«One Run»: дав ҳамчун воситаи  муттаҳидкунӣ!

Навид

«One Run»: дав ҳамчун воситаи  муттаҳидкунӣ!

Наздики 1000 нафар дӯстдорони варзиш аз ҳар гӯшаву канори ҷаҳон дар ниммарафони байналмилалии «One Run»   дар Душанбе иштирок  намуданд. Ташкилкунандаи  ин чорабинӣ ширкати русии варзишии «Лига Героев»  буда,    аллакай  соли дуввум  аст, ки ширкати “МегаФон Тоҷикистон”   шарики  он маҳсуб меёбад.      

Соҳибкасбони варзиши сабук  ва   ҳаваскорон масофаҳои 1, 5, 10 ва 21,1 километрро интихоб намуданд.   Хатсайрҳои дав аз зеботарин мавзеъҳои пойтахт,   қад-қади дарёи   Душанбе, аз назди боғҳои “Наврӯзгоҳ” ва “Шаршара”, Қасри Миллат, боғи Рӯдакӣ, ки он ҷо яке аз баландтарин  Парчам дар ҷаҳон ҷойгир  шудааст, мегузаштанд. Ғолибони мусобиқа аз ҷониби аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ бо рюкзакҳо, сертификатҳо барои бастаҳои интернетӣ ва дигар туҳфаҳо мукофотонида шуданд.

«Ҳамаи иштирокчиёни дав  шахсоне  ҳастанд, ки бо услуби МегаФон Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, яъне  фаъолу  хушҳоланд ва   барои натиҷаҳои баланд талош меварзанд.  Басо  рамзист, ки намояндагони кишварҳои гуногун ба хатти старт  баромаданд. Ин худ  шаҳодати он аст, ки  барои варзиш,  ба мисли алоқа,  монеаву  маҳдудият   вуҷуд надорад. Мо мехоҳем  теъдоди ҷонибдорони   тарзи ҳаёти солим дар  Тоҷикистон  боз ҳам бештар гардад. Аз ин рӯ, дастгирии варзиш яке аз афзалиятҳои ширкати мост!” – мегӯяд  директори раёсати минтақавии    ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар ш.Душанбе ва НТМ Далер Наимов.