Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»

Қонунҳо

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»

 

БОБИ 2. ХИРОҶ БАРОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ВОСИТАҲОИ РАДИОЭЛЕКТРОНИ ВА ДАСТГОҲҲОИ БАЛАНДБАСОМАД

БОБИ 3. ХИРОҶ БАРОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ КИШТИҲОИ ҲАВОИИ ГРАЖДАНИ

БОБИ 4. ХИРОҶ БАРОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АЭРОДРОМҲО ВА ФУРУДГОҲҲОИ ҲАВОИ

БОБИ 5. ХИРОҶ БАРОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ МАВОДИ ДОРУВОРИ

БОБИ 6. ХИРОҶ БАРОИ ҲАРАКАТИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИИ ХОРИҶИ ДАР ҲУДУДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БОБИ 7. ХИРОҶ БАРОИ ДОДАНИ ИҶОЗАТИ ИСТИФОДАИ СПЕКТРИ РАДИОБАСОМАД

БОБИ 8. ХИРОҶҲОИ КОНСУЛИ

БОБИ 8.1. ХИРОҶ БАРОИ ГУЗОШТАНИ АПОСТИЛ

БОБИ 9. ХИРОҶ БАРОИ ДОДАНИ ШИНОСНОМАИ ШАҲРВАНДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БОБИ 10. ХИРОҶИ ИҶОЗАТНОМАДИҲИ

БОБИ 11. ПАРДОХТ БАРОИ ИСТИФОДАИ СПЕКТРИ РАДИОБАСОМАД

БОБИ 12. ПАРДОХТ БАРОИ АМАЛҲОИ МАРБУТ БА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИИ ОБЪЕКТҲОИ МОЛИКИЯТИ САНОАТИ

БОБИ 13. ПАРДОХТ БАРОИ ИФЛОС КАРДАНИ МУҲИТИ ТАБИИИ ЗИСТ ВА ДИГАР НАМУДҲОИ ТАЪСИРИ ЗАРАРНОК БА ОН

БОБИ 14. ПАРДОХТ БАРОИ ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

БОБИ 15. ПАРДОХТ БАРОИ ИСТИФОДАИ ҶАНГАЛ

БОБИ 16. ПАРДОХТ БАРОИ ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОЛАМИ НАБОТОТ

БОБИ 16.1. ПАРДОХТ БАРОИ ДОДАНИ ИҶОЗАТИ ИСТИФОДАИ ВОСИТАХОИ НАҚЛИЁТ БО ШИШАҲОИ СИЁҲУ ХИРА

БОБИ 16.2. ПАРДОХТ АЗ ФОИДАИ СОФ

БОБИ 16.3. ПАРДОХТ БАРОИ СУҒУРТАИ ҲАТМӢ

БОБИ 16.4. ПАРДОХТ БАРОИ МАРКАҲОИ АКСИЗӢ

БОБИ 16.5. ПАРДОХТ БАРОИ ДОДАНИ СЕРТИФИКАТҲО АЗ ҶОНИБИ МАҚОМОТИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ, МЕТРОЛОГИЯ, СЕРТИФИКАТСИЯ ВА НОЗИРОТИ САВДО

БОБИ 16.6. ПАРДОХТ БАРОИ ИҶРОИ КОРҲО ОИД БА ДОДАНИ ШАҲОДАТНОМА БАРОИ ВОРИДОТИ ГАЗИ МОЕИ КАРБОГИДРИДӢ

БОБИ 16.7. ПАРДОХТ АЗ ҲИСОБИ ҶАРИМАҲОИ СУДӢ ВА ДИГАР ҶАРИМАВУ МУҶОЗОТЕ, КИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТИИ ДИГАР ТАТБИҚ МЕНАМОЯНД

БОБИ 16.8. ПАРДОХТ АЗ ҲИСОБИ МАБЛАҒҲОИ МАХСУСИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲОИ БУҶЕТӢ

БОБИ 17. ХИРОҶ БАРОИ АМАЛҲОИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛИ

БОБИ 18. ХИРОҶ БАРОИ АМАЛҲОИ БОЗРАСИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗИ

БОБИ 19. ХИРОҶ БАРОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ҲУҚУҚ БА АМВОЛИ ҒАЙРИМАНҚУЛ ВА АҲДҲО БО ОН

БОБИ 20. ХИРОҶ БАРОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ КИШТИҲОИ ДАРЁГАРДИ ХУРДҲАҶМ

БОБИ 21. ПАРДОХТ БАРОИ РЕКЛАМАҲОИ БЕРУНӢ

БОБИ 21.1. ПАРДОХТҲО БАРОИ ДОДАНИ ҲУҶҶАТҲОИ ИҶОЗАТДИҲӢ

БОБИ 22. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мавзeи танзими Қонуни мазкур

Қонуни мазкур намудҳои дигари пардохтҳои ҳатмиро ба буҷет, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян накардааст, супорандагон, тартиби ҳисобкуни ва пардохти онҳоро муқаррар менамояд.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асоси

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

– дигар пардохтҳои ҳатми – пардохтҳои ҳатми ба буҷети давлати (минбаъд – буҷет), ки онҳо яке аз шартҳои нисбати супорандагон аз ҷониби мақомоти ваколатдор анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқи муҳим, инчунин пешниҳоди ҳуқуқҳои муайян ё додани иҷозат барои истифодаи захираҳои табий ё дигар захираҳои мавҷуда мебошад;

– хироҷ – пардохти ҳатми ба буҷети давлати, ки барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқи муҳим ситонида мешавад;

– пардохт – пардохти ҳатми, ки барои иҷозат оид ба истифодаи захираҳои табий ё дигар захираҳои мавҷуда ситонида мешавад;

– супорандагон – шахсони воқеи ва ҳуқуқие, ки ба зиммаи онҳо мувофиқи Қонуни мазкур eҳдадори оид ба дигар пардохтҳои ҳатми ба буҷет гузошта шудааст;

– мақоми ваколатдори давлати – мақоми иҷроияи марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати андозро аз рeи иҷрои дигар eҳдадориҳо оид ба пардохтҳои ҳатми ба буҷет таъмин менамояд ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад; (Қонун №948 аз 19.03.13с.)

– мақомоти ваколатдор – мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои мақомоти андоз, ки мутобиқи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобкуни ва (ё) ҷамъоварии дигар пардохтҳои ҳатмиро ба буҷет анҷом медиҳанд.

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дигар пардохтҳои ҳатми ба буҷет

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дигар пардохтҳои ҳатми ба буҷет ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Намудҳои дигар пардохтҳои ҳатми ба буҷет

  1. Дигар пардохтҳои ҳатми ба буҷет аз дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳурияви ва дигар пардохтҳои ҳатмии маҳалли иборатанд.
  2. Ба дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳурияви инҳо дохил мешаванд:

– хироҷ барои бақайдгирии давлатии воситаҳои радиоэлектрони ва дастгоҳҳои баландбасомад;

– хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои ҳавоии граждани;

– хироҷ барои бақайдгирии давлатии аэродромҳо ва фурудгоҳҳои ҳавои;

– хироҷ барои бақайдгирии давлатии маводи дорувори;

– хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– хироҷ барои додани иҷозати истифодаи спектри радиобасомад;

– хироҷи консули;

– хироҷ барои гузоштани апостил; (Қонун №1250 аз 23.11.15с.)

– хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– хироҷи иҷозатномадиҳи;

– пардохт барои истифодаи спектри радиобасомад;

– пардохт барои амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноати;

– пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ; (Қонун №948 аз 19.03.13с.)

– пардохт барои ифлос кардани муҳити табиии зист ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба он;

– пардохт барои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот;

– пардохт барои истифодаи ҷангал;

– пардохт барои истифодаи объектҳои олами наботот.

– пардохт барои додани иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира. (Қонун №578 аз 9.01.10с.)

– пардохт аз фоидаи соф; (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

– пардохт барои суғуртаи ҳатмӣ; (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

– пардохт барои маркаҳои аксизӣ; (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

– пардохт барои додани сертификатҳо аз ҷониби мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо; (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

– пардохт барои иҷрои корҳо оид ба додани шаҳодатнома барои воридоти гази моеи карбогидридӣ; (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

– пардохт аз ҳисоби ҷаримаҳои судӣ ва дигар ҷаримаву муҷозоте, ки мақомоти давлатии дигар татбиқ менамоянд; (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

– пардохт аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ. (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

  1. Ба дигар пардохтҳои ҳатмии маҳалли инҳо дохил мешаванд:

– хироҷ барои амалҳои бозрасии давлатии автомобили;

– хироҷ барои амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзи;

– хироҷ барои бақайдгирии давлатик ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он;

– хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм;

– пардохт барои ҷойгир намудани рекламаи беруни.

  1. Ба ғайр аз пардохтҳои ҳатми ва хироҷҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, муқаррар намудани хироҷу пардохтҳои нав, инчунин тағйир додан ё бекор намудани хироҷу пардохтҳои амалкунанда бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ҳамин Қонун анҷом дода мешавад.

Моддаи 5. Пардохта маблағҳои дигар пардохтҳои ҳатми ба буҷет

  1. Дигар пардохтҳои ҳатмии умумҷумҳурияви ба қисми даромади буҷети ҷумҳурияви ва дигар пардохтҳои ҳатмии маҳалли ба қисми даромадҳои буҷети дахлдор (ноҳияви ё шаҳри) бевосита пардохт карда мешаванд, ба истиснои пардохтҳои ҳатмии зерине, ки ба маблағҳои махсуси мақомоти ваколатдор барои гузоштани апостил ва мақомоти ваколатдор оид ба соҳаҳои ҳифзи муҳити зист равона карда мешаванд: (Қонун №948 аз 19.03.13с., Қонун №1351 аз 23.07.16с.)

– хироҷҳое, ки боби 8.1 Қонуни мазкур муқаррар намудааст; (Қонун №1351 аз 23.07.16с.)

– пардохтҳое, ки боби 13 Қонуни мазкур муқаррар намудааст, ба истисноипардохт барои ифлос кардани об ва дигар намудҳои таъсири заранок ба об;

– пардохтҳое,  ки боби 14 ва боби 16  Қонуни мазкур муқаррар намудаанд;

– пардотҳое, ки дар сархатҳои якум, сеюм, чорум ва ҳафтуми қисми 1 моддаи 55 қонуни мазкур муқаррар карда шудаанд. (Қонун №520 аз 19.05.09с.)

  1. Хароҷоти маблағҳои дигар пардохтҳои ҳатми ба буҷет мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Моддаи 5.1. Назорати андоз

  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ масъалаҳои ҳисоби дуруст ва бевосита ба буҷети дахлдор пардохт намудани дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷетро аз ҷониби мақомоти ваколатдор назорат менамояд.
  2. Маъмурикунонии дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет дар асоси Қонуни мазкур ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  3. Шаклҳои ҳисоботи мақомоти ваколатдор ва мeҳлатҳои пешниҳоди онҳо доир ба дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад. (Қонун №948 аз 19.03.13с.)
  4. Агар маблағи пардохти ҳатмӣ дар мeҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур пардохт нашуда бошад ва бақияпулӣ ҷой дошта бошад, супоранда eҳдадор аст аз санаи фаро расидани мeҳлати пардохт то санаи пардохти бақияпулиҳо, фоизҳои дахлдорро мутобиқи талаботи моддаи 73 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар рeзи гузаронидани мeҳлат пардохт намояд. (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

БОБИ 2. ХИРОҶ БАРОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ВОСИТАҲОИ РАДИОЭЛЕКТРОНИ ВА ДАСТГОҲҲОИ БАЛАНДБАСОМАД

Моддаи 6. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии воситаҳои радиоэлектрони ва дастгоҳҳои баландбасомад

  1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии воситаҳои радиоэлектрони ва дастгоҳҳои баланбасомад (минбаъд – хироҷ) ҳангоми бақайдгирии воситаҳои радиоэлектрони ва дастгоҳҳои баландбасомад, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлати (минбаъд – бақайдгири) ситонида мешавад.
  2. Бақайдгирии давлатии воситаҳои радиоэлектрони ва дастгоҳҳои баландбасомад аз ҷониби мақомоти ваколатдор, ки тақсимоти спектрҳои басомадро ба танзим медарорад, (минбаъд – мақомоти бақайдгиранда) анҷом дода мешавад.

Моддаи 7. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеи ва ҳуқуқие мебошанд, ки мақомоти бақайдгиранда ба манфиати онҳо бақайдгириро анҷом медиҳад.

Моддаи 8. Имтиёзҳо

Аз пардохти хироҷ ташкилотҳои буҷети озод мебошанд.

Моддаи 9. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохтшудаи хироҷ

  1. Маблағи хироҷро мақомоти бақайдгиранда мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб мекунад ва то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.
  2. Маблағи пардохтшудаи хироҷ баргардонида намешавад ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгири даст кашад. Ҳамзамон, маблағ баъди ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгирандаро пешниҳод намудани хироҷсупоранда, ки аз ҷониби шахси нишон додашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгири тасдиқ мекунад, баргардонда мешавад.

БОБИ 3. ХИРОҶ БАРОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ КИШТИҲОИ ҲАВОИИ ГРАЖДАНИ

Моддаи 10. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои ҳавоии граждани

  1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои ҳавоии граждани (минбаъд – хироҷ) ҳангоми бақайдгирии (азнавбақайдгирии) киштиҳои ҳавоии граждани, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқунандаи бақайдгирии давлати (минбаъд – бақайдгири) ситонида мешавад.
  2. Бақайдгири аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи авиатсияи граждани (минбаъд – мақомоти бақайдгиранда) анҷом дода мешавад.

Моддаи 11. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеи ва ҳуқуқие мебошанд, ки киштиҳои ҳавоии граждании бақайдгирифташаванда доранд.

Моддаи 12. Тартиби ҳисоб пардохт ва баргардондани маблағи пардохтшудаи хироҷ

  1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.
  2. Маблағи пардохтшудаи хироҷ баргардонида намешавад ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгири даст кашад. Ҳамзамон, маблағ баъди ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгирандаро пешниҳод намудани хироҷсупоранда, ки аз ҷониби шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгири тасдиқ мекунад, баргардонда мешавад.

БОБИ 4. ХИРОҶ БАРОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ АЭРОДРОМҲО ВА ФУРУДГОҲҲОИ ҲАВОИ

Моддаи 13. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии аэродромҳо ва фурудгоҳҳои ҳавои

  1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии аэродромҳо ва фурудгоҳҳои ҳавои (минбаъд – хироҷ) ҳангоми бақайдгирии (азнавбақайдгирии ) аэродромҳо ва фурудгоҳҳои ҳавои, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлати (минбаъд – бақайдгири) ситонида мешавад.
  2. Бақайдгири аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи авиатсияи граждани (минбаъд – мақомоти бақайдгиранда) анҷом дода мешавад.

Моддаи 14. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони, воқеи ва ҳуқуқие мебошанд, ки аэродромҳо ва фурудгоҳҳои ҳавоии бақайдгирифташаванда доранд.

Моддаи 15. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

  1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.
  2. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгири даст кашад. Ҳамзамон, баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгиранда, ки аз шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгири тасдиқ мекунад, маблағ баргардонда мешавад.

БОБИ 5. ХИРОҶ БАРОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ МАВОДИ ДОРУВОРИ

Моддаи 16. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии маводи дорувори

  1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии маводи дорувори (минбаъд – хироҷ) ҳангоми бақайдгирии (азнавбақайдгирии) маводи дорувори, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудаанд, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлати (минбаъд – бақайдгири) ситонида мешавад.
  2. Бақайдгирии маводи дорувори аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи назорати маводи дорувори (минбаъд – мақомоти бақайдгиранда) анҷом дода мешавад.

Моддаи 17. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеи ва ҳуқуқие мебошанд, ки маводи дорувориро барои бақайдгири ба мақомоти бақайдгиранда пешниҳод менамоянд.

Моддаи 18. Имтиёзҳо

Маводи дорувори ва молҳои тиббие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати кeмаки башардeстона ворид карда мешаванд, аз пардохти хироҷ барои бақайдгири озод мебошанд.

Моддаи 19. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

  1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.
  2. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгири даст кашад. Ҳамзамон, баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгиранда, ки аз шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгири тасдиқ мекунад, маблағ баргардонда мешавад.

БОБИ 6. ХИРОҶ БАРОИ ҲАРАКАТИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИИ ХОРИҶИ ДАР ҲУДУДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 20. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Хироҷ барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – хироҷ) дар мавридҳои зайл ситонида мешавад:

– даромадан (баромадан) ба (аз) ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, транзити воситаҳои нақлиёти автомобилии хориҷи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  кашондани мусофирон ва борҳоро бо роҳҳои байналмилали анҷом медиҳанд;

– ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилии калонҳаҷм ва (ё) вазнини хориҷи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Тартиби ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобили дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 21. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеи ва ҳуқуқии хориҷие мебошанд, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 24 Қонуни мазкур анҷом медиҳанд.

Моддаи 22. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

  1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда пардохта мешавад.
  2. Хироҷ бо роҳи гузаронидани маблағ тазассути бонкҳо ё ташкилотҳое, ки намудҳои алоҳидаи амалиёти бонкиро анҷом медиҳанд, ё бо пули нақд дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъи ҳангоми барасмиятдарории гумруки пардохта мешавад. Шакли ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъи ва тартиби ба буҷет гузаронидани маблағи хироҷи бо пули нақд пардохташударо мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (Қонун №948 аз 19.03.13с.)
  3. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад.

БОБИ 7. ХИРОҶ БАРОИ ДОДАНИ ИҶОЗАТИ ИСТИФОДАИ СПЕКТРИ РАДИОБАСОМАД

Моддаи 23. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои додааи иҷозати истифодаи спектри радиобасомад

  1. Хироҷ барои додани иҷозати истифодаи спектри радиобасомад (минбаъд – хироҷ) ҳангоми додани иҷозат (нусхаи дуюми иҷозат) барои истифодаи спектри радиобасомад аз ҷониби мақомоте, ки тақсимоти басомадҳоро ба танзим медарорад, ситонида мешавад. Муқаррароти ҳамин боб нисбати Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси иҷозатномаи аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳаи телевизион ва радио додашуда амал менамояд, татбиқ карда мешавад.
  2. Тақсимоти хатҳои (номиналҳои) спектри радиобасомад метавонад дар асоси озмун мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад. Маблағҳои яквақта, ки ҳангоми тақсимоти хатҳои (номиналҳои) спектри радиобасомад бо роҳи гузаронидани озмун ситонида мешаванд, ба ҳисоби хироҷи мутобиқи ҳамин боб пардохташаванда гузаронида намешаванд.

Моддаи 24. Супорандагони хироҷ

  1. Супорандагони хироҷ ташкилотҳои телевизион ва радиошунавоние мебошанд, ки иҷозати истифодаи спектри радиобасомадро мегиранд.
  2. Аз супоридани хироҷ ташкилотҳои давлатие, ки иҷозати истифодаи спектри радиобасомадро барои иҷрои eҳдадориҳои асосии вазифазии ба зиммаи ҳамин ташкилотҳои давлати гузошташуда мегиранд, озод мебошанд.

Моддаи 25. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

  1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то гирифтани иҷозат дар мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.
  2. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгири даст кашад. Ҳамзамон, баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгиранда, ки аз шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгири тасдиқ мекунад, маблағ баргардонда мешавад.

БОБИ 8. ХИРОҶҲОИ КОНСУЛИ

Моддаи 26. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷҳои консули

Хироҷи консули (минбаъд – хироҷ) аз ҷониби намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани амалҳои консули ва додани ҳуҷҷатҳои дорои аҳамияти ҳуқуқи (минбаъд – хизматҳои консули) аз шахсони воқеи ва ҳуқуқи ситонида мешавад.

Моддаи 27. Супорандагони хироҷ

Супорандагрни хироҷ шахсони воқеи ва ҳуқуқие мебошанд, ки ба онҳо хизматҳои консули расонида мешавад.

Моддаи 28. Имтиёзҳо

  1. Хироҷҳои консули ситонида намешаванд:

– ҳангоми мавҷуд будани созишномаи байналмилали оид ба даст кашидан аз ситонидани пардохтҳои консули, ки иштирокчии он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аз шаҳрвандони давлатҳое, ки ҳамин созишномаи байналмилалиро ба имзо расонидаанд;

– барои додани раводидҳои дипломати ва хизмати ба шахсоне, ки ба ҳайати намояндагони расми ва ҳукумати шомиланд ва кормандони вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои хориҷи;

– дар холатҳое, ки бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд;

– барои барасмиятдарории раводидҳои шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расондани борҳои дорои хусусияти башардeстона ё ҳаллу фасли масъалаҳои расондани онҳо ба ҷумҳури ворид мешаванд;

– аз рeи дархости мақомоти ваколатдор оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– барои аз рeи дархости Ҳукумат ва шаҳрвандони алоҳидаи мамлакатҳое, ки бо онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳо оид ба кeмаки ҳуқуқи бастааст, талаб кардани ҳуҷҷатҳо оид ба корҳои ҷинояти, оид ба алиментҳо, оид ба кeмакпулиҳо ва нафақаҳои давлати, оид ба писархонди, оид ба ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқии ноболиғон, ҳамчунин барои ҳуҷҷатҳое, ки барои пешниҳод ба муассисаҳои таълими заруранд ва аз ҷониби мақомоти суди, нотариат ва мақомоти сабти санадҳои ҳолати шаҳрванди дода мешаванд;

– барои қонунигардонии ҳуҷҷатҳои талабшаванда, ки дар сархатҳои боло нишон дода шудаанд;

– барои тасдиқи васиятномаҳо, шартномаҳои бахшиши амвол, аз ҷониби шахсони воқеи ба фоидаи давлат;

– барои гирифтани шаҳодатномаҳо дар хусуси ба мерос гирифтани амвол аз ҷониби шахсони воқеи, ки мубталои бемориҳои рeҳии доими буда, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти васоят гирифта шудаанд;

– барои анҷом додани амалҳои коксули нисбати кeдакони то 16 -сола;

– барои додани шаҳодатномаи вафот;

– барои додани шаҳодатнома ҳангоми ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба навиштаҷоти санадҳои таваллуд, вафот, муқаррар намудани падари, фарзандхонди – бинобар хатоҳое, ки ҳангоми бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрванди роҳ дода шудаанд;

– барои хизматрасониҳои консули ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани;

– дар дигар холатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда муқаррар намудаанд.

  1. Ҳангоми хизматрасониҳои консули ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – маъюбони гурeҳҳои I ва II хироҷҳои консули ба андозаи 50 фоизи арзиши онҳо ситонидамешавад.

Моддаи 29. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

  1. Номгeи амалҳои консули, ки барои анҷом додани онҳо за номгeи ҳуҷҷатҳое, ки барои додани онҳо хироҷ ситонида мешавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  2. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобкарда, то анҷом додани амалҳои консули ё додани ҳуҷҷатҳо пардохта мешавад.
  3. Намояндагиҳои дипломати ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои консулиро баъди пардохти хироҷ аз ҷониби супоранда анҷом медиҳанд.
  4. Пардохти хироҷ бо асъори мамлакате, ки дар ҳудуди он хизматрасонии консули сурат мегирад ё бо ҳар як дигар асъори қобили табодули озод анҷом дода мешавад.
  5. Пардохти хироҷҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки меъёри онҳо бо доллари ИМА муқаррар карда шудааст, бо асъори милли мутобиқи қурби расмие, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар вақти пардохти хироҷ муқаррар кардааст, сурат мегирад.
  6. Хироҷ пардохта мешавад:

– дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон – бо роҳи гузаронидани маблағ тавассути бонкҳо ё ташкилотҳое, ки амалиёти алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳанд, ё бо пули нақд дар муассисаҳои консули дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъи;

– берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон – бо роҳи гузаронидани маблағ тавассути бонкҳо ё ташкилотҳое, ки амалиётҳои алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳанд; ба ҳисоби бонкии махсуси (транзити) намояндагии дипломати ё муассисаи консули ё бо пули нақд дар намояндагиҳои дипломати ё муассисаҳои консули дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъи.

  1. Шакли ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъиро мақоми ваколатдори давлати дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (Қонун №948 аз 19.03.13с.)
  2. Тартиби ба буҷет гузаронидани маблағҳои хироҷ, ҳамчунин тартиби гузаронидани маблағҳои хироҷ ба ҳисоби бонкии махсуси (транзитии) намояндагии дипломати ё муассисаи консули, ки дар хориҷа бо пули нақд супорида шудаанд, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  3. Маблағҳои пардохташудаи хироҷ баргардонда намешавад.

БОБИ 8.1. ХИРОҶ БАРОИ ГУЗОШТАНИ АПОСТИЛ

Моддаи 29.1. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои гузоштани апостил

  1. Барои баррасии ариза оид ба гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷ ситонида мешавад.
  2. Маблағи хироҷ аз рeи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор барои гузоштани апостил пардохта мешавад. (Қонун №1250 аз 23.11.15с.)
  3. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад.

БОБИ 9. ХИРОҶ БАРОИ ДОДАНИ ШИНОСНОМАИ ШАҲРВАНДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 30. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Хироҷ барои додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – хироҷ) ҳангоми ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – шиноснома) ситонида мешавад.
  2. Шиноснома аз ҷониби мақомоти ваколатдор мутобиқи тартиб ва ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

Моддаи 31. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Моддаи 32. Имтиёзҳо

Аз супоридани хироҷ барои додани шиноснома озод карда мешаванд:

– иштирочиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватани ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

– нафақахeрон;

– маъюбони гурeҳи як ва ду категорияҳое, ки қонунгузории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муаяйн намудааст.

Моддаи 33. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

  1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор барои гирифтани шиноснома супорида мешавад.
  2. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта аз гирифтани шиноснома то аз ҷониби аризадиҳанда пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти ваколатдор оид ба додани шиноснома даст кашад. Ҳамзамон, маблағ баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти ваколатдори дахлдор, ки даст кашидани шахсро аз гирифтани шиноснома тасдиқ мекунад, баргардонда мешавад.

БОБИ 10. ХИРОҶИ ИҶОЗАТНОМАДИҲИ

Моддаи 34. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои иҷозатномадиҳи

Хироҷи иҷозатномадиҳи (минбаъд – хироҷ) барои баррасии ариза, додан, дароз намудани мeҳлати амал ва аз нав барасмиятдарории иҷозатнома мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.

Моддаи 35. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеи ва ҳуқуқие мебошанд, ки иҷозатнома мегиранд.

Моддаи 36. Тартиби супоридани хироҷ

Хироҷ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият» пардохта мешавад.

БОБИ 11. ПАРДОХТ БАРОИ ИСТИФОДАИ СПЕКТРИ РАДИОБАСОМАД

Моддаи 37. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои истифодаи спектри радиобасомад

  1. Пардохтро барои истифодаи спектри радиобасомад (минбаъд – пардохт) барои ҷудо кардани номиналҳои (хатҳои, диапазонҳои) спектри радиобасомад (минбаъд – номиналҳои спектри радиобасомад) мақомоте, ки тақсимоти басомадҳоро ба танзим медарорад, меситонад.
  2. Ҳуқуқи истифодаи спектри радиобасомадро ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандае, ки мақомоти ваколатдори соҳаи алоқа мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, тасдиқ мекунанд.
  3. Тақсимоти номиналҳои спектри радиобасомад метавонад дар асоси озмун мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад. Дар ин ҳолат ғолиб баъди ҷамъбасти озмун маблағи яквақтаро бо тартиб ва андозаҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, мепардозад.
  4. Маблағи пардохти яквақта, ки бояд мутобиқи қисми 3 ҳамин модда супорида шавад, ба ҳисоби пардохти асоси гузаронида намешавад.

Моддаи 38. Супорандагони пардохт

  1. Супорандагони пардохт шахсони воқеи ва ҳуқуқие мебошанд, хи мутобиқи тартиби муқарраршуда ҳуқуқи истифодаи спектри радиобасомадро гирифтаанд.
  2. Ташкилотҳои давлати, ки спектри радиобасомадро ҳангоми иҷрои вазифаҳои асосии худ истифода мебаранд, супорандагони пардохт намебошанд.

Моддаи 39. Андозаи пардохт

Андозаи пардохтро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳаҷми солонаи истифодаи спектри радиобасомад муқаррар менамояд.

Моддаи 40. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт

  1. Пардохтро барои истифодаи спектри радиобасомад мақомоте, ки тақсимоти спектри радиобасомадро ба танзим медарорад, ҳисоб мекунад.
  2. Дар ҳолате, ки агар давраи истифодаи спектри радиобасомад аз як сол кам бошад, маблағи пардохт аз рeи шумораи моҳҳои истифодаи спектри радиобасомад дар соли ҳисоботи муайян карда мешавад.
  3. Мақомоте, ки тақсимоти басомадҳоро ба танзим медарорад, супорандагонро дар бораи маблағи солонаи пардохт дар мeҳлати на дертар аз 20 феврали соли ҷори огоҳ мекунад.
  4. Маблағҳои солонаи пардохт бо ҳиссаҳои баробар дар мeҳлати на дертар аз 20 март, 20 июн, 20 сентябр ва 20 декабри соли ҷори ба буҷет гузаронида мешаванд.
  5. Ҳангоми гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандае, ки ҳуқуқи истифодаи спектри радиобасомадро тасдиқ мекунанд, баъди мeҳлате, ки дар қисми 3 ҳамин модда муқаррар карда шудааст, мeҳлати якуми пардохт мeҳлати навбатии баъди санаи гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда мебошад.
  6. Маблағи барзиёд пардохташуда баъди баҳисобгири барои пeшонидани фоизҳо ва ҷаримаҳо ё барои пардохтҳои оянда ба ҳисоб гирифта ё мувофиқи аризаи супоранда баргардонида мешавад.

БОБИ 12. ПАРДОХТ БАРОИ АМАЛҲОИ МАРБУТ БА ҲИФЗИ ҲУҚУҚИИ ОБЪЕКТҲОИ МОЛИКИЯТИ САНОАТИ

Моддаи 41. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноати

  1. Пардохт барои амалҳои зерини марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ (минбаъд – пардохт) ситонида мешавад:

– пешниҳоди арзнома;

– бақайдгирӣ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ;

– ворид намудани тағйирот ба Феҳристи давлатӣ ва шаҳодатномаи тамғаи молӣ;

– нигаҳдории эътибори ҳуҷҷати муҳофизатӣ ба ихтироъ ва намунаи саноатӣ;

– тамдид намудани мeҳлати амали бақайдгирии тамғаи молӣ ва мeҳлати амали шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи номи маҳалли истеҳсоли мол;

– барқароркунии амали ҳуҷҷати муҳофизатӣ;

– тамдид ва барқарор намудани мeҳлати гузашта. (Қонун №784 аз 26.12.11с.)

  1. Амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатиро мақомоти ваколатдори ҳифзи объектҳои моликияти саноати (минбаъд – мақомоти ваколатдор) анҷом медиҳад.

Моддаи 42. Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохт шахсони воқеи ва ҳуқуқие (минбаъд – аризадиҳандагон) мебошанд, ки амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқии объектҳои моликияти саноатӣ ба манфиати онҳо иҷро карда мешаванд. (Қонун №784 аз 26.12.11с.)

Моддаи 43. Андозаи пардохт

Андозаи пардохтро оид ба амалҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи объектҳои моликияти, саноати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 44. Имтиёзҳо

  1. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муаллифони ягонаи ихтироъ ва намунаи саноати мебошанд ва патентро ба номи худашон дархост мекунанд ва ё дорандагони ягонаи ихтироъ ва намунаи саноати мебошанд, имтиёзҳои зайл дода мешаванд: (Қонун №784 аз 26.12.11с.)

– иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватани ва ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ҳамчунин маъюбони гурeҳи I аз пардохт пура озод карда мешаванд;

– нафақахeрон, маъюбони гурeҳҳои II ва III, талабагон ва донишҷeёни муассисаҳои таълими, аспирантҳо пардохтро ба андозаи 50 фоиз месупоранд.

  1. Имтиёзҳо дар асоси дархости аризадиҳанда дода мешаванд.

Моддаи 45. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт

  1. Маблағи пардохт мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда то аз ҷониби аризадиҳанда ба мақомоти ваколатдор пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор супорида мешавад. (Қонун №784 аз 26.12.11с.)
  2. Маблағи супоридашудаи пардохт баргардонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони пардохтро супорида то аз ҷониби аризадиҳанда пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти ваколатдори ҳифзи объектҳои моликияти саноати аз гирифтани патент даст кашанд. Ҳамзамон, маблағ баъди аз ҷониби супоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти ваколатдори дахлдор, ки аз шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро тасдиқ мекунад, баргардонда мешавад. (Қонун №784 аз 26.12.11с.)

БОБИ 13. ПАРДОХТ БАРОИ ИФЛОС КАРДАНИ МУҲИТИ ТАБИИИ ЗИСТ ВА ДИГАР НАМУДҲОИ ТАЪСИРИ ЗАРАРНОК БА ОН

Моддаи 46. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои ифлос кардани муҳити табиии зист ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба он

  1. Пардохт барои ифлос кардани муҳити табиии зист ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба он (минбаъд – пардохт) барои анҷом додани фаъолияти истифодаи табиат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, ситонида мешавад.
  2. Истифодаи табиат дар асоси иҷозате, ки мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи ҳифзи муҳити зист додааст, сурат мегирад.
  3. Ифлос кардани муҳити табиии зист бе иҷозате, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда ба расмият дароварда нашудааст, ҳамчун аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд ифлос кардани он ба ҳисоб меравад.
  4. Мақомоти ваколатдори минтақави оид ба соҳаи ҳифзи муҳити табиии зист дар ҳар се моҳ на дертар аз санаи 1-уми моҳи дуюми баъди семоҳаи ҳисоботи ба мақоми андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба маблағи пардохт дар семоҳаи ҳисоботи аз рeи шакле, ки мақомоти давлатии ваколатдор муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд. (Қонун №948 аз 19.03.13с.)

Моддаи 47. Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохт шахсони воқеи ва ҳуқуқие мебошанд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро оид ба истифодаи табиат анҷом медиҳанд.

Моддаи 48. Объектҳои пардохт

Объекти пардохтбанди ҳаҷми воқеии партовҳо ва пасмондаҳо дар ҳудуди меъёрдои муқарраршуда, зиёда аз меъёрҳои муқарраршуда, пасмонда ва партовҳои садамавии моддаҳои ифлоскунанда, ба вуҷуд омадани партови истеҳсоли ва истеъмоли дар ҳудуди меъёрҳои муқарраршуда ва зиёда аз меъёрҳои муқарраршуда, ки ба муҳити табиии зист партофта ё ҷойгиронда мешавад.

Моддаи 49. Андозаи пардохт

Андозаи пардохт аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи ҳифзи муҳити табиии зист дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатии зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи меъёрҳои муқарраршуда муайян карда мешавад. Барои зиёда аз меъёрҳои муқарраршуда ифлос кардани муҳити табиии зист андозаи пардохт панҷ баробар меафзояд. Андозаи пардохт барои пасмондаҳои садамави ва партовҳои моддаҳои ифлоскунандаи муҳити табиии зист бо назардошти меъёр ва зарари воқеии расонидашуда муқаррар карда мешавад.

Моддаи 50. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт

  1. Маблағи пардохт аз ҷониби пардохтсупорандагон мустақилона бо дарназардошти ҳаҷми воқеии ифлоскунии муҳити табиии зист ва меъёрҳои муқарраршуда ҳисоб карда, на дертар аз санаи 20-уми моҳи баъди семоҳаи ҳисоботи ситонида мешавад.
  2. Пардохт ба буҷет дар маҳалли ҷойгиршавии манбаи (объекти) ифлоскунии муҳити табиии зист, ки дар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда нишон дода шудааст, супорида мешавад, ба истиснои объектҳои сайёри ифлоскунанда, ки барои онҳо пардохт дар ҷойи ба қайди давлати гирифта шуданашон аз ҷониби мақомоти ваколатдор сурат мегирад.
  3. Пардохти маблағҳо аз ҷониби супорандагоне, ки низомҳои махсусро барои шахсони ҳуқуқи – истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзи истифода мебаранд, бо тартиби зайл сурат мегирад:

– маблағҳои пардохт, ки барои давраи аз 1 январ то 1 октябри соли чори ҳисоб карда шудаанд, дар мeҳлати на дертар аз 20 октябри соли ҷори супорида мешаванд;

– маблағҳои пардохт, ки барои давраи аз 1 октябр то 31 декабри соли чори ҳисоб карда шудаанд, дар мeҳлати на дертар аз 20 март, ки баъди соли ҳисоботи фаро мерасад, супорида мешаванд.

  1. Маблағи барзиёд супоридашудаи пардохт баъди баҳисобгири ба ҳисоби пардохти фоизҳо ва ҷаримаҳо аз рeи ин пардохт ба ҳисоби пардохтҳои оянда аз рeи ин пардохт ҳисоб карда мешавад ё дар асоси аризаи супоранда ба ҳисоби бонкии e гузаронида мешавад.

БОБИ 14. ПАРДОХТ БАРОИ ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ

Моддаи 51. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот

  1. Пардохт барои истифодаи олами ҳайвонот (минбаъд – пардохт барои аз муҳити табий гирифтани ҳайвоноте, ки дар ҳолати озоди табии зиндаги мекунанд, ситонида мешавад.
  2. Пардохт ҳангоми дастгири кардани ҳайвонот бо мақсади халқазани ва нишонагузори бо баргардонидани минбаъдаи онҳо ба муҳити табий ситонида намешавад.
  3. Мақомоти идораи объектҳои олами ҳайвонот дар ҳар се моҳ на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъди семоҳаи ҳисоботи ба мақоми андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба маблағи пардохт дар семоҳа ҳисоботи аз рeи шакле, ки мақомоти ваколатдори давлати муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд. (Қонун №948 аз 19.03.13с.)

Моддаи 52. Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохт шахсони воқеи ва ҳуқуқи – истифодабарандагони объектҳои олами ҳайвонот мебошанд.

Моддаи 53. Андозаи пардохт

Номгeи объектҳои олами ҳайвонотро, ки барои истифодаи онҳо пардохт ситонида мешавад ва меъёрҳои пардохтро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 54. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт

  1. Супорандагон мустақилона маблағи пардохтро мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда ҳисоб карда, 100 фоизи маблағи пардохтро то гирифтани иҷозат дар сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори идораи олами ҳайвонот мепардозанд. (Қонун №520 аз 19.05.09с.)
  2. Маблағҳои пардохт бо роҳи гузаронидан ба бонкҳо ё ташкилотҳое, ки амалиёти алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳанд, ё бо пули нақд дар сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори идораи олами ҳайвонот супорида мешаванд.
  3. Сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори идораи олами ҳайвонот қабули маблағҳои пардохтро бо пули нақд дар асоси ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъи анҷом медиҳанд. Шакли ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъи ва тартиби ба буҷет гузаронидани маблағҳои пардохт, ки бо пули нақд супорида шудаанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлати дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (Қонун №948 аз 19.03.13с.)
  4. Маблағҳои пардохташуда баргардонда намешаванд.

БОБИ 15. ПАРДОХТ БАРОИ ИСТИФОДАИ ҶАНГАЛ

Моддаи 55. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои истифодаи ҷангал

  1. Пардохт барои истифодаи ҷангал (минбаъд – пардохт) барои намудҳои зерини истифодаи ҷангал ситонида мешавад:

– барои тайёр кардани чeб;

– барои тайёр кардани қатрони писта;

– барои тайёр кардани маводи дуюмдараҷаи ҷангали (кундаҳо, пeст ва ғайра);

– барои истифодаи ғайриасосии чангал – алафдарави, чарондани чорво, тайёр кардани шираи чeби, тайёр ва ҷамъоварии меваҷоти худрeй, чормағз, занбурeғ, меваҳои буттаги, растаниҳои доруги ва ашёи хоми техники; алафдарави ва чарондани чорво дар заминҳои кишоварзи, ки ба таркиби заминҳои фонди давлатии ҷангал дохил мебошанд;

– барои мақсадҳои илмию тадқиқоти;

– барои мақсадҳои фарҳангию солими;

– барои эҳтиёҷоти шикоргоҳ.

  1. Ҳуқуқи истифодаи ҷангал дар асоси чиптаи ҷангал, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, фароҳам оварда мешавад.
  2. Пардохт барои истифодаи ҷангал то гирифтани чиптаи ҷангал бо роҳи гузаронидан ба бонкҳо ё ташкилотҳое, ки амалиёти алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳанд ё бо пули нақд дар сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори идораи хоҷагии ҷангал сурат мегирад. Шакли ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъи ва тартиби ба буҷет гузаронидани маблағи пардохт, ки бо пули нақд супорида шудааст, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (Қонун №948 аз 19.03.13с.)
  3. Сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори идораи хоҷагии ҷангал дар ҳар се моҳ на дертар аз санаи 1-уми моҳи дуюми баъди семоҳаи ҳисоботи ба мақоми андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба маблағи пардохт дар семоҳаи ҳисоботи аз рeи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд. (Қонун №948 аз 19.03.13с.)

Моддаи 56. Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохт шахсони воқеи ва ҳуқуқие мебошанд, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда ҳуқуқи истифодаи ҷангалро (минбаъд – истифодабарандагони ҷангал) гирифтаанд.

Моддаи 57. Имтиёзҳо

Аз пардохт озод карда мешаванд:

– сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдор барои аз решааш буридани дарахтон бо мақсадҳои парваришу нигоҳубини ҷангал, ҷангалбурии санитари (интихоби ва саросари), ҷангалбури вобаста ба азнавсозии дарахтзори (ниҳолзори) камарзиш, татбиқи чорабиниҳо оид ба ҳифзи ҷангалҳо аз зараррасонандаҳо ва касалиҳо, сохтани пайраҳаи ҷангали, ҷангалсози ва чорабиниҳо оид ба таҷҳизонидани сeхторнишонии ҷангал;

– истифодабарандагони ҷангал – барои истифодаи захираҳои чeб, маводи дуюмдараҷаи ҷангал, ки барои гузаронидани корҳои илмию тадқиқоти анҷом дода мешавад. Дар ин ҳолат маҳсулоти бадастомада ба сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори идораи хоҷагии ҷангал бояд дода шавад, ба истиснои он қисмате, ки барои иҷрои корҳои илмию тадқиқоти заруранд. Номгeй ва ҳаҷми он бо назардошти барнома ва усули тадқиқот муқаррар гардида, дар созишнома ё шартнома бо мақомоти ваколатдори ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал нишон дода мешавад.

Моддаи 58. Объекти пардохтбанди

Объекти пардохтбанди ҳаҷми истифодаи ҷангал ва (ё) масоҳати қитъаҳои фонди ҷангал мебошад, ки ба истифода дода мешавад.

Моддаи 59. Андоза, тартиби ҳисоб ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт

  1. Андоза ва тартиби ҳисобкунии пардохт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  2. Маблағи пардохташуда баргардонида намешавад.

БОБИ 16. ПАРДОХТ БАРОИ ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОЛАМИ НАБОТОТ

Моддаи 60. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои истифодаи объектҳои олами наботот

  1. Пардохт барои истифодаи объектҳои олами наботот (минбаъд – пардохт) барои истифодаи объектҳои олами растании Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.
  2. Сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори назорати истифодаи олами наботот дар ҳар се моҳ на дертар аз санаи 15-уми моҳи баъди семоҳаи ҳисоботи ба мақоми андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба истифодаи олами наботот аз рeи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд. (Қонун №948 аз 19.03.13с.)

Моддаи 61. Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохт шахсони воқеи ва ҳуқуқие мебошанд, ки объектҳои олами набототро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоикистон истифода мебаранд.

Моддаи 62. Андозаи пардохт

Номгeи объектҳои олами наботот, ки барои истифодаи онҳо пардохт ситонида мешавад ва андозаи пардохт барои истифодаи объектҳои олами наботот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 63. Тартиб, мeҳлати пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт

  1. Маблағҳои пардохт бо роҳи гузаронидан ба бонкҳо ё ташкилотҳое, ки амалиёти алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳанд, ё бо пули нақд дар нуқтаҳои назорати гузаргоҳҳо ё дигар ҷойҳои махсус таҷҳизонидашуда, ки мақомоти минтақавии назорати объектҳои олами наботот муқаррар кардааст, мувофиқи ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъи супорида мешаванд. Шакли ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъи ва тартиби ба буҷет гузаронидани маблағи пардохтро, ки бо пули нақд супорида шудааст, мақоми ваколатдори давлати дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (Қонун №948 аз 19.03.13с.)
  2. Истифодаи объектҳои олами наботот танҳо ҳангоми дар супорандагон мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба супоридани пардохт ба буҷет иҷозат дода мешавад.
  3. Маблағи пардохташуда баргардонида намешавад.

БОБИ 16.1. ПАРДОХТ БАРОИ ДОДАНИ ИҶОЗАТИ ИСТИФОДАИ ВОСИТАХОИ НАҚЛИЁТ БО ШИШАҲОИ СИЁҲУ ХИРА

(Қонун №578 аз 9.01.10с.)

Моддаи 63.1. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои додани иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира

  1. Пардохт барои додани иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира (ба истиснои оинаи пеш), ки нургузарониашон ба меъёрҳои муқаррарнамудаи давлатӣ (ГОСТ) ҷавобгe нестанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад. (Қонун №578 аз 9.01.10с.)

Моддаи 63.2. Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохти муқаррарнамудаи моддаи 63.1 Қонуни мазкур дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд. (Қонун №578 аз 9.01.10с.)

Моддаи 63.3. Меъёрҳои пардохт

Меъёрҳои пардохт барои иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. (Қонун №578 аз 9.01.10с.)

Моддаи 63.4. Озодкунӣ

Озодкунӣ аз пардохт барои иҷозати истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хира тибқи рeйхати тасдиқ намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (Қонун №578 аз 9.01.10с.)

БОБИ 16.2. ПАРДОХТ АЗ ФОИДАИ СОФ

(Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

Моддаи 63.5. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт аз фоидаи соф

  1. Пардохт аз фоидаи соф аз фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки 100 фоизи сармояи оинномавиашон (шарикиашон) ба давлат тааллуқ дорад, ситонида мешавад. Пардохт аз фоидаи софи дар соли ҳисоботӣ гирифтаи корхонаҳои (ҷамъиятҳои) мазкур тибқи баҳисобгирии андозӣ муайян карда шуда, пас аз пардохти андоз аз фоида дар як сол як маротиба пардохт карда мешавад.
  2. Корхонаву ташкилотҳои давлатӣ, новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқиашон, ки мақсади онҳо гирифтани фоида мебошад, ҳамчун корхонаҳои давлатӣ баррасӣ карда мешаванд.
  3. Ҷамъиятҳои саҳомие, ки ҳиссаи давлат дар онҳо 100 фоиз ва аз он камтар аст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» eҳдадор мебошанд, ки соле на кам аз як маротиба оид ба пардохти суди саҳмияҳо қарор қабул кунанд. Дар мавриди қабули қарор оид ба пардохт намудани суди саҳмияҳо маблағи суди саҳмияҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад. (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

Моддаи 63.6. Супорандагони пардохт

  1. Супорандагони пардохт аз фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки 100 фоизи сармояи оинномавиашон (шарикиашон) ба давлат тааллуқ дорад, ба ҳисоб мераванд.
  2. Филиал ва намояндагиҳои корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидории дорои тавозуни (баланси) муҳосибавӣ супорандагони мустақили пардохти мазкур мебошанд. (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

Моддаи 63.7. Меъёри пардохт

Меъёри пардохт аз фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки 100 фоизи сармояи оинномавиашон (шарикиашон) ба давлат тааллуқ дорад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

Моддаи 63.8. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашудаи пардохт

  1. Пардохт аз фоидаи соф аз ҷониби супорандагони он мустақилона ҳисоб ва пардохт карда шуда, мақомоти андоз назорати воридоти маблағҳои мазкурро ба буҷети давлатӣ амалӣ менамоянд.
  2. Маблағи пардохт, ки барои ҳар соли ҳисоботӣ ҳисоб ва пардохт карда мешавад, на дертар аз санаи 1-уми июл баъди соли ҳисоботӣ ба буҷети давлатӣ пардохт карда шуда, супорандагони он дар ин мeҳлат ба мақоми андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба фоидаи софи гирифтаи худ ва маблағҳои пардохти мазкур аз рeи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд.
  3. Маблағи пардохт вобаста ба шакли моликияти давлатии супоранда (ҷумҳуриявӣ ё коммуналӣ) ба қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ гузаронида мешавад.
  4. Маблағи барзиёд пардохташуда баъди баҳисобгирӣ барои пeшонидани фоизҳо ё барои пардохтҳои оянда ба ҳисоб гирифта ё бо дархости супорандаи пардохт баргардонда мешавад.
  5. Тартиби ҳисоб ва пардохт аз фоидаи софро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

БОБИ 16.3. ПАРДОХТ БАРОИ СУҒУРТАИ ҲАТМӢ

(Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

Моддаи 63.9. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои суғуртаи ҳатмии давлатӣ

  1. Пардохт барои суғуртаи ҳатмӣ бо тартиби дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба суғуртаи ҳатмӣ муқарраргардида амалӣ карда мешавад.
  2. Мақоми ваколатдор оид ба назорати суғуртавӣ ва ташкилотҳое, ки бо фаъолияти суғуртаи ҳатмӣ машғул мебошанд, eҳдадоранд ҳар се моҳ на дертар аз санаи 1 – уми моҳи дуюми баъди семоҳаи ҳисоботӣ ба мақомоти андоз оид ба маблағҳои дар семоҳаи ҳисоботӣ ҷамъоваригардида аз рeи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод намоянд. (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

БОБИ 16.4. ПАРДОХТ БАРОИ МАРКАҲОИ АКСИЗӢ

(Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

Моддаи 63.10. Пардохт барои маркаҳои аксизӣ

Пардохт барои маркаҳои аксизӣ дар асоси қоидаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тамғагузорӣ намудани молҳои зераксизӣ ситонида мешавад. (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

БОБИ 16.5. ПАРДОХТ БАРОИ ДОДАНИ СЕРТИФИКАТҲО АЗ ҶОНИБИ МАҚОМОТИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ, МЕТРОЛОГИЯ, СЕРТИФИКАТСИЯ ВА НОЗИРОТИ САВДО

(Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

Моддаи 63.11. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои додани сертификатҳо аз ҷониби мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо

  1. Пардохт барои додани сертификатҳо аз ҷониби мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо бо тартиби дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба додани сертификатҳо аз ҷониби мақомоти мазкур муқарраргардида амалӣ карда мешавад.
  2. Тақсимоти маблағҳо аз ҳисоби додани сертификатҳо байни Буҷети давлатӣ ва суратҳисоби махсуси мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар соли молиявӣ муайян карда мешавад. Маблағи дар ихтиёри мақомоти мазкур боқимонда, минбаъд тибқи тартиби муқарраргардида таҳти андозбандӣ қарор дода мешавад.
  3. Мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ҳар се моҳ на дертар аз санаи 15-уми моҳи якуми баъди семоҳаи ҳисоботӣ оид ба маблағҳои дар семоҳаи ҳисоботӣ ба буҷети давлатӣ воридгардида аз рeи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ба мақомоти андоз ҳисобот пешниҳод менамоянд. (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

БОБИ 16.6. ПАРДОХТ БАРОИ ИҶРОИ КОРҲО ОИД БА ДОДАНИ ШАҲОДАТНОМА БАРОИ ВОРИДОТИ ГАЗИ МОЕИ КАРБОГИДРИДӢ

(Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

Моддаи 63.12. Муқаррарот вобаста ба ситонидани пардохт барои иҷрои корҳо оид ба додани шаҳодатнома барои воридоти гази моеи карбогидридӣ

  1. Пардохт барои иҷрои корҳо оид ба додани шаҳодатнома барои воридоти гази моеи карбогидридӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ бевосита ба даромади буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
  2. Воридоти гази моеи карбогидридӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки дорои шаҳодатномаи аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба бамеъёрдарории техникӣ додашуда, инчунин ҳайати кории соҳибтахассус, анборҳои худӣ ва (ё) иҷоравии нигоҳдории гази моеи карбогидридӣ, нуқтаҳои доимии фурeш ва воситаҳои интиқол мебошанд, амалӣ карда мешавад.
  3. Расмиёти шаҳодатномадиҳӣ аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба бамеъёрдарории техникӣ ба роҳ монда мешавад.
  4. Шаҳодатнома ба мeҳлати як сол дода шуда, маблағи пардохт низ барои як сол ситонида мешавад. (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

Моддаи 63.13. Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохт шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие мебошанд, ки бо воридоти гази моеи карбогидридӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд. (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

Моддаи 63.14. Андоза, тартиби ҳисоб ва супоридани пардохт

  1. Андоза, тартиби ҳисоб ва супоридани пардохтро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  2. Мақоми ваколатдор оид ба бамеъёрдарории техникӣ eҳдадор аст ҳар се моҳ на дертар аз санаи 15 – уми моҳи якуми баъди семоҳаи ҳисоботӣ ба мақомоти андоз оид ба маблағҳои ба Буҷети давлатӣ дар семоҳаи ҳисоботӣ воридгардида аз рeи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод намояд.
  3. Маблағи пардохташуда баргардонда намешавад. (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

БОБИ 16.7. ПАРДОХТ АЗ ҲИСОБИ ҶАРИМАҲОИ СУДӢ ВА ДИГАР ҶАРИМАВУ МУҶОЗОТЕ, КИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТИИ ДИГАР ТАТБИҚ МЕНАМОЯНД

(Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

Моддаи 63.15. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт аз ҳисоби ҷаримаҳои судӣ ва дигар ҷаримаву муҷозоте, ки мақомоти давлатии дигар татбиқ менамоянд

  1. Маблағи пардохт аз ҳисоби ҷаримаҳои судӣ ва дигар ҷаримаву муҷозоте, ки мақомоти давлатии дигар бо тартиби дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи ҷаримаҳо ва муҷозот аз ҷониби мақомоти судӣ ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ муқарраргардида татбиқ менамоянд, ситонида мешавад.
  2. Маблағи пардохт яквақта буда, мутобиқи меъёрҳои тасдиқгардида ва дар мeҳлати пешбинишуда супорида мешавад. (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

Моддаи 63.16. Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохти ҷаримаҳои судӣ ва дигар ҷаримаву муҷозоте, ки мақомоти давлатии дигар татбиқ менамоянд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, ки нисбати онҳо маблағи ҷарима ва муҷозоти мазкур ҳисоб карда шудааст. (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

Моддаи 63.17. Тартиби ҳисоб ва супоридани пардохт

  1. Пардохт аз ҳисоби маблағи ҷаримаҳои судӣ ва дигар ҷаримаву муҷозоти ҷаримавӣ, ки мақомоти давлатии дигар татбиқ менамоянд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад.
  2. Мақомоти судӣ ва мақомоти давлатии дигар, ки маблағҳои ҷаримаҳо ва муҷозотро ҳисоб менамоянд, eҳдадоранд ҳар шашмоҳа на дертар аз санаи 15 – уми моҳи якуми баъди давраи шашмоҳаи ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба маблағҳои ҷаримаҳо ва муҷозот дар шашмоҳаи ҳисоботӣ аз рeи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод намоянд. (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

БОБИ 16.8. ПАРДОХТ АЗ ҲИСОБИ МАБЛАҒҲОИ МАХСУСИ ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲОИ БУҶЕТӢ

(Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

Моддаи 63.18. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ

  1. Пардохт аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ қисми маблағҳое мебошад, ки ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз ҳисоби хизматрасонии пулакӣ, фурeши маҳсулот ва иҷрои кор ба даст меоранд.
  2. Дастурамал дар бораи истифодабарии маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ки аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  3. Манбаи маблағи пардохт ифодаи пулии даромади умумии дар давраи се моҳаи ҳисоботӣ ба ҳисоби махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ воридшуда эътироф карда мешавад. (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

Моддаи 63.19. Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохт аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, вазорату идораҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда мебошанд. (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

Моддаи 63.20. Меъёри пардохт

Меъёри пардохт аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар соли молиявӣ муқаррар менамояд. (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

Моддаи 63.21. Тартиби ҳисоб ва супоридани пардохт

  1. Пардохти ҳатмӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ мутобиқи тартиб ва меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар соли молиявӣ амалӣ карда мешавад.
  2. Ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ (вазорату идораҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда) ҳар се моҳ на дертар аз санаи 15 – уми моҳи якуми баъди семоҳаи ҳисоботӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба маблағҳои махсуси худ аз рeи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод менамоянд. (Қонун №1368 аз 14.11.16с.)

БОБИ 17. ХИРОҶ БАРОИ АМАЛҲОИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛИ

Моддаи 64. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои амалҳои бозрасии давлатии автомобили

Хироҷ барои амалҳои бозрасии давлатии автомобили дар намудҳои зерин ситонида мешавад:

– муқаррар намудани ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёти автомобили;

– бақайдгирии давлати ва баҳисобгирии воситаҳои нақлиёти автомобили (автомобил, мотосикл, ядаки автомобили ва нимядак);

– рухсати ҳарсола барои иштироки воситаҳои нақлиёт дар ҳаракати роҳ (автомобил, мотосикл, ядаки автомобили ва нимядак);

– ташхиси давлатии лоиҳаҳо ва ҳуҷҷатҳои нави воситаҳои нақлиёти автомобили ва қисмҳои воситаҳои нақлиёт;

– ташхиси давлатии лоиҳаҳо оид ба сохтмон, азнавсозии роҳҳои автомобилгард, воситаҳои техникии танзими ҳаракати роҳ ва дигар иншоот.

Моддаи 65. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеи ва ҳуқуқие мебошанд, ки воситаҳои нақлиёти автомобили ва мотосиклҳо доранд.

Моддаи 66. Имтиёзҳо

Аз супоридани хироҷ барои амалҳои бозрасии давлатии автомобили маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда озод карда мешаванд.

Моддаи 67. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи пардохташудаи хироҷ

  1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.
  2. Хироҷ бо роҳи гузаронидани маблағ тавассути бонкҳо ва ташкилотҳое, ки амалиётҳои алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳад, пардохта мешавад.
  3. Маблағҳои пардохташудаи хироҷ то анҷомдиҳии амалҳои бозрасии давлатии автомобили бо хоҳиши супорандагон баргардонида мешавад.

БОБИ 18. ХИРОҶ БАРОИ АМАЛҲОИ БОЗРАСИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗИ

Моддаи 68. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзи

Хироҷ барои амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзи ситонида мешавад:

– муқаррар намудани ҳуқуқи идоракунии тракторҳо, комбайнҳо, ядаку нимядакҳои трактори ва дигар мошинҳои кишозарзии худгард;

– бақайдгирии давлати ва баҳисобгирии тракторҳо, комбайнҳо, ядаку нимядакҳои трактори ва дигар мошинҳои ккшоварзии худгард;

– рухсати ҳарсолаи тракторҳо, комбайнҳо, ядаку нимядакҳои трактори ва дигар мошинҳои кишоварзии худгард барои истифодабари;

– ташхиси давлати-озмоиши истеҳсолии тракторҳо, комбайнҳо, ядаку нимядакҳои трактори ва дигар мошинҳои кишоварзии худгард, ки ба таври инфироди тармим ва васл гардидаанд.

Моддаи 69. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеи ва ҳуқуқие мебошанд, ки тракторҳо, комбайнҳо, ядаку нимядакҳои трактори ва дигар мошинҳои кишоварзии худгард доранд.

Моддаи 70. Имтиёзҳо

Аз супоридани хироҷ барои амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзи озод карда мешаванд;

– маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

– муассисаҳои таълимие, ки курсҳои тайёр намудани кадрҳои механизатори доранд.

Моддаи 71. Тартиби хисоб, пардохт ва баргардониани маблағи пардохташудаи хироҷ

  1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.
  2. Хироҷ бо роҳи гузаронидани маблағ тавассути бонкҳо ва ташкилотҳое, ки амалиётҳои алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳад, пардохта мешавад.
  3. Маблағҳои пардохташудаи хироҷ то анҷомдиҳии амалҳои бозрасии назорати давлатии техникаи кишоварзи бо хоҳиши супорандагон баргардонида мешавад.

БОБИ 19. ХИРОҶ БАРОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ҲУҚУҚ БА АМВОЛИ ҒАЙРИМАНҚУЛ ВА АҲДҲО БО ОН

Моддаи 72. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он

  1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он (минбаъд – хироҷ) ҳангоми ба қайди давлати гирифтани ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлати (минбаъд – бақайдгири) ситонида мешавад.
  2. Бақайдгирии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он аз ҷониби мақомоти ваколатдор (минбаъд – мақомоти бақайдгиранда) тибқи тартиб ва ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Моддаи 73. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеи ва ҳуқуқие мебошанд, ки ҳуқуқи онҳо ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он ба қайди давлати гирифта мешавад.

Моддаи 74. Имтиёзҳо

Аз супоридани хироҷ барои бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ба амволи ғайриманқул ва аҳдҳо бо он озод карда мешаванд:

– маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

– маъюбони дараҷаи I ва II, категорияҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муаяйн намудааст;

– маъюбон ва иштирокчиёни фалокати нерeгоҳи барқии атомии Чернобил.

Моддаи 75. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағи супоридашуда

  1. Маблағи пардохт мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарури ба мақомоти бақайдгиранда супорида мешавад.
  2. Маблағи пардохтшуда баргардонда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахси хироҷсупоранда аз бақайдгирифтан то супоридани ҳуҷҷатҳо ба мақомоти бақайдгири даст кашад. Дар ин ҳолат баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷате, ки дар он мақомоти ваколатдор пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгири тасдиқ намудааст, маблағ баргардонда мешавад.

БОБИ 20. ХИРОҶ БАРОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ КИШТИҲОИ ДАРЁГАРДИ ХУРДҲАҶМ

Моддаи 76. Муқаррарот оид ба ситонидани хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм

  1. Хироҷ барои бақайдгирии давлатии киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм (минбаъд – хироҷ) ҳангоми бақайдгирии (азнавбақайдгирии) киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм, ҳамчунин ҳангоми гирифтани нусхаи дуюми ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлати (минбаъд – бақайдгиранда) ситонида мешавад.
  2. Бақайдгирии киштиҳои дарёгарди хурдҳаҷм аз ҷониби мақомоти ваколатдор оид ба соҳаи нақлиёт (минбаъд – мақомоти бақайдгиранда) анҷом дода мешавад.

Моддаи 77. Супорандагони хироҷ

Супорандагони хироҷ шахсони воқеи ва ҳуқуқи – соҳибони киштиҳои бақайдгирифташаванда мебошанд.

Моддаи 78. Тартиби ҳисоб, пардохт ва баргардондани маблағ пардохташудаи хироҷ

  1. Маблағи хироҷ мутобиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда, то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда пардохта мешавад.
  2. Маблағи пардохташудаи хироҷ баргардонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар шахсони хироҷро пардохта то пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти бақайдгиранда аз анҷом додани бақайдгири даст кашад. Ҳамзамон, баъди аз ҷониби хироҷсупоранда пешниҳод намудани ҳуҷҷати додаи мақомоти дахлдори бақайдгиранда, ки аз шахси нишондодашуда пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳоро барои бақайдгири тасдиқ мекунад, маблағ баргардонда мешавад.

БОБИ 21. ПАРДОХТ БАРОИ РЕКЛАМАҲОИ БЕРУНӢ

(Қонун №948 аз 19.03.13с.)

Моддаи 79. Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои рекламаҳои берунӣ

  1. Пардохт барои рекламаҳои берунӣ (минбаъд-пардохт) барои ҳуқуқи ҷойгир ва паҳн намудани иттилооти рекламавӣ бо истифодаи объектҳои рекламаҳои берунӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.
  2. Мақомоти ваколатдор дар маҳалҳо оид ба рекламаҳои берунӣ eҳдадоранд ҳар се моҳ на дертар аз санаи 10-уми моҳе, ки баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, ба мақоми андози маҳалли ҷойгиршавиашон оид ба маблағи пардохт дар семоҳаи ҳисоботӣ аз рeи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, ҳисобот пешниҳод намоянд. (Қонун №948 аз 19.03.13с.)

Моддаи 80. Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохт – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – паҳнкунандаи рекламаҳои берунӣ мебошанд, ки бо истифодаи объектҳои рекламаҳои берунӣ иттилооти рекламавиро ҷойгир ва паҳн мекунанд. (Қонун №948 аз 19.03.13с.)

Моддаи 81. Меъёрҳои пардохт

  1. Меъёрҳои пардохт аз рeи масоҳати объекти рекламаҳои берунӣ аз ҷониби мақомоти зерин муқаррар карда мешаванд:

– Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – барои объектҳои рекламаҳои беруние, ки дар қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ҷойгир гардида, барои паҳн намудани иттилооти рекламавӣ истифода мешаванд;

– маҷлисҳои вакилони халқи шаҳрҳо, ноҳияҳо – барои объектҳои рекламаҳои беруние, ки дар қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти маҳаллӣ ва (ё) дар мавзеъҳои алоҳидаи маҳалҳои аҳолинишин ҷойгир гардида, барои паҳн намудани иттилооти рекламавӣ истифода мешаванд.

  1. Дар меъёрҳои пардохт барои мониторҳо ва дигар воситаҳои техникии сатри равондошта, ки дар қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди истифодаи умуми дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳалли ҷойгир гардида, барои паҳн намудани иттилооти рекламавӣ истифода мешаванд, илова ба масоҳат, инчунин вақте, ки барои паҳн намудани сатри равон ва нишон додани наворҳои рекламавӣ сарф мешавад, ба инобат гирифта мешаванд. (Қонун №948 аз 19.03.13с.)

Моддаи 81.1. Имтиёзҳо

Аз пардохт барои объектҳои рекламаҳои берунӣ озоданд:

– мақомоти давлатӣ барои объектҳои рекламаи беруние, ки бинобар иҷро намудани вазифаҳои худ онҳоро ҷойгир менамоянд;

– шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки рекламаҳои берунии хусусиятҳои иҷтимоию сиёсидошта, инчунин навиштаҷотҳои дeконҳо, мағозаҳо, дорухонаҳо ва ҷойҳои дигарро, ки барои муаррифии ҷойи муайяншуда бо андозаи на зиёдтар аз 1 метри мураббаъ ҷойгир менамоянд. (Қонун №948 аз 19.03.13с.)

Моддаи 82. Тартиби ҳисоб ва пардохти маблағи муқарраршуда

  1. Маблағи пардохт дар асоси меъёрҳои пардохт, масоҳати объекти рекламаҳои берунӣ, вақти паҳнкунии иттилооти рекламавӣ бо истифодаи сатри равон ва (ё) нишон додани наворҳои рекламавӣ ва мeҳлати воқеии ҷойгиршавии иттилооти рекламавӣ, ки дар ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ муқаррар карда шудааст, вале на камтар аз маблағи пардохт барои як моҳи тақвимӣ барои ҳар як моҳи тақвимии оғозёфта муайян карда мешавад.
  2. Ҳангоми гирифтани иҷозат супорандагони пардохт ба мақомоти ваколатдори маҳаллӣ ҳуҷҷатеро, ки супоридани маблағи пардохтро барои моҳи якуми ҷойгир намудани иттилооти рекламавӣ тасдиқ менамояд, пешниҳод мекунанд.
  3. Маблағи пардохтшавандае, ки барои як моҳи тақвимӣ супорида мешавад, бояд на дертар аз санаи 10-уми моҳи оянда супорида шавад.
  4. Маблағи пардохташуда баргардонда намешавад. (Қонун №948 аз 19.03.13с.)

БОБИ 21.1. ПАРДОХТҲО БАРОИ ДОДАНИ ҲУҶҶАТҲОИ ИҶОЗАТДИҲӢ

(Қонун №948 аз 19.03.13с.)

Моддаи 82.1. Пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ

Пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад. (Қонун №948 аз 19.03.13с.)

БОБИ 22. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 83. Ҷавобгари барои вайрон намудани Қонуни мазкур

Шахсони воқеи ва ҳуқуқие, ки Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 84. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2007 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                       Э. Раҳмонов

ш. Душанбе, 28 июли соли 2006

№197