
  2. Мӯҳлати амали иxозатнома барои намуди алоҳидаи фаъолият, ки дар моддаи 17 Қонуни мазкур нишон дода шудааст, барои соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти онҳо бе истифодаи меҳнати кироя анxом дода мешавад, бо дархости хаттии худи довталабон метавонад аз 1 то 5 сол муқаррар карда шавад.
  3. Мӯҳлати амали иxозатномаро пеш аз ба охир расиданаш мувофиқи аризаи иxозатномадор ба ҳамин мӯҳлат дароз кардан мумкин аст. Мӯҳлати амали иxозатнома бо тартиби аз нав ба расмият даровардани ҳуxxате, ки иxозатнома доштани шахсро тасдиқ мекунад, дароз карда мешавад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

Моддаи 9. Ҳуxxатҳои зарури барои гирифтани иxозатнома

  1. Довталаби иxозатнома барои гирифтани иxозатнома ба мақомоти иxозатномадиҳанда ҳуxxатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

– ариза дар бораи додани иxозатнома барои намуди фаъолияти иxозатномадодашаванда, ки дар он маълумотҳои зерин нишон дода мешаванд:

а) барои шахси ҳуқуқи – ном ва шакли ташкилию ҳуқуқии корхона, суроғаи ҳуқуқи, рақами суратҳисоб ва шӯъбаи бонк;

б) барои соҳибкори инфироди – ному насаб, xойи истиқомат шиноснома, рақам ва таърихи гирифтани он; (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

– иxозатнома барои кадом мӯҳлат гирифта мешавад;

-нусхаи ҳуxxате, ки бақайдгирии давлатии довталаби иxозатномаро тасдиқ мекунад; (Қонун №662 аз 29.12.10с.)

сархати чорум хориx карда шавад; (Қонун №662 аз 29.12.10с.)

-нусхаи ҳуxxат дар бораи аз тарафи мақомоти андоз ба довталаби иxозатнома додани рақами мушаххаси андозсупоранда; (Қонун №662 аз 29.12.10с.)

– ҳуxxате, ки пардохти ҳаққи иxозатномаро барои барраси шудани аризаи довталаби иxозатнома тасдиқ мекунад;

– маълумот дар бораи дараxаи ихтисоси кормандони довталаби иxозатнома.

  1. Ба ғайр аз ҳуxxатҳои мазкур дар низомнома дар бораи хусусиятҳои иxозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият пешниҳод гардидани ҳуxxатҳои дигаре, ки ба шарту талаботи иxозатномадиҳи мувофиқ будани довталаби иxозатномаро тасдиқ мекунанд, пешбини шуда метавонанд. Ҳуxxатҳои иxозатдиҳие, ки барои гирифтани иxозатнома талаб карда мешаванд, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоxикистон «Дар бораи низоми иxозатдиҳӣ» дода мешаванд. (Қонун №195 аз 28.07.06с., Қонун №1030 аз 12.11.13с.)
  2. Аз довталаби иxозатнома пешниҳоди ҳуxxатҳоеро, ки дар Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоxикистон «Дар бораи низоми иxозатдиҳӣ» ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иxозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият пешбини нашудаанд, талаб кардан мумкин нест. (Қонун №195 аз 28.07.06с., Қонун №1030 аз 12.11.13с.)
  3. Ҳамаи ҳуxxатҳое, ки ба мақомоти дахлдори иxозатномадиҳанда барои гирифтани иxозатнома пешниҳод мегарданд, тибқи рӯйхат қабул карда мешаванд ва нусхаи онҳо бо қайди рӯзи қабули ҳуxxатҳо аз xониби мақомоти мазкур ба довталаби иxозатнома фиристода (дода) мешавад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

Моддаи 10. Қабули қарор дар бораи додан ё надодани иxозатнома

  1. Қисми 1 хориx карда шуд. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  2. Мақоми иxозатномадиҳанда қарор дар бораи додан ё надодани иxозатномаро дар мӯҳлати на зиёда аз си рӯзи расидани аризаи довталаби иxозатнома бо тамоми ҳуxxатҳои лозима қабул мекунад. Қарори мазкур бо санади дахлдори мақоми иxозатномадиҳанда ба расмият дароварда мешавад. (Қонун №911 аз 28.12.12с.)
  3. Мӯҳлати нисбатан кӯтоҳтари қабули қарор дар бораи додан ё надодани иxозатнома бо низомнома дар бораи хусусиятҳои иxозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият муқаррар карда мешавад.
  4. Мақоми иxозатномадиҳанда ӯҳдадор аст, ки довталаби иxозатномаро аз қабули қарор дар бораи додан ё надодани иxозатнома дар мӯҳлати мазкур огоҳ намояд.
  5. Хабарнома дар бораи додани иxозатнома дар шакли хатти ба довталаби иxозатнома бо қайди реквизити суратҳисоби бонки ва мӯҳлати пардохти ҳаққи иxозатномагири фиристонида (супорида) мешавад.
  6. Хабарнома дар бораи надодани иxозатнома ба довталаби иxозатнома бо нишон додани сабабҳои радкуни (супорида) фиристонида мешавад.
  7. Мақоми иxозатномадиҳанда баъди се рӯзи ҳуxxати тасдиқкунандаи пардохти ҳаққи иxозатномадиҳиро пешниҳод кардани довталаби иxозатнома ба иxозатномадор ҳуxxатеро, ки мавxуд будани иxозатномаро тасдиқ мекунад, бепул медиҳад.
  8. Иxозатномадор ба гирифтани дубликати ҳуxxати мазкур бо пардохти маблағ ҳуқуқ дорад, ки он бо маблағи пардохт барои аз нав ба расмиятдарории ҳуxxате, ки мавxудияти иxозатномаро тасдиқ мекунад, баробар аст.
  9. Асосҳои надодани иxозатнома инҳо мебошанд:

– агар ҳуxxатҳои пешниҳодкардаи довталаби иxозатнома дорои маълумоти нодуруст ё ғалат бошад;

– агар довталаби иxозатнома, объектҳои ба ӯ тааллуқдошта ё аз тарафи ӯ истифодашаванда ба шарту талаботи иxозатномадиҳи номувофиқ бошанд; (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

– агар вобаста ба намуди пешбинишудаи фаъолият аз тарафи мақомоти дахлдор xиҳати мутобиқати шароити фаъолият ва талаботи ба онҳо пешбинишаванда хулосаи манфи дода шуда бошад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

  1. Ҳаxми маҳсулоте (кору хизматрасоние), ки довталаби иxозатнома истеҳсол мекунад (баxо меоварад) ё истеҳсолашро (баxо оварданашро) ба нақша гирифтааст, барои надодани иxозатнома асос шуда наметавонад.
  2. Довталаби иxозатнома ҳуқуқ дорад нисбати надодани иxозатнома аз тарафи мақоми иxозатномадиҳанда ё барои бефаъолиятии вай ба суд муроxиат намояд.

Моддаи 10.1. Қарор дар бораи додан ё надодани иxозатнома аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон

  1. Қарор дар бораи додани иxозатнома барои фаъолияте, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон ҳамчун мақоми иxозатномадиҳанда тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иxозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият дода мешавад, бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон ба расмият дароварда мешавад.
  2. Дар фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон оид ба додани иxозатнома инҳо нишон дода мешаванд:

– мӯҳлати амали иxозатнома;

– шарт ва талаботи иxозатномадиҳӣ;

– мӯҳлати пешниҳоди иxозатнома барои имзо;

– муайян намудани шахси мансабдори ваколатдор xиҳати аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон ба имзо расонидани иxозатнома;

– ӯҳдадории бастани созишномаи сармоягузорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ;

– дигар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

  1. Рад карда шудани дархости довталаби иxозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иxозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият бо санади дахлдори мақомоти иxроияи иxозатномадиҳанда ба расмият дароварда мешавад. (Қонун №911 аз 28.12.12с.)

Моддаи 11. Ҳуxxате, ки мавxуд будани иxозатнома ва қарори додани онро тасдиқ мекунад

Дар қарор оиди додани иxозатнома ва ҳуxxате, ки мавxуд будани онро тасдиқ мекунад, инҳо нишон дода мешаванд:

– номи мақоми иxозатномадиҳанда;

– барои шахси ҳуқуқи – ном ва шакли ташкилию ҳуқуқи, суроғаи ҳуқуқи ва маҳалли xойгиршавии он;

– барои соҳибкори инфироди – ному насаб, xои истиқомат, маълумоти ҳуxxате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад;

– намуди фаъолияти иxозатномадодашаванда;

– рақами бақайдгири, рӯз ва мӯҳлати амали иxозатнома;

– рақами мушаххаси андозсупоранда ва рақами ягонаи мушаххас; (Қонун №662 аз 29.12.10с.)

– рақами иxозатнома;

– рӯзи қабул кардани қарор оиди додани иxозатнома.

Моддаи 12. Аз нав ба расмият даровардани ҳуxxате, ки мавxуд будани иxозатномаро тасдиқ менамояд

  1. Дар ҳолати дигар шудани шахси ҳуқуқи, тағйир ёфтани ном ё маҳалли xойгиршави ва ё тағйир ёфтани ном ё xои истиқомати соҳибкори инфироди, иxозатномадор – шахси ҳуқуқи «(вориси ҳуқуқии ӯ) ё соҳибкори инфироди ӯҳдадор аст дар давоми на дертар аз понздаҳ рӯз барои аз нав ба расмият даровардани ҳуxxате, ки иxозатнома доштанашро тасдиқ менамояд, ариза диҳад ва ба он ҳуxxатҳоеро замима кунад, ки тағйироти нишондодашударо тасдиқ менамоянд (Қонун №195 аз 28.07.06с.).
  2. Ҳангоми аз нав ба расмият даровардани ҳуxxатҳое, ки мавxуд будани иxозатномаро тасдиқ менамоянд, мақомоти иxозатномадиҳанда ба феҳристи иxозатнома тағйиротҳои дахлдор медарорад. Ҳуxxатҳое, ки мавxудияти иxозатномаро тасдиқ менамоянд, дар давоми даҳ рӯзи аризаи дахлдорро гирифтани мақомоти иxозатномадиҳанда аз нав ба расмият дароварда мешаванд.
  3. Барои аз нав ба расмият даровардани ҳуxxати тасдиқкунандаи мавxудияти иxозатнома ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо музд ситонида мешавад, ки он ба буxети давлати ворид мегардад. (Қонун №435 аз 6.10.08с.)

Моддаи 13. Амали намудани назорат

  1. Назоратро аз болои иxозатномадор оиди риоя намудани шарту талаботи иxозатнома, ки бо низомнома дар бораи хусусиятҳои иxозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият муайян гардидааст, мақоми иxозатномадиҳанда дар доираи салоҳияти худ ба амал мебарорад.
  2. Санxиши фаъолияти шахси иxозатномадор xиҳати муайян намудани мутобиқати он ба шарту талаботи иxозатнома, аз xониби мақоме, ки иxозатномаи дахлдорро додааст, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоxикистон «Дар бораи санxиши фаъолияти субъектҳои хоxагидор дар Ҷумҳурии Тоxикистон» ба амал бароварда мешавад. (Қонун №277 аз 13.06.07с.)
  3. Мақоми иxозатномадиҳанда ҳуқуқ надорад оиди мавзӯъҳое, ки ба салоҳияти дигар мақомоти ҳокимияти давлати дахл доранд, санxиш гузаронад.

Моддаи 14. Боздоштани иxозатнома ва бекор кардани амали иxозатнома

  1. Қисми 1 хориx карда шуд. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  2. Мақоми иxозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад ҳангоми такроран ошкор кардани камбудиҳо ё шарту талаботи иxозатномадиҳиро дағалона вайрон намудани иxозатномадор амали иxозатномаро боздорад.

Боздоштани амали иxозатнома ҳамчунин дар ҳолатҳои истиснои, агар ин барои пешгирии хатари бевосита барои ҳаёт ва саломатии одамон, ба миён омадани фалокати техногени, расонидани зарари барқарорнашаванда ба объектҳои табиат ё ҳолати муҳити зист зарур бошад ва пешгирии ин ҳолатҳо бо дигар роҳҳо имконнопазир бошад, татбиқ карда мешавад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

  1. Мақоми иxозатномадиҳанда ӯҳдадор аст, ки мӯҳлати аз xониби иxозатномадор бартараф кардани қонуншиканиро, ки боиси боздоштани амали иxозатнома гардидааст, муқаррар намояд. Мӯҳлати нишондодашуда набояд аз се моҳ зиёд бошад. Агар иxозатномадор қонуншиканиҳои мазкурро дар мӯҳлати муқарраршуда ислоҳ накарда бошад, мақомоти иxозатномадиҳанда ӯҳдадор аст ба суд муроxиат намуда, бекор кардани иxозатномаро талаб намояд.
  2. Иxозатномадор ӯҳдадор аст мақоми иxозатномадиҳандаро аз бартараф кардани қонуншиканиҳое, ки боиси боздоштани амали иxозатнома гардидааст, хатти хабардор намояд. Мақоми иxозатномадиҳандае, ки амали иxозатномаро боздоштааст, оиди барқарор намудани амали он қарор қабул мекунад ва дар ин бора ба иxозатномадор дар давоми се рӯзи баъди хабардор шуданаш ва санxидани хатогиҳое, ки иxозатномадор онро бартараф кардааст ва он боиси боздоштани амали иxозатнома гардидааст, ба таври хатти хабар медиҳад. Мӯҳлати иxозатнома дар давоми боздоштани амали он дароз карда намешавад ва барои барқарор кардани амали он маблағ ситонида намешавад.
  3. Қисми 5 хориx карда шуд. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  4. Мақоми иxозатномадиҳанда метавонад иxозатномаро дар мавриди аз тарафи иxозатномадор дар давоми понздаҳ рӯз напардохтани ҳаққи иxозатнома, инчунин оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар мӯҳлати муқарраргардида ба фаъолият шурӯъ накардани иxозатномадор ва аз xониби иxозатномадор ба имзо нарасонидани созишномаи сармоягузорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ бекор кунад. (Қонун №911 аз 28.12.12с.)
  5. Агар иxозатномадор шарту талаботи иxозатномаро риоя накарда бошад ва бар асари ин ба ҳуқуқу манфиатҳои қонуни, саломатии шаҳрвандон, дифоъ ва амнияти давлат, мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоxикистон зиён расида бошад ва ё дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур иxозатнома бо қарори суд дар асоси аризаи мақоми иxозатномадиҳанда бекор карда мешавад. Инчунин иxозатномадиҳанда ҳуқуқ дорад зимни ба суд додани ариза амали иxозатномаи мазкурро то рӯзи ба ҳукми қонун даромадани қарори суд боздорад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  6. Қарори боздоштан ва бекор кардани амали иxозатнома барои фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ тибқи муқаррароти моддаи мазкур ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иxозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият аз xониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон қабул карда мешавад. (Қонун №911 аз 28.12.12с.)
  7. Қарори боздоштани амали иxозатнома, бекор кардани иxозатнома ва ё ба суд фиристодани аризаро оиди бекор кардани он мақомоти иxозатномадиҳанда бо далелҳои асоснок баъди се рӯзи қабул шуданаш ба иxозатномадор хатти хабар медиҳад.
  8. Нисбати қарори боздоштани амали иxозатнома ва бекор кардани он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоxикистон бо тартиби суди шикоят кардан мумкин аст.

Моддаи 14.1. Қатъ гардидани амали иxозатнома

Амали иxозатнома дар ҳолатҳои барҳамдиҳии шахси ҳуқуқи ва қатъ гаштани амали шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлати шахси воқеи ба сифати соҳибкори инфироди, ба қувваи қонун даромадани ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани амали иxозатном, ба охир расидани мӯҳлати амали иxозатнома, қабули қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон дар бораи бекор кардани иxозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ инчунин дар асоси аризаи хаттии иxозатномадор қатъ карда мешавад. (Қонун №195 аз 28.07.06с., Қонун №911 аз 28.12.12с.)

Моддаи 15. Бурдани феҳристи иxозатномаҳо

  1. Мақоми иxозатномадиҳанда феҳристи иxозатномаҳо мебарад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  2. Дар феҳристи иxозатномаҳо ғайр аз маълумотҳое, ки дар моддаи 9 Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, бояд маълумотҳои зерин зикр гарданд:

– маълумот оиди бақайдгирии иxозатнома дар феҳристи иxозатномаҳо;

– асосҳо ва санаи боздоштан ва барқарор кардани амали иxозатнома;

– асос ва санаи бекор кардани амали иxозатнома;

– маълумотҳои дигаре, ки дар низомнома дар бораи хусусиятҳои иxозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият муайян карда шудаанд.

  1. Маълумоти дар феҳристи иxозатномаҳо буда, барои шиносонидани шахсони воқеи ва ҳуқуқи кушода аст.
  2. Маълумоти дар феҳристи иxозатномаҳо буда дар бораи иxозатномадори мушаххас дар шакли иқтибос ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи бо пардохти маблағ дода мешавад. Андозаи пардохти маблағ барои додани чунин маълумот як нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад ва ба буxети давлати гузаронида мешавад. (Қонун №195 аз 28.07.06с., Қонун №435 аз 6.10.08с.)
  3. Қисми 5 хориx карда шуд. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  4. Маълумот аз феҳристи иxозатномаҳо ба мақомоти ҳокимияти давлати бемузд дода мешавад.
  5. Мӯҳлати додани маълумот аз феҳристи иxозатномаҳо баъди қабули аризаи дахлдор набояд аз се рӯз зиёд бошад.

Моддаи 16. Маблағгузории иxозатномадиҳи ва пардохти ҳаққи иxозатнома

  1. Иxозатномадиҳи дар доираи маблағи аз буxети дахлдор барон хароxоти мақомоти иxозатномадиҳи xудогардида маблағгузори мешавад.
  2. Барои баррасии ариза оид ба додани иxозатнома ба намудҳои фаъолияти бо моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида ба андозаи чор ҳадди ақали музди меҳнат ва ба намудҳои фаъолияти бо моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардида ба андозаи даҳнишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳақ пардохта мешавад, ки онҳо пас гардонида наметаванд. (Қонун №195 аз 28.07.06с., Қонун №435 аз 6.10.08с.)
  3. Барои додани иxозатнома ба намудҳои фаъолияти бо моддаи 17 Қонуни мазкур пешбинигардида ба андозаи даҳнишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳақ пардохта мешавад. Андозаи ҳаққи додани иxозатнома барои намудҳои фаъолияти дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинигардидаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон аз рӯи ҳар намуди фаъолият дар Низомнома дар бораи хусусиятҳои иxозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият муайян мекунад. (Қонун №195 аз 28.07.06с., Қонун №435 аз 6.10.08с.)
  4. Маблағҳои пардохтҳои ҳаққи иxозатнома ба буxети давлати гузаронида мешаванд. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)
  5. Ҳангоми дароз намудани мӯҳлати амали иxозатнома аз довталаб маблағи ба ҳаққи иxозатномадиҳи баробар ситонида мешавад.

Дар сурати мутобиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 8 Қонуни мазкур кам кардани мӯҳлати амали иxозатнома маблағи пардохти ҳаққи иxозатномадиҳи мутаносибан ба мӯҳлати амали иxозатнома кам карда мешавад. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

Моддаи 17. Номгӯи намудҳои фаъолияте, ки барои амали намудани онҳо иxозатнома зарур аст

Мутобиқи Қонуни мазкур барои намудҳои зерини фаъолият иxозатнома зарур аст:

– фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои имзои электронии рақамӣ, ба қайд гирифтани соҳибони имзоҳои электронии рақамӣ, хизматрасонӣ вобаста ба истифодаи имзоҳои электронии рақамӣ ва тасдиқ кардани ҳаққонияти имзоҳои электронии рақамӣ; (Қонун №1110 аз 26.07.14с.)

– фаъолият оид ба ошкор намудани таxҳизоти электроние, ки барои ғайриошкоро ба даст овардани иттилоот дар биноҳо ва воситаҳои техники таъин гардидаанд (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёxоти худи шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди анxом дода шавад); (Қонун №1110 аз 26.07.14с.)

– фаъолият оид ба коркард ва истеҳсоли воситаҳои ҳифзи иттилооти махфиёна; (Қонун №1110 аз 26.07.14с.)

– фаъолият оид ба ҳифзи техникии иттилооти махфиёна; (Қонун №1110 аз 26.07.14с.)

– фаъолият оид ба коркард ва истеҳсоли воситаҳои махсуси техникие, ки барои ғайриошкоро ба даст овардани иттилоот пешбинӣ шудаанд, фурӯши ин воситаҳо ва инчунин хариди онҳо бо мақсади фурӯш дар ҳолатҳое, ки ин намудҳои фаъолият аз тарафи соҳибкорон ва шахсони ҳуқуқии ба соҳибкори машғулбуда амали гардонида мешаванд; (Қонун №1110 аз 26.07.14с.)

– фаъолият оид ба тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакори муҳофкзатшаванда, аз xумла қоғазҳои қиматнок, инчунин савдои маҳсулоти мазкур;

– фаъолият оид ба истеҳсол, сохтан, фурӯш, коллексиякунӣ ё банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти xангии он; (Қонун №1184 аз 18.03.15с.)

– фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардори (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёxоти шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди анxом дода шавад);

– фаъолият оид ба истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи таркидан, сӯхтан ва химияви доранд;

– фаъолият оид ба истеҳсол, коркард, истихроxи нафт, газ, ангишт ва истифодаи шабакаҳои иншооти нафти ва гази;

– фаъолият оид ба нигоҳдори ва фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёxоти худи шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди анxом дода шавад);

– фаъолият оид ба васл, танзим ва таъмири иншоотҳо ва таxҳизоти энергетики (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин кор барои таъмини эҳтиёxоти худи шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди анxом дода шавад);

– фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноати;

– фаъолият оид ба истеҳсол, нигоҳдори, паҳн кардан, инткқол додан ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноати;

– фаъолият оид ба истеҳсол ва паҳн намудани маҳсулоти тарфгари (пиротехники), ки ба кадастри давлатии заводи тарканда дохил шудаанд;

– фаъолият оид ба иxрои корҳои васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои таъмини аз сӯхтор пешгири кардани биною иншоотҳо;

– фаъолият оид ба истеҳсол, додан ва тақсим кардани энергияи барқ (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёxоти шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди анxом дода шавад);

– фаъолият оид ба корҳои лоиҳакаши ва тадқиқоти, сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз xумла васеъкуни, азнавсози, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавxуда (ба истиснои сохтмони манзили шахсӣ барои эҳтиёxоти шахсии худ); (Қонун №911 аз 28.12.12с.)

– фаъолият оид ба корҳои лоиҳакаши ва тадқиқоти, сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншоотҳои роҳ;

– фаъолият оид ба корҳои маркшейдери;

– фаъолияти геодези ва харитасози;

– фаъолият дар соҳаи обуҳавосанxи ва соҳаҳои ба он алоқаманд, аз xумла иxрои корҳои фаъолона таъсир расонидан ба ҳодисоту раванди обуҳавосанxи ва геофизики;

– фаъолияти фарматсевти (тайёр ва истеҳсол кардани дорувори ва воситаҳои косметики, истеҳсоли молу техникаи тибби, фурӯши дорувори ва молҳои тибби, истеҳсол ва фурӯши ғизои иловагии табобатию профилактики);

– фаъолияти хусусии тибби;

– фаъолият оид ба хизматрасонии техникии техникаи тибби (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин кор барои таъмини эҳтиёxоти худи шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди анxом дода шавад);

– фаъолият бо истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда;

– фаъолият оид ба истеҳсоли воситаҳои дезинфексиони, дезинсексиони ва дератизатсиони;

– фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илми, ҳамчунин ташили воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропи;

– фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропи ва прекурсорҳо (таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот);

– фаъолияти вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда;

– фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ; (Қонун №911 аз 28.12.12с.)

– фаъолият вобаста ба воридоту содирот, истеҳсол, фурӯш, истифода, ҳамлу нақл, нигоҳдори, коркард ва нобуд кардани моддаҳои радиоактивӣ; (Қонун №519 аз 19.05.09г.)

– фаъолияти иқтисодии хориxӣ оид ба назорати содиротии маҳсулоти таъиноти дуҳадафа; (Қонун №1157 аз 27.11.14с.)

– фаъолият оид ба мусофиркашони ва боркашони бо нақлиёти ҳавои;

– фаъолият оид ба мусофиркашони ва боркашони бо нақлиёти автомобили (ба истиснои ҳолатҳое, ки ин фаъолият барои таъмини эҳтиёxоти худи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ анxом дода шавад); (Қонун №349 аз 5.01.08с.)

– фаъолият оид ба мусофиркашони ва боркашони бо нақлиёти роҳи оҳан (ба истиснои ҳолатҳое, ки агар ин фаъолият барои таъмини эҳтиёxоти худи шахси ҳуқуқи ё соҳибкори инфироди анxом дода шавад ва набаромадан ба роҳи оҳани истифодаи умум);

– фаъолият оид ба хизматрасонии техники ва таъмир дар нақлиёти автомобили ва роҳи оҳан;

– фаъолияти терминалҳои мусофиркашони ва боркашони;

– фаъолият оид ба хизматрасонии техники ҳангоми парвози нақлиёти ҳавои;

– фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавои;

– фаъолият оид ба xамъовари, истифода, безараргардони, кашонидан ва xойгиркунонии партовҳои хатарнок;

– фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото; (Қонун №485 аз 26.03.09с.)

– фаъолияти баҳодиҳи (нархгузори);

– фаъолияти туристи;

– фаъолият оид ба тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга;

– фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоxикистон берун аз Ҷумҳурии Тоxикистон ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориxи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоxикистон;

– фаъолияти аудитори;

– фаъолияти ломбардҳо;

– фаъолият дар соҳаи биржа;

– фаъолияти суғуртави;

– фаъолияти иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок;

Сархати панxоҳу якуми моддаи 17 хориx карда шуд. (Қонун №950 аз 19.03.13с.)

Сархати панxову сеюми моддаи 17 хориx карда шуд. (Қонун №1191 аз 18.03.15с.)

– фаъолияти адвокатҳои ваколатдор;

– фаъолияти соҳаи маориф (ба истиснои муассисаҳои давлатии таълими томактаби ва таҳсилоти умуми (ибтидои, умумии асоси ва миёнаи умуми);

– фаъолияти вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо (коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиxаи ниҳоии маҳсулот, холис кардани металлҳои қиматбаҳо ва рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо, аз аҳоли харидани маснуоти заргари ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чаканаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо), ба истиснои фаъолияти истихроxи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ; (Қонун №1030 аз 12.11.13с.)

– фаъолияти кормандони масъули патенти;

– фаъолияти соҳаҳои телевизион, радиошунавони ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуали;

– фаъолияти ба даст овардан, фурӯш, истифода, партов ва нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, инчунин ҳамаи намуди фаъолият, ки бо васлнамои, хизматрасони ва таъмири таxҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд;

– фаъолият оид ба xамъовари ва тайёр намудани ашёи хоми дорувори;

– фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақа. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

– фаъолияти Бюрои таърихи қарз. (Қонун №551 аз 5.10.09с.)

Моддаи 18. Номгӯи махсуси намудҳои фаъолияте, ки барои амали намудани онҳо иxозатнома зарур аст

  1. Тибқи Қонуни мазкур тартиби махсуси иxозатномадиҳи намудҳои зерини фаъолиятро дар бар мегирад:

– фаъолият оид ба анxомдиҳии амалиёти бонки;

– фаъолият оид ба анxомдиҳии амалиёт бо асъори хориxи;

– фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этили, машрубот ва маҳсулоти спиртдор;

– фаъолият оид ба истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку; (Қонун №950 аз 19.03.13с.)

– фаъолият дар соҳаи алоқаи барқи;

– фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризамини, ба истиснои фаъолияти истихроxи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ; (Қонун №1030 аз 12.11.13с.)

– фаъолият оид ба истифодабарии объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоxикистон дохил гардидаанд;

– фаъолият, кор ва хизматрасони дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ. (Қонун №1109 аз 26.07.14с.)

  1. Иxозатномадиҳии фаъолият оид ба анxомдиҳии амалиёти бонки ва амалиёт бо асъори хориxи бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоxикистон дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонки, танзими асъор ва назорати асъор ба танзим дароварда мешавад.
  2. Номгӯи намудҳои фаъолияти иxозатномадодашавандаро танҳо дар ҳолати даровардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур тағйир додан мумкин аст. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

Моддаи 18.1. Амали санадҳои ҳуқуқии байналмилали

  1. Агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоxикистон тартиби дигари иxозатномадиҳи ё намудҳои дигари фаъолияти иxозатномадодашаванда муқаррар гардида бошанд, ин санадҳои ҳуқуқии байналмилали мавриди амал қарор дода мешаванд.
  2. Иxозатномаҳои дар дигар давлатҳо гирифташуда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоxикистон бо шарти мавxуд будани санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоикистон, ки дар онҳо ин ҳолат қайд гардидааст, эътироф карда мешаванд. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

Моддаи 18.2. Додани иxозатнома дар асоси озмун

Иxозатномаҳо барои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқи ва фаъолияти истифодаи сарватҳои зеризамини метавонанд дар асоси озмун дода шаванд. Тартиби гузаронидани озмунро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоxикистон муқаррар менамояд. (Қонун №195 аз 28.07.06с.)

Моддаи 18.3. Додани иxозатнома дар асоси созишнома оид ба тақсими маҳсулот

Иxозатнома барои фаъолияте, ки аз созишнома оид ба тақсими маҳсулот байни давлат ва сармоягузор бармеояд, пас аз 30 рӯзи ба имзо расонидани созишномаи мазкур бе талаб кардани ҳуxxату маводи иловагӣ ва бе мувофиқасозии иловагӣ дода мешавад. (Қонун №399 аз 18.06.08с.)

Моддаи 19. Қоидаҳои гузариш

  1. Қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқие, ки тартиби иxозатномадиҳиро танзим менамоянд. дар қисмате, ки ба Қонуни мазкур мухолифат надоранд, амал мекунанд.
  2. Иxозатномадиҳи ба намудҳои фаъолияте, ки дар моддаҳои 17 ва 18 зикр наёфтаанд, аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур қатъ мегардад.
  3. Иxозатномаҳое, ки пеш аз интишори расмии Қонуни мазкур дода шудаанд, то мӯҳлати дар онҳо нишон додашуда эътибор доранд.

Моддаи 20. Ҷавобгари барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеи ва ҳуқуқие, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоxикистон ба xавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 21. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоxикистон                                                                     Э. Раҳмонов

ш. Душанбе, 17 майи соли 2004,

№37